Тавсифи мухтасари маъхазҳои хаттии асримиёнагии мамлакатҳои Аврупо

Тавсифи мухтасари маъхазҳои хаттии асримиёнагии мамлакатҳои Аврупо

Тавсифи мухтасари маъхазҳои хаттии асримиёнагии мамлакатҳои Аврупо (асрҳои XVIXVII).

Таҳаввулоти ҷиддӣ дар тамоми соҳаҳо дар охири марҳилаи асримиёнагӣ

ва шаклгирии идеологияи нав инъикоси хешро дар манбаҳои ин давра ёфтаанд. Дар ин давраи гузариш намудҳои нави сарчашмаҳо пайдо шуданд, ки дар баробари онҳо анъанаҳои пешин низ нигоҳ дошта мешуд.

      Шумораи сарчашмаҳои хаттӣ афзуданд, ки аз асрҳои XVIXVII нисбат ба асрҳои пештара онҳо то ба имрӯз зиёдтар боқӣ мондаанд. Дигаргуниҳои дар ҳаёти иқтисодӣ ба амаломада, рушди шаҳрҳо, пешрафти тиҷорат, саноат, доираи фаъолият ва корбарии арбобони сиёсӣ, баландшавии сатҳи маданият, афзоиши донишандӯзӣ ва ғ.., ҳуҷҷатнигорию такмили ҳуҷҷатҳои нав ва пайдо шудани манбаҳои хаттии навро тақозо дошт. Нақши муҳимро маъмулан тараққиёти китобчопкунӣ бозид, ки дар натиҷа сифати асару нигоштаҳо беҳтар, шумораи онҳо зиёд шуд. Дар ҳолати хуб боқӣ мондани сарчашмаҳо, инчунин аз беҳтар гаштани тарзи нигоҳдории манобеи асрҳои XVIXVII, инкишофи корҳои ганҷурӣ (архивӣ) ва мукамалшавии корҳои  китобхонаю китобдорӣ дарак медиҳад.

Дар фарқият аз сарчашмаҳои хаттии асрҳои гузашта, дар ин даврон қисми зиёди манобеи хаттӣ бо забонҳои миллӣ навишта шуданд. Наздикии меъёрҳои забонии асрҳои XVIXVII бо замони ҳозира кори омӯзиш бо онҳоро барои муҳаққиқон осон мекунад. Аммо забони лотинӣ низ мақоми худро нигоҳ дошта, он забони шартномаҳои байналхалқӣ, қайдҳои дипломатӣ, корреспонденсия монарҳо, фаъолияти давлатӣ, илмӣ ва забони расмии калисои католикӣ буда, як зумра рисолаҳои илмӣ, осори жанрҳои таърихӣ низ бо забону хати лотинӣ иншо гаштаанд.

Дар ин давра сарчашмаҳои ҳуҷҷатӣ гурӯҳи васеъро дарбар мегиранд. Дар асрҳои  XVIXVII мисли гузашта ҳуҷҷатҳои анъанавӣ, ки моликияти феодалонро ба қайд мегирифтанд, зиёд буданд, аз ҷумла: кадастраҳои заминҳои давлатӣ, қайди заминҳои сенорҳ-рента, ӯҳдадориҳои деҳқонон, низомномаҳои ҷомеа ва ғ… Дар баробари онҳо шумораи шартномаҳои иҷораи хариду фурӯши заминҳо ва иҷорагирон зиёд шуданд. Ҳуҷҷатҳо дар бораи ҳолати савдою истеҳсолот низ боқӣ мондаанд, аммо оид ба ҳуҷҷатгузории мануфактураҳои нахустин маълумоте қариб намондааст.

Мавод дар бораи сатҳи тараққиёт ва шаклҳои истеҳсолот аз  низомномаи сехҳо, грамотаҳои королӣ, устоҳо низ то ба рӯзгори мо расидаанд.   

Маълумоти муфидро дар бораи паҳлӯҳои гуногуни ҳаёти иқтисодӣ-иҷтимоӣ аз ҳуҷҷатҳои муассисаҳои давлатӣ, ташкилотҳои марказӣ (шӯрои королӣ, кантселярия, хазина, адмиралтейства, палатаҳои судию савдо) ва ҳокимиятҳои маҳаллӣ дарёфт кардан мумкин аст. Дар нимаи дуюми асри XVI қайди низоми акти ҳолатҳои шаҳрвандӣ (тавлид, никоҳ, марг) аввал дар китобҳои муассисаҳои динӣ ва дертар дар муассисаҳои ҳокимиятҳои давлатӣ сурат гирифт. Онҳо сарчашмаи муҳим оид ба  демография, генеалогия ва таърихи иҷтимоӣ мебошанд.

