Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои баъди ҷанги (1946-60-ум)

Нақша:

  1. Азнавбаркроркунии хоҷагии халқ дар солҳои баъдиҷангӣ (саноат ва хоҷагии қишлоқ).
  2. Маҳкум карда шудани шахспарасгӣ ва саршавии ҷараёни демократикунонии ҷомеа.
  3. Инкишофи илму фарҳанг.

Гарчанде Тољикистон аз хатти ҷабҳа дур бошад ҳам, вале ҷанг хоҷагии онро хароб карда буд. Хусусан ба ҷабҳа фиристондани автомобил, асп ва дигар олотҳои техникӣ барои давом додани накшаҳои созандагї монеъ мешуданд. Дар шаҳр ва ноҳияҳои чумҳурї сохтмони манзил, муассисаҳои маданї, сохтани каналҳо, кӯпрукҳо ва аз худ кардани заминҳои бекорхобида муваққатан қатъ гардида буданд.

Сарфи назар аз мушкилиҳо саноати ҷумҳурї бо техникаи нав ва технологияи пешқадам таҷҳизонида мешуд. Ба баланд бардоштани савияи маданӣ-техникии коргарон диқкати махсус дода мешуд. Дар назда муассисаҳои саноатй мактабхои техминимум, курсҳои техникї, мактабҳои таљрибаи пешқадам, аз худ кардани ихтисоси дуюм ва ғайра амал мекарданд. Танҳо дар соҳаи саноати бофандагї соли 1947, 3149 коргарон ба шаклҳои гуногуни хониш фаро гирифта шуданд. Дар байни синфи коргари чумҳурӣ мусобикаи ватандӯстона барои пеш аз мӯҳлат иҷро намудани панҷсолаи азнавбарқароркунӣ ављ гирифт. Дар натиља нақшаи панҷсолаи чорум (1946-1950) дар 4 солу 3 моҳ иҷро гардид. Муассисаҳои нави саноатӣ: заводи механикї ва таъмири моторҳо (с. 1946), фабрикаи дӯзандагӣ, трикотажбарорӣ дар Душанбе, заводи механикї дар Конибодом, комбинати истеҳсоли масолеҳи сохтмонї дар Вахш (соли 1946), заводҳои хиштбарррӣ дар Қӯрғонтеппа ва Ҳисор (с. 1948), заводи шишабарорӣ дар Ленинобод (с. 1949), ГЭС-ҳои Варзоби Поён (с. 1949) ва гайра ба кор шурӯъ намуданд. Ҳамагӣ дар тӯли панҷсола 14 корхонаи нави саноатӣ ба кор даромад. Синфи коргар ҳам аз миқдор зиёд ва сифат хуб гардид. Шумораи он ба 178 ҳазор нафар расид, ки нисбати давраи тоҷангӣ 19 фоиз афзуда буд. Вале дар фаъолияти корхонаҳои саноатї камбудиҳои ҷиддї вуҷуд доштанд. Чунончй, баъзе корхонаҳо нақшаро аз рӯи навъҳои истеҳсоли маҳсулот иҷро накарданд, сифати маҳсулот беҳбудиро мехост ва истеҳсоли маҳсулоти нафтӣ низ талаботро қонеъ намекард.

Ҷанг ба хоҷагии кишоварзии ҷумҳурӣ низ таъсири худро расонда буд, зеро деҳқонони зиёд ва техникаи хоҷагии қишлоқ ба ҷанг сафарбар карда шуда буданд. Аз нарасидани қувваи корї ва техника чандин сол як қисми заминҳо шудгор ва каналу ҷӯйборҳо аз гил тоза нашуда монданд. Ба ҷои пахта ғалла мекоштанд. Дар солҳои ҷанг истеҳсоли пахта 2, 6 баробар кам шуд. Хоҷагиҳои пахтакор ва чорво- дор зарари калон дида буданд. Саршумори чорво хело кам шуда буд. Барои барқарор кардани хоҷагии қишлоқ Ҳукумати Иттифоқ ва ҷумҳурӣ чандин ҳуҷҷатҳоро, аз ҷумла Қарори Шӯрои Вазирони ИҶШС аз моҳи марти соли 1942 «Оиди чорабиниҳо доир ба тараққиёти минбаъдаи пахтакорӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 1949-1952», «Дар бораи муттаҳидкунии колхозҳои хурд» (маи соли 1950) қабул намуд.

Барои аз ҷиҳати ташкилӣ ва хоҷагӣ мустаҳкам намудани колхозҳо ҳизб ва ҳукумати Тоҷикистон хоҷагиҳои деҳқонони ноҳияҳои кӯҳистонро ба водии Вахш кӯчонид. Соли 1945 ба води Вахш танҳо аз ноҳияҳои ҷумҳурӣ 1,5 ҳазор хоҷагї ва аз ноҳияҳои гуногуни ИҶ1НС зиёда аз 4 ҳазор хоҷагӣ ба водии Вахш кӯчонида шуданд. Умуман, дар солҳои 1946-1950 ба ноҳияҳои пахтакори водии Вахш зиёда аз 18 ҳазор хоҷагӣ кӯчонида шуданд.

