Шветсия  дар асри XVI

Шветсия

Дар асри XVI Шветсия якҷоя бо Финладияи ба он тобеъ мамлакати қафомондаи аграрӣ буд. Дар хоҷагии деҳоти он ҳоло ҳам тарзи ибтидоии зироатӣ (беша барои кишт омода шуда, дар ҳолати беқувват гаштан боз ҷангал рӯёнда мешавад) ва хоҷагии дуқитъагӣ ҳукмрон буд. Шаҳрҳо хеле кам буда, аз сабаби камаҳолӣ буданашон бештар ба деҳот монанд буд. Дар ноҳияҳои марказии мамлакат, хусусан дар Далекарлия ва Вестманландия оҳан, мис ва нуқра истихроҷ мегашт. Муносибатҳои феодалӣ пурра инкишоф наёфта буд. Ҳатто деҳқонони дар заминҳои дворянҳо ва калисоҳо нишаста ҳам озодии шахсии хешро нигоҳ доштанд. Заминдорон аз болои онҳо ҳокимияти судӣ надоштанд. Баъд аз тарафи риксрод ба сари ҳукумат интихоб карда шудани намояндагони хонадони Стуре, дар охири асри XV ва аввали асри XVI риксрод хеле пурқувват мешавад. Дар соли 1517 ба Шветсия короли Дания Кристиани II ҳуҷум мекунад, ки ба ӯ рӯҳониёни олии мамлакат бо роҳбарии архиепископи Тралле ёрӣ медоданд.  Дар соли 1520 Кристиан дар болои кӯли Осунд ба лашкари ихтиёрии ҳокими Шветсия Стен Стуреи Хурдӣ зарба зада, дар калисои ҷомеи Стокголм унвони короли Шветсияро қабул мекунад. Ин хоинии рӯҳониён ва суиқасдҳои Кристиан оммаи васеъи Шветсияро ба по хезонид. Дар соли 1521 дворянин Густав Ваза аз шӯриши деҳқонон истифода бурда, ҳокимиятро ба даст дароварда, дар соли 1523 дар риксдаг[1] корол интихоб шуда, «Унияи Калмар»-ро бекор эълон кард. Дар соли 1527 короли нав Вестрос бо ёрдами дворянҳо дар риксдаг талаб кард, ки дар мамлакат секуляризатсияи мулкҳои калисоӣ гузаронида шавад, епископҳо бояд ба корол ёрии пулӣ ва моддӣ кунанд. Дайрҳо ва мулкҳои онҳо ба зери назорат гузарад. Дар солҳои 1536-1537 калисоҳои ҷомеъ махсус реформатсияро қабул карданд. Ҳуқуқи идоракунии калисоҳо ба дасти суперинтенданти королӣ мегузарад. Ӯ метавонист рӯҳониёнро ба коре таъин кунад ва ё аз дилхоҳ вазифа озод намояд ва дар муассисаҳои динӣ тафтишот гузаронад. Аз «мазҳаби аугусбургӣ» рӯй гардонидан қатъӣ манъ карда шуд. Ин реформатсия барои мустаҳкамшавии мустақилияти давлати Шветсия таъсири калон бахшид.

Дар давраи писари Густав Ваза Эрики ХIV (1560-1568) шведҳо ҳуҷуми худро ба Наздибалтика аз нав сар карда, соли 1561 Эстонияи Шимолиро бо шаҳри Ревел, соли 1595 бошад Нарваро ишғол мекунанд. Дар соли 1611 дар давраи Карли IХ, шведҳо ҳуҷуми худро давом дода, шаҳри Новгородро забт намуданд. Аммо шиддатнокии ҳаракатҳои озодихоҳонаи халқ онҳоро маҷбур кард, ки бо тезӣ ин ҷоро тарк намоянд. Маҳз ба ин, дар Карелияи Ғарбӣ ва Наздибалтикаи Рус ҳукмронии шведҳо дар асри XVII давом кардааст.

Дар натиҷаи васешавии савдо дар баҳри Балтика ва Шимолӣ аз охири асри XVII сар карда, дар Шветсия баландшавии ҳаёти иқтисодӣ мушоҳида мешавад. Конҳои нави оҳан ва мис мавриди истифода қарор гирифта, саноати металлургӣ тараққӣ мекунад. Дар натиҷаи навигариҳои техникӣ соҳаҳои саноатҳои истихроҷи конҳо, металлургӣ ва мануфактураҳо васеъ паҳн мешавад. Корол Густав Адолф (1611-1632) ислоҳот дар соҳаҳои ҳарбӣ, молиявӣ ва маъмурӣ гузаронида, ба дворянҳо сабукиҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ дод. Дар солҳои 1621-1625  шведҳо Лифтландия ва як қатор бандарҳоро дар Пруссияи Шарқӣ ба даст дароварданд. Дар мубориза барои забт кардани Наздибалтика Густав Адолф бо габсбургҳои австриягӣ дучор шуд, ки ин сабаби ба Ҷанги Сисола ҳамроҳ шудани Шветсия гардид.

Ин муваффақиятҳои аввалини иқтисодӣ ва сиёсии Шветсия ба ҳаёти мадании он таъсир карда, дар ин соҳа якчанд навигариҳоро ба вуҷуд овард: дар соҳаи омӯхтани забони қадима ва ҳуқуқ қадамҳои нахустин гузошта мешавад, дар мавзӯҳои таърихӣ асарҳо навишта шуданд («Атлантида»-и О. Рюдбек), драма ва назми миллии ғайридинӣ ба вуҷуд (достони Г. Шернгелм «Геркулес») меояд.

Пас аз реформатсия королҳои Шветсия, монанди королҳои Дания, кори ба дворянҳо тӯҳфа кардани заминро азнав барқарор карданд, ки дар натиҷа дар давраи ҳукмрониии Густав Адолф ва хусусан духтари ӯ Кристиан (1632-1644) қариб 70 % ҳамаи заминҳои корами мамлакат ва аксарияти деҳқонони давлатӣ дар дасти дворянҳо қарор гирифтанд. Раванди аз замин маҳрумшавии деҳқонон ва зулми феодалӣ хеле авҷ гирифт. Аз ин сабаб дар охири Ҷанги Сисола норозигиҳои деҳқонон афзуда, шӯришҳо ба вуҷуд омаданд. Дар соли 1638 дар қисми ғарбии Шветсия, дар солҳои 1650-1652 дар Финландия, дар соли 1653 дар вилояти  Нерке-Шветсияи Марказӣ шӯришҳои калони деҳқонон шуда гузаштанд. Дар натиҷаи суиқасди ҳукуматӣ деҳқонони зиёди назди сарҳадӣ ба заминҳои Рус гурехтанд. Ҳанӯз аз аввалҳои асрҳои миёна Финландия дар итоати королҳои Шветсия буд. Дар солҳои 1596-1597 дар ин ҷо шӯриши бузурги деҳқонон ба вуҷуд омад, ки он аз тарафи феодалони Шветсия ва феодалони маҳаллӣ бераҳмона пахш карда шуд

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.