Ба вуҷуд омадани идеологияи буржуазӣ

Эҳёи бармаҳал ва гуманизм дар Италия. Италия дар асрҳои ХVI-нимаи якуми асри XVII.

       Заминаҳои пешакии пайдоиши Эҳё ва гуманизм дар Италия. Нисбат ба дигар мамлакатҳои Аврупо дар Италия дар асрҳои ХIV-ХV шаҳр ва саноат хеле тараққӣ мекунад. Шаҳрҳои зиёди Италия – марказҳои калони саноатӣ ва савдо буда, онҳо соҳиби бонкҳои калон гаштанд. Буржуазияи саноатӣ, савдоӣ ва судхӯрии ин шаҳрҳо дорои молу мулкҳои бисёр гашта, имконият пайдо карданд, ки қисми маблағи худро акнун ба инкишофи маданият сарф кунанд. Ғайр аз ин худи мураккабшавии истеҳсолот ва хоҷагӣ ба инкишофи фаннҳои дақиқ -табиатшиносӣ ва математика мӯҳтоҷ буд.

Баробари расмӣ гардидани синфи сарватманди буржуазӣ дар шаҳрҳои Италия торафт одамони ба меҳнати фикрӣ алоқаманд зиёд мегардиданд, ки онҳо ба адабиёт, санъат ва дигар соҳаҳои илм ва маданият машғул мешуданд. Он маданияте, ки табақаи нави пайдошудаи зиёиён ба вуҷуд меовард номи маданияти Эҳё  ё  гуманизмро гирифтааст. Дар тараққиёти ин маданияти нави прогрессивӣ нақши оммаи халқ ҳам албатта кам набуд.

Худи истилоҳи «Эҳё» (тарҷума аз мафҳуми франсавии «Ренессанс») нишон медиҳад, ки ин маданияти нав бо маданияти антиқӣ алоқаманд мебошад. Аз замони лашкаркашиҳои салибдорон сар карда, италявиҳо бо маданияти Шарқ, хусусан бо маданияти Византия, ки дар онҷо ёдгориҳои гуногуни меъморӣ ва санъати тасвирӣ боқӣ монда буданд, шинос мегарданд. Дар ҷамъияти Италия барои омӯхтани забон, фалсафа, таърих ва адабиёти қадими классикӣ шавқу ҳавас торафт зиёд мегардад. Зиёиёни шаҳрҳои Италия ва хусусан зиёиёни шаҳри Флоренсия маданияти қадимиро бо тарзи ғайрифаъол наомӯхта, балки онҳо ин маданиятро аз нав кор карда баромада, ҷаҳонбинии ҷадиди хешро ба вуҷуд оварданд, ки он бар зидди ҷаҳонбинии мавҷудаи феодалӣ буд. Барои ҳамин ин маданияти нави италявӣ инчунин номи дуюми худ-гуманизм, яъне инсонпарварӣ – одамдӯстиро гирифтааст. Маданияти гуманистӣ  дар ҷои аввал одамро мегузошт. Эҳтиёҷ ва ҳирси одамро гуманистон монанди зоҳидон – гӯшанишинон «гуноҳ» наҳисобида, балки онҳоро асоси ҳаёт гумошта, донистани онро мазмуни асосии фанҳо эълон карданд. Гуманистон ба одам, ба ояндаи дурахшони он, ба ақл ва маърифати инсоният боварии калон доштанд.

Яке аз нахустин намояндаи бузурги давраи нав Данте Алигери (1265-1374) аз Флоренсия буд, ки вай маълумоти хуб дошта, дар достони хеш «Мазҳакаи илоҳӣ» ҳамаи мазмуни идеологияи асрҳои миёнаро хуб инъикос кардааст. Аммо намояндагони барҷастаи Эҳё ду нависандаи дигари флоренсиягӣ Франческо Петрарка (130401374) ва Ҷованни Боккаччо (1313-1375) буданд. Ф. Петрарка бо сонетҳои[1] лирикии  худ  ба маъшуқааш Лаури бахшида ва Ҷ. Боккаччо бо «Декамерон» ном асараш, ба адабиёти гуманистӣ асос гузоштанд. Данте, Петрарка ва Боккаччо инчунин асосгузорони забони адабии италявӣ буданд.

Яке аз гуманистони аввалине, ки ба қавле дар рӯҳи гуманистӣ низоми нави идеологиро ба вуҷуд овардааст, Леонардо Брунии Флоренсиягӣ(1369-1444) буд. Ӯ яке аз нахустин шахсе ба ҳисоб меравад, ки ба занон низ омӯхтани илму донишро талаб намудааст. Вай дар 12-китоби «Таърихи Флоренсия»-аш ба ҳаракатҳои иҷтимоӣ, ки дар шаҳри Флоренсия шуда гузашта буд, диққати калон дода аст.

