Фанни Таърих

Ҳаёти тоҷикон дар аморати бухоро ва хонигарии қӯқанд дар нимаи дуюми асри хviii ва нимаи дуюми асри xix.

Нақша:

  1. Барқароршавии салтанати Манғития (1753-1920).
  2. Вазъи умумии мулкҳои Осиёи Миёна дар арафаи ҳуҷуми қӯшунҳои рус.

 

Дар асри XVIII дар Фарғона хонии мустақили Қӯканд ба вуҷуд омад, ки дар сари он намояндагони қабилаи минг қарор гирифтанд. Ташаккули хонигарй дар миёна ва нимаи дуюми асри XVIII дар замони ҳукмронии Эрдонабӣ ва Норбута ба анҷом мерасад. Хонигарии Қӯқанд, ки марказаш шаҳри Қӯқанд буд, (дар водии Фарғона) як қисми заминҳои ҳозираи Тоҷикистон Конибодом, Исфара, Қаротегин, Дарвоз ва Помир низ дохил мешуданд. Аз ҳисоби истисмору ғоратгарй ва хароб гаштани аҳволи меҳнаткашон ба ҳокимони Қӯканд дар охири асри ХУШ ва ибтидои асри XIX муяссар гашт, ки давлати нисбатан пурқувват ташкил кунанд. Дар хонии Хева бошад Муҳаммадамин, ки аслан аз кабилаи ӯзбеки қунғурот буд ҳукмронй мекард.

Дар замони охирин хони аштархонӣ Абдулфайзхон (1711-1747) чангу харобӣ хеле афзуда, боиси парокандагии мамлакат гардид, Шоҳи Эрон Нодиршоҳи Афшор (1736-1747) соли 1740 ба Бухоро ҳучум оварда, намояндаи сулолаи манғитиҳо Муҳаммадраҳимро ҳоким таъйин намуд. Соли 1747 баъди кушта шудани Нодиршоҳи Афшор Муҳаммадраҳимбӣ Абдулфайзхонро бо ду писараш кушта, со™ 1753 ба тахти хонӣ нишаст ва ба сулолаи мангития асос гузошт. У мекӯшид, ки ҳокимияти марказиро дар хонигарӣ пойдор намояд ва тавонист як қатор ноҳияҳо Ургут, Панҷакент ва Уротеппаро ба итоати худ дарорад.

Дар давраи салтанати Дониёлбй (1758-1785) норозигии оммаи халқ тамоми аморати Бухороро фаро гирифт. Яке аз писарони ӯ Шоҳмурод муриди шайхе шуда дар зоҳир аз дарвеши мискин фарқе надошт. Пас аз вафоти Дониёлбй ӯ либоси тавба дар тан фарёдкунон аз мардум илтино менамуд, ки гуноҳи кардаи марҳумро бахшанд. Вай инчунин ҳиссаи худро аз мероси падар гирифта, амр кард, ки ин сарватро ба касоне, ки аз онҳо ситонида шудааст, баргардонанд. Тарзи зиндагии хоксорона ва порсоёнаи ӯ муосиронашро ба ҳайрат мегузоштанд. У қушбегй ва козикалонро дар ҳузури умум ба қатл расонида, таваҷҷӯҳи оммаро ба худ мекашид.

Шоҳмурод аз унвони хонй даст кашида, худро амир эълон намуд. Аз ин давра сар карда, хонигарӣ ба худ номи аморати Бухороро гирифт. У вазъияти аморати Бухороро беҳтар намуда, ҷангҳои ғоратгарона мебурд. Лекин ҷангҳои ӯ он кадар натичаи дилхоҳ надод.

