Шӯриши деҳқонони Тюрингия-Саксония

Дар нимаи якуми соли 1525 дар Тюрингия ва Саксония ҳам якчанд ҳаракатҳои деҳқонон шуда гузашт. Моҳи феврали соли 1525 ба инҷо, ба шаҳри Мюлхаузен Т. Мюнсер омад. 17 марти ҳамон сол аҳолии Мюлхаузен бо роҳбарии Т. Мюнсер табаддулот гузаронида, шӯрои шаҳрии императориро ба шӯрои нави демократӣ иваз карданд, ки онро «Шӯрои абадӣ» номиданд. Баъд аз ташкил кардани коммунаи озоди Мюлхаузен Т. Мюнсер деҳқонони Тюрингия ва коргарони саноати кӯҳии музофоти Мансфелдро ба шӯриши умумӣ даъват кард. Дере нагузашта, Т. Мюнсер ва ёрдамчии наздики ӯ Пфейфер қариб 8 ҳазор одамро дар атрофии худ ҷамъ карда, дастаи ҳарбии худро ташкил карданд. Аммо онҳо хеле бад мусаллаҳ шуда буданду Т. Мюнсер таҷрибаи хуби ҳарбӣ ҳам надошт. Аз ин камбудиҳои шӯришгарон истифода карда, 16 майи соли 1525 княз Филиппи Гессенӣ ва герсог Георги Саксонӣ ба дастаи шӯришгарони Т. Мюнсер зарбаи сахт заданд, ки аз 8 ҳазор ошӯбгарон қариб 5 ҳазораш кушта шуд. Худи Т. Мюнсер ба асирӣ афтода, сараш аз танаш ҷудо карда шуд. 25 майи соли 1525 шаҳри Мюлхаузен аз шӯришгарон озод карда шуд. Пфейфер ва дигар аъзоёни «Шӯрои абадӣ» ҳам дастгир ва қатл карда мешаванд.

        Сабабҳои шикасти ҷанги деҳқонон ва аҳамияти таърихии он.  Ҳамин тавр шӯриши деҳқонони Тюрингия ва Саксония ҳам монанди шӯришҳои деҳқонони Швабия ва Франкония шикаст мехӯрад. Сабаби шикасти ин ошӯбҳо ва умуман ҷанги солҳои 1524-1525 пеш аз ҳама дар парокандагва номуташшакилии худи деҳқонон буд. Онҳо кори ҳарбиро надониста, ба феодалон ва ваъдаҳои онҳо бовар доштанд. Баъзе аз деҳқонони осудаҳол ҳатто бо ҳукумат майли созишкориро доштанд. Тарсончакӣ ва хоинии ритсарҳо ва бюргерҳо, ки дар ҷанг иттифоқчиёни деҳқонон буданд, яке аз сабабҳои дигари мағлубшавии ҷанги деҳқонон дар соли 1525 буд. Дар баробари ин, сардорони аксарияти дастаҳои деҳқонон-ритсарҳо бошанд ҳам, аммо онҳо роҳбарони ҳақиқии шӯришҳои деҳқонон шуда наметавонистанд. Ба ҷойи сарварии воқеӣ ритсарҳо дар бисёр маврид ба деҳқонон хоинӣ мекарданд. Дар инқилоби буржуазӣ – демократӣ вазифаи роҳбарииро мебоист буржуазия иҷро мекард, аммо буржуазияи немис ҳоло заиф буд ва он аз доираи асримиёнагии бюргерӣ баромада ба синфи мустақили буржуазияи миллӣ мубаддал нашуда буд. Барои ҳамин ҳам дар ҷанг буржуазия нақши роҳбариро бозида натавонист.

Камбағалони шаҳр ба шӯриши деҳқонон ёрии калон расониданд, вале аз сабаби суст будан ва номуташаккилӣ онҳо ҳам ба ҷанги деҳқонон роҳбарӣ карда наметавонистанд. Роҳбари ҳақиқии ҳаракати деҳқонон ва гегемонии инқилоби демократӣ, ба қавле  ягона пролетариат шуда метавонист, ки дар асри ХVI он дар Германия ҳамчун синф вуҷуд надошт.

