Саршавии таназзули муносибатҳои феодалӣ ва бавуҷуд омадани муносибатҳои капиталистӣ дар Аврупо

Саршавии таназзули муносибатҳои феодалӣ ва бавуҷуд омадани муносибатҳои капиталистӣ дар Аврупо.

Асрҳои ХVI-ХVII барои қисмати зиёди мамлакатҳои Аврупо– ин давраи гузариш аз сохти феодалӣ ба сохти капиталистӣ буд. Дар ин давр гарчанд дар истеҳсолот асосан сохти феодалӣ ҳукмронӣ мекард, лекин он торафт рӯ ба вайроншавӣ мениҳод. Ба ҷойи хоҷагиҳои натуралии феодалӣ, хоҷагиҳои молӣ-пулӣ, ба ҷойи корхонаҳои ҳунар-мандии  яккадастию сехӣ, корхонаҳои калони мануфактурӣ, ба ҷойи истеҳсолкунандагони крепостной коргарони кирояи шахсан озод ба вуҷуд меомаданд. Агар дар давраи феодализм синфи ҳукмрони ҷамъият заминдорони калон-феодалон бошанд, дар давраи капитализм синфи асосии ҳукмрон–капиталистон-буржуазҳо мешаванд. Табақаи  истисмор-шавандаи давраи феодализм деҳқонон ва косибони крепостной бошанд, синфи истисморшавандаи давраи капитализм синфи коргар мешавад!

Коргарон аз деҳқонони крепостной бо он фарқ мекарданд, ки онҳо шахсан озод буданд, лекин замин ва дигар воситаҳои зиндагонӣ надоштанд, бинобар ин маҷбур мешуданд, ки ба кори кироя раванд. Ин давраи ба таназзулравии феодализм ва бавуҷуд омадани муносибатҳои капиталистиро К. Маркс давраи «андӯхти аввали сармоя» номида аст. Раванди сарватҷамъкунӣ агар аз як тараф, оммаи истеҳсолкунандагонро аз воситаҳои истеҳсолотӣ маҳрум карда бошад, аз тарафи дигар он ба дасти шахсони алоҳида капитал (сармоя)-ро ҷамъ менамуд. Дар асрҳои  ХVI-ХVII дар ҳамаи мамлакатҳои Аврупо ин раванд дар як вақт ва бо як суръат нагузашта аст. Дар баъзе аз кишварҳо он пештар ва тезтар, дар баъзеи дигар дертар ва сусттар мегузашт. Ин воқеа хусусан дар Англия бармаҳалтар ва тезтар гузашта, ҳанӯз дар асри XV ва хусусан дар асри XVI бисёрии деҳқонони Англия аз заминҳои феодалӣ пеш карда шуда ба оварагардони бекор мубаддал мегарданд. Аз ҳисоби онҳо соҳибони саноатҳои Англия дорои «лашкар»-и бисёри қувваи озоди коргарӣ мешаванд.

Чуноне, ки К. Маркс гуфтааст, дар Англия аз замин маҳрумкунии деҳқонон «бо тарзи намунавӣ» (дар шакли классикӣ) гузашта аст. Ин мусодираи истеҳсолкунандагони майдаи мустақил асоси раванди давраҳои аввали сарватҷамъкунӣ мебошад. Аммо мазмуни пурраи раванди ибтидои сармояҷамъкунӣ шуда наметавонист. Тарафи дигари ин равандро чуноне, ки дар боло қайд кардем, раванди ба дасти шахсони алоҳида ҷамъшавии капитал ташкил мекард.