Мужҳои хурди Рӯшон, Шуғнон, Вахон, Ҳисор, Кӯлоб, Қаротегин, Дарвоз дар асри XIX дар натиҷаи парокандагӣ ва муборизаи байнихудӣ истиқлолиятро аз даст дода, ба итоати амири Бухоро ва хонигарии Қӯқанд дохил шуданд. Аҳди салтанати Шоҳмурод (соли 1785-1800) нисбатан устувор буд. Вай факат чунин андозҳои шаръй. хироҷ ва закотро боқй гузошта, заминҳои вақфро дубора барқарор намуд. Ба ин восита норозигиро дар байни мардум ва рӯҳониён бар- тараф намуд. Амир Ҳайдар (1800-1826) низ ҷангҳо бурда Уротеппа ва саргаҳи Зарафшонро ба аморат ҳамроҳ намудааст. Амир Насрулло (1823-1860) ду бародарашро кушта ба тахт нишаст ва ҳар рӯзе 50-100 нафарро ба қатл мерасонид. Бухороиён ӯро амири «қассоб» номида буданд. Дар байни амирони манғит амир Насрулло аввалин амире буд, ки мардуми аморати Бухоро ба ӯ ин лакабро дода буданд. «Амир Насрулло, — менависад Фитрат, — он қадар хунрез ва золим буд, ки аҳолии Бухоро ӯро «Ботуркассоб» лақаб дода буданд. У бо Шахрисабз, Уротеппа, Қӯқанд ва Хева муттасил ҷанг мекард.

Аз рӯи гуфтаҳои А.Дониш маълум мешавад, ки амир Насрулло мисли падараш амир Њайдар макру ҳиларо ба кор бурда, ҳамаи амалиёти худро чунон вонамуд месохтааст, ки гӯё динро ҳимоя мекунад. Дар асл бошад, худаш корҳои гайришаръӣ карда, қонунҳои шариатро вайрон менамуд.

Ҳамин тавр, дар миёнаҳои асри XVIII дар худудщи Осиёи Миёна якчанд давлатҳои хурди феодалӣ арзи вуҷуд карданд. Халқи тоҷик дар ин давра пароканда буд. Самарқанд, Бухоро, Ҳисор, Кӯлоб, Қубодиён ба итоати амири Бухоро, Конибодом, Исфара, Қаротегин, Дарвоз ва Помир дохил мешуданд. Як қисми аҳолии тоҷик ба ҳайати ҳокимони хурд Уротеппа (Уротеппа, Хуҷанд ва Панҷакент) ва султонҳои қазок медаромаданд.

  1. Дар миёнаи асри XIX дар сарзамини Осиёи Миёна ба гайр аз давлатҳои мустақил: аморати Бухоро, хонигариҳои Қӯқанд ва Хева, боз як қатор мужҳои ниммустакил, ба монанди: Шаҳрисабз, Китоб, Ҳисор, Қаротегин, Дарвоз, Кӯлоб ва гайра вуҷуд доштанд.

Давлатҳои мустақилу ниммустақили Осиёи Миёна дар арафаи ҳуҷуми қӯшунҳои рус дар зинаи тарақкиёти муносибатҳои феодалй буданд. Дар байни онҳо бештар душманй хукмфармо буд. Махсусан ҷангҳои беохири байни аморати Бухорою хонигарии Қӯканд боиси харобиҳои зиёди мулкҳои ҳар ду тараф гардида буданд. Аз ҷумла, амири Бухоро Насрулло солҳои 1840 ва 1842 ба Қӯканд ҳуҷум карда, ҳангоми ҳучуми дуюм шаҳрро як ҳафта дар ҳолати муҳосира нигоҳ дошт ва баъд ба аскарони худ тороҷи онро фармуд.

Баъд аз вафот кардани амир Насрулло писараш Музаффархон (1860-1885) ба тахт нишаст. Дар хусуси амир Музаффархон С.Айнй дар «Таърихи амирони Манғитияи Бухоро» чунин маълумот додаст: «Ў амири хеле фосиқ, нодону ҷоҳил ва бадкирдору бадахлоқ аст. Дар замони амир Музаффар ҷабру зулм, азобу кулфат ва ғорату бедодгарӣ ба ҳодисаҳои мукаррарӣ табдил ёфта буданд. Амалдорону сипоҳиёни аз Кармина овардашудаи амир Музаффар бераҳмона хуни мардумро мемакиданд. Молу мулк ва сарвати халқро ба тороҷ бурда, дар ҳар қадам андозу хироҷ ҷамъ менамуданд ва ба ҳеҷ кас ҳисобот намедоданд. Аз ҳамин сабаб ҳам мардуми бисёр маҳагглаҳои аморати Бухоро, махсусан Ҳисор ва дигар вилоятҳои точикнишин исёйу шӯриш бардошта, бар зидди ӯ бархостанд.