Дар ҷумҳурӣ ба тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси хоҷагии кишоварзи диққати махсус дода мешуд. Бо ин мақсад курсҳои кутоҳмуддат ва мактабу техникумҳо кушода шуданд. Аз ҷумла, дар Душанбе соли 1947 мактаби дусолаи ҷумҳуриявй барои тайёр кардани раисони колхозҳо ташкил дода шуд. Курсҳои кӯтоҳмуддатро ҳазорҳо ҳисобчиёну агрономҳо, мудирони участкаҳо ва зоотехникҳо хатм карданд. Соли 1950 дар ҷумҳурӣ 2,8 ҳазор механизатор, аз ҷум- ла 1,9 ҳазор тракторчӣ тайёр карда шуд, ки дар баланд бардоштани дараҷаи маданияти истеҳсоли зироаткорй ва чорводорӣ саҳми худро гузоштанд.

Ҷумҳуриҳои бародар низ дар тайёр намудани кадрҳои баландихтисос ёрии амалии худро расонданд.

Хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон сол аз сол бо техника таъмин мегардид. Соли 1950 дар ҷумҳурӣ 6 МТС-и нав ташкил дода шуда, 3704 тракторҳо ба деҳотиён хизмат мекарданд. Вале дар фаъолияти колхозҳо ва махсусан дар кори роҳбарии онҳо камбудиҳои ҷиддӣ содир мешуданд. Аз ҷумла, устави артели хоҷагии қишлоқ вайрон карда шуда, рӯзи меҳнат нодуруст тақсим карда мешуд, заминҳои давлатй, моликияти колхозиро медуздиданд. Дар баъзе ноҳияҳо роҳбарони колхозҳо вазифаро сӯиистеъмол карда, ба вайронкориву каҷравиҳо роҳ медоданд. Ин камбудиҳо дар қарори Шӯрои Вазирони ИҶШС ва КМ ҲК(б) аз 19 сентябри соли 1946 «Тадбирҳои оиди барҳам додани вайонкунии устави артели хоҷагии қишлоқ» махсус қайд гардид, ки мувофиқи он ҳукумати маҳаллӣ бояд ин камбудиҳоро ошкор намуда, онҳоро барҳам медод.Дар натиҷаи барҳам додани камбудиҳо ис- теҳсоли маҳсулоти хоҷагии кишоварзӣ сол аз сол меафзуд. Чунончӣ, соли 1947 дар чумҳурӣ 162 ҳ.т., соли 1948 – 202,5 ҳ.т. ва соли 1950 – 288 ҳ.т. пахта чамъоварӣ карда шуд.

Соҳаҳои дигари хоҷагии кишоварзӣ низ инкишоф ёфтанд. Аз чумла, истеҳсоли картошкаю зағир зиёд шуда, боѓу ангурпарварї, пиллапарварӣ натиҷаи хуб доданд. Меҳнати кормандони деҳотро ба  назар гирифта, соли 1948 – 139 нафар пешқадамони истеҳсолот сазовори унвони олӣ – Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ гардиданд. Дар байни онҳо А.Қосимов, П.Оқилов, Р.Расулов, С.Урунхоҷаев ва дигарон буданд.

Чорводорӣ ва ғаллакорӣ талаботро қонеъ намекунонид, дар ин соҳаҳо ҳам тадбирҳои мушаххас андешидан лозим буд. Соли 1950 чорвои калони шохдор 96,2 фоизи давраи пешазчангиро ташкил медод. Барои инкишофи чорводорӣ дар минтақаҳои пахтакорӣ колхозу совхозҳо аз андози гӯшт, пашм ва пӯст озод карда мешуданд. Ҳукумат барои ин соҳа маблағи зиёд чудо кард. Танҳо барои сохтани биноҳо барои чорво 34,5 млн.сӯм ҷудо карда шуд. Дар натича дар Бадахшони Кӯҳӣ чорвои калони шохдор 3,5 маротиба, саршумори гӯсфанд-11, буз-14 маротиба афзуд.

Соли 1950 муттаҳидшавии колхозҳои хурд ба амал омад, базаи моддй-техникии онҳо мустаҳкам гардид. Аз ҷумла, як қисми хоҷагиҳои коллективй бо қувваи барқ таъмин шуданд. Солхои 1946-1950 дар чумҳурӣ 75 истгоҳи барқии колхозй ба кор даромад. Бо барқ таъмин шудани деҳот ба болоравии ҳаёти маданӣ-маишии аҳолй ва умуман баланд шудани ҳосилнокии меҳнат дар соҳаи кишоварзй мусоидат намуд.

Адабиёти истифодашуда:

Зикриёев Ф., Набиева Р. Таърихи халқи тоҷик. Д. – 2006.

Мухторов А., Лугмонов Т. Таърихи мухтасари халқи тоҷик. Д., 2009

Зикриёев Ф., Набиева Р. Тоҷикистони соҳибистикдол. Ду- шанбе, 2008.

Турсунов М.О. Таърихи тоҷикон. Хуҷанд- 2001.

#

test

Добавить комментарий