Муборизаи халқи тоҷик бар зидди истилогарони муғул

 

Ташкилёбии давлати муғулхо ва аз тарафи онхо истило шудани Осиёи Миёна.

  1. Муборизаи халкхои Осиёи Миёна бар зидди истилогарони муғул. Корнамоии ҷангии Темурмалик.

 

1.Давлати нахустини муғулхо ҳануз дар асри XI, тахти сарпарастии Хабулхон ташкил ёфта буд. Дар замони хукмронии Амбайгахон дар натиҷаи пурзур гаштани парокандагии байниқабилавї /асри XII/ давлати муғулхо барҳам хўрд.

Давлати нави муғулхо баробари фуру нишонидани муборизахои дохили дар ибтидои асри XIII ташкил шуд. Ин давлат дар натичаи аз байн рафтани муносибатхои авлодї ба вучуд омад. Дар ташкили давлат кабилахои кунгуротхо, керентхо, маркетхо, барчигин ва дигарон хисса гузоштанд.

Мувофики шаходати Рашиддин Чингизхон /Темучи/ чабераи Хабулхон буда, дар оилаи яке аз саркардагони мугул Есугейбатор соли 1161, дар дехаи Делюнболдоки сохили руди Онон ба дуне омадаст. Падари Темучи яке аз одамони бонуфузи кабилаи баряигин ба шумор мерафт. Хангоми ба сини нухсолаги кадам мондани Темучи падараш барои у аз кабилаи кунгурот Бортэ ном духтареро номзад кард. Аммо падар ба максад нарасид. Соли 1171 уро тоторхои дашти захр дада куштан. Ахволи зиндаги бад шуд. Модари Темучи Оглун бо кудакони бепарастор монд. Дере нагузашта Темучи ба чустучуи падари Бортэ Дайсечен баромад. Баъди ёфтани ахли оилаи Бортэ ба у хонадор шуд. Азбаски Дайсечен одами доро буд, ба Темучи молу мулки зиёде дод. Темучи бошад бо дастгирии моддии Дайсечен бо сардории кабилаи керентхо Ванхон, ки дусти деринаи падараш буд, наздик шуд. Дар муддати кутоҳ тавонист, ки кабилаи усулро ба худ тобеъ намояд. Сипаси у бо дастгирии навкарони часураш Боорчу, Челме ва лашкари 20 хазор нафари Ванхон бар зидди кабилаи меркетхо, ки Бортэро асир намуда буданд чангида, галаба ба даст овард. Ин галаба обру ва эътибори Темучиро баланд намуд. Дар натичаи ин галаба Темучи соли 1190 хони бузург эълон шуд, ки он барои ташкили минбаъдаи давлати мугулхо рохи васеъ кушод. Уро Ванхон дасгири намуд Аммо дере нагузашта Чамух, ки бародарашро Темучи кушта буд, бар зидди у баромад. Темучи бо ёрии лашкари Ванхон Чамухро маглуб сохта ва барои ташкили давлати бузурги мугул замина таёр кард. Баъди маглуб сохтани хони найманхо Таняхон ва шикасти сарпарасташ Ванхон Темучи ба бунёди давлат камар баст. Дар рафти солхои 1204-1205 у ба парокандагии кабилахо хотима дод. Ин буд, ки соли 1206 дар сохили руди Онон курултои мугулхо баргузор шуд. Дар он Темучиро хон интихоб намуданд. Аз хамин сол тахти лакаби Чингизхон /1206-1227-хони сафед/ у ба идора намудани давлат шуруъ кард.

Чингиз баробари хон эълон шуданаш ба масъалаи ташкили лашкари боинтизом диккат дод. Бо амри у тамоми мардони солим ба хизмати харби даъват шуданд. Вай гвардияи махсуси хешро тахти унвони «кешек» хизмат мекарданд, ба имтиёзхои калон сазовор мешуданд.