Ҷамъшавии капитали пулӣ бо якчанд намуди гуногун мегузашт: бо намуди капитали савдоӣ ва судхӯрӣ, бо роҳи ба иҷора додани андозғундорӣ, бо роҳи ба ҳукуматҳо қарз дода аз он фоизгирӣ, тороҷ намудани мустамликаҳо, бо роҳи мусодира намудани истеҳсол-кунандагони майда ва ғ…

Маҳз барои ҳамин К. Маркс навиштааст, ки «…капитали нав ба вуҷудомада аз сараш сар  карда то нӯги пой, аз ҳамаи сӯрохиҳои майдаи худ хун ва фасод (ифлосӣ)  ҷудо мекунад»[1].  Баробари бо ин гуна роҳҳои ҷаҳолатнок ба вуҷуд омадани истеҳсолоти капиталистӣ, истеҳсолоти майдаи ҳунармандӣ ҷойи худро торафт ба истеҳсолти калони саноатӣ холӣ мекард.

Мануфактураи капиталистӣ. Шакли аввалини истеҳсолти капиталистӣ аз мануфактура иборат буд, ки он аз миёнаи XVI то охири асри XVIII давом кардааст. Номи мануфактура аз калимаи лотинии manusдаст ва factureмаснуот буда, дар меҳнати дастию техникаи косибӣ асос ёфта буд. Асоси мануфактураро ҳоло ҳам ҳунармандӣ (косибӣ) ташкил мекард. Лекин ҳаҷми истеҳсолоти мануфактура аз ҳаҷми истеҳсолоти хунармандӣ (косибӣ) калон буд ва дар он бо тадриҷ тақсимоти меҳнат ба вуҷуд меомад.

Ин тақсимоти меҳнат дар навбати худ ба зиёдшавии маҳсулнокии меҳнат бурда, аҳамияти прогрессивии мануфактураро меафзуд. Дар сари мануфактура соҳиби корхона-капиталист(сармоядор) меистод ва дар зери дасти ӯ коргарони ашёи истеҳсолот надошта кор мекарданд. Ин гуна мануфактураро мануфактураи марказонидашуда (мутамарказ) меномиданд. Ин мануфактура бо бисёр хусусиятҳои худ ба фабрикаи капиталистӣ монанд буд. Аммо дар асрҳои XVI-ХVII нисбат ба мануфактураи марказонидашуда мануфактураи «пароканда», яъне мануфактураи ғайримарказӣ зиёд буд. Ин намуди мануфактура бо ҳунармандии деҳот вобастагӣ дошт. Косиби камзамин ё тамоман безамини деҳот аз соҳиби корхона–мануфактура мол(ашё)-и хом гирифта, ба ӯ моли тайёр медод ва бар ивази меҳнати худ аз соҳиби мануфактура музд мегирифт. Ин косиб оянда коргари вобастаи соҳиби мануфактура мешуд. Дар мануфактураи «пароканда» ҳам тақсимоти меҳнат ба вуҷуд меомад ва моли хом аз дасти якчанд косибони деҳотӣ мегузашт. Техникаи истеҳсолоти мануфактурӣ асосан  дастӣ буд ва он ҳам характери косибӣ дошт. Лекин мануфактура тақсимоти васеъи меҳнати техникӣ дошт, ки бо ин вай аз ҳунармандии сехӣ фарқ мекард ва бартарӣ дошт. «Коорпаратсия, ки – навишта буд К. Маркс – дар асоси тақсимоти меҳнат вуҷуд дошт, шакли намунавии (барҷаста-классикӣ) худро дар мануфактура ба вуҷуд меовард»[2].

Ҳанӯз дар давраи аввали мануфактура дар солҳои 80-уми асри ХV дар соҳаи саноати бофандагӣ чархи поякӣ, ки ҳам вазифаи тобдиҳӣ ва ҳам вазифаи печониданиро иҷро мекард, ихтироъ карда шуд. Ин чархи поякӣ дар як вақт дар Англия, Нидерландия, Италия ва Германия пайдо шуда, баъд ба дигар мамлакатҳо паҳн мешавад. Дар соҳаи металлургия (гудозиши фулузот) бошад курраи оташӣ ихтироъ шуда, раванди гудозиши фулузот тезонида мешавад. Ҳамин тавр дар баъзе дигар соҳаҳои истеҳсолот низ дигаргуниҳои техникӣ ба вуҷуд омаданд.

