Шӯриши Роберт Кет

 Тобистони соли 1549 шӯриши калонтарин дар Англия шуда гузашт, ки он графии Девоншир, Корноул, Норфолк ва Сеффолкро фаро гирифт. Дар  маҳаллаи Уиндем (Норфак) деҳқонон  даст ба шӯриш зада, қисмати зиёди графигариро ба зери тобеъи худ гирифтанд. Ба онҳо коргарону табақаи поёнии шаҳрҳо ҳамроҳ шуда, то ҷое феодалҳои  хурду миёна аз шӯриш  пуштибонӣ намуда, пайи  он гаштанд, ки онро ба манфиати худ истифода намоянд. Сарварии шӯришро дворянини хурд Роберт Кет ва бародараш Уилям ба ӯҳда доштанд.

Бо қушунҳои худ онҳо ба тарафи маркази графигарӣ- шаҳри Норич ҳаракат  намуданд. Пас аз  оне, ки ҳокимони шаҳр онҳоро  иҷозати вуруд ба шаҳр надоданд, ошӯбгарон дар теппаи Маусхолд ҷойгоҳи худро барқарор карданд. Дар инҷо «Барномаи Маусхолд» аз тарафи онҳо тартиб дода шуда, пешниҳоди ҳукумат карда шуд. Талаботҳои асосии ин  барнома ба муқобили  заминдорони хурд равона шуда, дар он паст кардани  меъёри  рента, қатъ кардани истифодаи заминҳои обшинаҳо аз тарафи  лордҳо, кам кардани гӯсфандпарварӣ, манъ кардани фаъолияти баъзе судҳо ва ғ… дарҷ ёфта буд.

Бояд ёдовар шуд, ки талабҳои ин барнома манфиатҳои табақаи поёнии ҷамъиятро қонеъ карда наметавонист. Ҳангоми воқеъаҳои Уиндем баробарии тамоми одамон ва истифодаи умумии сарватҳои табиат пешниҳод карда шуда буд. Баъзе иштирокчиёни шӯриш ҳатто баробарии молу мулкро талаб намуданд. Ҳукумат барои он, ки каме  вақтро ба фоидаи хеш истифода намояду қувваи лозимӣ барои пахши шӯришро ҷамъ оварад, ба иҷро кардани баъзе талабҳои шӯришгарон низ даст зада, умед дошт, ки онҳо пароканда мешаванд. Лекин қисме аз ошӯбгарон парешон нагашта, балки дар атрофи Норич муттаҳид шуданд. Дар як вақт онҳо қӯшунҳои бар зидашон равон намудаи ҳукуматро торумор намуданд. Лек муттаҳидии онҳо бо шӯришгарони  Девонширу Корнуолл ба нокомӣ дучор гашт. 27 августи соли 1549 дар  муҳорибаи шадид шӯришгарон ба шикаст дучор шуда, зиёда аз 3500 деҳқон дар ин набард кушта шуд. Сарварони шӯриш Роберт ва Уилям Кет дастгир ва ба дор овехта шуданд.

test

Добавить комментарий