Чингизхон аз вазъияти ноустувор дохили давлати Хоразм истифода намуд. У ба воситаи точирон-чосусон дар бораи мунокишахои дохили маълумоти зиёде ба даст овард. Сипас барои пурра шинос шудан бо вокеахои охирин Чингизхон бахори соли 1218 ба Хоразм корвони калони точирони хешро фиристод. Корвон иборат аз 500 уштур бор ва 450 нафар точир ба шахри Утрор расид. Хокими Утрор Иналчик дар бораи омадани корвон ба Мухаммад дарак дод. Бо амри подшох корвонро талаву тороч карда ва точирон бошанд ба катл расонида шуданд. Танхо як нафар корвонбоши чони худро халос намуда, ба Мугулистон гурехт ва ходисаро ба Чингизхон накл кард. Аз рафтори вахшиёнаи Мухаммад Чингизхон ба хашму газаб омада ба Хоразм сафири худро фиристод. Аммо Мухаммад талаби сафирро ичро накарда, уро катл намуда, ришу бурути хамсафаронашро тарошида, зиндон кард. Ин рафтори Мухаммад ва тарафдорони у Чингизхонро мачбур сохтанд, ки ба истилои бармахали Осиёи Миёна шуруъ кунад.

Тобистони соли 1219 Чингизхон аз тарафи Иртиш ба Гарб харакат намуд. Дар рох ба вай отрядхои мусаллахи карлукхо, олмаликихо, уйгурхо ва гайра хамрох гаштанд. Тирамохи соли 1219 Чингизхон ба армия 200 хазора, ки дар хайати он ба гайр аз мугулхо, инчунин уйгурхо киргизхо низ буданд, ба Осиёи Миёна хучум кард. Аввалин зарбахоро мугулхо ба шахри Утрор расонидаанд. Дар ҳмин чо бо фармони Чингизхон армияи мугулхо ба се кисм таксим карда шуда: Ба кисми якум писари калонии Чингиз Чучи, ки дар чангхо тачрибаи калон хосил намуда буд, сардори мекард. Дар назди у вазифа меистод, ки шимоли Осиёи Миёнаро ишгол карда, ба пойтахти Хоразм- шахри Урганч равад. Ба кисми дувум  писарони дигари Чингизхон Чагатой ва Уктой сардори мекарданд. Вазифаи онхо аз ишгол намудани нохияхои марказии Осиёи Миёна иборат буд. Худи Чингизхон хамрохи писари хурдиаш Тулуй ба истилои нохияхои чанубии давлати Хоразм камар баст. Лашкари якуму севуми мугулхо ба муваффакият ноил гашта бошад хам, лашкари дувуми онхо дар ишгол намудани калъаи Утрор ба душвори  ру ба ру шуд. Дар баъзе сарчашмахо кайд карда мешуд, ки мухорибаи Утрор 50 руз ва дигарон  бошанд, таксим мекунанд, ки чингизиён барои ишгол намудани ин калъа шаш мох вакт сарф карданд. Азбаски худи Чингизхон ба Утрор бармегарданд мумкин аст, муҳорибаи калъа шаш мох давом карда шавад.

Дар арафаи хучуми горатгарони мугулхо армияи Мухаммад Хоразмшох ба пахш намудани баромадхои халки банд буд. Хоразмшох мисли Чингизхон армияро ба як чо гун карда, ба душман зарбаи халокатовар    зада натавонист. Азбаски лашкари Хоразмшох ба кисмхои хурд-хурд таксим шуда буд, бинобар ин он аз тарафи мугулхо ба осони торумор гашт.

Чингизхон мохи сентябри соли 1219 ба Утрор расид. Баъди каме таваккуф хамрохи писараш Тулуй ба ишгол намудани шархои калони Осиёи Миёна-Бухорою Самарканд камар баст Зимистону бахори соли 1220 ба истилои шахрхои номбурда сар кард. Лашкари Чингизхон бе мукобилият калъахои Зернук, Нурато, Дабусия, Сарипул ва гайраро, ки дар рохи Самарканд вокеъ буданд, забт намуд. Мухаммад Хоразмшох ба шахри Бухоро диккати махсус дода, соли 1218 девори атрофии онро таъмир намуда, барои химояи он 30 хазор лашкари савораю пиёдаро омода сохт.

