Кашфиёти бузурги ҷуғрофӣ ва ба вуҷуд омадани низоми мустамликавӣ

Кашфиёти бузурги ҷуғрофӣ ва ба вуҷуд омадани низоми мустамликавӣ.

    Роҳи бузурги абрешим, ки то соли 1453 кишварҳои Шарқро бо мамолики Аврупо мепайваст, баъдан асосан баста шуда, зери назорати туркҳои Усмонӣ ва арабҳо гузашта, яке аз сабабҳои оғози дарёфти роҳҳои нав ва кашфиёти ҷуғрофӣ шуд.

         Сабабҳои саршавии кашфиёти ҷуғрофӣ. Ҳанӯз аз давраи лашкаркашиҳои салибӣ сар карда, байни Аврупои Ғарбӣ ва мамлакатҳои Шарқ алоқаи савдоӣ давом мекард. Савдо бо Шарқ ба тоҷирони Аврупо даромадҳои калон медод. Лекин дар бисёр маврид савдогарони Аврупо бевосита ба мамлакатҳои дурдасти  Шарқ–ба Ҳиндустон ва Хитой нарафта, онҳоро бо молҳои серхаридори ин кишварҳо тоҷирони миёнарави арабҳо таъмин менамуданд. Нархи молҳои онҳо хеле баланд буд. Савдогарони араб молҳои аз Хитой ва Ҳиндустон овардаашонро ба савдогарони Аврупо якчанд маротиба қиматтар мефурӯхтанд, ки аз ин ба тоҷирони аврупоӣ қариб фоидае намемонд.  Илова ба ин, дар охири асри ХV аз тарафи туркҳои Усмонӣ забт карда шудани мамлакатҳои Шарқи Наздик шароити савдогарони Аврупоро боз ҳам вазнинтар кард. Роҳзанӣ, ғоратгарӣ ва боҷҳои бисёр талаб кардани туркҳо дар қисми шарқии Баҳри Миёназамин гузаронидани кори савдоиро ба тоҷирони Аврупо ғайриимкон гардонида буд. Ба Ҳиндустон акнун роҳ фақат бо воситаи Миср ва баҳри Сурх монда буд, ки онро савдогарони араб монополияи худ карда буданд. Савдогарони аврупоӣ акнун фақат то шаҳри Александрия омада метавонистанд, дигар марказҳои тиҷоратӣ бошад барояшон банд буд. Дар Александрия барои онҳо молҳои шарқиро савдогарони араб оварда пешниҳод мекарданд, лекин нархи молҳо аз нархи аслиашон 8-10 маротиба зиёдтар буд. Аз сабабе, ки молҳои Шарқ нисбат ба молҳои Аврупо чандин маротиба қимат меафтод, тоҷирони аврупоӣ маҷбур буданд, ки ба ивази қисми молҳои Шарқ тилло ва нуқра диҳанд. Дар натиҷаи ин тилло ва нуқраи Аврупои Ғарбӣ торафт ба Шарқ рафта, дар худи Аврупо эҳтиёҷ ба ин металлҳои қиматбаҳо зиёд мешавад. Бинобар он аврупоиҳо баробари ҷустуҷӯйи роҳи нави тиҷоратӣ ба Ҳиндустон, инчунин барои худ тилло ва нуқра низ меҷустанд. «Ҳамин, ки одами сафедпӯст (аврупоӣ-А.Ҷ., С. А.) ба соҳили навкашфшуда фаромад, вай пеш аз ҳама тилло талаб мекард»-навишта буд дар ин хусус Ф. Энгелс[1].

Кашфиёти португалиҳо. Дар давоми асри ХV португалиҳо дар натиҷаи ҷанг бо маврҳо[2] ва муносибати савдоӣ бо онҳо то соҳилҳои шимолу ғарбии Африқо расиданд. Баъд аз забт кардани Сеут дар соли 1415 португалиҳо онро ба манбаи асосии худ табдил дода, аз онҷо ба соҳилҳои ғарбӣ, торафт ба тарафи ҷануб ҳаракат карданд. Дар соли 1445 португалиҳо димоғаи Сабзро кашф карда, соли 1471 то Гвинея расиданд.

