Авесто сарчашмаи маънавии фарҳанги мардуми форснажод

Авесто сарчашмаи маънавии фарҳанги мардуми форснажод

Нақша:

  1. Пайдоиши «Авесто» ва таърихи пайдоиши он
  2. «Авесто» сарчашмаи идеявӣ ва маънавӣ
  1. Пайдоиши «Авесто» ва таърихи омўзиши он

Доир ба масъалаи пайдоиши «Авесто» дар адабиёти илми ақидахои гуногун ҷой дорад. Як гурўхи олимон (Дюперон, Дармстетер, Мейе, Юар ва ғайра) пайдоиши онро ба мамлакати Мидия нисбат медиханд. Дигар гурўх ба Бохтар пайваст менамоянд, (масалан Бартолоне Ньюберг). Гурўхи сеюми олимон пайдоиши «Авесто»-ро ба Моварои Кафкоз мансуб медонанд ва ғайра.

Барои дуруст хал намудани масъалаи макони пайдоиши «Авесто», бояд ду чизро ба назар гирифт. Якум-«Авесто» дар тўли бисёр асрхо тартиб дода шудааст. Дуюм-хусусиятхои ҷудогонаи Авесто ва қисмхои алохидаи он на танхо аз ҷихати хронологӣ, балки аз ҷихати географиниз дигаргун мебошанд.

Дар ин xо сухан дар бораи пайдоиши қисмхои ҷудогонаи он, ки дар даврахои гуногуни таърихипайдо шудаанд, меравад. ханўз ГерОдот, Страбон, Плутарх ва дигар муаррихони Юнону Рим ба дину оини Эрониёни Қадим назар карда, ба он бахои баланд дода буданд. Омўзиши илмии Авесто дар асрхои ХVII-ХVIII шурўъ мешавад. Масалан, соли 1771 олими фаронсави А.Дюперон аввалин шуда, онро ба забони фаронсавитарҷума мекунад. Намояндаи бузурги идеализми немис Гегел низ диққати худро ба ин сарчашма равон намуда, дини зардуштиро дини рўшноива некиномидааст. Дар Русия омўзиши он, аз асри ХIХ то имрўз якчанд олимони рус (Кассович, Зелеман, Тураев, Атаев, Бертельс, Стеблин- Каменский ва дигарон) матнхои ҷудогонаи Авесторо тарҷумаву тахлил намудаанд.

Аз байни олимони хориxиасархои Мэри Бойс (Англия) ва Ф.Нитсше ҷолиби қайд аст. Онхо дар тахти унвони «Зардуштиён» асархои бисёрҷилда навишта, диққати мардумони дунёро ба «Авесто» xалб намудаанд.

Бояд қайд кард, ки дар давраи шўравиолимони тоҷик бахри омўзиши «Авесто» хизматхои шоёне намуданд. Махсусан Б.Fафуров дар «Тоҷикон» ва дигар асархояш ба ин сарчашмаи маънавии ниёгонамон бахои баланд додааст.

Ў дар Суғду Бохтар пайдо шудани «Авесто» ва дини зардуштиро дар асоси бозёфтхои бостоншиносон тасдиқ карда, дар омўзиши мазмун ва сохтори он кўшишхои зиёде намудааст. Дигар олимони тоҷик (С.Айнӣ, Бобоназари Бобохон, Ёқубов Ю. ва дигарон) дар тадқиқу тахлили қисматхои ҷудогонаи «Авесто» ва масоили зардуштия кўшишхои зиёде намудаанд.

Хусусан, дар арафаи ҷашни 2700-солагии «Авесто» мақолахо ва асархои бисёре чоп гардидааст. Алалхусус, сарвари кишварамон Э.Ш.Рахмонов ба хотири баланд бардоштани худшиносии миллии мардуми тоҷик ба ин сарчашмаи қадим рў оварда, дар китоби худ «Тоҷикон дар оинаи таърих» менависанд: «хар гахе, ки порахои ҷудогонаи китоби муқаддаси «Авесто»-ро дар тарҷумаву тафсирхои минбаъдааш варақгардон намоем, мебинем, ки шукўху шахомати «Иллиада» ва «Одиссея»-и Гомер, ки ақли башариятро хазорсолахо боз тасхир кардааст, дар назди ин шохасари оламшумули ниёгони мо мекохад». Авесто, ки садсолахо қабл аз асархои Гомер эҷод шудааст, аз рўи тадқиқи олими англис Е.В.Вест, тақрибан аз 345х. калима, «Занд Авесто» (тафсиру тарҷумаи Авесто бо забони пахлавӣ) бошад, аз 2 млн калима иборат аст. Барои қиёс метавон гуфт, ки як худи Авесто хаxман аз «Шохнома»-и Фирдавси чандин баробар бузург аст. Аз ин рў  хамаи пахлўхои ин шохасар ва дини зардуштито холо пурра тадқиқ нашудааст.

