Фарҳанги ҷамъияти ибтидоӣ

Нақша:

  1. Марҳилаҳои сохти ҷамоаи ибтидоӣ
  2. Хусусиятхои асосии маданияти ҷамъияти ибтидоӣ
  3. Шаклхои ибтидоии эътиқоди динӣ

Инсоният дар таърихи худ якчанд зинаи ҷамъиятӣ-иқтисодиро аз cap гузаронидааст. Давраи қадимтарин ва дарозтарини таърихи башарият замони ҷамоаи ибтидоимебошад. Даp ин давра тараққиёти қуввахои истехсолкунанда паст буд, оила ва моликияти хусусӣ, синфхо ва давлат вуҷуд надоштанд. Хамаи одамон баробар  буда,  ба  бои ва  камбағал ҷудо   намешуданд.

Инсоният қисми зиёди умри хешро дар ҷамъияти ибтидоигузаронидааст. Нахусти ёдгорихои инсон, ки аз ҷониби бостоншиносон дарёфт шудааст наздик 3 миллион сол умр дорад. Таърихи тамаддуни инсоният  хамагиба 6 хазор сол баробар аст. Аз ин бармеояд, ки  қариб 99% хаёти  инсоният дар давраи сохти ҷамоаи ибтидои гузаштаааст. Қадимтарин бошишгохи одамони ибтидои дар ғори Олдувайи Танзания (Африкаи Шарқӣ) кашф шудааст, ки аз он ҷо олотхои мехнати сангии 3 млн. солаи одамони ибтидои дарёфт шудааст.

Вобаста ба омўзиши ҷамоаи ибтидоидар илм ду муаммо вуҷуд дорад: якум, муаммои пайдоиш (ойкумена)-и одам ва дуюм, муаммои даврабандии сохти ҷамоаи ибтидоӣ.

Таърихи ҷамъияти ибтидои аз нигохи илмхои археология (бостоншиносӣ), таърихи гражданӣ, палеоанторопология (аз калимаи юнони гирифта шуда палеос-қадим, антропос – одам, логос – илм, дониш) ба даврахои алохида тақсим шудааст. Аз рўи мархилабандии археологи(бостоншиносӣ) сохти ҷамоаи ибтидоиба се давра: 1) асри санг, 2) асри биринҷӣ 3) асри оҳан тақсим мешавад.

Асри санг дар навбати худ аз се  мархила:

палеолит (лавраи қадимаи сангӣ),

мезолит (давраи миёнаи сангӣ),

неолит (давраи нави сангӣ) тақсим мешавад.

Палеолит низ дар навбати худ ба мархилахои:

палеолити поён наздик 3 млн.-200 хазор сол,

палеолити миёна 200-35 хазор сол,

палеолити боло 35- 12 хазор сол тақсим мешавад.

Давраи миёнаи санг-мезолит 12-6 хазор солро, давраи нави санг –неолит аз 6 то 2 хазор солро дарбар мегирад. Дар давраи охири неолит аввалин олоти мисипаӣдо шуданд. Олимон ин мархилаи мису сангро давраи энеолит меноманд.

Аз руи тарзи зиндагиолимон ҷамъияти ибтидоиро ба 3 давра тақсим кардаанд:

Ҷамоаи ибтидоии қадимтарин ё галаи ибтидои(ҷамоаи тоавлодиё рамагӣ)

Ҷамоаи авлодии ибтидоибо зинахои ҷамоахои авлодива ҷамоахои сонии авлоди(модаршохива падаршохӣ)

Давраи ваӣроншавии ҷамъияти ибтидоива ташкилёбии синфхо.