Мугулхо 7 феврали соли 1220 шахри Бухороро мухосира карданд. Химоятгарон аз он ба тарс афтода, субхидам 9 феврал сарлашкарони Бухоро Инанчхон, Огулхочиб, Хамидпур, Суюнчхон ва Кулихон шахрро тарк кардан ва ба тарафи Омударё гурехтанд. Онхоро мугулхо таъкиб намуданд. Танхо ба Инанчхон муяссар шуд, ки ба сохили чапи дарё гузашта, ба дасти Мухаммад хамрох шавад. Дигаронро мугулхо торумор сохтанд. Сарфармондехи олии Бухоро Ихтиёриддин  Кушлу бо 400 нафар чанги калъаи Бухороро хифз кард. Ба вай имом Чалолиддин Али, садр Мачиддин Масъуд, олим Рукниддин Имомзода ва дигарон ёри мерасониданд. Онхо то катраи охирини хун шахрро хифз намуданд. Аммо нобаробарии таносуби куввахо душманонро дастболо намуд. Мухофизони кавиирода дар рохи химояи хоки Ватан чони хешро нисор карданд Аз ин тарсида козикалони шахр Бахриддин Козихон халкро даъват намуд, ки ба душман таслим шавад.Аввалин шуда худи у 9 феврал дар огуши Чингизхон чон ба саломат бурд. Хиёнати козикалон рухияи чангии мухофизони калъаи Бухороро паст карда натавонистанд. Онхо то 22 феврал ба душман мукобилият нишон доданд Азбаски тиру туфангу хуроквории мухофизон тамом шуд, онхо мачбуран калъаро тарк намуда, ба дасти душман афтоданд. Баъди ин галаба Чингизхон яке аз балегуёни махалии хеш Махмуди Ялавочро хокими Бухоро таъин намуда, азнавсозии онро ба у супорида, худаш рохи Самаркандро пеш гирифт.

Лашкари Чингизхон аввали мохи март шахри Самаркандро мухосира намуд. Мувофики гуфтаи Чувайни Худи Чингизхон ба шахр наздик нашуда, дар махкамаи Куксарой карор гирифт. Дар муддати ду рузи мухосира кардани шахри Самарканд, душман шароити атрофро омухт. Сарчашмахо ёдовар мешаванд, ки соли 1220 дар Самарканд бештар аз 100 хазор ахолии зиндаги карда, аз 40 хазор зиёдтар одам ба хифзи он хеста буд. Сарвари харакати зиддимугулии Самарканд Тугайхон, Алифхон, Шайхон, Баландхон ва дигарон буданд.

7 ва 8 марти соли 1220 мугулхо хучуми мусаллахонаи худро сар карданд. Пеш аз огози вахшоният дар Самарканд, онхо ахолии гирдуатрофи шахрро асир намуда,ба хайати лашкари хунхори хеш дохил намуданд. Мувофики наклхо мугулхо ба ахолии махали либоси ачнаби пушионда, тахти ливои душман онхоро пеш-пеш ва худашон аз акиб ба хучум шуруъ намуданд. Хамн тавр, баъди чанги се-чорруза ба мугулхо муяссар шуд, ки ба воситаи дарвозаи «Намозгох», ки дар самти шимолу гарбии Самарканд вокеъ буд,ба шахр дароянд. Дар асоси гуфтаи Чувайни як шаб пеш аз хучуми мусаллахонаи мугулхо хазор нафар мухофизони шахр ба сардории пешвои худ Алатхон бо лашкари Мухаммад Хоразмшох пайваст шуданд. Кисми бокимондаи горатгарон тахти сарварии Тугайхон, Барсмасхон ва Улчахон дар калъа то 17 март монданд. Мувофики  маълумоти «Таърихи араб улус» дар химояи калъаи Самарканд 20 хазор одам иштирок кардааст. Мугулхо мачрои Чуи Арзизро дигар намуда, ба калъа рох ёфтанд. Аз химоятгарон як хазор нафар дар масчиди солхои 1212-1214 сохтаи Мухаммад Хоразмшох паноҳ бурданд. Аз ин чингизиён вокиф шуда, ба деворхои масчид нафт рехта, одамонро зинда ба зинда сузониданд. Мугулхо баъди ин вахшоният тамоми ахолии Самарканд ва атрофии онро ба таври зури ба шахру нохияхои Моварохуннахру Хуросон фиристоданд. Ва кисми зиёдашон катл намуданд. Ба сари ахолии чон ба саломатбурдаи Самарканд 200 хазор динор товони чангро бор карданд.

