Фарҳанги қадимтарини мардуми ориёинасл

Нақша:

  1. Хусусияти асосии фарҳанги эрониёни қадим
  2. Бохтару Суғд- гавҳораи нахустдавлатӣ фарҳанги тоҷикон

 

  1. Тадқиқи маданияти тоҷикон нишон медихад, ки халқхои осиёи миёна аз даврахои қадим муносибатхои анъанавии мадани доштаанд. инчунин таърихи маданияти тоҷикон бо фархангу маданияти бисёр халқхои мамлакатхои шарқи наздик умумияти хеле наздик дорад, ки онро мо аз асархои бисёр муаррихони русу тоҷик ва олимони мамолики дури хориҷи мушохида карда метавонем. дар омўзиши маданияти қадимтарини тоҷикон чунин олимон сахми бузург гузоштаанд: б.fафуров, с. айнӣ, м. осимӣ, а.ю.якубовский, а.а.семенов, е.э.бертелс, б.а.литвинский, н.н.негматов, а.д. бобоев ва дигарон.

Аз замони ҷамъияти ибтидои хусусиятхои асосии маданияти тоҷикон зохир мегардад, ки онро дар боқимондахои маданияти модди мушохида кардан мумкин аст. масалан, ёдгорихои давраи ҷамъияти ибтидои замони палеолит, мезолит, неолит, асри биринч ва охан дар бисёр минтақахои тоҷикистон  мисли соксан-охур дар помир, тахти сангин дар қисмати ҷанубии тоҷикистон, саразм дар панчакент ва ғайра дарёфт гардиданд. бисёр олотхое, ки аз санг ва металлхои гуногун сохта шуда буданд, дар натиҷаи кофтуковхои бостоншиносон дар қайроққум ёфт шуданд ва махз аз ин сабаб дар адабиёти илми мафхуми «маданияти қайроққум» пайдо гардидааст. аз тарафи в.а. ранов яке аз ёдгорихои бузургтарини замони ҷамъияти ибтидои бо номи қаро-бура тадқиқ гардидааст. хамаи ин тадқиқотхо нишон доданд, ки тақрибан 50-40х. сол аввалин ёдгорихои давраи мустери пайдо шуда, 40-35х. сол пеш аз давраи мо мардумони типи нав – homo sapiens-одамони боақл пайдо гардидаанд.

Ба даст овардани оташ, сохтмони манзили оддитарини зист, тараққиёти шикорчиги ва xамъоварӣ, пайдоиши аксхо, ихтирои тиру камон ва дигар намудхои олотхои мехнат ва шикор тахаввули маданиятро дар ин минтақа тасдиқ мекунанд. яке аз мухимтарин хусусияти маданияти тоҷикон дар замони ҷамъияти ибтидоиин пайдоиши олотхои биринҷи ва оханин мебошад, ки имконияти калонро барои инкишофи маданият фарохам меоварад.

Мардумони ибтидои муқиминишин шуда, махалхои калони зистро ба вуҷуд оварда, бо заминдорию чорводори машғул мешуданд, ки ин боиси пайдо шудани нобаробарии ичтимои мегардад. хусусан ин холат дар асри биринҷи ва охан бештар мушохида мегардад. махалхои ахолинишин аз 10 гектар то 70 гектарро ташкил медоданд, ки амсоли он ёдгорихои қайроққум шуморида мешавад.

Дар минтақаи осиёи миёна, ки асосан қабилахои эрони зиндаги мекарданд, аз асри viii-vii пеш аз мелод раванди этники оғоз меёбад, ки ба инкишофи маданияти ин халқхо имконияти калонро фарохам меоварад. дар натиҷаи ин раванди чунин халқиятхо ва қабилахо пайдо мешаванд, ки ба гурўхи этникии эронӣ мансуб буданд. масалан суғдиён, бохтарихо, портхо, хоразмиён ва ғайра. дигар хусусияти маданияти тоҷикон ин пайдоиши забон ва хат мебошад, ки ба асри биринҷи мансуб донистан мумкин аст. дар хазорсолаи якуми пеш аз мелод дар яке аз минтақахои осиёи миёна лахҷае пайдо мегардад, ки асоси забони авестоиро ташкил медихад. хамин тавр, забонхои эрони шарқи ва ғарби пайдо мешаванд. ба гурўхи забонхои эронии ғарбӣ: форсӣ, тоҷикӣ, курдӣ, балxӣ; ва ба гурўхи забонхои эронии шарқӣ: осетинӣ, помирӣ, афғони ва ғайра дохил мешаванд.