Хусусиятхои асосии ҷамъияти ибтидоӣ

Хусусияти ҷамоаи ибтидоибо се ҷанба муайян карда мешавад. Якум, бисёр одди(примитивӣ) будани хоҷагии он ва технологияхои истифодашаванда. Дуюм,  пурра вуҷуд надоштани донишхо доир ба ходисахои табиат, душвор будани дарки онхо аз ҷониби одамони ибтидоӣ.  Сеюм, тафаккури одамони ибтидоидар дараҷаи  тафаккури одамони замони муосир қарор дошт, ва айнан хамин омил имконият дод, ки одамони ахди қадим (замони ибтидоӣ) ба мухимтарин кашфиётхо ноил гарданд: истиқоматгох бунёд кунанд, сару либос дўзанд, оташро истифода баранд, хайвонхоро ром кунанд, бо кишоварзимашғул шаванд ва ғайра.  Бояд зикр намуд,ки  асоси эътиқоди динӣ, ханўз аз давраи одами неандерталиташаккул меёбад. Ин аз он шаходат медихад,ки ханўз аз давраи  палеолит одамони ибтидоисохиби тафаккури  баланди инсонибуданд. Сайъу талоши одамон ба дарки олам хеле баланд буд.

Хусусияти мухими маданияти ҷамъияти ибтидои синкретизм ба шумор меравад. Синкретизм – дарки яклухти олам, вуҷуд надоштани тахассусмандидар фаъолияти одамони ибтидоӣ. Хар як узви ҷамоаи ибтидои бо шакли маълуми фаъолият машғул мегардид. Тафриқа дар  ҷахонбинии одамон ва дар масъалаи дарки  олам вуҷуд надошт. Инро тадқикотхои зиёди этнологи ва антропологи муайян кардаанд. Фархангшиносон     антропологхо  тарзи зисти қабилахо ва халқиятхои зиёди  оламро, ки имрўз дар шароити даврони ҷамоаи ибтидои зиндаги мекунанд тахқиқ намуда, моделхои ба худ хоси хамзистии одамони қадимро муайян кардаанд. Синкретизм ба фарханги чунин қабилаву халқиятхо хос аст. Айнан синкретизм имконият дод, ки одамон нахустин маротиба оламро дарк намоянд.

Синкретизми ибтидои ва сохири (магия) ба созмонёбии фаъолияти мусавирии одамон, яъне ташаккули санъат мусоидат намуданд. Ханўз дар давраи палеолит одамони ибтидои хайкалчахои занхоро (дар аксар вақт бидуни қисми сар)  аз сангу устухон месохтанд. Зеро одамони ибтидои занхоро олихаи хаёт, рамзи зиёд гаштани наслхо мешумориданд. Мусаввирони  ибтидои дар ғорхои Ласко, Нио, Алтамир (Фаронсаи ҷанубива Испания), Капово (Урали ҷанубӣ), Монтепан (Италия) тасвирхои хайвоноти гуногуни шикориро (мамонт, бизон, оху, аспхои ёбоива ғ. ) ифода кардаанд.Бештар сахнахои шикор тасвир карда мешуд. Объекти асосии эҷодиёт хайвонхо буданд. Мазмуни мусавварахо аз он далолат медиханд, ки одамони ибтидои хайвонхои шикориро хеле хуб омўхта будаанд.  Аз 1794 муссаварахои рўисангии ғорхои Фаронса ва Испания, ки онхоро археолог А. Леруа-Гуран ба хисоб гтрифтааст 986 тоаш –тасвири хайвонхо, 512- одамон, наздик 100- махлуқоти ба одам монанд мебошанд. Ба таври умум тасвирхои рўи сангивоқеъӣ, аниқтараш нгатуралисти мебошанд. Тасвирхои шартихеле кам вомехўранд. Расмхои мамонтхо Бизонхо асбхо вағ. хеле дақиқ тасвир шудаанд.

