Сиёсати иқтисодӣ ва сиёсии Тюдорҳо

Дар солҳои 1485-1603 дар Англия сулолаи Тюдорҳо ҳукумат дошт. Дар давраи ҳукмронии асосгузори ин сулола Генрихи VII (1485-1509)  ва писараш Генрихи VIII (1509-1547) ҳокимияти королии Англия чанд маротиба пурқувват мешавад. Дар ин вақт Тюдорҳо таъсири худро дар Корнуэлл, Уэлс ва графиҳои шимолӣ зиёд мекунанд. Онҳо судҳои фавқулодаи сиёсӣ ва маъмурӣ ташкил карданд, ки он дар идоракунии давлатӣ аломатҳои бюрократиро ба вуҷуд меоварад. Барои ҳимоя ва ривоҷ додани саноат, савдою баҳрнавардӣ, сулолаи ҳукмрон доимо ба ҳаёти иҷтимоии мамлакат дахолат намуда, пайдарпайии сиёсати меркантилиро[1] ривоҷ мебахшид. Бо ёрдами парламент Генрихи VIII соли 1534 ислоҳот гузаронида, калисои Англияро аз Рим ҷудо карда, секуляризатсияи мулкҳои калисоиро гузаронид. Дар натиҷаи ин сиёсати Тюдорҳо ва парламент, савдою саноати Англия босуръат тараққӣ мекард. Савдогарони англис молҳои кишвар, хусусан моҳутҳои англисиро бо киштиҳои худ ба ҳамаи бандарҳои муҳими тиҷоратии Аврупо мебурданд. Барои савдо кардан бо мамлакатҳои дигар ширкатҳои махсуси тиҷоратӣ ташкил карда шуданд. Дар соли 1554 дар Англия ширкати «Москва» ташкил мегардад. Ҳукумати Россия ба ин ширкат ҳуқуқ дод, ки ба мамлакат озодона даромада,  бе пардохти боҷ тиҷорат намояд. Байни Англия ва Россия муносибатҳои дипломатӣ ва савдоӣ барқарор мешавад. Барои савдо кардан бо дигар кишварҳо боз ширкатҳои зиёде ташкил шуда, ширкати сарватмандтарин  «Ҳиндустони Шарқӣ» (Ост-Индия) ба ҳисоб мерафт. Ин ширкат дар соли 1600 аслан барои савдо кардан бо Ҳиндустон ташкил ёфта буд. Ширкатҳои зиёде баробари савдо ба роҳзанию ғоратгарӣ низ машғул мешуданд.

Англисҳо соҳилҳои Испания ва мустамликаҳои дар Америка будаи онро ғорат карда, ба киштиҳои испанӣ ҳуҷум мекарданд. Аз миёнаи  асри ХVI муборизаи  Англия  ва Испания   ба худ шакли савдои қочоқро аз мустамликаҳои Испания ва ғорати роҳзании баҳриро дар бандару киштиҳои он гирифта буд. Яке аз баҳнавардони англис, роҳзани баҳрӣ Френсис Дрейк бо киштиҳои худ  соли 1578 шаҳрҳои соҳилии Чили ва Перуро ғорат карда, сарватҳои  зиёдеро  ба даст овард, ки он бояд ба  Аврупо  фиристода мешуд. Ӯ ва ӯ соли 1580 бо ин ғанимати зиёд ба Англия баргашт. Бояд иброз  намуд, ки  роҳзанҳои баҳрӣ ба Испания зарари сахте (солона то 3 млн дукат)  мерасониданд. Бинобар ин соли 1587 испаниҳо ба Англия ҳуҷум карданд вале ба шикаст дучор шуда, иқтидори ҳарбӣ-баҳрии Испания дар арсаи байналхалқӣ коста гашт. Англия бошад ба яке аз давлатҳои бузурги баҳрӣ табдил ёфт.

[1] Меркантилизм-сиёсати иќтисодї ва таълимоти иќтисодии буржуазияи тиљоратии асрњои ХVI-ХVII мебошад, ки тараќќї ёфтани муомилоти пул ва дар дохили мамлакат захира шудани пулро асоси некўањволии љамъиятро њисоб мекард.

test

Добавить комментарий