Инқилоби буржуазии Нидерланд. Голландия дар асри XVII

Инқилоби буржуазии Нидерланд.

Нидерланд ва Испания. Дар асрҳои миёна дар зери номи Нидерланд заминҳои поёноби дарёҳои Рейн, Маас, Шелд ва соҳилҳои баҳри Шимолиро мефаҳмиданд, яъне заминҳои ҳозираи Белгия, Люксембург, Голландия ва қисми шимолии Франсия.

Дар асрҳои XIV-ХV заминҳои Нидерланд дар таркиби герсогии Бургундияи Франсия буд. Дар асри XVI Нидерландро короли Испания ба худ тобеъ кард. Дар давраи ҳукмронии короли Испания Карли V Нидерланд аз 17 вилоят иборат буда, ҳар яки он имтиёзҳои маҳаллию табақавии худро дошт. Карли V барои ҳамаи вилоятҳо як ҳукумати умумӣ ва 2 шӯрои марказӣ (шӯрои судӣ ва молиявӣ) ташкил кард. Лекин Нидерланд торафт ба музофоти номустақали Испания мубаддал мегардид. Аз он Карли V андозҳои бисёр ғун дошта, онро ба ҷангҳои забткоронаю тороҷгаронаи худ сарф мекард.

Дар натиҷаи кашфиётҳои ҷуғрофӣ дар Нидерланд шаҳрҳои саноатӣ ва савдо тез тараққӣ карда, бандарҳои аҳамияти ҷаҳонидошта ба вуҷуд меоянд. Дар асри ХVI дар Нирдерланд зиёда аз 300 шаҳр вуҷуд дошт. Аз ҳамин сабаб Нидерландро «мамлакати шаҳрҳо» меномиданд. Дар байни онҳо шаҳри Антверпен ба бузургтарин бандар ва  маркази савдоии ҷаҳонӣ табдил ёфт. Нисбат ба бисёр давлатҳои Аврупо дар Нидерланд мануфактураҳо бисёр буданд.

Дар асри XVI дар ҷамъияти Нидерланд якчанд табакаҳои буржуазӣ вуҷуд доштанд. Қисми ин табақаҳоро агар буржуазияи сехӣ ташкил кунанд, қисми дигари онро буржуазияи мануфактурӣ ва савдоӣ ташкил мекард. Баробари буржузия дар Нидерланд дворянҳо зиёд мешуданд. Дар шаҳрҳо камбағалону овораҳо низ кам набуданд. Ҳунармандон, коргарони мануфактура ва бандарҳо қариб нисфи зиёди аҳолии шаҳрҳои бисёри Нидерландро ташкил мекарданд.

Ҳамин тавр, дар асри ХVI ҷамъияти Нидерланд торафт аз хислатҳои характерноки феодалӣ дур шуда, аломатҳои нави иҷтимоӣ-аломатҳои капиталистиро  қабул мекард.

 Густариши протестантизм ва саршавии ҳаракатҳои

мухолифӣ ба  муқобили мутлақияти Испания. Халқи Нидерланд ба протестантизм барвақт майл дошт. Дворянҳо ақидаи лютерӣ, деҳқонон бошанд ақидаи калвининизми радикалиро мақбул медонистанд. Карли V ба муқобили ҳама гуна ҷараёни протестантӣ муборизаи сахт мебурд. Дар давраи писараш Филиппи II зиддияти байни буржуазияи Нидерланд ва мутлақияти Испания тезутунд мешавад. Филиппи II дар солҳои  аввали ҳукмронии худ маҷбур буд, ки дар Нидерланд зиндагӣ кунад. Ӯро дар инҷо армияи испанӣ посбонӣ мекард. Соли 1559 Филиппи II хоҳари худ Маргаритаи Пармиро ба Нидерланд ҳоким таъин карда, худаш ба Испания баргашт.

Дар аввали солҳои 60-ум дворянҳо ба ҳаракат даромада бо роҳбарии аъзоёни Шӯрои давлатии Нидерланд Вилгелм Оранский, граф Эгмонт ва адмирал Горн ба муқобили мутлақияти Испания бархеста, аз Маргарита талаб карданд, ки шумораи епископҳо ва ҳокимияти инквизитсионии онҳоро дар Нидерланд маҳдуд намояд ва вазири якуми худ Гранвелларо аз кор озод кунад.