Ў ду маротиба ба сӯи Қӯканд, солҳои 1862 ва 1865 ҳуҷум карда, ҳангоми ҳучуми аввала тамоми водии Фарғонаро хароб кард ва то Қошғар расид. Аз он ҷо вайро мардуми қабилаи қипчоқи ӯзбек гардониданд. Бо сабаби ҷангҳои беохщш байни аморати Бухорою хонигарии Қӯқанд, ҳар бор мардуми Уротеппаю Хуҷанд, Нову Ҷиззах зарари зиёд медиданд. Танҳо дар зарфи 65 соли аввали асри XIX онхо ба Уротеппа қариб 50 маротиба лашкар кашиданд. Дар он давра амирони Бухоро ва хонҳои Қӯқанд бо максади ба зери тасарруфи худ даровардани мулкҳои ниммустақил, ба муқобили онҳо борҳо теғ кашидаанд. Ё худ ҳамон лаҳзае, ки қӯшунҳои рус ба хоки Осиёи Миёна зада даромаданд, амир Музаффархон ба муқобили ҳокимони ниммустақили Бухорои Шарқї, ба сӯи Бойсун ва Деҳнав лашкар кашида, хуни бисёре резонд.

Бояд қайд кард, ки дар арафаи ҳуҷуми қӯшунҳои рус вазъияти хони Қӯқанд хеле ногувор буд. Махсусан байни хонҳои Қӯқанд Худоёрхон (солҳои 1845-1958 ва 1862-1873) ва Маллахон (солҳои 1858-1862. яъне дар фосилаи гурехтани Худоёрхон) рақобати сахти мансабӣ мерафт ва ҳар кадоме мехост, ки амири Бухороро ба тарафи худ кашад. Амири Бухоро Музаффархон Худоёрхонро пуштибонӣ намуда, соли 1862 ба Қӯқанд ҳуҷум карда, салтанати Худоёрхонро аз нав барқарор намуд.

Аморати Бухоро дар замони амир Музаффар аллакай таназзул ёфта, хароб гардида буд.

Ҳангоме ки амир Насрулло ва амир Музаффар ба забту ғорат ва қатли мардум машғул буданд, Русия аз Шимол ба Осиёи Миёна таҳдид менамуд. Амир Музаффар мебоист ба ҷои лашкаркашиҳо ва қатли оми мардуми бегуяоҳ мамлакатро аз ҳуҷуми беруна дифоъ намояд. Масалан, дар он вақте ки ба Тошканд аскароии рус ҳуҷум менамуданд ӯ ба хонигарии Қӯқанд ҳуҷум намуда, ба талаву тороҷ намудани мардуму шаҳру деҳои ин ҷойҳо машғул буд. Дарбориён ва наздикони ӯ ба амир Музаффар борҳо ишора намуданд, ки аз ҷанги зидци Қӯқанд баромада, Тошкандро дифоъ намояд. Лекин ӯ ин маслиҳатҳоро қабул накард.

Хулоса, дар арафа ва ҳатто лаҳзаи ҳуҷуми қӯшунҳои рус ба Осиёи Миёна, дар ин сарзамин нооромӣ, ҷангу ҷидолҳо, иқтисодиёти қафомондаю харобгардида ҳукмрон буд.

#

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Похожие статьи

Один комментарий

  1. малумот дар бораи Инкишофи саноат дар ибтидои асри 20 илтимос хами савола чавобша ёфтен ба почтаи ман ройи кунед

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *