Реформатсия дар Шветсария

Реформатсия дар Шветсария. Реаксияи католикӣ ва контрреформатсия дар Аврупо.

Реформатсия дар Аврупо. Дар солҳои 20-ум ва 30-юми асри XVI реформатсия дар чанд мамлакати дигари Аврупо ҳам сар зад. Лекин пас аз Германия реформатсия хусусан дар Швейтсария шиддатнок гузашт. Ҳам аз ҷиҳати тишкилӣ ва ҳам аз ҷиҳати идеологӣ реформатсияи Швейтсария қадами дуюм ва давоми реформатсияи Германия буд.

Дар давоми асри ХV якчанд кантон (музофот-давлатҳои майда)-и Швейтсария бо ҳам муттаҳид шуда, дар соли 1499 ба дастаҳои ҳарбии князҳои немис муқобилияту шикаст дода, мустақилияти худро аз империяи Германия ба даст оварданд. Дар соли 1511 ҳукумати Германия бо федератсияи Швейтсария аҳднома баста, мустақилияти онро расман эътироф кард. Дар соли 1513 федератсияи Швейтсария аз 13 кантон иборат буд, ки қисме аз онҳоро шаҳрҳои саноатӣ ва намояндагони онҳо – буржуазия, қисми дигарро деҳаҳои марказӣ – князҳо идора мекарданд. Намояндагони табақаи пешқадами буржуазӣ кӯшиш мекарданд, ки ба феодалони рӯҳонӣ ва ғайридинӣ зарбаи қатъӣ расонида, кантонҳоро ба як давлати марказиятнок табдил диҳанд. Яке аз аввалин доҳиёни ин гуна ҳаракатҳои реформатсионӣ дар Швейтсария Улрих Свингли буд.

       У. Свингли (1484-1531) дар оилаи яке аз сардорони деҳа таваллуд шудааст. Баъд аз хатми мактаби лотинӣ дар донишгоҳҳои Вена ва Базел таҳсил кардааст. Ӯ бо Э. Роттердамӣ ва дигар гуманистон алоқаи хуб дошт. Соли 1519 У. Свингли рӯҳонии калисои ҷомеи шаҳри Сюрих мешавад. Бо таклифи ӯ ҳукумати Сюрих дар ин кантон фурӯхтани индулгенсияро манъ кард. Дар соли 1523 У. Свингли «67 мулоҳиза» ном китоби худро аз чоп баровард, ки дар он принсипҳои реформатсионии худро дарҷ кард. Монанди М. Лютер Свингли ҳам  ақидаҳои динии худро аз рӯйи Таврот ва Инҷил (Библия) асоснок кардааст. У. Свингли низ бар зидди савдои индулгенсия, роҳибӣ, сарвати зиёду беасоси калисо баромад намудааст. Мувофиқи реформатсияи У. Свингли сардорони калисоҳои  маҳаллӣ бояд аз тарафи обшинаҳои динии маҳаллӣ интихоб карда шаванд, анҷумани намояндагони ҷамоаҳои калисоӣ даъват гашта, аз болои кори ташкилотҳои калисоӣ бояд ҳукумати кантон назорат кунад. Ин реформатсияи У. Свинглиро кантонҳои якчанд шаҳрҳои дигар ҳам пазируфтанд. Лекин кантонҳои ҷангалӣ(бешагӣ) бар он зид баромаданд. Байни ин ду гурӯҳи кантонҳо муносибат тезутунд шуда, аз тарафи кантонҳои шаҳрӣ У. Свингли ҳам баромад дошт. Дар соли 1531 дар муҳорибаи назди шаҳри Каппеле гурӯҳҳои кантонҳои шаҳрӣ шикаст хӯрда, У. Свингли дар ин набард ҳалок гардид. Баъд аз ин иттифоқи кантонҳои шаҳрӣ-протестантӣ пароканда эълон карда шуда, маркази ҳаракати реформатсионӣ ба дигар тарафи Швейтсария – ба ҷониби ғарбии он кӯчид. Доҳии ин тарафи ҳаракати реформатсионӣ Жан Калвин буд.