Генрих(Энрик)-и Баҳрнавард (1394-1460) писари корол Жуани I, ташкилотчии экспедитсияхои зиёди португалиҳо ба ҷануб, ба соҳилҳои африқоӣ мебошад. Худи Генрих дар ишғоли Сеут (с.1415) иштирок карда, дар соли 1418 Генрих дар ҷанубии Португалия, дар шаҳри Лагуш обсерватория ташкил карда, инчунин дар шаҳри Сагреш мактаби баҳрӣ бунёд кард, ки дар онҳо маъруфтарин донандагони математика ва хаританигорӣ таълим мегирифтанд. Аз соли 1419 то охири умраш ӯ якчанд саёҳатҳои баҳриро маблағгӯзорӣ кард, ки дар натиҷа ҷазираҳои Мадейр, Азорск ва димоғаи Сабз кашф шуданд. Саёҳон то димоғаи Бохадор, Кабо-Бланко рафта, дарёҳои Сенегал ва Гамбияро тадқиқ намуданд.

Дар соли 1486 онҳо бо роҳбарии Барталомео Диас (1450-1500) то нуқтаи ҷанубии Африқо омада, димоғаи Умедро кашф намуданд, ки он роҳ ба сӯйи Ҳиндустон буд.

Баҳори соли 1497 бо роҳбарии Васко да Гама (1469-1524) 4-киштии португалиҳо аз бандари Лиссабон баромада, ба соҳилҳои ғарбии Ҳиндустон, ба шаҳри Калкута омаданд. Августи соли 1499 ин саёҳон бо тилло ва доруворҳо (аз қабили қаламфури гардан, дорчон, мурч ва ғ…)-и ҳиндӣ ба Португалия баргаштанд. Дар давоми ду соли саёҳат аз 168-одам, ҳамсафарони  Васко да Гама фақат 55-кас зинда монда ба ватан омаданд.

Самти сафари Б. Диас дар солҳои 1487-1488

Бахшида ба ин кашфиёти Васко да Гама дар соли 1572 шоири машҳури португалӣ Луис Камоенс «Лузиада» ном достоне навиштааст, ки он тақлид ба достонҳои «Илиада» ва «Одиссей»-и Гомер мебошад.

Баъд аз Васко да Гама адмиралони португалӣ Алмайда ва Албукерка соҳилҳои ғарбӣ ва қисми шарқии Ҳиндустон ва Маллакаро забт намуда, солҳои 1505-1508 ва 1509-1515 аввалин витсе-корол (ноиби корол)-и Ҳиндустон шуданд. Маркази ин королӣ шаҳри Гоа (дар шимолии Калкута) буд. Дар солҳои 20-уми асри ХVI португалиҳо қисми бисёри галаҷазираҳои Зондро забт намуда, якчанд вақт империяи калони мустамликавии португалиро дар Ҳиндустон ташкил намуданд. Онҳо савдои дорувориҳоро ба дасти худ гирифта, ба монополияи тиҷоратии Италия зарба заданд. Ҷойи Александрия ва Венетсияро дар ин савдо акнун пойтахти Португалия шаҳри Лиссабон гирифт.

Дар аввали асри ХVI португалиҳо инчунин Бразилияро ҳам ба даст оварданд, ки он чанд вақт дар роҳи Португалия ва Ҳиндустон ҳамчун бандари мобайнӣ хизмат мекард.

 Бартоломей Диас (1450–1500), баҳрнаварди португалӣ, аввал дар корхонаи киштисозии королӣ кор кардааст. Сипас дар тадқиқоти Африқо саҳм  гузошта, бо дастури корол Жуани II бо се киштӣ дар дарёфти роҳи баҳрӣ ба Ҳиндустон ба сафар баромадааст. Экспедитсияи онҳо аз Лиссабон дар соли 1486 шино намуда, дар марзи 26°30′ ба тӯфон дучор шуда, дар моҳи июни соли 1488 нуқтаи ҷанубии Африқоро дарёфт намуд, ки ба он димоғаи Нек номида шуд.  Дар соли 1500 Б. Диас  дар ҳайати дастаи ҳарбии Педро Кабрал ба Бразилия сафар карда, 29 майи соли 1500 дар тӯфони баҳрӣ ғарқ шуд.
[1]Энгельс Ф. О разложение феодализма и развитии буржуазии. Маркс. К., Энгельс Ф. Соч. Т. XVI. Ч.I. – С. 442.

[2]Дар нимљазираи  Пиреней маврњо боќимондаи арабњо-мусулмононро дар назар доштанд. -А.Љ., С.А.

test

Добавить комментарий