Инкишофи муносибатҳои капиталистӣ дар хоҷагии деҳот. Дар ҳамин давр дар соҳаҳои хоҷагии деҳот ҳам оҳиста-оҳиста ба ҷойи хоҷагии майдаи деҳқонӣ хоҷагии калони ленлордҳо[3] ба вуҷуд меомаданд. Ленлордҳо хоҷагии худро ба тарзи хоҷагии капиталистӣ бурда, деҳқононро монанди коргарони кироя истисмор мекарданд. Аммо аксари вақт ленлордҳо замини худро ба ягон фермери иҷорагири калон, ки капитали бисёр дошта метавонист ба помешик рентаи (даромади муайяни аз замин ба иҷора додашуда) баланди заминӣ диҳад, ба иҷора медод. Сарчашмаи рента инчунин истисмори коргарони кироя буд. Рентаи капиталистӣ қисми арзиши иловагие, ки фермаер-иҷорагир аз истисмори меҳнати коргарони хоҷагии деҳот мегирифт. Фермер дар хоҷагии деҳот ҳамчун мануфактурчиён дар саноат буданд. «Иҷорагирон-навиштааст К. Маркс, – командирони ҳақиқии коргарони хоҷагии деҳот ва истисморкунандагони воқеии меҳнати иловагии онҳо мешаванд. Соҳиби замин акнун фақат бо иҷорагирони капиталистӣ муносибат мекунанд»[4].            

Хоҷагии калони фермерӣ ҳам инчунин техникаи мукаммалро ба кор мебурд. Ба ғайр аз низоми се қитъагӣ инчунин низоми бисёрқитъагӣ ҳам кор фармуда мешуд.

                 Ташкилёбии табақаҳои буржуазия ва пролетариат. Баробари дигаршавии услуби истеҳсолотӣ табақаи буржузия ҳам торафт пурқувват шуда, дар бавуҷуд омадани миллатҳои буржуазӣ нақши калонро мебозад. Ин раванди ба синфи боэътимод мубаддалшавии буржуазия[5] ва вайроншавии услуби истеҳсолоти феодалӣ шакли охирини давлати феодалӣ – сохти мутлақиятро ба вуҷуд меоварад, ки дар он корол ҳокимияти номаҳдуд дошт. Аммо дар ин шароити пайдоиши капитализм  корол маҷбур буд, ки ба манфиати буржуазия ҳам эътибор диҳад. Буржуазия бошад дар навбати худ аз сабаби ҳоло заиф буданаш ҳокимиятро ба даст гирифта натавониста, муддати дароз бо мутлақият, яъне ҳукмрони сиёсии феодалони дворянӣ ноилоҷ созиш мекард. Ҳоло дар асри ХVI дар баъзе мамлакатҳои Арвупои Ғарбӣ буржуазия ба муқобили ҳокимияти мутлақияти феодалӣ зиддияти худро сар мекунад. Масалан, дар аввали асри ХVI баъзе хислатҳои инқилоби буржуазиро дар реформатсия (ҳаракати иҷтимоӣ-сиёсии зидди феодалӣ), ҷангҳои деҳқонони Германия ва инқилоби буржуазии Нидерландия дидан мумкин буд. Дар асри ХVI ва нимаи якуми асри ХVII дар Англия ҳам барои инқилоби буржуазӣ замина ҳосил шуда, дар солҳои 1640-160 инқилоб ба вуҷуд меояд, ки он бо ҳаҷми худ, чуноне ки К. Маркс гуфта аст, «миқёси инқилоби аврупои»-ро дошт. Баъд аз ин инқилоб давраи нави таърихӣ сар шуда, дар Аврупо, Америка ва баъзе дигар мамлакатҳо услуби истеҳсолоти капиталистӣ ва сохти ҷамъияти буржуазӣ ҳукмрон мешаванд.

test

Добавить комментарий