Ҳамаи ин далелхо нишони он аст, ки қабилахои  эрони ва хинду ориёи бо хам алоқамандии зич доштанд. дар бораи умумияти маданияти хинду ориёи ва эрониасотирхои гуногун, ки дар байни тоҷикон то хозир ҷой доранд, шаходат медиханд. масалан устура дар бораи «падар-осмон» ва «модар-замин», ки дар «ригведо» хамчун «волидайни бузург» омадааст. инчунин калимаи «аря», ки аз он номи хозираи эрон пайдо гардидааст, далели ин фикр аст.

Дар ин чо мо бо масоили ориёи рў ба рў  мешавем, ки доир ба он дар байни олимон то хозир бахсу мунозирахои гуногун ҷой дорад. як гурўхи олимон хиндустонро, гурўхи дигари олимон бохтарро, гурўхи сеюм  моварои кафкозро, гурўхи чорум осиёи миёнаро макони асосии мардумони ориёнасл мехисобанд.

Лекин тадқиқоти археологии худуди  тоҷикистон дар ин масъала нисбатан як равшаниеро ба вуҷуд овард. ханўз соли 1956 асари олимони машхури рус а.м.окладников, б.а.литвинский ва в.а.ранов бо номи «древности кайрак-кумов» аз нашр баромада буд, ки дар он 16 махалхои калонтарини мардумони ибтидои тахлил гардид. тахминан дар хазорсолаи 111-11 пеш аз мелод қабилахое, ки дар ин чо зиндаги мекарданд, дар натиҷаи хушксоли аз он чо берун шуда, ба тарафи чанубу шимол харакат карда, дар минтақахои гуногуни тоҷикистони имрўза макон гирифта буданд. онхо бо занхои махалли ба издивоч дохил шуда, маданияти умумию забони умумиро ба вуҷуд оварда буданд.

2.Бохтару суғд – гахвораи нахустдавлати маданияти тоҷикон

Воқеан бохтару суғд  бузургтарин маркази тамаддуни тоҷикон шўхрати ҷахонипайдо карда буд ва агар бо суханони президентамон эмомалирахмон гўем «зеро овони тифлӣ, овони афтидану хестанхо, омўхтани рохгардӣ, овони рох ёфтан ба арсаи тамаддуни башарӣ, овони худрову ҷахонро шинохтани ниёгони тоҷикон аз хамин xо ибтидо мегирад. оғози сарнавишти талху ширин , оғози нахустин падидахои тамаддуну арзишхои фархангива оғози рисолати давлату давлатдории онхо низ махз аз хамин гахвора сарчашма гирифтааст». доир ба маданияту фарханги ин давра олимону файласуфони ғарбу шарқ ва махсусан тоҷику рус асархои бисёре офариданд. лекин ба хамаи ин нигох накарда, ин давраи нисбатан торики таърихи маданияти тоҷикон ба шумор меравад. бехуда нест, ки сарвари давлатамон ба омўзиши тамаддуни қадими  тоҷикон даст зада сахифахои нави онро барои хамватанон ва ҷахониён пешкаш намудаанд.

Қадимтарин сарчашмае, ки дар он номи кишвари бохтар ва суғд ёд шудааст китоби муқаддаси «авесто» мебошад. дар боби якуми он «видевдат» нахустин  кишвархои офаридаи ахурамаздо номбар шудаанд,  «бақхади» (бохтарӣ) зебо бо дарахтзорхояш ва «гава» (суғд) бо алафзору марғзорхояш. яке аз тавонотарин донандагони таърихи ахди кухан фирдавси«шохнома»-и худро дар асоси сарчашмахои таърихӣ, аз xумла «худойномак», «маздакнома», «шохномаи абумансурӣ», «шохномахои маъсуди марвазӣ, абўалии балхӣ», инчунин «гуштаспнома»-и дақиқива дигар ривояту қиссахо ва  достонхои таърихии халқхои ориёнажод офаридааст.

