Мамлакатҳои Скандинавия дар асри ХVI-нимаи аввали асри ХVII

Гарчанд давраи охири асрҳои миёна барои аксари давлатҳои Аврупои Ғарбӣ – давраи вайроншавии сохти феодалӣ буд, аммо барои мамлакатҳои Скандинавия ин давра баръакс, замони мустаҳкамшавии он ҳисобида мешуд. Маҳз бо ин, дар аввали давраи нав дар натиҷаи тадриҷан ба вуҷуд омадани мануфактура, инкишофи фанҳои аниқ ва паҳншавии идеяҳои гуманистӣ дар мамлакатҳои Скандинав ҳам муносибатҳои нави ҷамъиятӣ ба вуҷуд омада, нисбат ба мамлакатҳои пешқадами Аврупо қафомонии чандинасраи онҳо торафт бартараф мегардад.

Дания.

       Муносибатҳои иқтисодӣ-иҷтимоӣ.  Монанди пештара, дар асри ХVI ҳам Дания аз пешқадамтарин ва пурқувваттарин давлати Скандинавия ҳисоб мешуд. Дар охири асрҳои миёна ба королии Дания ғайр аз нимҷазираҳои Ютландия, нафақат Исландия, Греландия, ҷазираҳои Фарер, вилоятҳои сарватманди ҷанубии нимҷазираи Скандинавия, инчунин тамоми Норвегия, ва герсогии нимданиягию нимнемисии Шлезвиг-Голштейн тобеъ буд.

Дания доимо мамлакати аграрӣ буда, хусусан чорводорӣ инкишоф ёфта буд. Солҳои дароз он шаҳрҳои Ганзаро бо ғалла, равған, моҳӣ, асп ва барзагов таъмин мекард. Хоҷагии деҳоти Дания нисбат ба хоҷагии деҳоти дигар мамлакатҳои Скандинав ба бозор бештар алоқаманд буданд. Дар соли 1500 нисфи зиёди заминҳои корами мамлакат дар дасти дворянҳою калисо, 15-20 % он дар дасти деҳқонон буданд.

Ҳарчанд мануфактура дуруст ривоҷ наёфта буд, аммо якчанд шаҳрҳои калони бандарӣ ва тоҷирони сарватманд мавҷуд буданд. Дар аввали асри ХVI заминдорони калон аз ҷиҳати иқтисодӣ пурзӯр шуда, дар риксрод[1] ҳам мустаҳкам мешаванд, ки ин ҳокимияти королиро хеле маҳдуд мекунад. Аммо дар мамлакат мавҷуд будани буржуазияи савдоӣ ва зиддияти он барои маҳсулоти хоҷагии деҳот бо заминдорон ба корол имконият медод, ки ҳокимияти хешро бо тадриҷ пурқувват кунад.  Корол КристианиII (1513-1523) соли 1517 аз риксрад рӯй гардонида, аз намояндагони дворянҳои майда ва савдогарон ҳукумат ташкил кард. Баъд аз ин қонуне бароварда, ба заминдорон кори хариду фурӯшро манъ намуд. Аммо заминдорон – феодалон аз ин амали корол норорзӣ шуда, ӯро аз тахт сарнагун намуда, ба ҷояш амакаш Фредерикро таъин карданд.  Баъд аз вафоти ин корол дар соли 1533 зери шиори «ба тахт баргардонидани Кристиани II» ба муқобили ашрофон шӯриши калони шаҳриён ба вуҷуд омад, ки роҳбарии онро бургомистрҳои шаҳрҳои Копенгаген ва Малм ба ӯҳда доштанд. Ба ин шӯриш деҳқонон низ тарафдорӣ намуда, қасрҳои ҳокимони худро оташ зада, монанди талаботи кишоварзон дар ҷанги деҳқонони Германияи солҳои 1524-1525  ҳар гуна талаб пешниҳод намуданд. Ин шӯриш ба ҷангҳои сулолавӣ ва граждании солҳои 1534-1536 табдил ёфт, ки дар он як қатор шаҳрҳо ва князҳои Германияи Шимолӣ иштирок доштанд. Соли 1536 ин шӯриш аз тарафи корол Кристиани III –писари Фредерики I пахш карда шуд.

      Реформатсия дар Дания. Дар солҳои 20-уми асри XVI  дар Дания ҳам ғояҳои реформатсия дохил мешавад, ки таблиғотгари асосии онҳо Ганс Тавсен – шогирди М. Лютер буд. Бо мақсади аз ҳисоби замин ва ҳуқуқҳои калисои католикӣ мустаҳкам кардани мавкеи худ Кристиани III ба ақидаҳои лютерӣ ҷонибдорӣ карда, дар соли 1536 дар мамлакат ислоҳот гузаронид. Мувофиқи ин ислоҳот замини рӯҳониён ба корол гузашта, баъд бо тарзи тӯҳфа ё хариду фурӯш ба дасти дворянҳои феодалӣ мегузашт. Калисои лютерӣ ба корол тобеъ карда шуда, «мазҳаби Аугусбургӣ» қабул карда мешавад. Дар миёнаи асри XVI савдои баҳри Балтика аз нав авҷ мегирад. Дания ҳарду соҳилҳои гулӯгоҳи Зондро дар ихтиёр дошта, аз  киштиҳои тиҷоратӣ боҷи баланд мегирифтанд ва таъсири сиёсӣ, ҳарбии худро дар Балтика зиёд мекунанд. Дар натиҷаи ин Дания хеле сарватманд гашта, дар асри XVII он кӯшиш мекунад, ки мустамлика ва бозорҳои дигар тарафи уқёнусҳоро ба даст дарорад. Дар аввали асри XVII Дания ширкати Ҳиндустони шарқӣ ва дар охири асри ХVII ширкати Ҳиндустони ғарбиро асос гузошта, дар соли 1636 барои савдо бо Россия ширкати «Шарқӣ» ташкил карда шуд. Аммо ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, ривоҷёбии муносибатҳои капиталистӣ аз пешрафти муносибатҳои капиталистии Нидерланд, Англия ва дар дигар кишварҳо хеле суст буд. Дар Дания якчанд қала, қаср ва шаҳрҳои нав сохта мешаванд. Гуманистони мамлакат барои омӯхтани асарҳои халқӣ, забон ва таърихи кишвар шурӯъ мекунанд. Яке аз астрономҳои машҳури ин давраи Эҳё Тихо Браге (1546-1601) буд. Аммо аз солҳои 20-уми асри ХVII сар карда, Дания дар мавқеи байналхалқӣ ба шикаст дучор мешавад. Дар соли 1643 генерали Шветсия Торстентсон бо ёрдами Нидерланд ба Дания ҳуҷумро сар мекунад. Дар соли 1645 сулҳ баста шуда, мувофиқи он Дания аз ҷазираҳои Готланд ва Эзел (дар Балтика) маҳрум гардид; ба шведҳо иҷозат дода шуд, ки бо воситаи Зунд гузаргоҳи бе боҷ  дошта бошанд ва розӣ шуд, ки Норвегияро тақсим намояд. Кристиани IV баъд аз сад соли танаффус дар солҳои 30-40-уми асри ХVII даъвати риксдаги се табақавиро барқарор кард. Дар соли 1648 намояндагони заминдорони калон ҳокимияти короли нав Фредерики III (1648-1670)-ро маҳдуд карданд. Дар мамлакат бӯҳрони дохилӣ пурқувват шуда, фақат дар давраи нав он бо ғалабаи корол ба охир мерасад.

test

Добавить комментарий