Зуҳури ислом ва ташкилёбии хилофати араб.

Накша:

Пайдоиши дини ислом.
Ташкил ёфтани Хилофати Араб
Забти Осиёи Миёна аз тарафи арабҳо.

Пеш аз он ки дар бораи муттахидшавии кабилахои кучманчиву бодиянишини араб тасаввурот пайдо намоем, бояд бо макон ва тарзи зисти онхо шинос шавем. Арабистон ё ки онро сокинонаш «Чазират-ал-араб», ё худ нимчазираи Арабистон ё ба таври кутох «Ал-Чазира» меноманд, аз гарбу шарк дар ихотаи куххои тафсон буда, ба воситаи халичи Форс ба водии Фурот пайваст мешавад. То нимаи дувуми асри VII арабхо хаёти кучманчиги ва нимкучманчигиро аз сар мегузарониданд. Пайдоиши ислом пеши рохи кучманчиги ва бодиянишинии арабхоро гирифт. Он дар муттахидшавии кабилахои парокандаи араб хиссаи босазои хешро гузошт.

Пеш аз зухури ислом тоифахои араб ба динхои мухталиф, аз чумла бутпарасти, насрони эътикод доштанд. Тавре ки дар сарчашмахои таърихи ёдовар мешаванд, арабхо дар Макка, Мадина, Каъба ва Чашмаи оби Замзам баъди анчоми чангу чидолхо чамъ омада хурсанди мекарданд. Дар ин нишастхо асосан точирон ширкат меварзиданд. Сабаб дар он буд, ки сарзамини араб маркази асосии савдои Шарку Гарб ба шумор мерафт.

Дар бораи пайдоиш ва ба самтхои Чанубу Шимол таксим шудани арабхо фикру мулохизахо мухталифанд. Аз руи ривоятхои «Таврот» арабхо аз зоти Иброхим, шимолиашон аз Исмоил ва чанубиашон аз Кухтан ба вучуд омаданд.

Пайдоиши давлат ва ташаккулёбии он дар шимоли Арабистон нисбатан дер сурат мегирад. Давраи ташкилёбии давлатдории мардуми шимол аник нест, вале сарчашмахо ёдовар мешаванд, ки кабилахои Лахмихо, Хасанихо, Киндихо аз чануб ба шимол мухочират карда, дар ин чо тамаддуни навро чори карданд. Ин кабилахо бо давлатхои нисбатан тараккикардаи Сосони ва Рум наздик шуда, дар муборизахо давлатхои Хасанихо, Лахмихо, ва Киндихоро ташкил доданд. Дере нагузашта муборизаи дохили огоз меёбад. Аммо барои ба амал баровардани ин максад чавхари дини намерасид. Дере нагузашта онро Мухаммад чори кард.

Мухаммад пайгамбари ислом буда, дар шахри Макка (570-632) таваллуд шудааст. Вай аз кабилаи Курайш мебошад. Хануз 4-моха дар батни модар буд, ки падараш Абдулло вафот мекунад. Дар синни шашсолагиаш аз модараш Омина махрум мегардад. Пас дар сини 9-10 солагиаш бобояш Абдулмуталиб аз олам дармегузарад. Парастории уро амакаш Абутолиб ба зимма мегирад. Азбаски зодгохи Мухаммад шахри Макка, маркази асосии тичорат ва бонкхо буд, дар инкишофи чахонбинии минбаъдаи у хиссаи муносиб гузошт.

Дар Макка Мухаммад ба камол мерасад. Сипас у барои муттахидии кабилахои парокандаю бодиянишини араб камар мебандад. Рохи асосии муттахидшавии кучманчиёнро Мухаммад дар бархам додани бисёрхудои мебинад. У хамчун расули Худо яккаву ягонагии онро талкин мекунад. Хамин тавр Мухаммад дар чоряки якуми асри YII ба максади олии хеш мерасад. Дар рафти солхои 610 ва 620 у ба боварии мардуми Ясриб (Мадина) сазовор гашт Нихоят 26 июли соли 622 у ба Мадина сафар кард. Дертар санаи мазкур огози солшумории хичрии мусулмонон гардид. Бо хамин рох Мухаммад имконият пайдо кард, ки кавму кабилахои парокандаро муттахид намуда, мукобилият ва зиддияти онхоро аз байн барад. Макаю Мадина маркази ягонаи ислом гашт. Акнун Мухаммад ва пайравони вай барои аз мулки араб тоза намудани гайриисломиён муборизаро огоз намуданд. Аммо дере нагузашта пайгамбар вафот кард. Кори саркардаи Мухаммадро наздиконаш Абубакр, Умар ва Усмон давом доданд. Дар солхои баъди марги пайгамбар норозигии омма нисбат ба сиёсати пешгирифтаи ворисони вай зиёд мешуд. Дар баъзе аз нохияхои араб тоифахои алоҳида аз итоат намудан ба ислом ру метофтанд. Азбаски муборизони гайриислом тарафдорони зиёди хешро пайдо карда натавонистанд, бинобар ин аз рохи талошкорихо баромада, тобеъияти пурраи исломро кабул намуданд.

