Бохтар, суғд ва хоразми бузург – қадимтарин давлати ғуломдори дар осиёи маркази

Нақша:

 

  1. Давлатњои қадимтарини Осиёи Миёна:

а) Хоразми бузург.

б) Подшоњии Бохтар.

в) Мамлакати Суғд.

  1. Робитањои доду гирифти тоифњои сањронишин ва бохтариёну суғдиёни муқимнишин.

Мувофики маълумотхо ин давлат дар резишгохи дарёи Ому чойгир буд. Ин чо дар «Авасто» бо номи Арянам Вайчах зикр ёфтааст. Таълимоти Зардушт аввалин бор дар хамин чо пахн мегардад. Хоразм, ки вилояти калон буд, тавонист сардори вилояти хамсоя низ гардад. Давлати Хоразм кисми зиёди Осиёи Миёнаро ишгол карда, то худуди Марву Хиротро дар бар мегирад. Хоразм аз хар чихат бо Парфия муносибатхои зич ва алокаи њарби-сиёси дошта, ба воситаи он бо Эрони Шарки рафтуо дошт.

Бояд гуфт, ки холо хам олимон дар масъалаи вучуд доштан ва ташкил ёфтани давлати «Хоразми Бузург» ба як фикри аник наомада, доир ба ин масъала бахсу андешаронихо доранд.

Бохтарияи кадим. Барои донистани таърихи шоњигарии Бохтар асархои олимону мутафаккирони антики, Ктесий, Геродод ва Диодот, инчунин бозёфтхои бостоншиноси ва навиштачотхои кадим, ки дар худуди мамлакат ёфт шуданд, ахамияти багоят калон доранд.

  Дар асархои олимони номбурда бисёр сахифахои таърихи хаёти ичтимои-иктисоди ва сиёсии Бохтар инъикос гардида, муносибат ва робитаи он бо мамлакатхои хамсоя то дарачае бо тарики афсонави муайян карда мешавад. Дар байни Ассурия ва Бохтария ба воситаи Мидия алокахои тичорати ва иктисоди чой доштаанд. Маълум аст,ки дар асри VIII то милод аз Бохтар ба Ассурия корвони уштурхо рафтуо мекардаанд. Ин аз инкишофи алокхои тичоратии Бохтару мамолики хорича шаходат медихад.

  Дар баробари тичорат, инчунин сарчашмахои таърихи дар бораи макони канданихои фоиданок будани Бохтаристон маълумот додаанд. Яке аз канданихои фоиданоки машњури Бохтар санги лочувард  буд, ки дар куххои Бадахшон, дар хазорсолаи III-II томилод хосил карда мешуд. Дар хамон замонхо санги лочувардро то Миср бурда мефурухтанд. Санги лочувард дар Ассурия хеле арзиши кимат дошт.Чунин ривоят аст, ки чосусони Ассурия ба Бохтар дохил шуда, то ба куххои лочуварди Бадахшон рох ёфтанд. Дар миёнаи асри  VII  то милод Ассурия дар замони хукмронии Тиглатпаласари III кариб 9 тонна лочувард бадаст оварда буд.

Хамин тавр, дар охири асри IX ва авали асри  VIII то милод маълумотхо доир ба Бохтария дар Ғарб хеле дур пахн гардида, то ба Ассурия расидааст.

Херодот бохтарихоро бо мардуми Бобулистон ва Миср дар як саф гузошта, таъкид кардааст, ки онхо куввае буданд, ки ба Куруши Кабир барои ташкил намудани империяи чахони халал мерасонидаанд.

      Бозёфтхои бостоншиносии Кубодиён, водии Маргиён ва Парфия нишон доданд, ки дар Бохтария тараккиёти чамъияти синфи хеле барвакт сурат гирифта будааст.

Давлати Бохтария дар арафаи хучуми Хахоманишихо худуди Марвро дар бар гирифта, дар шимолу гарб бо Хоразм,дар шимолбо Сугд хамудуд буд.

Хамин тарик, дар замонхои хеле кадим дар хоки Точикистони чануби, вилояти Сурхандарёи Узбекистон ва шимоли Авгонистон бохтариён зиндаги мекарданд, ки ачдоди хеле кадими точикон мебошанд.

Бохтар заминхои хосилхез ва чарогохои сералаф дошт.сарчашмахо кайд мекунад, ки табиати Бохтар хеле гуногун буда, токзорхои он мевахои зиёди ширин медиханд; заминхои хосилхези он обшор аст. Дар замини хосилхез галла мекоранд, дигар чойхо чарогохои калон шохдор вст, вале кисми зиёди ин заминхо дашти хамвори бесамар мебошад.

Кофтуковхои бостоншиноси исбот мекунад, ки сокини шахрхо ба хунарманди, косиби, заргари, бакколи ва гайра машгул буданд.

Сарчашмахои таърихи гувохи медиханд, ки пеш аз хучуми Хахоманишихо дар Осиёи Миёна давлати Сугд низ вучуд доштааст. Мулки Сугд водихои Зарафшону Кашкадарё /вилоятхои хозираи Самарканд, Бухоро, Кашкадарёи Узбекистон ва кисми шимоли Точикистонро дар бар гирифта, кишвари бой ва шукуфон буд. Пойтахти Сугдиён шахри Самарқандба шумор мерафт.

  Сугд бо Хоразм хамсархад буда , шояд дар арафаи хучуми Хахоманишихо ба хайати Бохтар дохил мешуд. Чи хеле ки  сарчашмахои хатти ва хафриёти бостоншиноси нишон медиханд, мардуми сугдзамин мисли бохтархо хаёти мукимиро аз сар гузаронида ба хунарманди, косиби, зироатчиги, богу токпарвари машгул буданд.

   Дар хамсоягии нохияхои барзгарон бодянишинихои чорводор зиндаги мекарданд, ки дар байни онхо кабилахои сакоихо, массагетхо хеле сершумор буданд. Сакоихо дар Помири Шаркї ва дар кисми шимоли Точикистон зиндаги мекарданд. Дар байни чорводорону барзгарон муомилоти одии моли низ вучуд дошт .

 Доир ба пайдоиш ва хаёти скифхо то холо олимон фикрхои мухталиф баён намуда, бахсу мунозира доранд.

Рўйхати адабиётњо:

  1. Ғафуров Б. Ғ. Тољикон Китоби – 1., Душанбе, 1983 сањ 13-247.
  2. Рањмонов Э. Ш. «Тољикон дар оинаи таърих», «Китоби – 1», «Аз Ориён то Сомониён» Душанбе 1999. Сањ 3-137.
  3. Шукуров М. Р. Рањматуллоев А. З. Таърихи халқи тољик. Қисми 1. Душанбе, соли 1975 сањ 3-29.
  4. Њазратқулов М. Эътиқоду ананањои бостонии Аљам. Душанбе- “Ирфон”, соли 1986 сањ. 6-52, 53-111.
  5. Бобохонов М. Таърихи тољикони љањон. Душанбе.; Ирфон 2002.
  6. Мухторов А., Рањматуллоев А. Таърихи халқи тољик. Душанбе 2001.

7.Зикриёев Ф., Набиева Р. Таърихи халқи тољик. Душанбе 2006.

test

Добавить комментарий