Баъди ба дасти мугулхо гузаштани Бухорою Самарканд онхо Мухаммад Хоразмшохро таъкиб намуданд. Азбаски у лашкари пуркудрату дар чангхо санчидашуда надошт, мачбур шуд, ки акиб нишинад. Мугулхо пеши рохи уро бурида, мачбур намуданд, ки ба Табаристон раванд. Дар охир у аз таъкиби мугулхо тарсида, дар яке аз чазирахои чанубии бахри Хазар пинхон шуд ва охири соли 1220 дар хамон чо аз олам даргузашт.

  1. Халки точик аввалин шуда дар сохили дарёи Сир байраки муборизаро бар зидди мугулхо бо рохбарии фарзанди хеш Темурмалик боло намуд. Ин корнамоии Темурмалик дар таърихи Осиёи Миёна бо хатти зарин сабт гаштааст. Дар мухосираи Хучанд зиёда аз 75 хазор аскару асир иштирок намуд. Калъа ба хучуми ин кадар кушуни сершумор тоб оварда натавонист. Бинобар ин Темурмалик ба отряди худ дар яке аз чазирахои ру ба руи шахр вокеъгардида чойгиршуда, муборизаро бар зидди мугулхо давом дод. Мугулхо бо ёрии асирон дар зери борони тир аз сохили дарё то чазира банди сангин сохтани шуданд. Пас аз кам шудани захираи озука ва ярок отряди Темурмалик ба каикхои намадини бо гил андовашуда савор шуда, ба тарафи Урганч шино кард. Саворагони мугул бошанд онхоро таъкиб намуда, аз ду тарафи сохил ба суи эшон тирборон намуданд. Нихоят мугулхо хостанд, ки бо занчибанд намудани мачрои дарё пеши харакати каикхоро боз доранд, вале чанговарон занчирро пора намуда, харакатро давом доданд. Таносуби куввахо нобаробар буд. Мугулхо нисбат ба чангиёни Темурмалик хубтар мусаллах гашта буданд.

Дар наздикии шахри Ченд, ки дар сохили Сир чойгир буд, дар байни лашкари мугулу дастаи чангиёни Темурмалик задухурди тулони ба вукуъ пайваст. Азбаски мугулхо кувваи зиёд доштанд, онхо лашкари Темурмаликро торумор намуданд. Танхо Темурмалик бо дастаи хурди худ аз чанг рахо ёфта, дар Урганч панох бурд. Дар ин чо лашкари бокимондаи Мухаммад Хоразмшох тахти сарварии писараш Чалолиддин чамъ омад. Аммо он нисбат ба кувваи душман кам буд. Темурмалик бо лашкари ками хеш ба онхо хамрох шуд. Онхо Урганчро хеле далерона мухофизат карданд. Дар мухофизати шахр чанговарон, муйсафедон, занон наврасон фаъолона иштирок намуданд. Вале бо вучуди ин мугулхо голиб омада, ахолии шахрро несту нобуд сохтанд.

Темурмалик чуръат намуда бо лашкару ихтиёриён зидди ачнабиёни мугул чангида бошад хам, аммо дар дохили чангиёни у ягонаги ва далери вучуд надошт. Сабаб дар он буд, ки давлати Хоразм  лашкари обутобёфта надошт. Аъёну ашрофи Хучанд ба халк дасти кумак дароз накарданд. Хамин тавр, Темурмалик баъди маглубият аз арсаи мубориза дур меравад.

#

О L-BRO Admin

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.