Вазъи иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва сиёсии халқи тоҷик дар ибтидои асри xx

Нақша:

  1. Ҷанги якуми ҷаҳон ва таъсири он ба халқҳои Осиёи Миёна.
  2. Шӯриши соли 1916 дар Хуҷанд ва аҳамияти таърихии он.

 

Вазъи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсии Русия дар ибтидои асри XX хеле тезутунд гашт. Сабаби асосии ин зиддиятҳо инкишофи олами сармоядорӣ ва боқимондаҳои сохти феодалӣ буд. Деҳқонон дар Осиёи Миёна дар вазъияти тоқатфарсо зиндагӣ намуда, андозҳои зиёд месупориданд.

Хабари инқилоби якум (1905-1907) дар кишвари Туркистон тез паҳн гардид. Инқилоб таъсири худро ба аморати Бухоро расонид.

19 июли соли 1914 ҷанги якуми ҷаҳон огоз гардид. Русияи подшоҳӣ ба ин ҷанг ҳамроҳ гашта, на танҳо ҳаёти иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва сиёсии мамлакати худ, балки вазъияти кишвари Туркистонро низ мураккаб гардонид. Вазнинии асосии ҷанги якуми ҷаҳон ба дӯши халқ афтида буд. Дар ин солҳо воридоти молҳои саноатӣ кам гашта, аз Осиёи Миёна фиристондани ашёи хом ва озуқаворӣ ба Русия хеле афзуд. Нархи пахта паст фаромада, ба хоҷагии пахтакорон зиёни сахт расонд. Дар ин солҳо андозҳо хеле зиёд гашта, нархи молҳо ду- се баробар боло рафт.

Ташкилотҳои сотсиал-демократӣ хеле фаъол гашта, бо сардории Ҷӯра Зокиров, Абдуқодир Раҳимбоев, Раҳимбердй Эгамбердиев дар байни аҳолӣ корҳои таблиғотй мебурданд.

Дар солҳои ҷанг подшоҳи рус Николаи 11 барои боз ҳам бештар сафарбар намудани аҳолӣ ба ҷанг ва фиристондани молу ашё ба Русия амир Олимхонро бо рутбаи генерал-лейтенанти Русия, ордени «Уқоби сафед» (соли 1915) ва «Александр Невский» (соли 1916) сарфароз гардонид.

Амир Олимхон (1911-1920), ки баъди вафоти падараш Абдулаҳад дар шароити хеле вазнин соҳиби тоҷу тахт гардид. Ӯ вазъияти мураккаби он давраро бо маслиҳати дарбориён ва намояндагони Русия ислоҳот гузаронид. Гарчанде ки ислоҳот бо воситаи хабарчиён ба мардум эълон карда шуда бошад ҳам, матни он интишор нагардида дар шакли дастнавис бокӣ монд. Дар матни ислоҳот амир зоҳиран зулму ситами амалдорон, фиристондани тӯҳфаҳо ва пешкаши қозиёнро ба дарбориён ва аҳли дарбор манъ кард. Инчунин дар ин фармон ӯ ваъдаи кам кардани андозҳои заминҳои подшоҳиро низ дода буд. Дар асл бошад, ба ғайр аз зиёд намудани маоши дарбориён ягон қисмати дигари ин фармон дар амал иҷро нашуд.

Ҷабру зулм, ғорату бераҳмии қозиёну амалдорон боз мисли пешина давом мекард. Зеро амир иҷрои ягон фармони худро намепурсид. «Тамоми маъмурон ва амалдорони хурду калони аҳли амир Олимхон, – менависад Айнӣ дар «Таърихи амирони Мангитияи Бухоро», – ҳариси сарватҷамъкунӣ, харидори иморату ҳавлиҳои хуби барҳавои Бухоро, дӯконҳои хушиҷора, богҳои маъмурии атрофии шаҳр ва заминҳои ҳосилхези зиёд буданд ва касе ҳақ надошт, ки аз байни халқ он сарвату молу мулкро ба ғайри амалдорон харидорй кунад».

