Пайдоиши динҳои ибтидоӣ
Нақша:
Фетешизм ва тотемизм
Анемизм ва магия
Фетишизм ва тотемизм.
ФЕТИШИЗМ. Фетишизм асосан калимаи фаронсавӣ буда, маънои луғавиаш бут-тумор мебошад. Чӣ тавре, ки ба тадқиқотҳо ва мушоҳидаю назоратҳои сайёҳону олимон, савдогарону ҳарбиён дар асрҳои XV-XVIII нишон додаанд, шаклҳои бутҳо бениҳоят зиёд, гуногунҳаҷм ва тариқи гардонидану парастишашон ҳам гуногун будаанд ва дорандагону парастишгарон онҳоро фақат бо мақсади муайяне парастиш мекарданд. Аз ин рў, ин давраи ҳаёти ҳамъиятиро қариб ҳамахалқҳои қадима ва минтақаҳои тамаддуни инсонӣ аз сар гузаронидаанд. Вале бут- ин модда, чиз, ашё мебошад, ки аҳамияти иҷтимоӣ надорад. Яъне одами ибтидоӣ дар бут парастиш, эътиқоди динии худро ба хусусияти фавқуттабиӣ ё мовароуттабиии ашё ифода мекард. Ба ибораи дигар, инсон нисбат ба ашёи эътироми наздик, чун ба муқаддасоте доштанд ва қоил буданд. Ҳатто боварӣ доштанд, ки бутҳои онҳо дорои қувваи сеҳрнок ҳам ҳастанд. Ба сифати бутҳо фетишҳо сангрезаҳо, сангҳои осмонӣ, устухонҳои гуногун, косахонаи сар, чўбҳои аҷиб, шохҳои ҳайвонот, нишонаҳо аз пари паррандагону нишонаҳо аз хазандагон ва умуман ҳама чизҳо истифода менамуланд. Нишонаҳои бутпарастӣ дар байни ҳама халқҳои динҳои сайёра то ҳол ҳам дида мешавад. Бутпарастон ба ҳайкал муҷассамааҳои Буддо саҷда мекунанд ва барояш туҳфаҳо медиҳанд. Мусулмонон санги сиёҳи қаъбаро (ҳаҷал –ул-асводро), ки яке аз «шаъайир»-и Оллоҳ дар ислом аст, зиёрат мекунанду тамору бозубанд мегардонанд. Насрониён дар гардан салибу дар хонаву калисо аз иккона мадад мепурсанд. Ҳамаи ин эътиқодҳо нишона аз фетишизм мебошад. Мешуд, ки ин бутҳо- туморҳородорои як рўҳи махфӣ ва ғайбӣ дошта медонистанд ва барои дар коре ба мақсад расидани худ ба онҳо муроҳиат ҳам мекарданд. Агар рафту орзую умедҳои шахс аз пурсишу парастиши бут амалӣ намегашт, муносибати шахс ба буташ тағйир меёф. Буташро таъна мекард, танбеҳ медод ва ҳатто мезад. Агар дуюмбора боз аз буташ комёб нагашт аз ў рў гардонида бути дигаре интихоб мекард. Ё фикр мекард, ки рўҳи бутаро бути дигари қудратноке ба худ тобеъ кардааст ва ё аз буташ рўҳи ғайбӣ хориҷ шудааст. Ҳамаи ин ҳодисаю ҳолатҳои бутпарастию ивазкунӣ ва ҷудошавӣ аз онро дар аҳолиҳои бутпарастӣ ба шакли дигари эътиқоддинӣ-анимизм, ҷон, рўҳпарастӣ назик аст.
ТОТЕМИЗМ. Тотемизм ҳамчун мафҳуми динӣ ба забони дин дар асри бумии Амрико ва Австралия инчунин дар Африка мушоҳида шудаанд.
