Англия дар асри XVI-нимаи аввали асри XVII

Табадуллот дар хоҷагии деҳот.

Дар асри XVI Англия аз ҷиҳати ҳудудӣ он қадар мамлакати бузург набуда, Шотландия ба он дохил нашуда, Ирландия бошад мулкҳои калон надошт.  Аз ҷиҳати аҳолӣ низ Англия (бо доштани  3 млн. одам) нуфузи зиёд надошта, нисбат ба Франсия, Германия ва Испания якчанд маротиба камаҳолӣ ба ҳисоб мерафт. Асосан аҳолӣ дар ин давра низ дар деҳот бештар зиндагӣ мекард. Аммо ба ин нигоҳ накарда, дар асри XVI ва аввали асри XVII дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии деҳоти ин кишвар муносибатҳои капиталистӣ хеле тез тараққӣ мекунад.

Англия дар асри XVI дар фарқият аз дигар кишварҳои Аврупо бо  капитализм дар сохти феодалӣ босуббот қадам гузошта, дар шаҳру деҳот мавқеъи ҷамъияти нави ояндаро муайян  намуд. Ба тараққиёти Англия дар асри XVI чандин омилҳо сабаб шуданд: аввалан дар натиҷаи  кашфиётҳои бузурги ҷуғрофӣ ин давлат дар маркази роҳҳои нави тиҷорати ҷаҳониӣ қарор гирифт. Баъдан дар дохили  кишвар чандин чорабиниҳо  гузаронида шуд. Аз ҷумла барҳам додани низоми пештараи  баршина дар хоҷагидорӣ ва озод кардани деҳқонон аз тобеъияти  шахсӣ, ки ин дар навбати худ барои капитализм дар деҳот омиле гашта, хамзамон барои гузариши «дворянҳои нав» ба усулҳои буржуазии  хоҷагидорӣ тарафи мусбати дигари ин амал аст. Комёбии тараққии капитализм дар шаҳру деҳот сабаб гашт, ки сарватҷамъоварии капитал  дар Англия нисбат ба дигар кишварҳо  босуръат гузашт. Ҳамзамон истилои мустамликадор дар Ирландия як омили дигари сарватҷамъ-оварии капитал ба ҳисоб  меравад.

Дар Англия саноати моҳутбарорӣ ба саноати миллии кишвар мубаддал мешавад. Қариб нисфи аҳолӣ дар Англия дар саноатҳои моҳутбарорӣ банд буда, он даромадҳои зиёде ба ин кишвар  меовард. То миёнаи асри XVI 81,6 % содироти Англияро мӯина ташкил медод. Истеҳсоли мӯина бештар  дар қисми ҷанубу ғарбӣ ва ҷанубии  Англия ба пешравӣ ноил гашт. Ин соҳа аз корхонаҳои хурд то ба  мануфактураҳои бузург рафта расида, ҳамзамон соҳаи  гусфанпарварӣ ва мавҷудияти  қувваи  арзонӣ корӣ ба он  шароите фароҳам овард.

Дар натиҷаи дар дохили мамлакат ва хориҷа зиёд шудани талабот ба пашм, дворянҳои англис заминҳои корами худро ба чарогоҳҳои гӯсфанд табдил медиҳанд. Заминҳои деҳқонон ва заминҳои обшинагиро бо зӯрӣ кашида мегирифтанд. Атрофи ин заминҳо бо девор печонида шуда, он ҳам ба чарогоҳҳо табдил дода мешуд. Ин раванди истисмори деҳқонон, яъне гирифтани заминҳои онҳо номи «деворкаши»-ро гирифта аст. Дар натиҷаи деворкашӣ даҳҳо ҳазор деҳқон бе ҷою манзил монда, деҳаҳои бисёре беодам мемонданд. Аз ин сабаб дар Англия одамони бисёре пайдо шуданд, ки онҳо аз воситаҳои истеҳсолот тамоман маҳрум буданд. Гарчанд ҳукумати Тюдорҳо (1485-1603) аз теъдоди зиёди бекорон тарсида, ба муқобили деворкашӣ якчанд қонунҳо бароварда бошад ҳам, аммо дворянҳо онҳоро риоя намекарданд. Бинобарон дар мамлакат шумораи бекорон зиёд шуда, шӯришҳо ба вуҷуд меомаданд.

test

Добавить комментарий