Сиёсати мустамликавӣ, зулми даҳшатовари иҷтимоӣ муқобилияти аҳолии кишварро ба амал овард. Дар чунин вазъият 25-июни соли 1916 фармони подшоҳ дар бораи ба корҳои ақибгоҳ сафарбар намудани аҳолии ғайрирус дар солҳои ҷанги якуми ҷаҳон эълон карда шуд. То ин давра сокинони Қазоқистон ва Осиёи Миёна ба хизмати ҳарбӣ даъват карда намешуданд. Ба ивази хизмати ҳарбӣ аҳолӣ ба ҳукумати подшоҳӣ андози махсуси иловагӣ медод. Тамоми ин зулму ситам сабаби шӯриши соли 1916 гардид.

1.Шӯриши соли 1916, ҳаракати миллию озодихоҳии халқҳои Осиёи Миёна ва Қазокистон воқеаи дорои аҳамияти калони сиёсӣ  буд. Дар зери таъсири ин шӯриш дар ноҳияҳои Шимолии Кавказ ва Сибир ҷунбишҳо ва ошӯбҳо ба амал омаданд.

Ошӯбҳои аввалин дар шаҳри Хуҷанд сар шуданд. Аз рӯи тақсимот аз уезди Хуҷанд бояд 9000 мардикор ба корҳои ақибгоҳ сафарбар карда мешуд. Амалдорони маъмурии ҳукумати подшоҳӣ, губернатори Ҳарбии Самарқанд Н. С. Лукашин рӯи рост таҳдид мекард, ки дар сурати саркашӣ кардан мардикорон ба қувваи мусаллаҳ сафарбар хоханд шуд.

Пагоҳии барвақт 4 июл кариб 500 нафар аҳолии Хуҷанд (дар байни онхо занон ва кӯдакон ҳам буданд) ба назди идораи пристав ҷамъ омаданд. Халқ талаб кард, ки барӯйхатгириро катъ намоянд. Сардори пристав талаби халқро рад кард. Онгоҳ мардум ба идораи пристав ҳуҷум карда, полисейҳо ва амалдоронро ба зери борони сангу чӯб гирифтанд. Сардори уезд аскаронро бо пулемёту артиллерия бар зидди халқи беяроқ сафарбар кард. Аскароне, ки дар болои девори қалъа меистоданд, ба тарафи издиҳом 16 маротиба тир кушоданд. Ду кас мурда ва як кас маҷрӯҳ шуд. Издиҳом фавран пароканда шуд.

Шӯриш ба хун оғушта шуд„ Дар шӯриш Ҷӯра Зокиров, Ҷӯра Алӣ ва Зубайдулло Раҳматуллоев фаъолона иштирок карданд.

Ба ақидаи муаррих Ф.Зикриёев, аз паҳншавии шӯриш ҳукумати подшоҳӣ тарсида, 27 июли 1916 дар кишвар ҳолати ҳарбӣ эълон намуд. Барои пахш кардани шӯришҳои халқӣ генерал-губернатори Туркистон 14 баталони пиёдагард, дастаҳои хуб мусаллаҳшудаи казакиро ҷалб намуд. Дар рафти чунин амалиётҳо бисёр хонаю ҷой, деҳаҳо сӯхта, ҳазорон шаҳрвандон ҳалок гардиданд. Дар кишвари Туркистон 3 ҳазор иштирокчии шӯриш ба тафтишу мурофиаи судӣ кашида шуда, роҳбарони бевоситаи он қатл гардиданд. Зиёда аз 200 ҳазор тоҷикон, ӯзбекон, қазоқҳо ва туркманҳо ба корҳои ақцбгоҳ зӯран ба Русия фиристода шуданд.

Шӯриши соли 1916 таъсири худро ба аморати Бухоро низ расонид. Дар як қатор ноҳияҳои аморат Китоб, Шаҳрисабз, Яккабоғ, Балҷувону Норак, Қалъаи Лаби Об баромадҳои халқӣ ба амал омаданд. Лекин ин баромадҳо аз тарафи қувваҳои мусаллаҳи беки Ҳисо- ру Ғарм бартараф карда, фаъолони он ҷазо дода шуданд.

Шӯриши соли 1916 дар Осиёи Миёна шикаст хӯрд, вале дар кори тарбияи сиёсии шаҳрвандон, баҳри вусъати минбаъдаи мубориза барои озод шудан аз зулми мустамликавӣ ва феодалони маҳаллӣ саҳми худро гузошт. Он қувваи мардуми маҳаллии Осиёи Миёнаро, ки ҳукумати подшоҳӣ ба он эътибор намедод, нишон дод. Аз ин рӯ ин шӯриш ахамияти бузурги таърихӣ дошт.

#ь

О L-BRO Admin

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.