Моҳи ноябри соли 1565 «Созиши дворянҳо» ном иттифоқи дворянҳо ташкил карда шуд, ки он 5-уми апрели соли 1566 ба Маргарита арзнома навишта, аз ӯ талаб кард, ки фаъолияти инквизитсияро манъ карда, бо тезӣ Штатҳои генералиро даъват намояд. Ҳайати бисёри арзнома-оварандагонро вазирони испанӣ ва италиявии Маргарита таҳқиромез «гёзҳо» номиданд[1]. Маргарита ваъда дод, ки талабҳои гёзҳоро ба корол мерасонад. Лекин вай ягон талабҳои онҳоро иҷро накард.

Дере нагузашта монанди дворянҳо буржуазияи калвинистӣ ҳам иттифоқи худро ташкил кард, ки он «Созишномаи тоҷирон» ном дошт. Ин ташкилот асосан иттифоқи савдогарони сарватманд буд. Вай зидди мутлақияти ғайриодии Испания баромада, созишҳои сиёсиро афзалтар медонист ва бо дворянҳои калвинистию боқимондаҳои  бюргерии асримиёнагӣ иттифоқ доштанд.

          Шӯриши муборизони зидди иконӣ. Саршавии инқилоб. Аввалин воқеаи расман саршавии муборизаи миллӣ-озодихоҳӣ ва Инқилоби буржуазии Нидерланд ин шӯриши соли 1566-уми муборизони зидди иконӣ буд. 11 августи соли 1566 дастаҳои яроқноки халқӣ дар Фландрия ба калисоҳо зада даромада, ҳамаи иконаҳо, ҳайкалҳои рӯҳониён ва дигар ашёҳои муқаддасро несту нобуд карданд. Дар шаҳри Антверпен ҳунармандон, камбағалони шаҳр ва 800 деҳқони атрофи он низ ҳамин тавр рафтор карда, дар дайри калисоҳо ҳуҷҷатҳои замин ва молиявии онҳоро дар оташ сӯзониданд.

Дар Зеландия муборизони зидди иконӣ бо ёрдами сарватмандон ва баъзе аъзоёни консистория (ташкилоти маъмурӣ-калисоӣ) ҳукуматро маҷбур карданд, ки еретикҳои ҳабсшударо озод намоянд. Ин гуна шӯришҳо дар Брабант, Турн, Голландия ва Утрехт ҳам ба амал омада, торафт ба шимол паҳн гашт. Дар давоми якчанд рӯз ин шӯриш аз 17 вилояти Нидерланд, 15-тои онро фаро гирифт. Шӯришгарон 5500 дайру калисоро зеру забар карданд. Намояндаи ҳукумати королии Испания дар Нидерланд Маргарита Пармская 23 августи соли 1566 ваъда дод, ки ба шӯришгарон баъзе гузаштҳо мекунад, аз ҷумла: фаъолияти инквизитсияро мӯътадил мегардонад, ба дину ақидаҳои калвинистӣ иҷозат дода шуда, аъзоёни иттифоқи дворянҳо авфи умум карда мешавад. Лекин ҳамаи ваъдаҳоро бояд қатъиян Филиппи II ҳал мекард.

Маргарита Пармская бо ваъдаҳои худ инчунин мехост, ки дар байни муборизони зидди иконӣ ихтилоф андозад ва дар ҳақиқат чунин ҳолат рух дод. Иттифоқи дворянҳо шарти Маргаритаро қабул карда, «Созиш»-и худро пароканда эълон кард ва ҳатто баъзе аз сардорони он муборизони зидди икониро мавриди таъқиб қарор дод. Консистория ҳам баъд аз гуфтугӯҳои  тӯлонӣ бо ҳукумат ва гирифтани гузаштҳои нави он аз иштироки худ дар шӯриш даст кашид. Дар аксари шаҳрҳо тарғиботгарони калвинистӣ оммаи шӯришгаронро даъват намуданд, ки муборизаро қатъ карда, ба ҳукумат итоат кунанд. Ҳукумат аз ин парокандагӣ ва номуташаккилии муборизони зиддииконӣ истифода бурда, ба муқобили онҳо ба ҳуҷум гузашта, баҳори соли 1567 ба шӯришгарон шикаст дод. Бо ин, инчунин, давраи якуми инқилоб ҳам ба мағлубият ба охир расонид.