Дар миёнахои асри VII арабхо Сурия, Фаластин, Миср ва Эронро забт карданд. Соли 651 охирин шохи сулолаи Сосониён Яздигурди III (632-651) бо хиёнати воли худ Бохуй Сури дар Марв кушта шуд. Хамин тавр Марв ба маркази чахиши арабхо ба Осиёи Миёна табдил гардид.

Забти Осиёи Миёна аз чониби истилогарони араб

Осиёи Миёна дар арафаи забти арабхо дар холати парокандагии сиёси буда, бештар ба 20 мулкхои хурд-хурди мустакил ва ниммустакил таксим шуда, лашкари ягона ва иттифок байни хокимони махалли мавчуд набуд.

Дар охири асри VII арабхо ба Осиёи Миёна 3 маротиба хучум карданд: соли 673 бо сардории Убайдулло ибни Зиё (673-675), соли 676 бо рохбарии Саид ибни Усмон (675-677), соли 680 бо сардории Салм ибни Зиё (680-683).

Соли 705 то715 забти Осиёи Миёнаро хокими нави Хуросон Кутайба ибни Муслим давом дод. У кувваи ашрофи махаллии Хуросон ва муборизаи байнихудии хокимони Осиёи Миёнаро мохирона истифода карда, хокими Балху Чагониёнро ба тарафи худ кашид.

Аз соли 705 то соли 708 Кутайба муваффакият ба даст дароварда натавонист ва танхо соли 709 ба у муяссар шуд, ки дар байни турку сугдиён игво андохта, вазъияти арабхоро бехтар кунад. Подшохи Сугд Тархун аз тарс ба Кутайба сулх баст ва туркхо ба макони худ баргаштанд. Аз фурсат истифода бурда арабхо солхои 709-710 Бухоро, Кеш, Нахшабу Шумонро забт карданд.

Сугдиён шох Тархунро ба хабс гирифтанд ва у дар хабс худкуши кард. Пас аз ин писари у Гурак (710-737) подшохи сугдиён интихоб гардид. Соли 711 Кутайба бо Хоразмшох иттифок баста, соли 712 Самаркандро забт кард.

Бахори соли 713 сугдиён шуриш бардоштанд ва Кутайба онро пахш намуд. Баъд у ба Хучанд, Чоч ва Фаргона хучум кард. Ба сархади Кашгар омад, лекин аз тарафи чанговарони араб соли 715 дар Фаргона Кутайба кушта шуд.

Сабабхои дар муддати кутох Осиёи Миёнаро забт кардани арабхо парокандагии сиёси; набудани итифок ва ягонаги байни аскарон ва хокимони Осиёи Миёна; барнахезонидани халк бахри хифзи ватан; бартарияти арабхо аз чихати афсар ва аслихаи харби.

Арабхо Мовароуннахрро забт карда, дини исломро зуран чори намуда, дар Бухоро, Самарканд ва дигар шахрхо масчидхо бино карда, мардумро мачбур мекарданд, ки коидахои шаръиро риоя кунанд ва аз болои ахоли назорати сахт чори карданд.

Ахолии озодидусти Осиёи Миёна бар зидди зулми арабхо мубориза мебурд. Дар солхои 720-722 дар Сугд бар зидди арабхо шуриши сугдиён сар зад. Сугдиён ва туркхо арабхоро торумор карда, Самаркандро озод карданд.Сугдихо аз хокими Фаргона Алутар ёри ва паногох талабиданд., у рози шуд, лекин хоини карда ба арабхо хабар дод ва сугдиёни дар Хучанд буда аз тарафи арабхо катл карда шуданд.

28

Пасон халифаи арабхо гурухи калонро барои пахш кардани гурухи дигари сугдиён, ки рохбари он хокими Панчакент Деваштич буд, фиристод. Деваштич хам бо рохи агбаи Шахристон ба тарафи Хучанд мерафт. Ногахон шуришгаронро дар наздикии дехаи Куми нохияи Айни арабхо ихота карданд, чанги нобаробар сар шуд. Кувваи шуришгарон, ки кам буд, арабхо онхоро ба тарафи калъаи Муг танг карданд. Вакте, ки хурокашон тамом шуд, бо арабхо сулх бастанд. Пас аз ин тирамохи соли 722 дар рохи Кеш Девашчитро чормех карданд. Соли 737 дар Тахористон ва Хатлон хам харакати зидди арабхо авч гирифт. Хамин тавр арабхо хокимияти худро дар Осиёи Миёна бо душворихои зиёде дошта тавонистанд.

 #

О L-BRO Admin

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.