Вобаста ба таърихи омаду рафти шохон ва сурат гирифтани банду басти воқеахо «шохнома» ба ду қисм- асотирива таърихиxудо шудааст. подшохони давраи асотирии «шохнома»-ро метавон ба сулолаи пешдодиён мансуб дониста, овони подшохии каюмарс, хушанг, тахмурас, ҷамшед, заххок, фаридун ва дигаронро  то давраи гаршосп тахти ин ном  зикр намуд. дар давраи подшохии сулолаи пешдодиён ниёгони мо зинаи вахшоният, яъне ҷамъияти ибтидоиро паси сар карда, падидахои аввалини тамаддуниро ноил гардиданд.

Мувофиқи маълумоти «шохнома» сулолаи дуюме, ки баъди пешдодиён ба арсаи давлатдории ориёихои тоҷиктабор омадаанд, сулолаи каёниён мебошанд, ки бунёдгари он кайқубод буда, дар «авесто» номи ў ва дигар подшохони ин сулола бо номи кайковус, сиёвуш, кайхусрав, гуштосп номбар шудаанд.

Подшохони сулолаи каёниён мувофиқи маълумоти сарчашмахои таърихибохтар ва балхро қароргохи салтанати худ пазируфта, онро эрону эроншахр ном бурдаанд. яъне, ин давлат дар қисмати xанубу шарқии тоҷикистон ва шимоли афғонистон қарор гирифта буд. худуди қаламрави суғди қадим дар фосилаи 40 км дуртар аз самти ғарбии бухоро харобахои ш. варахша пайдо шудааст, ки ба хазорсолаи якуми то мелод мансуб дониста шудааст. инчунин мароқанд бо марказаш афросиёб, баъдтар хуҷанд, уструшан (киропол) ва дигар минтақахои қисмати сархадии ўзбекистону тоҷикистони шимоли дар худуди давлати суғдиёни қадим воқеъ гардида буданд.

Бехуда нест, ки Б. Ғафуров таъсири тамаддуни халқиятхои осиёи миёнаро дар офариниши осори бошукўхи санъати сулолаи хахоманишихо таъкид карда, аз бохтару суғду хоразм бурдани чанде аз масолехи ороишии нодирро зикр менамояд: тибқи навиштаҷоти доро барои сохтани қасри шуш аз бохтар тилло, аз суғд – лоxувард ва ақиқ, аз хоразм – фирўза бурда шудааст.

Албатта, ин зинахои тараққиёт дар бохтари қадим то давраи зухури зардушт кайхо паси сар гашта буд. аз қубодиёну тирмиз кашида то балху хирот ва марву нисо хазорхо шахрхои обод ва дехкадахои бузург доман афрохта буданд. масалан, қалъаи мир, кайқубодшох, тахти қубол, тахти сангинро ба ёд овардан мумкин аст. хамин тариқ, зироаткорива чорводорисахифаи наве дар зиндагии бошандагони бохтари қадим  махсуб гардида, аз думболаш тарзи зиндагии муқимӣ, косибию хунармандива ғайраро  ба форсхо овард.

Ҳамин тариқ, бохтару суғди қадим яке аз қадимтарин марказхои тамаддун ва яке аз нахустин давлатхое буд, ки дар замони подшохии гуштосп намояндаи сулолаи каёниён ташаккул ёфта, пойгохи нахустини давлату давлатдории ниёгони тоҷиконро падид овард. чуноне ки дар боло зикр шуд бохтару суғди қадим ба тамаддуни башаринахустин оинномаи ахди қадим – «Авесто» ва нахустин пайғамбари оини яктопарастӣ- Зардуштро дод.

#

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.