 Жан Калвин (1509-1564) дар оилаи яке аз прокурорҳои Франсия таваллуд шуда, дар донишгоҳҳои Париж ва Бурж таҳсил кардааст. Аз соли 1534 сар карда, Ж. Калвин тақдири худро бо реформатсия мепайвандад. Дар соли 1536 ӯ аз таъқиби католикон тарсида гурехта, ба  Женева меояд. Дар ҳамон сол «Дастурамал барои дини насронӣ» ном асараш аз чоп мебарояд, ки он дар байни протестантон ба комёбии бузург ноил мешавад. Дар ин китоб Ж. Калвин асоси мукаммали протестантизмро баён кардааст. Аз рӯйи ақидаи Ж. Калвин калисо – «ҷамоаи одамони алоҳидаи интихобӣ» буд. Нисбат ба сохти калисои лютерӣ, ки аз болои он бояд князҳо–феодалон назорат мекарданд, сохти калисои калвинӣ бештар демократӣ буд. Дар он ҳамаи вазифаҳои динӣ-калисоӣ интихобӣ буданд. Обшинаҳои алоҳида ба иттифоқҳо муттаҳид шуда, калисои миллиро ташкил мекарданд, ки онҳо аз тарафи синод(анҷуман)-ҳои динӣ-калисоӣ идора мешуданд. Жан Калвин дар давоми 25 сол ба гурӯҳи протестантии Женева роҳбарӣ карда, ба шӯрои шаҳрии он таъсири калон гузоштааст. Ӯ дар ин ҷо академияи динии протестантӣ ташкил карда, ба дигар мамлакатҳои Аврупо ҳам намояндагони худро мефиристод. Ба пайравонаш  дар дигар мамлакатҳо нома навишта, мукотибаи доимӣ дошт. Аз ин сабаб ҳам шаҳри Женеваро «Рими протестантӣ» меномиданд. Чуноне, ки папа ба еретикҳо ҷазои сахт медод, Ж. Калвин ҳам шахсони бо ӯ ҳамфикр нашударо сахт таъқиб мекард.

Ҳамин тавр, дар асри ХVI аз калисои католикӣ калисоҳои реформатсионӣ-протестантӣ ҷудо шуданд, ки дар байни онҳо мавқеи асосиро калисоҳои лютерӣ ва калвинӣ иҷро мекард. Агар ба калисои лютерӣ князҳои немис роҳбарӣ кунанд, ба калисои калвинӣ асосан намояндагони навтаъсиси буржуазия роҳбарӣ менамуд.

Дар солҳои 20-ум ва 30-юми асри XVI ва нимаи дуюми он ҳаракатҳои реформатсионӣ дар Англия, Франсия, Нидерландия, Шветсия, Дания, Норвегия, Чехия, Полша, Венгрия ба амал омада, ривоҷ ёфт.

