Фарҳанг ва дин дар аҳди ҳахоманишиҳо

Маданияти давраи хахоманишӣ

Дар миёнаи асри VI дар Осиёи Миёна ба ҷои давлати Мидия давлати Хахоманишӣ ба сари қудрат меояд,  ва халқхои Осиёи Миёна дар зери подшохигарии хахоманишихо зиндагикарда маданияти худро инкишоф медоданд. Чихеле, ки М.М.Дьяконов менависад Куруш (Кир) яке аз бузургтарин намояндагони таърихи қадим буд, ки аввалин империяи умумиҷахониро ба вуҷуд овардааст. Дар ин давра дигаргунихои бузурги иxтимои(инкишофи хоҷагии қишлоқ, баланд шудани ахамияти мехнати ғуломон, фаъолнок шудани марказхои савдо) ба амал меояд. Системаи ягонаи молию пулӣ, системаи андоз ва идоракунӣ, коргузорибо истифодаи забони умумидавлати(оромӣ) мушохида мешуд. Ин замони бехтар шудани муносибатхои тиxоратива маданибо тамаддунхои пешқадами дунё буд.

Шохони хахоманишипеш аз хама ба санъат ахамияти калон медоданд. Таърих ва қахрамонхои эронӣ, мисли ғояхои кайхонива асотиридар санъати эрониён инъикоси худро дарёфтанд. Ҷахони эронихамчун пули пайвасткунандаи маданияти Fарбу Шарқ хизмат мекард. Онхо дар тамоми сохахои маданият шўхрат пайдо карда, аз худ мероси бое гузоштаанд. Рельефхои монументалиаз санг ва металлхои гуногун, санъати монументалии фрики минетурахои зебо ва ғайра на танхо қасрхои шохони хахоманиши, балки ёдгорихои нисбатан дертари Юнонию Римиро низ ороиш медоданд. Диққати калонро ба меъморива умуман шахрсозидода, ансамбли гуногуни меъмориро ороста буданд. Қасрхои подшохон дар Персополь ва Сузи таваxxўхи мардумони дунёро ба худ xалб карда, дараҷаи баланди малакаю махорати хунармандони он давраро инъикос менамуд.

Яке аз ёдгорихои машхургашта – ин «Катибаи Бесутун» буд, ки Дорои бузург мерос монда буд. Дар водии Кирмоншох дар кўхи Бесутун чунин ёдгоригузошта шуда аст, ки дар он муборизаи Доро бо рақибонаш дар масофаи калони кўх, ки суфта карда шуда аст, кандакоришуда буд. (18 м. васеъгива 6 м. баландӣ). Солхои зиёд баъд аз таназзули давлати хахоманишиба ин ёдгорихеx кас ахамият намедод. Баъд аз 2500 сол олими англис Г. Гротофенд ва сайёхи итолиёвиПетро Делла Велле хизматхои шоёне намуданд. Умуман ёдгории Бесутун аз 515 сатр бо забони форсии қадима, 141 сатр бо забони бобулӣ, 650 сатр бо забони эламииборат буд.

Дигар ёдгорие, ки Доро аз худ гузоштааст, қасри Персопол буд, ки он бузургӣ, бохашаматива боигарии империяи хахоманишихоро таҷассум менамуд. Соли 520 сохтмони ин комплекси меъморисар мешавад, ки он бо 50 км дуртар аз шахри Шероз дар сохили дарёи Пулвар воқеъ гардида буд. Дар сохтмони ин қаср аз тамоми гўшаву канори империяи худ Доро ғуломон, хунармандонро xамъ оварда кор мефармуд. Персопол дар махалии Пасагардах аз ду комплекс иборат сохта мешавад. Қасри қабули мехмонон ва қасри шохӣ, ки бо иншооти иловагипайваст шуда буд. Дар қасри қабули мехмонон зиёда аз 10 хазор одамон xамъ омада метавонистанд. Баландии ин толор баробари баландии бинои 7-ошёна буда, 72 сутунхои мармаришифти онро нигох медошт. Масохати ин ёдгори450х300 метрро ташкил медод, ки бо воситаи зинаи 2-метра пайваст шуда буд. Худи форсхо пойтахти мамлакати  худро Тахти Xамшед номида буданд, зеро онхо гумон доштанд, ки махз дар хамин xо аввалин шохи шохон, ки дар дасти худ xоми адолатро нигох медошт, зиндагинамудааст. Ин шахри хазинахо буд,  чунки Искандари Мақдунӣ, ки шахрро оташ зада, фармон дода буд, ки барои бурдани боигарии он  3 хазор уштур биёранд. Пас аз якчанд аср таърихнигори араб Ал-Балхинавишта буд, ки дар хама xо портрети Xамшедро  мушохида кардан мумкин , ки ў ба сўи офтоб нигарон буд. Персопол гўё дар натиҷаи сўхторе, ки маъшуқаи Птоломей Фаида ба амал овардааст, аз байн бурда мешавад. Чунин ёдгорихоро подшохони хахоманишидар дигар мамлакатхои тобеи худ гузошта ба дину оин ва ибодатгоххои онон эхтироми калон зохир менамуданд. Пайдоиши хати оромӣ(арамеӣ) ва истифодаи он дар коргузории давлатияке аз воқеахои бузурги маданибуд. Дертар аз хати арамеичор системаи хати идеографӣ: парфянӣ, форсӣ, суғдива хоразмиxудо шуда, дар Осиёи Миёна садсолахои баъдина боқимемонад. Дар Осиёи Миёна сохтмони шахрхо авx мегирад ва бо марказхои хунармандии Шарқи Қадим пайваст мешаванд. Яке аз онхо Самарқанди хозира аст, ки маркази онро Афросиёб ташкил медод, ки масохати он 200 гаро ташкил медод. хунармандони суғдӣ, меъморон, охангарон, бофандагон, кулолгарон, заргарон бо хунархои худ мардумони ҷахонро ба хайрат меоварданд.

Идеологияи асосии он давра дини зардуштибуд,  агарчанде динхои дигари қабилавӣ-авлодива будпарастивуҷуд дошта бошад хам. Дар байни халқхои Осиёи Миёна эҷодиёти дахонихеле инкишоф ёфта буд, ки мисоли онро дар «Авесто» хуб мушохида кардан мумкин аст. Дар омўзиши маданияти халқхои Осиёи Миёна, дарки асотирхои тоҷикию эронихеле мухим аст, зеро ки онхо сарчашмаи асосии омўзиши фарханг ба шумор мераванд. Масалан, асотир дар бораи  Ҷамшед, ки гўё зиёда аз 700 сол хукмроникардааст. Гудохтани охан, сохтани хона, фурўзонидани оташ ва ғайраро ба мардумони худ омўзондааст. Мухимаш он аст, ки вай дар дасти худ «Ҷом»-ро нигох дошта, дар он инъикоси хаёти мамлакати худро мушохида мекард. Дар меъмории замони Сосониён ва Сомониён ин xом нақши худро дарёфтааст.

#

О Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.