Ҳаракати  Абумуслим , Шўриши  Шерак Ибни Шайх

                      

   Нақша:

  1. Сабабњо ва рафти њаракати Абумуслим.
  2. Шўриши Шерак ибни Шайх ва Сумбоди Муѓ.

      Аз сиёсати халифањои  бани – Умиявї  (661- 750 ), ки њимоятгари  манфиати  аъёну  ашрофи  араб буданд,  на танњо халқњои  Мовароуннњру дигар халқњои  истилошуда , балки ањолии араби  хилофат  њам  норози  буд.     Ин норозигї ба муқобили  сиёсати бани  Умия  дар замони халифии  Марвонї ( 744 – 750)  пурзўр ва шиддатнок гардид. Халқ  аз  бољу хирољи зиёд ба танг омада буд.

Аз ин норозиги  сулолаи  Аббосиён  истифода карда , аз солњои  30 – юми  асри У111  зидди бани Умия  ташвиқот мекарданд.

Дар солњои 40 уми асри У111 роњбарии Аббосиён  ба дасти писари  Муњаммад ибни Али  Иброњим  ибни  Муњаммад  гузашт. Тарѓиботи Аббосиён њамон вақт љонноктар гардид, ки  ба ин љо форс Абумуслим  омад. Абумуслим,ки шахси доно  ва сиёсатмадори  моњир буд, мехост оммаи халқро ба шўриш  бархезонад. Шўриши Абумуслим шакли оммавиро гирифт.Дар ин шуриш тамоми табақањои ањолии бо нияте иштирок доштанд, ки ањволашон бењтар мешавад. Абумуслим дар зери байрақи сиёњи Аббосиён Марв ва Хуросонро ишѓол карда, соли 749 вилоятњои ѓарбии холофатро ба даст овард. Соли 750 пойтахти хилофат-Димишқро ишѓол карда, ба љои њукмронии сулолаи байни Умия сулолаи Аббосиёнро ба миён овард.

Абумуслим бошад, њокими Хуросон таъин гардид. Ба сари тахт омадини Аббосиён ањволи халқро заррае бењ накард.Онњо каму беш ашрофони мањаллиро ба идоракунии давлат љалб намуда, истисморро њам пурзур карданд. Аз ин љост,ки муборизаи халқи мањалли боз њам ба муқобили арабњо пурзур гардид.  Зулми ду тарафа- яке истисмори хонадони Аббосињо ва дигаре зулми феодалони мањаллї ба сари халқ бор шуд ва ин  ањволи вазнин боиси афзудани нафрат ва норозигии халқ ба сулолаи Аббосињо гардид. Дар натиља соли 750 -751 дар Бухоро шўриши зиддиараби бо сарварии Шарик ибни Шайх ал-Мањри сар зад. Шўришгарон бо даъвати он, ки Аббосиёнро аз Хилофат дур  кард, ба љои онњо аз авлоди бевоситаи Муњаммад паёмбар ва домоди ў Али ибни Абўтолиб ба тахти хилофат оянд,бархестанд. Абумуслим ба муқобили исёнгарони Бухоро неруи љангии дуњазорнафараро фиристод, љанг бо исёнгарон сию њафт рўз давом кард. Оқибат шўришгарон шикаст хурданд, Шарик дар майдони љанг њалок гардид, ѓоратгарон шањро оташ заданд, ки вай то се рўз хомуш нашуд.

Соли 751 қушуни императори Чин аз зидиятњои дохилии Хилофати Араб истифода карда, ба Мовароуннањр њамла овард. Абумуслим бар болои лашкари Чинињо њам ѓалаба ба даст дароварда, дар назди халифањои Аббоси шуњрат пайдо кард.Њаракати Абумуслим бар зидди халофати Умаявињо ба фоидаи Аббосиён анљом ёфта бошад њам, њисси  озодихоњии халки мањаллиро ифода мекард. Ин маъниро ба ёрии Абумуслим аз њар гушаву канори мамлакат омадани намояндагони халқ исбот мекунад.Абумуслим тарафдори Аббосиён бошад њам, арабњо аз обру ва эътибори ў дар назди халқ тарсида, суйқасди вайро пеш гирифтанд. Аз иқтидор ва шуњрати Абумуслим ба вањм афтода халифа ал-Мансур соли 755 ўро ба дарбор даъват карда вањшиёна ба қатл меросонад. Қатли Абумуслим боиси ављи њаракатњои халқи дар Хуросону Мовароуннањр мегардад, ки яке аз онњо соли 755 дар Нишопур тањти васояти Сунбоди Муѓ, ки номи аслиаш Фирузи Испањдад аст, руй дод.  Халифа ба муқобили исёнгарон бо сарварии сарлашкар Љавњар ибни Марар(747-756) қувваи њарбии дањњазора сафарбар кард, ки дар натиља байни ин қувва ва исёнгарон дар биёбони Њамадону Рай љанги хунине сурат гирифт, ки он њафтод рўз давом кард. Нињоят пайравони Сумбоди Муѓ шикаст хурданд ва худи у ба қатл расонида шуд, вале бо ин мављи њаракати халқи паст нашуда, тадриљан ављ гирифт.

#

test

Добавить комментарий