Муборизаи калисои католикӣ бар зидди реформатсия. Аз густариши ҳаракатҳои реформатсионӣ-протестантӣ тарсида, дар нимаи дуюми асри ХVI калисои католикӣ ба ҳуҷум гузашт. Аммо дар ин муборизаи байниҳамдигарии ду гурӯҳи мазҳабӣ вазъи гурӯҳи католикӣ беҳтар буд, чунки олами калисои католикӣ нисбат ба доираҳои калисои протестантӣ марказиятнок буд. Ҳамаи ташкилотҳои динии католикӣ аз тарафи як марказ-Рим (папа) роҳбарӣ ва идора карда мешуданд. Ба ин қаноат накарда, калисои католикӣ боз ҳам кӯшиш мекард, ки қувваи худро мутамарказ карда, эътибор ва шӯҳраташро баланд намояд. Барои ҷоннок кардани мубориза бо рақибонаш папа «Ордени иезуитҳо» («Ҷамъияти Исо»)-ро ташкил кард. Таъсисдиҳандаи он дворянини испанӣ Игнатий Лойола(1491-1556) буд. Дар соли 1540 папа низомномаи ин орденро тасдиқ карда, сардори онро генерал меномиданд, ки ӯ дар Рим зиндагӣ карда, ҳокимияти номаҳдуд дошт. Аъзоёни орден аз одамони яккачин иборат буда, интизоми қавӣ байнашон мавҷуд буд. Аъзоёни орден дар ихтиёри роҳбарони худ ҳамчун яроқи «безабон» буданд. Дар ин хусус дар таълимоти И. Лойола чунин навишта шуда буд: «Одами тобеъ ба сардор бояд монанди ҷасади мурда, ки онро ба ҳар тараф гардонидан мумкин аст, монанди чӯбдаст, ки он ба ҳама гуна ҳаракат итоат мекунад, мисли мум, ки онро дигаргун сохта, ба ҳама тараф кашидан мумкин аст, итоат кунад». Иезуитҳо бояд дар ҳаёти ҷамъиятӣ фаъолона иштирок намоянд, ба ҳама ҷо сар дароранд ва хусусан кӯшиш кунанд, ки королҳо ва дигар одамони олимансабро ба тарафи хеш кашида, фаъолияти онҳоро ба манфиати калисои католикӣ истифода баранд. Ҷосусӣ, фиребу тӯҳматкунӣ ва суиқасдҳои махфӣ воситаҳои асосии фаъолияти онҳо буд. Иезуитҳо бо ин роҳҳо соҳиби мулкҳои калон ва маблағҳои зиёде мешуданд. Онҳо инчунин кӯшиш мекарданд, ки мактабҳоро ҳам ба зери таъсири худ гирифта, насли наврасро дар руҳияи мазҳаби католикӣ тарбия намоянд.

Дар мустаҳкам кардани вазъи калисои католикӣ ва папа маҷлисҳои калисои ҷомеаи Тридент, ки бо баъзе фосилаҳо дар давоми солҳои 1545-1563 гузаштанд, низ таъсири калон расонид. Ин ҷаласа ҳама догма (ақида)-ҳои католикӣ (иконапарастӣ, ибодат кардан фақат ба забони лотинӣ, иерархияи динӣ-калисоӣ, вуҷуд доштани ташкилотҳои роҳибӣ…)-ро дуруст дониста, папаро дар дин шахси аввал ва маъруфтарин донистанд. Протестантҳоро «еретикҳо» ҳисобида, барои мубориза бо онҳо дар Рим суди марказии инквизитсионӣ ташкил карданд. Ҳамаи таълимот ва асарҳои илмии онҳоро ғайриқонунӣ эълон намуданд.

Бо чунин усулҳои мубориза калисои католикӣ на фақат вазъи худро мустаҳкам намуд, балки барои нигоҳ доштани сохти ба марг рафтаи феодалӣ ба феодалон ва ҳукумати онҳо ёрдам расонид. Ин иттифоқи католикӣ ва реаксияи феодалиро контрреформатсия (аксулислоҳот)  меноманд. Дар натиҷаи ғалабаи на чандон дуру дарози худ, контрреформатсия дар нимаи дуюми асри ХVI дар як қатор мамлакатҳои Аврупо ҳаракатҳои деҳқонон ва камбағалони шаҳр шикаст хӯрда, оммаи халқ ба нодорӣ дучор гардид. Ғалабаи католикҳо ба тараққиёти минбаъдаи Италия, Испания, Полша ва Чехия таъсири манфӣ бахшид. Италия то миёнаи асри ХIХ дар ҳолати парокандагии сиёсӣ монда, ҳолати хоксоронаро аз сар мегузаронид. Испания аз давлатҳои пешқадами Аврупо ба яке аз давлатҳои дуюмдараҷа табдил ёфт. Полша аз ҷиҳати иқтисодӣ–сиёсӣ хеле суст шуда, дар асри XVIII мустақилияти хешро аз даст медиҳад.

Бо вуҷуди ҳамаи ин шикаст дар ҷамъияти Аврупо нерӯи наве ба воя мерасид, онҳо дар солҳои оянда ба суиқасди феодалӣ-католикӣ зарбаи ҳалокатовари худро мерасонанд.

test

Добавить комментарий