          Суиқасд ба герсог Алба. Давоми инқилоб. Бо мақсади зарбаи қатъӣ задан ба ҳаракатҳои инқилобии Нидерланд короли Испания Филиппи II генерали худ герсог Албаро ба он ҷо фиристод. 23-юми августи соли 1567 Алба бо армияи 16-ҳазораи яккачин ба Нидерланд ворид шуда, пеш аз ҳама М. Пармскаяро иваз карда, сипас дар онҷо террори хунин гузаронид. Дар натиҷаи қатли ом 8 ҳазор кас кушта шуд. Аз ҷоҳилию ғоратгарии Алба бисёр ҳунармандону коргарони Нидерланд ба дод омада, ба Англия, Франсия ва Германияи ғарбӣ фирор карданд. Қисмати боқимонда ба муқобили Алба ва қӯшунҳояш ҷанги партизаниро сар карданд. Партизанҳо ба ҷангалҳо рафта, дар онҷо дастаҳои «гёзҳои бешагӣ» ташкил карда, ба қӯшунҳои испанӣ зарбаи ногаҳонӣ мезаданд. Қисми дигари партизанҳо «гёзҳои баҳрӣ» ном дошта, онҳо дар баҳру соҳилҳо ҷангида, киштиҳои ҳарбии испаниҳоро ғарқ мекарданд. 1-уми апрели соли 1572 гёзҳои баҳрӣ бо роҳбарии дворянин Люмей дар вилояти Зеландия шаҳраки Брилро ба даст дароварданд. Дигар, яке аз марказҳои асосии мубориза шаҳри Утрехт буд. Шӯришгарон аз суиқасди Алба тарсида аз Вилгелм Оранский ёрӣ пурсиданд. Лекин ӯ аз оммаи халқи шӯришбардошта метарсид ва ба муқобили истилогарони испанӣ бо ёрдами қӯшунҳои кирояи немис меҷангид. Ин қӯшунҳо бад ҷанг мекарданд ва аҳолиро ғорат менамуданд. Моҳи августи соли 1572 Вилгелм Оранский то ҷанубии Брюссел рафта, баъд ба Голландия ақиб гашт. Дар ин ҷо ӯ ҳокими вилоятҳои шимолии шӯришгар эълон карда шуд. Герсог Алба ба муқобили шӯришгарон қӯшунҳои худро фиристод. Ин қувваҳо баъзе шаҳрҳоро забт намуда, шаҳри Алмаарро муҳосира карданд. Аҳолии ин шаҳр зиддияти сахт нишон дода, шаҳрро аз даст надоданд. Октябри соли 1573 қушунҳои Алба маҷбур шуданд, ки муҳосираро қатъ кунанд. Аз ин воқеа Филиппи II дар ғазаб шуда, декабри соли 1573 ба ҷойи герсог Алба генерал Рекезенсро фиристод. Моҳи майи соли 1574 ӯ шаҳри Лейденро муҳосира кард. Пас аз чанд вақти муҳосира моҳи октябри соли 1574 мудофиагарони шаҳр маҷбур шуданд, ки дарғотҳоеро, ки мамлакатро аз обхезӣ ҳимоя мекарданд, вайрон карда дарвозаи сарбандҳоро кушоянд. Испаниҳо аз обхезӣ тарсида, муҳорисаро  қатъ намуданд. Ҳангоми ақибнишинӣ онҳо шаҳри сарватманди вилоятҳои ҷанубии Нидерланд–Антверпенро ғорат карда, баъд онро оташ заданд. Аз сӯхтор ва ҷоҳилии испаниҳо 8 ҳазор сокини шаҳр ҳалок гардид. Баъд аз ин воқеа Антверпен аҳамият ва ҳамчунин маркази саноат ва савдои ҷаҳонидоштаи худро гум кард. Тоҷирону сарватмандони хориҷӣ идораҳои худро аз ин ҷо ба Амстердаму Лондон ва Гамбург кӯчониданд. Ваҳшонияти испаниҳо ва хусусан ҷаҳолати онҳо дар Антверпен ғазабу нафрати ҳамаи аҳолии Нидерландро ба вуҷуд оварданд. Шӯриш музофотҳои ҷанубии онро ҳам фаро гирифт. 8 ноябри соли 1576 дар шаҳри Гент намояндагони муборизони музофотҳои Шимолӣ ва Ҷанубӣ байни ҳамдигар шартнома баста, қарор доданд, ки ба муқобили истилогарони Испания якҷоя мубориза мебаранд. Дар шартнома, ки он «Амнияти Гент» ном дошт, инчунин қайд шуда буд, ки дар ҷануби кишвар дини католикӣ боқӣ монда, дар шимол мазҳаби калвинистӣ озод ҳисобида мешавад. Муборизаи оммаи халқ нафақат бар зидди истилогарони испанӣ, балки инчунин ба муқобили дворянҳои феодалии ҷануб ва калисои католики он низ нигоронида шуда буд. Деҳқонон ба муқобили хӯҷаинони худ бархеста, мулкҳои дайрҳо ва калисоҳои католикиро мусодира мекарданд. Бинобар он дворянҳо дар аввали соли 1579 ба тарафи испаниҳо гузашта, ба муқобили шӯришгарон рафтанд. Буржуазияи музофотҳои ҷанубӣ ҳам ба инқилоб муқобил баромаданд. Ин хиёнати дворянҳою буржуазияи музофотҳои ҷанубӣ ва роҳбари шӯришгарон набудани шахси ягона ба истилогарони испанӣ имконият дод, ки дар моҳи майи соли 1579 ҳокимияти худро дар музофотҳои ҷанубии Нидерланд аз нав барқарор кунанд. Дар ҷавоб ба ин рафтори музофотҳои ҷанубӣ, 23 январи соли 1579 музофотҳои Шимолӣ байни худ иттифоқ бастанд, ки он «Иттиҳодияи Утрехт» ном гирифт. Ба ин иттиҳодия: Утрехт, Голландия, Зеландия, Фрисландия ва баъзе дигар музофотҳои инқилобии музофотҳои шимолӣ дохил мешуданд.                       