2.     «АВЕСТО» ХАМЧУН САРЧАШМАИ ИДЕЯВӢ ВА МАЪНАВӢ

«Авесто» хамчун нахустфарханги мардумони ориёнасл намунаи безаволи осори фарханги маданияти ҷахони ба шумор меравад. Дар сарчашмахои қадимаи пахлавии то замони мо  расида, аз xумла «Шахристонхои Эрон» оид ба таърихи навишта шудани «Авесто» маълумоти пурқимате баён шудааст. Инчунин сарчашмаи дигари пахлави «Динкард» (Кори дин) чун қомуси афкори динию мазхабӣ, асотирии ориёнхо шинохта шудааст, ки дар он китоби муқаддаси «Авесто» аз 1200 боб (фаргард) ва 21 китоб (наск)  нишон дода шудааст.

Дар замони Сосониён Ардашери Бобакон (хукмрониаш 224-241) дар такмилу тахрири «Авесто» хидмати бузург намуда, донандагони онро водор намуд, ки бо сарварии Тансар ин китобро, ки дар замони Искандари Мақдуни сўзонида шуда буд, тахриру барқарор намоянд. Ба ақидаи муаррихону авестошиносон. аз xумла академик Б.Fафуров барои китоби «Авесто» дар заминаи хати пахлавиалифбои махсус ихтироъ гардид, ки он матнхоро бо тамоми xузъиёташ ифода намуда, «тарзи талаффузи анъанавии гўяндагонро» хеле дақиқ ва сахех сабт мекард. Баъзе мухаққиқон ва сарчашмахои таърихион алифборо хати диндабириниз номиданд.

харчанд «Авесто» баъди тахрири охирин аз 21 китоб гирдоваригашта бошад хам, шубхае нест, ки китобати аввалини он дар замони Зардушти Спитамон сурат гирифтааст.

Фосилаи миёни нахустин нусхахои китобии «Авесто» ё қисмати «Готхо»-ро аз замони зухури паямбарии Зардушт гирифта то тахрири охирини пахлавии он тақрибан қиёс намоем, қариб якуним, ду хазор солро дар бар мегирад. «Авесто»-е, ки  то ба имрўз расидааст, танхо 5 китобро ташкил медихад: Ясно, Виспарад, Вандидот, Яштхо, Хурд-Авесто. хамчунин ногуфта намонад, ки матни ин панx китоби расида низ пурра нестанд (350 боб расидааст). Бо вуҷуди ин номехрубонихои таърих шукўху хашамати китоби муқаддаси ниёгони мо, ки яке аз аввалин намунахои осори хаттива китобнависидар тамаддуни башари мебошад, заррае накостааст. Аз хамин қисматхои расидаи «Авесто» низ бузургию мўхташамӣ, парвози баланди тафаккур , дар либоси басо одди ва заминиxил ва додани хикмату фалсафаи осмонгир эхсос мешавад. Ситоиши худованд дар порахои «Авесто»  баъзан то андозае самимиву ба дил наздик аст, ки хатто акси садои сурудан, тавбаву надомат намудан ва аз паси покдоманирафтани пайравони оини зардуштибараъло эхсос мешавад. хар кадоми ин китобхо чун дурдонаест, ки моро ба гузаштахои басо дур мебарад, аз имону эътиқод, ниёишу парастиш ва муноxоту дуохои ниёгони мо дар зикри худои бузургу муқтадир Ахурамаздо ва ёварони вай маводи басо xолиб медихад.

Чихеле, ки  Э.Ш.Рахмонов менависанд «Авесто» бо нусхахои пешину пасин ва матнхои кўхнаву нав, бо порахои манзуму мансур ва силсилаи сурудахои гаронбахояш мисли бозёфтхои  хазинаи Амударё сахифахои норавшани тамаддуни ниёгони моро бароямон мекушояд».

Яке аз қадимтарин китоби «Авесто» ,«Ясно» мебошад, ки иборат аз 72 боб буда, аз рўи хусусияти забонива замони офаринишаш ба «Ригведо»-и хиндухо қаробат дорад. Боби аввали «Ясно» иборат аз гимнхо ва сурудхои васфи Ахурамаздо, ки худи Зардушт офаридааст, иборат аст. Яштхо – бошад сурудхои муқаддаси васфи худохои ҷудогонаро ташкил медихад. Инчунин дар «Яштхо» подшохону пахлавонони асотириситоиш меёбад, ки аз 21 яшт иборат мебошад. Вандидот – қонуни зидди девхо, китобе ки хангоми иҷрои намози шабона бештар хонда мешуд. Ин китоб аз 22 фаргард иборат буда, маводхои асотириро низ дар бар мегирад. Виспарад – маxмўи ибодатхои динӣ. Дар ин xо инчунин боқимондаи асотирхои қадима ва афсонахои таърихӣ, нишондодхои гигиени ва ғайра xамъ оварда шудааст. Дар матнхои «Хурд-Авесто» таълимоти умумии Зардушт оварда шудааст. Ин қисми нисбатан дертар пайдо шуда буда, гуфтан мумкин аст, ки таълимоти чор қисми аввалро бо хам мепайвандад. Ҳамин тариқ, имрўз исбот гардидааст, ки «Авесто» моли мардуми тоҷик мебошад, зеро ки дар он вилоятхои тоҷикнишини Бохтар, Хоразм, Суғд, Марв, Фарғона ва ғайра зикр шудааст, лекин номи ягон нохияи Форс оварда нашудааст.

1 Скачать
add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.