Дараҷаи инкишофи  фарханги ҷамъияти ибтидоӣ, хусусан дар ду млн. соли аввал хеле суст буд. Ин вобастаги дошт ба ба эволютсия (тахаввулот, тағйирёби)-и биологии одамони ибтидоӣ. Бостоншиносон муайян намудаанд, ки ташаккулёбии биологии одамон дар якчанд самт ҷараён дошт, масалан одами кроманони(намуди хозираи одам, аз номи ғори   Кро-Маньони   Франсия (Аквитания), гирифта шудаааст. Соли 1968 дар он ҷо якчанд устухон-скелети одамони палеолити боло бо олотхои мехнат дарёфт шудаанд) муддати тўлони бо одамони намуди неандертали(намуди одами неандерталидар ғори Неандертали наздикии шахри Дюселдорфи  Германия кашф шудааст) пахлў ба пахлў зиндагикардааст. Одами неандерталиаз типии хозираи одамон бо азимҷуссагӣ, шакли косахонаи сар (ба маймуни горилла монанди доштан), камтар хам будани қоматаш фарқ мекард. Чи тавр аз байн рафтани неандерталхо (ҷои худро ба кроманёнхо додани онхо) маълум нест.

Ханўз то ташаккулёбии неандерталхо тақрибан 800-700 хазор сол қабл аз ин одамони ибтидои оташро ихтиро кардаанд, ки он барои инкишофи фарханги моддии давр нақша мухим бозидааст. Оташ одамони ибтидоиро аз сармо хифз мекард, хайвоноти вахшиаз он мехаросид, оташро барои  тайёр намудани  таом  истифода мебурданд. Бо шарофати оташ  одамон дар минтақахои хунук низ ҷои зист интихоб намуданд. Хеле охиста, вале мунтазам технологияи коркарди санг, устухон, чўб ва дигар ашёхо инкишоф меёфт. Фаъолияти одамони ибтидоидигаргун мегашт, олоти мехнат, муносибатхои иҷтимоитағйир меёфт. Бозёфтхои бостоншиносисобит мекунанд, ки (аз 100-80 хазор сол сар карда) одамони неандерталинисбати саломатии маҷрўхон ғамхорименамуданд. Махз аз хамин давра забони гуфтугўи ташаккул ва охиста рушд меёбад.

Дар як вақт шуур (тафаккур)-и инсонхо инкишоф меёбад, тасаввуротхои одамон оид ба олам пайдо мешаванд. Бостоншиносон  муайян намудаанд, ки одамони неандерталитақрибан 60 хазор сол қабл аз ин ба таври сунъи одамонро гўронидаанд, ба парастиши  намудхои гуногуни хайвонот шурўъ карданд.

Тақрибан 40 хазор сол қабл аз ин дар Европа типи хозираи одам- кроманонхо пайдо шудаанд. Тарзи зисти онхо пурра ибтидоибуд. Олимон аз хамин давра фарханги ибтидоиро оғоз мекунанд. Эътиқоди диниташаккул ёфт, тасвирхои рўисанги, сохтани хайкалчахо шурўъ гардид, истиқоматгох, сарулибос пайдо шуд, Одамон сагхоро ба худ ром карданд.

Аз давраи мезолит (асри миёнаи сангӣ)  12-6 х.сол қабл аз ин чорводориба вуҷуд омад, қоркарди олотхои сангибоз хам такмил ёфт, одамон ба сохтани табар шурўъ карданд, тиру камон, тўрхои мохидорӣ, чигина (намуди чанаи боркашонӣ) ихтиро гардид. Олотхои мехнат аз устухону чўб низ такмил ёфтанд. Дари ин давр нахустин истехкомхои мудофиавиба вуҷуд меоянд (дар Шарқи наздик   нахуст шахр – Иерихон 8 хазор сол қабл аз ин ташаккул меёбад).

Дар замони неолит (6-4 хазор сол қабл аз ин) кулолгариба вуҷуд омад, асбобхои одди бофандаги сохта шуданд, истиқоматгоххо аз чўб, хишти хом бунёд мешуданд. Истифодабарии нахустин металл – мис  шурўъ шуд (мархилаи энеолит- асри миу санг оғоз гардид). Чархи кулоли пайдо мешавад. Аввалин тасаввуроти одамон оид ба ситорахои осмон  ташаккул меёбад, нахустин тақвимхо тартиб дода мешаванд.

