Реформатсия ва ҷангҳои гугенотҳо дар Франсия

Бояд иброз дошт, ки дар асри XVI дар Франсия таъсиси пурраи мутлақият ба охир нарасида, дар ин давра сепаратизм ва баъзе хусусиятҳои феодалҳои ҷудогона ҷой доштанд, дар маҳаллҳо хатари асосӣ аз ҳокимон баён меёфт.

Дар солҳои 20-уми асри XVI дар Франсия идеяҳои реформасионӣ  оҳиста–оҳиста паҳн мешуданд. Дар тайёрии ғоявии реформатсия нақши асосиро ҳаракатҳои гуманистӣ бозидаанд. Маркази таблиғу ташвиқи донишҳои гуманистӣ аз соли 1530 Париж ба ҳисоб мерафт. Зери  таъсири ғояҳои гуманистӣ то оғози Реформатсия идеяи ислоҳоти калисоҳо паҳн карда шуда буд. Лефевр де Этапл яке аз тарафдорони  тозагии калисо буда, ҳанӯз соли 1512 ду принсипи асосии Реформатсияро ба нақша гирифта буд: аввалан, ростии эътиқод ва баъдан, фаҳмиши Навиштаҷоти  муқаддас (Библия)-ро чун  манъбаи ягонаи ҳақиқати  динӣ донистан.

Ҳаракати реформасионро дар Франсия ба 3 давра ҷудо мекунанд. Давраи аввал (солҳои 20-30 –юми асри XVI), бо паҳншавии идеяҳои  лютерӣ алоқаманд аст.

Дар солҳои 20-ум аввалин баромадҳои донишҷӯёни факултаи  илоҳиёти донишгоҳи Сорбон ба муқобили еретикҳо рост меояд. Соли 1521 Лефевр ва тарафдорони вай маҳкум карда шуданд. Идеяҳои  реформатсионӣ шакли эътирози иҷтимоии гурӯҳе гашта буд. Дар ин айём корол  ягон  тадбири  ҷиддие  наандешид.

Марҳилаи  дуюм  (1534-1559) давраи ҳассос ва баромадҳои қатъии эътиқоди нав ба муқобили ҳукумат буда, ҳатто эълонҳои онҳо дар дарбори корол Фрасискои I соли 1534  овезон буданд. Аз тарафи ҳукумат низ ба муқобилашон як  қатор  тадбирҳо дида шуд. Дар соли 1535 35 кас сӯзонида шуда, 300 кас ба ҳабс гирифта шуд. Дар Франсия идеяҳои Калвин мавқеъи идеяҳои Лютерро маҳдуд намуд. Комёбии таълимоти нави реформасионӣ ва характери ҷанговарони он корол Генрихи II-ро водор намуд, ки палатаи  махсусро соли 1547 таъсис диҳад, ки он иштирокчиёни ҳаракатҳои бидаъатомезро ба суд мекашанд. Ин  таъқибот тарафдорони Калвинро маҷбур  намуд, ки зери ташкилотҳои  муттаҳида якҷо шаванд. Дар соли 1559 дар Париж аввалин синоди калисои  калвинистӣ  ҷамъ  омад.

Аз соли 1560 Реформатсия ба давраи нави худ  дохил гашт, ки ин  ҳаракат аз ҳисоби воридшавии дворянҳо ба он хеле васеъ шуд. Ин ба характери реформатсия моҳияти наве ворид намуд. Аз соли  1560  ҷангҳои гражданӣ  ё динӣ (гугенотҳо) оғоз ёфт, ки он хеле тӯлонӣ буда, давраи сеюми ҳаракати реформатсиониро ташкил медод. Аз ҷиҳати  муносибатҳои иҷтимоӣ ҳаракатҳои реформатсионӣ яксон набуда, дар он ду самти асосиро дидан  мумкин аст: буржуазӣ ва  дворянӣ.