Хулоса бутпарастӣ яке аз шаклҳои эътиқодӣ динии ҷамоаи ибтидоӣ маълум аст XVIII аз забони ҳмндувони Америка ворид гардида, маънои луғавиаш «авлоди вай» мебошад. Яъне тотемизм як навъ эътиқоду боварӣ ва маросимҳои динии одамони ибтидоӣ аст, ки асоси онро боварӣ ва вуҷуди робитаҳои авлодӣ ва хешовандӣ байни инсон ва ҳайвонот, ҷонварон, растаниҳо ва умуман табиату муҳити атроф дар иртиботи бевосита буда медид, ки табиати атроф ҳайвоноту наботот бо ў наздикӣ дорад. Ҳамин эҳсоси наздикӣ ва вобастагӣ бо ҳайвоноту наботот сабаби пайдоиши эътиқод ба вуҷуди робитаи хешовандӣ ва авлодӣ байни авлоду ягон навъи растанӣ ё ҳайвон мегардад. Ақидаи табу-табдилёбии ҷон, рўҳ, арвоҳ ба одам ва атабиат қисми асосии тотемизм аст.Ҳар авлод тотеми худро интихоб мекард ва шахс тотеми худро аз дасти модар мегирифт.
Мушоҳидаи тотемизми бумиҳои Америка, Австралия ва Зеландияи Нав нишон дод, ки ба сифати тотемаи авлодҳо муш, қурбоқа, шабпарак, рўбоҳ, гург, саг ҳама намуд паррандагону хазандагон будаанд.
Анимизм ва магия
Анимизм гуфта маҷмўи бовариҳо ба ҷон, рўҳ ва арвоҳоро мегўянд. Анимизм (ҷонпарастӣ, арвопарастӣ) аз калимаи лотинии анима гирифта шуда манои луғавиаш ҷон, рўҳ ва арво мебошад. Одамони ибтидоӣ боварӣ доштанд, ки ҳама гуна мавҷудоти табиат ҳам зинда ва ҳам мурдамурда, хоҳ дар ҳаракат буда ва хоҳ сокин дорои ҷон ва раво ҳастанд. Вале худи одам бошад дорои арвоҳ мебошад.
Одамони ибтидоӣ арвороҳро дорои ақлу сурат ва эҳсосот, соҳиби қувваюирода ва касбу ният мешумориданд. Боварӣ доштанд, ки арвоҳро ба мисли одамони зинда метавон идора ва роҳнамоӣ намуд. Онҳо хашмнок – зиёновар ва ҳалиму ёрирасон мешаванд. Эътиқод ба ҷон, рўҳ ва арвоҳ аз ҳолатҳои хоббинӣ, рўъё ва аз ҳуш рафтани одам ба вуҷуд омадаасту одами ибтидоӣба абадӣ ва намирандагии ҷону рўҳ ва арвоҳ боварии қатъӣ дошт. Дигар ин ки боварӣ ба рўу ҷон ва арвоҳ як қисми унсурии ҳатмии ҳар як дин буд ва мебошад. Яъне аз эътиқодҳои қадимтарин анимизм аз ҳама бештар ба дин наздик мебошад.
Ба ғайр аз ин се намуди эътиқодҳои динӣ боз дар ҷомеаи инсонӣ шаклҳои эътиқоди динии сеҳру ҷоду (магия), соҳиригарӣ (шаманизм) ва хурофотҳои зиёде вуҷуд дорад.
Динҳои табиӣ (ибтидоиро) ҷамъбастнамуда гуфтан мумкин аст, ки:
- Шахсият ва фардияти одамони ибтидоӣ ба дараҷае ба ҷомеа ва қабилаи худ вобастаанд, ки гуфта наметавонем, ки ҳар яке аз ин фардҳо дорои шахсиятанд.
- Ҷомеаи ибтидоӣ, ба ақида ва оинҳои худ сахт боварӣ дошта ҳеҷ навоварӣ ва таъғиротро қабул надоранд. Яъне тақлид ва консерватизми онҳо бениҳоят сахт аст.
Ин ду хулоса собит месозад, ки одами ибтидоӣ тасаввуроти худро дар бораи «муқаддассот» — чизҳои муқаддас, ману, қудратнокии сеҳру ҷоду ва хусусиятҳои антроморфизм-одамшаклии қувваҳои табиат ва худоён; зооморфизм- ҳайвоншаклии худоён; антропозооморфизм-дарахтшаклу растанишакл будани худоён; терноморфизм-қубоқашаклу моршакл-хазандашакл умуман будани худоҳо ташаккул ва сайқал дода будааст. Ин ҳама намуди эътиқодҳое будаанд, ки замина барои динҳои ҷамъиятӣ гардидаанд.
