Осиёи Миёна дар ҳайати Юнону Макдуниҳо 

Наќша:

  1. Лашкаркашињои Искандар ба Шарќ ва пирўзињои ў.
  2. Ба Осиёи Миёна зада даромадани ўрдуи Юнону Маќдунињо.
  3. Шўриши Спитамен.

 

Дар асри IV пеш аз милод дар империяи Њахоманишиён тараккиёти иктисодии сатрапхои алохида кушишхои истиклолиятхохии онхоро пурзур намуд ва оммаи халк бар зидди зулми Њахоманишиён бархест, ки ин боиси заиф гардидани империяи Њахоманишихо гардид. Шохи Македония Файлакуси II (Филип) соли 366 аз дасти посбони шахсии худ кушта шуд ва писари бистсолаи у Искандар ба сари хокимият омад. Дере нагузашта Искандар тамоми душманони худро ба сари итоат оварда, ба чанги зидди давлати Њахоманишиён тайёри медид ва аз вазъияти ноустувории ин давлат бохабар хам буд.

Искандар сол 334 бо максади ичрои накшахои «Маъракаи Шарк», ки аз тарафи падараш кашида шуда буд, яъне забти давлати Њахоманишиён, ба Осиёи Хурд лашкар кашида, у дар мухорибаи сеюм ба Дорои III зарбаи катъи зад.  Њамин тарик, 1 октябри соли 331 пеш аз милод Искандар Дороро таъкиб карда, ба сархади Осиёи Миёна расида пойтахти Бохтария- шахри Бохтарро забт кард ва Дорои III гурехт.

Аммо дар рохи байни Мароканду Истарафшан 30 хазор нафар ахолии махалли шуриш бардоштанд. Дар ин шуриш 22 хазор нафар шуришчиён халок шуданд ва макдунихо хам талафоти зиёде доданд.

Дере нагузашта мардуми 7 шахри Истарафшан дар як вакт шуриш бардоштанд ва Искандар дар давоми ду руз ин шахрхоро забт намуда, шуришро берахмона пахш кард. Хусусан зидди Искандар сокинони шахри Курушкада (Уротеппа) сахт мукобилият нишон доданд. Баъди пахш кардани шуриш Искандар дар сохили чапи дарёи Сир шахре бо номи Искандарияи Аксо сохт, ки он то 10 километр дарози дошт ва Искандар бо сохтани ин шахр сархади давлати худро аз хучуми сакоихо мухофизат кард.

Амалиёти якчояи халкхо ва кабилахои Осиёи Миёнаро хамчун муборизаи умумихалки бар зидди истилогарони юнониёну макдунихо марди диловар яке аз кахрамонхои халки точик, сипахсолори  шучоъ Спитамен аз кабилаи сакоихо сарвари мекард. Соли 329 пеш аз милод аскари зиёд чамъ оварда, барои озод кардани Мароканд мубориза мебурд. У шахрро озод ва калъаро мухосира мекунад. Искандар барои пахш намудани шуриш лашкари зиёд мефиристонад. Спитамен ба Бохтар акибнишини карда, якчанд маротиба дар минтакахои гуногуни Осиёи Миёна душманро шикаст медихад, вале соли 327 пеш аз милод Спитамен кушта мешавад. Бахори соли 327 пеш аз милод  Искандар бо лашкари худ аз Навток ба суи калъа, ки он дар куххои Бохтар Сизимистра буд, харакат мекунад. Дар ин чо бохтарихо бо сардории Уксорт ба мукобили Искандар бархестанд. Юнонихо калъаро ба даст дароварда, зану духтари Уксортро ба асири гирифтанд. Искандар ба духтари сохибчамоли Уксорт Рухшона ошик шуд, ба у хонадор шуд ва бо хамин аъёну ашрофони махаллиро ба тарафи худ кашид. Баъди ин вокеа, баъзе аз ашрофони махали, ки дар водихои Кашкадарё ва Хисори хозира дар шуришхо сардори мекарданд, хоини карда ба душман – макдунихо таслим шуданд. Вале бар зидди македонихо сарлашкарони Спитамен, ба монанди Катан ва Авестан часурона чангиданд, вале дар яке аз задухурди шадид дар шимолии Бохтар Катан халок гардида, Авестан ба дасти душман афтода, асир гардид.

Искандар пас аз бозгаштан Бобулро пойтахти нави давлати худ интихоб кард ва барои ба даст овардани ягонагии давлаташ харакат мекунад, лекин соли 323 пеш аз милод дар Бобул Искандар ногахон вафот мекунад. Ба хайати империяи Искандар дохил карда шудани Осиёи Миёна, дар сарнавишти точикон таъсири амик гузошт. Мувофики маълумоти Плутарх, Искандар бештар аз 70 шахрро бино кард. Аз чумла дар сарзамини точикон шахрхои Искандарияи Аксо (Хучанд), Искандари Ориён (Хирот), Искандарияи Бохтар ва гайраро сохта буд. Ин шањрњо дар хаёти ачдоди точикон накши мусбат бозиданд ва онхо ба маркази илму фарханг табдил ёфтанд ва гайр аз он дар Осиёи Миёна барои ривоч ёфтани муносибатхои гуломдори, тичорат мусоидат хам намуданд. Баъд аз вафоти Искандар империяи Искандар ба се давлати мустакил: Макдуния, Мисрва Сурия  таксим шуд.

Рўйхати адабиётњо:

  1. Ѓафуров Б. Ѓ. Тољикон Китоби – 1., Душанбе, 1983 сањ 13-247.
  2. Рањмонов Э. Ш. «Тољикон дар оинаи таърих», «Китоби – 1», «Аз Ориён то Сомониён» Душанбе 1999. Сањ 3-137.
  3. Шукуров М. Р. Рањматуллоев А. З. Таърихи халќи тољик. Ќисми 1. Душанбе, соли 1975 сањ 3-29.
  4. Њазратќулов М. Эътиќоду ананањои бостонии Аљам. Душанбе- “Ирфон”, соли 1986 сањ. 6-52, 53-111.
  5. Бобохонов М. Таърихи тољикони љањон. Душанбе.; Ирфон 2002.
  6. Мухторов А., Рањматуллоев А. Таърихи халќи тољик. Душанбе 2001.

7.Зикриёев Ф., Набиева Р. Таърихи халќи тољик. Душанбе 2006.

#

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.