Зиддияти ду гурӯҳи оппозисионии феодалӣ-аристократӣ баъдан  яке аз сабабҳои саршавии ҷанг гашт. Дар аҳди ҳукмронии Франсискои II (1559-1560) аз  хурдсолии ӯ  шоҳзодаи  сулолаи  Бурбонҳо Конде хост ба фоидаи хеш истифода кунад, ҳамзамон Штатҳои Генералиро даъват  намуда, озодии протестантизм ва ҳуқуқҳои зиёдеро ба даст орад. Такягоҳи  ин суиқасд дворянҳои ҷануби кишвар ба ҳисоб мерафт, ки онҳо руҳияи калвинистӣ доштанд. Ин суиқасд ошкор карда шуд, ки дар  натиҷа қисмати зиёди дворянҳо қатл карда шуд. Антуан Бурбон ва Конде Бурбон ба ҳабс гирифта шуданд. Танҳо марги  ногаҳонии карол онҳоро аз марг наҷот дод. Баробари ба сари тахт омадани короли нав –Карли IХ (1560-1574) ҳокимият ба модари вай Екатерина–Медичи гузашт. Медичи ҳокимиятро бо Антуан Бурбон якҷоя идора мекарданд. Лекин  муборизаҳои дарборӣ қатъ нагаштанд, балки тезутунд шуда, ба харакатҳои халқӣ омехта гаштанд.

Задухӯрдҳои байни гугенетҳо ва католикҳо ба муборизаҳои яроқнок оғоз гузошт. Аристократия ва дворянҳои ҷануб дар реформатсияи калвинистӣ мавқеъи беҳтар гаштани вазъи иқтисодии  худро аз ҳисоби мусодираи молу мулки калисоҳо медиданд. Тарафдорони ин гурӯҳи феодалиро гугенетҳо меномиданд. Сарвари онҳо короли Наварра Антуан Бурбон ва Канде буд.

Сабабҳои воқеъаҳои солҳои 1560-1562-ро дар юришҳои бебарори Франсия дар Италия ҷустан лозим аст. Сулҳи Като-Камбрези (соли 1554) барои Франсия бефоида буда, ба иқтисодиёт ва сиёсати дохилии кишвар таъсири «инқилоби нарх» ва боҷу  хироҷҳои  гарон  бештар дарк карда мешуд. Тамоми эътирозҳо ва дигар омилҳо ба ҷангҳои гражданӣ сабабе гаштанд.

Ҷанги гражданӣ дар Франсия ба 3-давра тақсим мешавад: Давраи аввал (1560-1572). Асосан ин давра бо бераҳмии сахте  алоқаманд набуд. Соли 1570 дар Сен-Жермен сулҳ  баста шуда, ба протестанҳо имкон дода шуд, ки дар кишвар эътиқоди худро озодона тарғиб  намоянд ва ба онҳо  иҷозат дода шуда буд, ки  дар вазифаҳои баланди давлатӣ адои хизмат кунанд. Ба сифати кафолати иҷроиши сулҳ  ба онҳо  4-шаҳр–қалъаҳои Монтобон, Контяк, Ларошел ва Лашарт вогузор шуда буд. Лек ғалабаи гугенетҳо муваққатӣ буд. Шаби  24 августи соли 1572  ҳуҷуми наве ба калвинистҳо оғоз  ёфт. Барои  ин шаби арӯсии Генрихи  Наваррӣ ва  хоҳари Карли IХ Маргарита Валуа истифода карда шуд. Ба ин ҷашн аъёну ашрофон ва дворянҳои зиёде аз ҷануб омаданд.

Бо фармони Карли IХ ба қатли гугенетҳо худи ҳамон шаб оғоз  кардаанд. Дар Париж беш аз 2 ҳазор кас кушта шуда, дар он ҳатто  дворянҳои хориҷӣ – немисҳо маҳкуми қатл гаштанд. Генрих IV ва Конде  ба равияи католикӣ гузашта, ҷони худро  халос намуданд. Қатлу куштор  чандин рӯз давом кард.