Иттиҳодия дар назди худ вазифа гузошта буд, ки то ғалабаи охирин мубориза мебаранд, 26 июли соли 1581 он Филиппи II-ро сарнагуншуда эълон кард. Дар шимолии Нидерланд республика барқарор гардид, ки ба он буржуазияи калон сарварӣ мекард. Буржуазия мехост, ки Вилгелм Оранскийро короли Нидерланд эълон кунад, лекин ӯ 10-уми июни соли 1584 аз тарафи ҷосусони Филиппи II кушта шуд. Ҳамин тавр, Нидерланд ба ду қисм ҷудо шуд: ба қисми шимолӣ, ки давлат-республикаи мустақил ташкил кард ва ба қисми ҷанубӣ, ки дар зери ҳокимияти королии Испания монд. Леки барои нигоҳ доштани истиқлолияти худ ба Голландия боз якчанд соли дигар лозим гардид, ки бо Испания мубориза барад. Дар охир, дар соли 1609 байни онҳо ба муддати 12 сол сулҳ баста шуда, мувофиқи ин сулҳ Испания мустақилияти Республикаи Голландияро расман шинохт.  Гарчанд соли 1621 ҷанг байни онҳо аз нав оғоз ёфт, лекин он шарти соли 1609-ро дигар накард. Дар соли 1648 дар конгресси Вестфал Испания бори дигар ва охирин маротиба мустақилияти  Республикаи Голландяиро эътироф намуд.

Ҳамин тавр, инқилоби Нидерланд ба охир расид, ки он аввалин  инқилоби ғалабаовари буржуазӣ дар Аврупо буд. Як қисми буржуазияи Нидерланд аз болои истилогарони испанӣ ва феодалони маҳаллии худ ғалаба карданд. Дар натиҷаи ин музофотҳои шимолии Нидерланд истиқлолияти миллии худро ба даст оварда, Республикаи буржуазии Голландияро ташкил намуданд.

[1]Пойбарањнагон-дертар њамаи муборизон ва инќилобчиёни Нидерландро њамин тавр-гёзњо меномиданд.

 

test

Добавить комментарий