Эҳё ва маданияти Франсия дар асрҳои ХVI-ХVII

Дар давраи сеюми феодалӣ вобаста ба тағиротҳои зиёди иқтисодӣ-сиёсӣ ва иҷтимоӣ пешрафт дар маданият низ ба амал омад. Ҳанӯз дар рафти ҷангҳои Франсия дар Италия (солҳои 1494-1559), аз тарафи ҷамъияти франсавӣ азхуд кардани маданияти нафиси ин кишвар сурат гирифта буд. Фан, санъат, адабиёт ва дигар соҳаҳои маданияти Италия дар Франсия тарафдорони зиёд доштанд. Дарбори корол маркази асосии маданияти нави Эҳё мегардад. Дар асоси услуби меъмории италиявӣ қасрҳо сохта мешаванд, аз ҷумла кӯшки Лувр дар Париж.

Хоҳари корол Маргарита Наваррская ҳамчун шоираи боистеъдод дар атрофии хеш шоирон, адабиётшиносон ва меъморону рассомонро ҷамъ карда буд. Дар Франсия омӯхтани асарҳои муаллифони антиқа сар мешавад. Дар ин давр филологи бузург Гийом Бюде (1460-1540), файласуф, математик ва ҷуғрофии машҳур Жак Лефевр де Этапл (1455-1537), ҳаҷвнигори машҳур Франсуа Рабле (1494-1553) ва баъзе дигарон намояндагони машҳури маданияти он давра буданд.

Соли 1635 Академияи франсавӣ таъсис дода шуда, он ба рушди илму фарҳанг мусоидат кард. Дар ин давра хусусан забони адабии франсавӣ ба расмият даромада, адабиёти классики франсавӣ ва фалсафаи ратсионалистӣ ба вуҷуд меояд. Дар соҳаи забон ва адабиёти Франсия гуманистон ва адабиётшиносони машҳур Пер де Ронсар (1524-1585), Жоакен дю Белле (1522-1565), Франсуа де Малери (1555-1628), Корнел (1606-1684), Молер(1622-1673), Лафонтен (1621-1695), Расин (1639-1699) ва баъзе дигарон хизматҳои арзанда намуда, барои пешравии  маданият мусоидат намуданд. Намояндагони нахустини фалсафаи ратсионалистии[1] Франсия Мишел Монтен (1533-1592) буд. Аммо асосгузори умуман ин равияи фалсафӣ Рене Декаррт (1596-1650) ба ҳисоб меравад. Дар таълимоти Р. Декарт андешаҳои материалистиро пайдо кардан мумкин буда, онҳо барои инкишофи ояндаи материализми франсавӣ таъсири калон бахшид.

[1]Ратсионализм (лот.)–аќлгароёна, дар назарияи фањмиш љараёне буд, ки бар хилофи эмпиризм-таљриба ќарор гирифт

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.