Франсия дар асри XVI–нимаи аввали асри XVII

Франсия дар асри XVI–нимаи аввали асри XVII

Сохти иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва сиёсии Франсия дар асри XVI.  Дар асри XVI Франсия ба давлати бузургтарину мутамаркази Аврупои Ғарбӣ мубаддал мешавад. Ва он  ҳудудҳои худро аллакай муттаҳид намуда буд. Ҳамзамон Франсия аз ҷиҳати ҳудуд ва аҳолӣ (15-млн.) дар байни давлатҳои Аврупои Ғарбӣ ҷойи намоёнеро  ишғол мекард. Муттаҳидии кишвар барои пешрафти иқтисодиёт ва мустаҳками(консолидатсия)-и сиёсӣ  заминаи хубе  фароҳам овард.

Дар оғози асри XVI қисмати зиёди аҳолии Франсияро заминдорони хурди озод ташкил медод. Шакли бештар паҳнгаштаи нигоҳ доштани  заминҳои деҳқонӣ сензива ба ҳисоб мерафт ва соҳиби он ҳуқуқҳои  васеъро дорро буд: хариду фӯруш, инъом намуданд. Ин шакли заминдорӣ мавқеъи деҳоти Франсияро дар як ҳолати муътадил нигоҳ дошт, деҳқонон ба истеҳсолоту меҳнати худ ҳавасманд буда, пешравӣ аз  меҳнати  босамари онҳо вобастагӣ дошт.

Дар баробари деҳқонони озод (сензитария) дар як қатор  заминҳои шимолӣ ва шарқии кишвар ҳоло ҳам деҳқонони мутеъ мавҷуд буданд. Баландшавии хоҷагидории мустақили деҳқонӣ ва алоқаи онҳо ба бозор дар деҳоти Франсия барои ҷудошавии ҳайати ҷамъиятии он  имконияте фароҳам оварда, тадриҷан барои пайдоишии муносибатҳои  капиталистӣ шароитҳо омода намуд.

Дар Франсия яке аз такондиҳандаи асосии сарватҷамъоварии ибтидоӣ ин низоми андоз  ба ҳисоб  мерафт. Дар шароити  таъқиботи  ин система як қисми деҳқонон мубталои қарз мегаштанд ва оҳиста-оҳиста судхӯрон онҳоро аз замин ва молу мулк маҳрум менамуданд, ки баъдан деҳқононро меъёрҳои барзиёди боҷу хироҷ ба иҷорагир, оворагардҳо ё ба бенавоён табдил медод. Тадбирҳои пешгирифтаи Генрихи VII (1547-1559)  бе натиҷа  анҷом  ёфт. Ҳатто «қонунҳои  хунин» соли 1566 то ҷое  ба нокомӣ  дучор шуданд.

Лекин тариққии муносибатҳои аграрӣ дар Франсия бо як меъёр боиси пешравии худ мегашт. Савдогарону сӯдхурон чун пешниҳод-кунандаи ашёи хом ва чун харидори маҳсулоти тайёр амалиёт мебурданд.  Аз ҷиҳати иқтисодӣ аҳволи Франсия нисбат ба вазъи Испания, Германияи дохилӣ, Италияи ҷанубӣ ва мамлакатҳои Скандинавия беҳтар буд. Баъзе соҳаҳои саноати Франсия аз доираи ҳунармандии сехӣ баромада, дар шакли мануфактураи марказонидашуда ва мануфактураҳои пароканда ривоҷ дошт. Шакли капиталистӣ дар саноат бештар дар корхонаҳои нассоҷӣ, истеҳсоли молҳои чармӣ, матбаа ва саноати кӯҳӣ паҳн шуда буд. Дар Пуате, Оверн, Руэрге, Лангедок, Дофин истеҳсоли муйина хеле тараққӣ карда буд, ки бозорҳои хориҷии кишварро бо ин маҳсулот то ҷое таъмин  менамуд.

Дар оғози асри XVI яке аз  корҳои  босуръати тараққикунанда ин чопи китоб ба ҳисоб мерафт ва даромадҳои зиёде дошт. Муттаҳидии ҳудудии Франсия барои тараққиёт шароитҳо фароҳам оварда, ҳамзамон дар кишвар бозори дохилӣ таъсис ёфт. Тайи солҳои 1489-1515 дар кишвар 400 бозору ярмарка таъсис ёфтанд.

Дар муқоиса бо кишварҳои аврупоии ҳамсоя иштироки Франсия дар экспедисияҳои  марҳилаи  кашфиёти бузурги ҷуғрофӣ хеле маҳдуд  аст. Баҳрнавардони франсавӣ чандин маротиба ба Америкаи Шимолию Ҷанубӣ шино карда, дар атрофи Африка шино намуда, то Мадагаскару  Суматра ва баъдан соли 1531 то Хитой  шино карданд. Лек бояд иброз  дошт, ки ин минтақаҳо аллакай зери назорати мамлакатҳои дигар қарор  доштанд.

