Мутлақияти Англия дар асри ХVI

Пас аз вафоти Генрихи VIII писари ӯ Эдуарди VI (1547-1553) короли Англия мешавад. Дар давраи ҳукмронии ӯ калисои Англия шакли протестантиро мегирад. Пас аз вафоти вай короли Англия духтари Генрихи VIII – Мария Тюдор (1553-1558) мешавад, ки дар замони ҳукумати ӯ калисои католикӣ аз нав барқарор шуда, протестанҳо мавриди таъқиб қарор мегиранд. Дере нагузашта, Мария вафот мекунад ва гурӯҳи аъёну ашрофи протестантии Англия дигар духтари Генрихи VIII  – Елизавета (1558-1603)-ро сарвари давлат интихоб мекунанд. Дар замони ҳукмронии ӯ протестантизм барқарор шуда, ҳамчунин мутлақияти Англия мустаҳкам мешавад.

Давраи ҳукмронии сулолаи Тюдорҳо замони мутлақияти англисӣ ба ҳисоб рафта, Тюдорҳо бар хилофи королҳои Франсия ва дигар роҳбарони давлатҳои Аврупо, ки аз Штатҳои генералӣ худро дур мегирифтанд, давлатро бо ёрии парламент идора мекарданд. Дворянҳо ва буржуазияи Англия монанди дворянҳо ва буржуазияи Франсия ва дигар давлатҳо дар парламент байни ҳам муноқиша накарда, аъзоёни парламент дар ҳар масъала королро тарафдорӣ ва ҳимоя мекарданд. Аммо дар натиҷаи деворкашии заминҳо, тараққиёти мануфактураҳо ва савдо табақаи буржуазия ва дворянҳои нави Англия сарватманд гашта, хостанд, ки мамлакатро танҳо бо ихтиёри худ идора кунанд ва корол дар итоати парламент бошад. Королҳои Англия бошад, дар навбати худ кӯшиш мекарданд, ки монанди баъзе королҳои мамлакатҳои Аврупо кишварро ба таври мутлақ идора кунанд. Бинобар ин байни корол ва парламенти Англия барои ба даст овардани ҳокимият мубориза сар шуд. Пас аз вафоти Елизавета дар соли 1603 сулолаи Тюдорҳо ба охир расида, ба тахти королӣ яке аз хешовандони онҳо короли Шотландия Яков I Стюарт меояд. Дар замони вориси Яков – корол Карли I Стюарт мубориза байни корол ва парламент шиддатнок шуд. Дар соли 1629 Карли I парламентро пароканда сохта, то соли 1640 мамлакатро якка идора кард. Кадом шахсе, ки ба муқобилияти мутлақият мебаромад ба ҷазоҳои сахт гирифтор мешуд. Дар байни буржуазияю дворянҳо ва оммаи халқ норозигиҳо зиёд шуда, ҳаракатҳои оппозитсионӣ (мухолифӣ) ба амал меояд. Яке аз шаклҳои чунин ҳаракатҳои буржуазӣ ба муқобили мутлақияти королӣ ба ҷараёни «пуританҳо»  вобаста аст. Аъзоёни ин секта аз буржуазияи савдоии миёна буда, онҳо бар хилофи аристократия зидди шукӯҳу шаҳомат дар зиндагӣ буданд. Дар солҳои 70-80-уми асри XVI нуфузи пуританҳо боз ҳам зиёд шуда, онҳо обшинаҳои алоҳидаи калисоии худро ташкил намуда, аъзоёни худро ба мустақилияти пурраи корҳои калисоӣ таъмин мекарданд.

Маданияти Англия дар асри ХVI. Асри ХVI дар таърихи Англия давраи ба вуҷудоии муносибатҳои капиталистӣ, оянда ба расмият дохилшавии миллати англис ва давраи нашъунамоии маданияти миллии он мебошад. Дар асри XVI хусусан адабиёт ва театр ба комёбии калон соҳиб шуда буданд. Яке аз намояндагони беҳтарини адабиёти ин давраи Англия гуманист Томас Мор (1478-1535) буд, ки вай дар асари худ «Дар бораи сохти беҳтарини давлат ва дар бораи ҷазираи нави Утопия» (соли 1516) зиддияти иҷтимоии Англияро амиқ таҳлил ва танқид карда, назарияҳои худро дар бораи сохти сотсиалистӣ баён карда аст. Т. Мор яке аз назариячиёни сотсиализми хайёлӣ мебошад.

Бузургтарин нависанда ва драматурги ин даврони англис Вилям Шекспир (1564-1616) буд, ки ӯ даҳҳо асар, фоҷиа ва мазҳака навиштааст. Беҳтарин песаҳои ӯ: «Гамлет», «Отелло», «Ромео ва Ҷулетта», «Корол Лир» ва ғ… ба репертуари театрҳои тамоми ҷаҳон дохил шудаанд.

Дар ин давра инчунин файласуфи машҳури англис Френсис Бэкон (1561-1626) зиндагӣ карда аст. Ӯ дар «Органони нав» ном асари фалсафии худ таснифоти ҷадиди фанҳоро дода, табиатшиносиро фанни асосӣ ва аввалин ҳисоб мекард. Ф.Бэкон душмани оштинопазири схоластикаи асримиёнагӣ буд.

test

Добавить комментарий