Дар замони неолит «инқилоби неолитӣ» ба вуҷуд меояд, яъне одамони ибтидои аз хоҷагии истеъмоли (истифода бурдани нематхои табиат бидуни коркард-ҷамъоарӣ, шикорчигӣ, мохидорӣ…) ба хоҷагии истехсоли (чорводорӣ, кишоварзӣ) мегузаранд. Дар натиҷаи инқилоби неолититарзи хаёти одамон ба таври кулли тағйир ёфтанд, инсоният ба тарзи муқимнишинигузашт. Системаи бошишгоххо (истиқоматгох)-хои доимиташаккул ёфтанд, бархе аз онхо ба шахрхо табдил ёфтанд. Дар Байнаннахрайн (хавзаи дарёхои Фрот ва Даҷла дар сиёи Хурд) шахр – давлатхои Шумер, Аккад ба вуҷуд омаданд. Дар хавзаи Нил (Миср) шахрхо ташаккул ёфтанд. Бо ин давраи фарханги  ҷамоаи ибтидоихотима меёбад, минбаъд сохти ғуломдорива нахустин тамаддунхои бузург ташаккул меёбанд.

Шаклҳои ибтидоии дин

Одамони  ибтидои оламро бо воситаи  мушохидаву муқоиса азбар менамуданд. Шаклхои гуногуни динхои ибтидои ташаккул ёфтанд. Одамони неандерталихама чизеро, ки онхоро ихота мекард  хамчун идомаёби ва ё ба таври механики васеъ гардидани  гурўху авлоди худ  дарк менамуданд. Онхо чунин мехисобиданд, ки хамаи ашёхо ба ҷузъ намуди зохири ба одамон монанданд – сохиби рух мебошанд, байни хамдигар ва бо тамоми олам бо забони худ гуфтугў мекунанд. Чунин тафаккур анимизм номида мешуд. Анимизм – ин бовариба рў аст.

Бо воситаи анимизм  дар гузаштаи қадим чи гуна аз аҷдодони фантастики (дар бештар холат аз хайвоноту камтар аз олами растанӣ) пайдо шудани гурўху қавмхо ва қабилахо маънидод карда мешавад. Ин гунна саравлоди асотириро тотем меноманд, тафаккури онхоро хамчун тотемизм маънидод мекунанд. Тотем (ягон намуди хайвон ё растанӣ)  ба объекти парастиш табдил  меёфт. Одамони ибтидои чунин тасаввурот доштанд, ки дарахтхои алохида, дарёхо, чашмахо, сангу кўххо, сабзахо ва ғ. дорои рух буда, имконияти ба ходисоти олам ва хаёти одамон таъсир расониданро  доранл. Чунин ашёхоро, ки бо  онхо хамчун объекти зинда, ва  хамчунин чизи муқаддас муносибат мекунанд фетиш меноманд, ҷахонбинии онхоро бошад фетишизм меномиданд. Фетишизм ба маънои «тўъморпарастӣ» ё «эътиқод ба буту санамхо» истифода мегардад.

Анимизм ва сехру ҷоду ба ташаккули рамзхо, асотирхо, инчунин табу– манъ кардани фаъолияти алохида, шаклхои рафтор, намудхои таом ва ғ. мусоидат карданд. Табу ва расму оинхо ҷахонбинии одамони ибтидоӣ, менталитети ҷамъияти ибтидоиро муайян мекунанд. Онхо шаклхои рузгори ҷамъиятӣ, муносибатхои  иҷтиморо муқаррар ва робитаи инсонро бо мухити атроф барқарор мекунанд.

Олимон ба  асотирхо таваҷҷўхи бештар зохир намуда, онро яке аз шакли дарки олам маънидод кардаанд. Бинобар нопуррагии донишхои хақиқиодамони ибтидоионро бо тахаллуёти фантастикӣ, ки тасаввуротхои анимистӣ, фетишистива тотемистиро дар худ муҷассам мекард иваз менамуд.

Асотирхо дар заминаи инкишофи фарханг мукаммалтар мегардиданд, ва дар асоси онхо нахустин системаи динхо ба вуҷуд меоянд.

#

test

Добавить комментарий