Барои омӯзиши таърихи сиёсӣ, хусусан актҳои монарҳою ташкилотҳои давлатӣ, шӯрои королӣ, ташкилотҳои намояндагони табақавӣ  (протоколҳои ҷаласаҳои ассамблеяҳо, маҷаллаю китобҳои парламентӣ), бойгонии шахсии арбобони сиёсӣ ва ғ… хеле муҳим мебошанд.  Таърихи муносибатҳои байналхалқӣ дар матни шартномаҳо, қайдҳои дипломатӣ, номаю дастурҳои сафирон ва ғ… акс ёфтаанд.

Ҳуҷҷатҳои аз муассисаҳои динӣ боқимонда (ҳуҷҷатҳои ташкилотҳои динӣ, орденҳо, суратмаҷлисҳои курияҳои папагӣ, синоду ҷамъомадҳои динӣ, судҳои динӣ-инквизитсия, дастуру барномаҳои идеологҳои Реформатсия, китобҳои мансух,  ва ғ…) барои омӯзиши ҳаводиси зиёде кӯмакрасон аст.

Дар давраи охири феодалӣ нақши ҳокимияти королӣ баланд гашт. Давлатҳои мутамаркази аврупоӣ фаъолияти хешро афзуда, аз пайи он гаштанд, ки тамоми ҳайати ҷомеаро ба зери назорат гиранд. Ин амалҳо қонунгузории он давраро тақвият бахшида, ба мазмуни ҳуҷҷатҳои қонунгузорӣ таъсир намуд. Ҳуҷҷатҳои ба савдо, мубодилаи молу амвол, саноат, ҳаҷми воридоту содирот,  андоз, корхонаҳои ҳунармандӣ, нархи молҳо, меъёрнокии сифати мол, ҷамъоварии андозҳои давлатӣ, қарзҳои давлатӣ, хоҷагии деҳот, корҳои ҳарбӣ, сохтмон, масоили иҷтимоӣ, дин, равияҳои динӣ, ва ғ… вобаста,  аз нигоҳи қонунгузорӣ такмил ёфтанд.

Асарҳои таърихӣ низ мукамал шуда, он инъикосгари замона буд. Дар асрҳои XVIXVII ба миқдори зиёд хроникаҳо иншо гашта, ҳамчунин  китобҳои таърихӣ бо баъзе нишонаҳои тадқиқотҳои илмӣ навишта шуданд. Муаллифони чунин нигоштаҳо ба ҳуҷҷату мавод такя карда, назари таърихиро тақвият мебахшиданд. Дар асрҳои XVIXVII  таърихнигории гуманистӣ бештар дар Италия бартарӣ дошта, он дар  Франсия, Англия, Испания ва Германия низ паҳн шуд. Жанри[1] адабиёти  ёддоштӣ, рисолаҳо маҳз дар асрҳои XVIXVII ба авҷи худ расида, манбаи муҳим ба ҳисоб мераванд. Ба сифати ёдгориҳои муҳими хаттӣ инчунин намунаи осори адабиёти бадеӣ, мусиқӣ, ҳаҷву танз, эҷодиёти шифоҳӣ саҳми калон бозидаанд.

Асарҳои донишмандон Н. Макиавелли (“Таърихи Флоренсия”), Ф. Гвиччардини (“Таърихи Италия”), Ф. Бэкон (“Таърихи ҳукмронии Генрихи VII“), Ж.-О. де Ту (“Таърихи даврони ман”), А. д’ Обине («Таърихи умумӣ») ҳамчун ганҷинае дар илми таърих гаштанд. Онҳо ба пешрафти андешаҳои сиёсии давраҳои оянда саҳмгузор шуданд.  Асарҳои “Давлат”-и Макиавелли, “Шаш китоб дар бораи давлат”-и Ж. Боден ва асарҳои Г. Гротсий дар масоили ҳуқуқи муносибатҳои байналахалқӣ тағироте ворид намуданд. Андешаҳои таърихию фалсафии  М. Монтен ва Ф. Бэкон дар ҷаҳонбинии илмӣ нақшгузор шуда, ҷустуҷӯи давлатҳои намунавӣ ва сохти ҷамъиятӣ ба густариши жанри утопияи иҷтимоӣ таконе дода, намояндагони ин жанр Т. Мор (“Утопия”), Т. Кампанелла (“Шаҳри Офтоб”), Ф. Бэкон (“Атлантидаи Нав”) асарҳои ҷолибе иншо карданд.

test

Добавить комментарий