Давраи дуюм (1572-1576). Воқеъи хунини шаҳри Париж ба ошӯби дворянҳои ҷанубу ғарб ва ҷануб оварда расонид. Муттаҳидии ду самти  реформасионӣ сабаби он гашт, ки соли 1575 конфедератсияи гугентҳо  таъсис ёбад ва ба он ҳудудҳои Франсия, аз Дофин ва Логедок то  Сен-Тонж шомил гашт. Дар ин ҳудуд онҳо қӯшунҳои мусаллаҳи худро  таъсис дода, ҳамзамон низоми андоз ва худроҳбариро пеша намуданд. Иттифоқи обшинаҳои шаҳрӣ ба ташкилоти калисои демократии федеративии  калвинистӣ рост  меомад.

Аз заифии табақаҳои дигар истифода карда, роҳбарии инҷоро  шоҳзода Конде ба даст гирифт. Мусодираи оммавии молу мулки калисоҳо оғоз ёфта, талабҳои  гугенетҳо то ҷое  қонеъ  карда шуд. Лек  ҳоло  ҳам ҷанг давом дошт.

Давраи сеюм (1576-1598). Баъд аз соли 1575 манфиатҳои сиёсии гурӯҳи дигари мухолифи феодалӣ-аристократии намояндагони  католикии дворянии музофотҳои шимолию марказӣ босуръат аён гашт. Кушторҳои зиёди гугенетҳоро аз ҳукуматҳои  мавҷудаи  Франсия  дида, ба таври васеъ барои ҳокимият мубориза мебурданд, ки ин барои муборизаҳои зидди сулолавӣ шароите фароҳам овард. Барои ин  ташкилоте  лозим буд, ки баъдан чунин ташкилот лигаи  Католикӣ (1576) гашт. Аъзогӣ  ба он  барои  тамоми католикҳо ҳатмӣ буда, ҳамагон ба  сарвари Лига – герсог Генрих бояд сари итоат меоварданд. Мақсаде, ки роҳбарони Лига  пеша карда буданд, ба он  ҳокимияте, ки гугенетҳо дар ҷануб амалӣ карда буданд наздикӣ дошт: мисли пешин барқарории музофоту шаҳрҳо.

Аз ноустувории ин лига истифода карда, корол Генрих III (1574-1589) ба манфиати мустаҳкамии монархия худро сардори Лига эълон карда, қонун оид ба озодии эътиқодро бекор кард. Мавқеъгирии Генрихи III норозигии гугенетҳоро ба миён овард ва онҳо пайи он  гаштанд, ки дар Лорешил  унияи калвинисти  таъсис  диҳанд. Ба ин уния  Генрихи Наваррӣ роҳбарӣ мекарду онро королҳои Шветсия ва Англия роҳбаландию дастгирӣ намуданд.

Таъсисёбии уния ҷанги  байни  католикҳо ва  гугенотҳоро тезонида, баъдан бо  эдикт (ахборот)-и озодии эътиқод  ба анҷом расида, байни тарафҳо сулҳ баста шуд.

Натичаи ҷанг католикҳоро водор намуд, ки Лигаи худро  мустаҳкам намоянд. Дар соли соли 1584 лига ба таври махфӣ ба короли  Испания ду шартнома баст, ки мувофиқи он короли Испания аз  католикҳои Франсия пуштбонӣ намуда, рақибонро дар Нидерландия Испания ва дар Франсия  таъқиб мекунанд. Соли 1585 папаи Рим  Генрихи Наварриро чун валиаҳди тахти Франсия аз эътибор соқит намуд. Дар  ин лаҳзаҳои ҳассос  истиқлолияти Франсия зери хатар  қарор гирифт.

Соли 1592 Филиппи II ба Париж қӯшунҳои испаниро аз Нидерландия ворид сохт. Дар оғози  соли 90-ум дар кишвар ошӯбҳои  халқӣ  оғоз ёфт. Соли 1594  Генрих равияи католикиро қабул намуд ва соли 1594 вориди Париж гашта,  корол эълон гашт.