Агар пайдоиши эътиқодҳои динӣ хоси ҳама минтақаҳои сукунати ҷамъияти ибтидоӣ будаанд, пайдоиши динҳои қадима бештар хоси баъзе минтақаҳои тамаддунии ҷаҳонанд. Яъне, агар нишонаҳои пайдоишу устувории эътиқодоҳои динии хоси ҳама минтақаҳои кураи замин: Осиёю Африқо, Аврупову Австралия ва Океания бошанд, динҳои қадима ё минтақавӣ хоси минтақаҳои тамаддуние мебошанд, ки эътиқодҳои динӣ дар натиҷаи пешрафти иқтисоӣ, ҷамъиятӣ ва мадании минтақаҳо рў ба таҳаввулот оварда ба динҳои содда, оддӣ, минтақавӣ табдил ёфта, шаклҳои нави парастишу эътиқод,ки дигар характери ҷамоаи худро гум карда хусусиятҳои индивидуалиро гирифта, акнун ҳар як инсон чун шахсият баромад карда метавонист, мигирифт.
Ба ин минтақаҳо пеш аз ҳама Миср ва атрофи он, Бобулистон, Ҳиндустон, Чин, Юнон, Эрон дохил буданд. Маҳз ҳамин минтақаҳо ба гаҳвораи тамаддун башарӣ ба дин табдилёфта ба ҳисоб мераванд. Аз ин рў динҳои қадима ҳам маҳз дар ҳамин минтақаҳо пайдо шудаанд.
Мисри Қадим, ки шароити табииаш барои зиндагонӣ ва маскуншавии инсон хеле мусоидат мекард, ба яке аз минтақаҳои тамаддуни ҷамъияти ибтидоӣ табдилёфта буд. Шароити ҷуғрофии он, ки дар бархурии минтақаҳои гуногуни иқлимӣ (ҳамсоягӣ бо ду баҳр: Миёназамин ва Сурх, бо Саҳрои Кабир дар Ғарбу бо нимсаҳрои Синай ва дарёи сероби Нил ва замини серҳосилаш) қарор дошт, сабаби асосии ҳои сукунати қадимӣ ва тамаддунӣ буд. Маркази тамаддуни ў бо туфайли қадимии фарҳангии диӣ, илму санъат, хату адабиёт, шаҳрсозӣ, хоҷагидорӣ ва ташкилоти (сохторӣ) сиёсии он буд. Аз ин лиҳоз Миср як минтақаи хоси пайдоиши парастишу эътиқодҳои динӣ будааст ва анъанаҳои бутпарастӣ (фетишизм), ҷон, рўҳпарастӣ (анимизм) ва тотемизм васеъ паҳн будааст.
Мисри Қадим яке аз минтақаҳои қадимтарини иттиҳоди сиёсии одамон низ будааст. Аз ин рў, таҳаввулоти парастишу эътиқоҳои динии ин минтақа ҳам хеле барвақт, баробари таҳаввулоти сохтори сиёсии ин минтақа сар зад буд. Дар Миср ба мисли дигар минтақаҳо намудҳои эътиқоди динии бутпарастӣ (фетишизм ба маънии парастиши қувваҳои табиату ҳайвонот, паррандагону хазандагон), ҷонпарастӣ (анимизм, ба маънии рўҳ) ва тотемизм- ба маънии худро аз ягон авлод, хешу табори махлуқот ё уайвоноти табиат донистан роиҷ аст.
Ахлоқи динӣ гуфта тариқ, усул, вақт, ҷой ва ҳамаи он фармудаҳои диниеро мегўянд, ки иҳрои онҳо талаб карда мешавад ва ё иҷро карданашон шоистаи таъриф ва накарданашон ба гуноҳ, ҷазо ва ё ҳаракате сабаб мегардад. Ин ахлоқи динӣ хоси фақат ҳамон дине мебошад, ки дар бораяш сухан ё баҳс меравад. Яъне ахлоқи динии ҳар як инсон, халқ ва минтақа ҷанбаи умумибашарии фақат доираи худро дорад. Ахлоқи динии динҳои қадимаи мисрӣ, бобулӣ, юнонӣ ва ғайра вуҷуд доранд.