Тараққии махсуси деҳоти Франсия, ки бо бозорҳои беруна алоқаи  кам дошт барои феодалон шароитҳо фароҳам меовард. Аз даромадҳои  замин ва сензаму деҳқонону тобеъ истифода карда, онҳо ба васеъкунии  хоҷагиҳои худ кӯшиш намекарданд ва бештари даромадҳои худро бо хизмат дар дарбори королӣ ё ҳокимони бузург алоқаманд менамуданд. Таъсиси монархияи мутлақ ва ҳокимияти мутамарказ ба низоми   вассалии пешин тағиротҳои ҷиддие расонид. Бо мутлақият низоми   вассалии наздик ба корол таъсис ёфт, ки онҳо аз ӯ пуштбонӣ мекарданд. Ҳамзамон нигоҳ доштани дворянҳоро корол ба ӯҳда гирифта, дар навбати худ онҳо такягоҳи асосии ҳокимияти королӣ ва кафолати он ба ҳисоб мерафтанд. Дворянҳои Франсия гурӯҳи  мустаҳкаму устувор  ё  канории иҷтимоӣ набуда, дар тӯли асри ХVI нуфузи ритсарҳо рӯ ба нестӣ ниҳод. Ба гурӯҳи ҳукмрон дворянҳои нав аз ҳисоби буржуазия дохил мешуд. Он аз ҳисоби сарватмандону табақаи болоии шаҳриён,  хосатан аз ҳисоби  савдогарон таъсис меёфт. Дар фарқият аз дворянҳои Англия, дворянҳои нави Франсия ба амалиётҳои савдоӣ нисбатан камтар сару кор дошта, бештар бо даромадҳои замин ва хизмат дар давлат қаноат мекарданд. Дар баробари дворянҳои нав намояндагони капитали молиявӣ фаъолона амалиёт мебурданд. Онҳо на ҳама вақт  ба замин маблағгузорӣ мекарданд ва дар бораи унвонҳо низ  на он қадар  ғамхорӣ менамуданд. Асосан капитали худро ба харида гирифтани андозҳо сарф мекарданд ва ба қарздиҳии дохили давлатӣ кору фаъолият мебурданд, баъзан ҳатто ба ҳокимияти королӣ қарзҳо медоданд. Дар асри ХVI ташкилёбии буржуазияи савдоӣ-саноатӣ оғоз ёфт. Нишондиҳандаи ин раванд амалиётҳои савдогарон ба ҳисоб мерафт, ки бо саноат ҳамкории зич доштанд. Аз тарафи дигар шумораи коргарон аз ҳисоби деҳконони бенаво зиёд гашта, ҳунармандон то ҷое меафзуд, ҳамзамон теъдоди  овораҳо ва табақаи поёнии шаҳриён аз ин ҳисобҳо  бештар мегаштанд.

Таъсисёбии монархияи мутлақ ҳанӯз аз миёнаи асри ХV дар Франсия  оғоз ёфт. Хусусан дар аҳди Франсискои I (1515-1547), ки ӯ барои мустаҳкамшавии мутлақият чандин чорабиниҳои муҳим дида  баромад. Бо муттаҳидии Франсия ва таъсиси ҳокимияти мутлақият доираи  амалиётҳои ҳаёти сиёсӣ дар давлат зери тобеъи  корол гузашт. Дар назди корол Шӯрое амал менамуд, ки он хеле маҳдуд буда, аз ҳисоби  намояндагони бонуфузи наздикони корол ва аъёну ашроф иборат буд. Дар ин Шӯро он корҳое дида мешуд, ки танҳо ба худи  корол ҳаллу фасли он мақбул буда, аъзоёни Шӯро бо дархости корол даъват карда мешуд. Дар баробари  ин шӯро  боз  «шӯрои корӣ» ки бо нишондоди корол  кору амал мебурд, низ мавҷуд буд, ки ҳайати он 4-5 нафарро ташкил медод. Корол сарчашмаи ҳокимияти қонунбарор ба ҳисоб мерафт ва  амру фармонҳояш ба ягон  таҳриру илова эҳтиёҷ надошт. Дар аҳди Франсискои I даъват намудани ассамблеяи Штатҳои Генералӣ  тадриҷан қатъ  мегардад ва кӯшиш карда мешавад, ки  таъсири  сиёсии  парламент заиф карда шавад. Бо ин  мақсад кору фаъолияти амалии онҳо ба шӯрои калони назди карол гузаронида мешавад, ки он аз  мушовирони наздики корол иборат буд. Сиёсати дар соҳаи андоз гузаронидаи мутлақият, тамоми даромадҳои кишварро зери назорати худ қарор дод. Ҷараёни  майл ба мутамарказӣ дар вазоратҳои маҳаллӣ низ дида мешуд. Намояндагони маъмурияти пешин, ки акнун тобеъи марказ буданд, аз рӯи  нишондодҳои он амал мекарданд. Дар музофоту маҳаллаҳо ба вазифаҳои масъул намояндагони королро таъйин менамуданд ва зери тобеъи онҳо дастаҳои доимии сарбозону зархаридон, гарнизонҳои ҳарбию  қалъаҳо, амбори лавозимоти ҳарбӣ қарор дошт. Дар  охири  асри  XVI дар  музофотҳо ҷосусони ҳокимияти марказӣ интендантҳо пайдо шуданд. Тадриҷан ҳамин тавр, дастгоҳи бюрократӣ таъсис меёфт, ки баъдан омили фарқкунандаи асосии мутлақияти франсавӣ гашт. Яке аз он манбаъҳое, ки мутлақиятро  мустаҳкам  нигоҳ   медошт –  ин  мавҷудияти армияи доимӣ, буд ки онро корол идора мекард ва қисмати зиёди ин артишро зархаридони  швейсарию немисҳо  ташкил  медод.

Аммо ба ин болоравии хоҷагӣ нигоҳ накарда, иқтисодиёти Франсия нисбат ба тараққиёти иқтисодии Англия ва Нидерланд суст буд. Дар Франсияи асри ХVI муносибатҳои сохти феодалӣ ҳоло ҳам пурзӯр буданд. Корол бо Штатҳои Генералӣ маслиҳат накарда, аз аҳолӣ андозҳо меситонид.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.