Генрихи IV ба сулолаи Бурбонҳо оғоз  гузошт. Соли 1598 вай бо Испания сулҳ баста, эдикти Нантро баровард, ки мувофиқи он равияи католикӣ ба таври  расмию  қонунӣ дини давлатӣ эълон гашт. Ҳамзамон гугенетҳо низ  имтиёзҳои  зиёдеро  соҳиб шуданд.

Бо марги Генрихи IV дар соли  1610 аристократияи  феодалӣ  боз то ҷое  мехост ҳуқуқҳои  худро  ба даст  оранд. Ҳамзамон  аз хурдсолии корол Людовики ХIII истифода карда, соли 1614 Штатҳои Генералӣ даъват кара  шуд.

Оғози ҷанги граждании соли 1614 боз аз шаҳодат медод, ки аристократияи феодалӣ ҳоло ҳам мавқеъҳои пешини худро мехост  барқарор  созад. Лекин  дар  ин самт  муқобилиятҳояш бефоида буд.

Аз оғози солҳои 30-уми асри XVII сиёсати  монархия ба муқобили  ҳокимон ва автономияи ноҳияҳои гугенотҳо равона карда шуд. Роҳбаланд ва дар амал татбиқкунандаи он сарвазири Людовики XIII, кардинал Арман Жан дю Плесси Ришеле (1585-1642) ба ҳисоб мерафт. Ӯ одами ниҳоят шӯҳратпараст, ҳилагар ва дар андешаю кораш устувор буд. Дар давоми 18 соли ҳукмронии худ Ришеле барои мустаҳкам  кардани мутлақияти королӣ бисёр хизматҳо кард. Корол тамоми корҳоро ба ӯ бовар карда, имтиёзҳои зиёде дода буд.

Идеали Ришеле давлати пурқуввати марказиятнок буд, ки дар он корол ҳокимияти бемаҳдуд бояд медошт. Вай аз ҳамаи табақаҳо баробар риояи қонунҳои давлатиро талаб мекард ва бар зидди душманони корол беамон мубориза мебурд.  Ин буд, ки амалиётҳои ҳарбӣ ба муқобили гугентҳо аз соли 1621 то соли 1629 давом намуда, соли 1628 охирин такягоҳи  гугенеттҳо  бандари  Ларошел ишғол карда шуд. Гугенотҳо  пурра саркӯб гашта, тамоми ҳуқуқҳои сиёсиашон бекор карда шуд. Ришеле ба мустаҳкамии  хокимияти королӣ шурӯъ намуда, дар ин ҷода қадамҳои устувор гузошт. Манфиатҳои мутлақиятро сиёсати Ришеле дар иқтисодиёт низ дастгирӣ менамуд. Аз соли 1629 то 1642 дар Франсия 22 ширкатҳои савдоӣ кушода шуд. Худи вай сарвари ширкати  тиҷоратии «Франсияи нав» буд.

 Дар сиёсати хориҷӣ низ Ришеле манфиатҳои Франсияро ҳимоя  менамуд. Аз соли 1635 сар карда, Франсия зери роҳбарбарии вай бо комёбӣ амалиёти ҳарбӣ мебурд. Дар Ҷанги 30-сола, сулҳи Вестфал мавқеъи Франсияро дар муносибатҳои байналхалқӣ мустаҳкам намуд. Лек сулҳи Вестфали соли 1648 анҷоми ҷанг  барои  Франсия набуд ва ҷанги испану франсавӣ то соли 1659 бо ғалабаи Франсия ба анҷом расид, ки мувофиқи сулҳи 1659 ба ғолиб  музофотҳои  Артуа ва Руссилон гузашт. Ба давраи нави таърихӣ Франсия чун давлати  пурқуввате ворид  гашта, ҳамзамон дар он монархияи мутлақ ҳукмрон буд.

test

Добавить комментарий