Дигар намояндаи барҷастаи гуманистони соҳаи фалсафа ва таърих Лоренсо Валла (1407-1457) буд, ки ӯ сохтаю қалбакӣ будани якчанд ҳуҷҷатҳои он давра (аз ҷумла «тӯҳфаи Констанин»)-и курияи папагиро нишон дода, лоиҳаи секуляризатсияи ҳамаи дорроӣ ва сарвати папаро тартиб дода аст.

Дар байни гуманистон муаррих Флавио Бондо ҳам шахси машҳур буда, ӯ китоби «Таърих аз суқути Рим» (аз соли 419 то соли 1410)-ро навиштааст.

        Санъати давраи аввали Эҳё. Дар соҳаи санъатҳои тасвирӣ ва меъморӣ ҳам чандин навигариӣ ба вуҷуд омада буд. Дар соҳаи санъати наққошӣ наққошони давраи Эҳё қонуни перспективи(масофа)-ро ихтироъ карданд, ки он имконият дод то тасвири суратҳоро монанди пештара ҳамвор накарда, балки барҷаста намоянд. Наққошони аввалини давраи Эҳё Ҷотто (1266-1337) ва Мозаччо (1401-1428) буданд. Яке аз нахустин ва маъруфтарин ҳайкалтарошони замони Эҳё Донателло (1386-1488) буд, ки ӯ инчунин бузургтарин наққоши давронаш ҳисоби мешуд.

Дар ин давра дар натиҷаи такмили техникаи сохтмон мӯҳлати сохтани иморатҳои боҳашамат кӯтоҳ карда мешавад. Бузургтарин меъмороне, ки дар санъати меъмории Эҳё услуби навро ба вуҷуд овардаанд ин Филиппо Брунеллески (1377-1446) ва Леон Баттиста Алберти (1404-1472) буданд. Ф. Брунеллески нахустин шахсе буд, ки масъалаҳои сохтани иморатҳои калони гумбаздорро ҳал намудааст. Алберти ҳам дар китоби худ «Даҳ китоб дар бораи меъморӣ» якчанд назарияи нави санъати биносозиро пешниҳод кардааст.

Дар нимаи дуюми асри ХV гуманизм дар ҳамаи давлатҳои Аврупо паҳн мешавад. Хусусан дар асри ХVI, дар давраи Ренессанси «оли»-и италявӣ, фалсафаи гуманистӣ, адабиёт, назарияҳои сиёсӣ ва санъати Эҳё хеле ривоҷ ёфт. Дар ин давр гуманизм пурра ба ҳаракати мадании умумиаврупоӣ мубаддал гашта, ба схоластикаи асримиёнагӣ зарбаи сахт мезанад.

Барои инкишофи маданияти нави буржуазӣ ихтирои дастгоҳи китобчопкунӣ бисёр аҳамият дошт. Аз аввали асри ХV сар карда, дар Аврупои Ғарбӣ барои паҳн намудани адабиёти оммавӣ-калисоӣ услуби махсуси ксилографӣ (кандакорӣ дар рӯйи чӯб) истифода бурда мешуд. Дар рӯйи тахтаи чӯбин ҳарфҳо ва расмҳо тарощида шуда, баъд аз рӯйи он ба  коғаз  чоп мекарданд, ки кори хеле душвор буд. Аммо ин услуби ксилографӣ масъалаи паҳни зиёди китобро ҳал накард, зеро кори тарошидани ҳарфҳо хеле мушкил буда, кор суст ҷараён дошт. Ғайр аз ин пас аз чоп карда шудан ҳарфҳои тарошидашуда ва  умуман тахта қимати худро гумм мекард. Хизмати арзандаро Иоганн Гутенбург (1397-1468) иҷро кард, ки ӯ дастгоҳи нави китобчопкуниро ихтироъ намуда, ӯ соли 1440 ҳарафҳои ҳаракаткунандаро аввал  аз чӯб, баъд аз метал сохта, кори чопу интишорро осон намуд. И. Гутенберг инчунин дастгоҳи фишоркунандаро ихтироъ карда, ки он барои дар ҳарду тарафи  варақаи коғаз  чоп карданро имконпазир намуд. Китобчопкунӣ барои тараққиёти маорифи буржуазӣ заминаи нав кушод.

Дар асрҳои ХIV-ХV инкишофи шаҳрҳо, болоравии адабиёт ва санъати гуманистӣ то як дараҷа инчунин дар баъзе мамлакатҳои Аврупо, аз ҷумла  дар Голландия, дар шаҳрҳои Германияи Ҷанубӣ, дар Англияю Византия ва дар баъзе мамолики славянӣ ҳам мушоҳида мешавад. Дар асри ХVI баробари дар якчанд мамлакатҳо ба вуҷуд омадани муносибатҳои капиталистӣ, маданияти Эҳё ҳам дар Аврупо васеъ паҳн мешавад.

[1]Сонет-шеъри чордањмисраи аз ду рубої ва аз ду мусаллас иборат мебошад. -А.Љ., С.А.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.