Ба ҳамаи ин камбудиҳо ва шикасти шӯришҳо нигоҳ накарда, ҷанги солҳои 1524-1525 дар Германия аҳамияти калони таърихӣ дошт. Дар таърихи Германия ин ҷанг як давраи қаҳрамонӣ буд. К. Маркс онро «далели радикалии таърихи немисҳо» номида буд. Яке аз аҳамияти аввалини ин ҷанг дар он мебошад, ки он монанди дигар якчанд ҳаракатҳои деҳқонӣ дар оянда зарур будани иттифоқи деҳқонон бо пролетариатро нишон додааст. Таълимот дар бораи иттифоқи  пролетариат ва деҳқонон оянда яке аз муҳимтарин лаҳзаҳои назарияи марксизм – ленинизм гашт.

Ишкишофи реформатсия пас аз шикасти ҷанги деҳқонон. Шикасти ҷанги деҳқонон реформатсияи Лютерро дар хатар монд. Баъд аз воқеаҳои солҳои 1524-1525 лагери феодалӣ-католикӣ кӯшиш кард, ки дар Германия ҳукмронии калисои католикиро пурра барқарор кунад. Аммо қисми зиёди князҳои империя, ки онҳо дар натиҷаи мусодираи молу амволи калисо соҳиби сарвати зиёд гашта буданд, зидди ин гуна табаддулот буданд. Бинобар ин байни император ва князҳои католик аз як тараф ва княҳои тарафдори ақидаҳои М.Лютер (ё равияи протестантӣ) аз дигар тараф торафт мубориза шиддат гирифт.

Иттифоқи князҳои протестантӣ бар зидди император ҳанӯз дар аввали солҳои 30-юм ташкил шуда буд. Аммо воқеаҳои ҷанг бо Франсия ва Туркия диққати императорро аз вазъи дохилӣ то андозае дур карда буд. Князҳо аз ин истифода карда, мулкҳои хешро аз ҳисоби калисоҳо беш аз пеш васеъ карданд. Танҳо дар соли 1546 Карли V бо 40 ҳазор лашкар ба муқобили князҳо меояд. Князҳо бо тезӣ таслим шуданд. Карли V бо пурра барқароркунии калисои католикӣ замина омода карда, баробари он ӯ ҳуқуқи марзии князҳои империяро маҳдуд намуд. Дар соли 1552 бошад  князҳо ногаҳон ба муқобили император Карли V ҳуҷум карда, ӯро ба асирӣ гирифтанд. Баъд аз гуфтушуниди дуру дароз дар соли 1555 байни  Карли V ва князҳо аҳднома баста мешавад, ки он номи сулҳи Аугусбургро гирифтааст. Мувофиқи ин аҳднома кори муайян намудани дин байни аҳолӣ дар ҳудудҳои мухталифи Германия ба дасти князҳои маҳаллӣ дода мешавад.

Барбодравии нақшаҳои худро дониста, Карли V дар соли 1555 аз тахти императорӣ даст кашида, дар Германия ҳукумат ба дасти бародараш Фердинанди I мегузарад.  Дар Испания, Нидерландия ва мулкҳои италявии империяи Германия бошад, дар соли 1556 меросхӯри Карли V–писараш  Филиппи II корол мегардад. Барҳамхӯрии сиёсати Карли V шаҳодати сустшавии ҳокимияти марказӣ ва боз ҳам пурзӯршавии феодалони алоҳида ва вусъатёбии парокандагии дохилии мамлакат буд. Пас аз шикасти ҷанги деҳқонон суиқасд–реаксия ба муқобили анабаптистҳо зиёд мешавад. Аз ин сабаб баъзе гурӯҳои ноустувори анабаптистҳо аз мубориза ва истифодаи зурӣ (қувва) даст кашида, ба ҷараёни осудаи алоҳида ҷудо мешаванд. Аммо ба ин нигоҳ накарда, анъанаи инқилобӣ-демократии анабаптизм нест нашуд. Ин ҷараёни инқилобӣ-демократӣ солҳои тӯлонӣ бо княз-епископи шаҳри Мюнстер мубориза бурда, дар охир, соли 1534 онро аз шаҳр пеш мекунанд. Дар 16-моҳи ҳокимияти худ (1534-1535) шӯрои шаҳрии анабаптистҳо чандин чораҷӯйӣ гузаронида, судхурӣ ва савдогариро манъ карданд, тилло, нуқра ва дигар захираҳои калисою одамони сарватмандро мусодира намуда, онро ба эҳтиёҷи ҷомеа вогузор намуданд.               

Маданияти Германия. Пешрафти бузурги ҷамъиятӣ дар охирҳои  асри  ХV ва  даҳсолаҳои  аввали асри ХVI нақши муассире дар тамоми соҳаҳои Германия гузошта, он  дар  тараққиёти мадании ин кишвар акси худро  ёфт. Метавон гуфт, ки он барои дарки худшиносии халқи немис аҳамияти  бузургерро дорро буд. Ин омил пеш аз ҳама дар таъсисёбии як навъ забони немисӣ равшан ҳувайдо буд. Дар доираи пешқадаму намоёни халқи немис ақидаҳои муттаҳидии кишвар дида мешуд, ки пеш аз ҳама дар ин самт забонро воситаи муҳим  меҳисобиданд.

Пешравии соҳаи китобчопкунӣ як навъ забону диалектикаи гуногуни қисмҳои кишварро то ҷое ба ҳам шинос ва наздик кард. Дар ин ҷода нақши М.Лютер хеле бузург аст ва маҳз тарҷумаи Библияи ӯ ба забони немисӣ нисбат ба дигар тарҷумаҳо мукаммалтар буда, вай ба забони адабии умуминемисӣ асос гузошт.

Адабиёти гуманистии Германия яке аз нуқтаҳои балантарини маданияти инҷо маҳсуб мешавад. Эҷодиёти гуманистон аз расму оинҳои халқӣ саршор буда, дар таҳкими якпорчагӣ ва ҳуввияти миллӣ нақши муассир гузоштааст.

Дар байни нависандагони асри ХVI дар Германия нақши  шоир ва нависанда Ганс Сакс (1494-1576) хеле бузург аст. Ӯ дар эҷодиёти худ ба  таври ҳаҷву танз оид ба ҳаёти халқи оддӣ дар бораи лаҳзаҳои муҳимтарини ҳаёти халқ маълумот дода, дар асарҳояш ҳатто папаи Рим ва рӯҳониёнро тамасхур намудааст, аз ҷумла дар бораи булбули Виттенбурги, ки акнун сурудаш дар ҳамаҷо шунида  мешавад.

Намояндаи дигари маданияти Германия Иоганн Фишарт (1546-1590) мебошад, ки ӯ зидди  папаи  Рим, рӯҳониён ва таассуби динӣ  асарҳо навиштааст. Дар соҳаи меъморию ҳайкалсозӣ  Албрехт Дюрер, Ганс Голбейн, Матис  Готхарт, Лукас  Кранах нақши бузург дошта, онҳо ҳаракат намудаанд, ки дар офаридаҳои худ воқеаиятро нишон  диҳанд. Ҳатто  қаҳрамонҳои динӣ ва образҳои дар Библия аксёфтаро онҳо бо  воқеъият пайваст намуданд. Дар асарҳои рассомони асри ХVI идеяи озодӣ ва муборизаи деҳқонон тасвири амиқи худро ёфта, халқи одӣ симои  марказии расмҳои онҳо гаштааст. Ба ин  расми  «Чор ҳавворӣ»-и А.Дюрер далел шуда метавонад.

Намояндаи дигари маданияти Германия муаррих Себастян Франк(1499-1542) дар бораи рафт ва оқибатҳои Ҷанги деҳқонон, реаксияи католикӣ, ки ба вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ ва маданияти  Германия зарбаи сахте  зада буд, маълумотҳои аҷиб додааст…

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.