Чехия дар асри XVI-нимаи аввали асри XVII

Вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии Чехия дар асри XVI.

Дар аввали асри XVI дар Аврупои Шарқӣ давлатҳои марказиятноке ба вуҷуд меоянд, ки яке аз онҳо давлати австриягии Габсбургҳо буд. Ба он Австрия, Тирол, якчанд вилоятҳои Германияи Ҷанубӣ-Ғарбӣ, Штирия, Каринтия ва Крайния дохил мешуданд. Дар асрҳои XIV-ХV туркҳо Балканро забт намуда, дар аввали асри XVI ба Аврупои Марказӣ ва Шарқӣ, аз он ҷумла ба Чехия хатар оварданд. Бинобар он Чехия аз хавфи истилои туркҳо тарсида, соли 1526 ба ҳукумати австриягии Габсбургҳо ҳамроҳ гардид. Пас аз вафоти короли Чехияю Венгрия Людовик дар соли 1526 бародари император Карли V – Фердинанди Габсбург короли Чехия ва як қисми Венгрия интихоб шуд. Бо ин ҳокимият дар Чехия ба дасти феодалони  австриягӣ гузашта, мамалакати Чехия ба яке аз музофоти давлати сермиллат ва марказиятноки Австрия мубаддал мегардад.

Дар асри ХVI Чехия аз ҷиҳати иқтисодӣ пешрафта буда, корҳои истихроҷи сарватҳои табиӣ, ҳунармандӣ ва савдо хеле инкишоф ёфта буд. Дар мамлакат ягон шаҳр ё деҳае набуд, ки сехи ҳунармандӣ надошта бошад. Бузургтарин маркази иқтисодии Чехия шаҳри Прага буд. Дар охири асри XVI дар қисми шаҳри кӯҳнаи Прага 45 сех бо 52 касб ва дар қисми нави он 40 сех бо 50 касб вуҷуд доштанд. Баробари истеҳсолоти сехӣ истеҳсолоти мануфактурӣ ҳам пайдо шуд. Истеҳсолоти коғаз, шиша ва китобчопкунӣ дар асоси истеҳсолоти мануфактурӣ ташкил карда шуд. Мавриди зикр мебошад, ки мануфактураи китобчопкунии Прага аз ҷиҳати сифат ва адад дар Аврупо яке аз ҷойҳои аввалинро ишғол мекард. Баробари ин савдои дохилӣ ва хориҷӣ низ хеле ривоҷ ёфта буд. Маҳз таъсиси мануфактура ва тараққиёти савдо, асоси истеҳсолоти шаҳрҳои Чехия  буда, ҳоло ҳам сохти сехӣ дошт.

Баробари саноат ва савдо дар Чехия хоҷагии деҳот ҳам тараққӣ мекард. Асоси хоҷагии деҳотро зироаткорӣ ва пеш аз ҳама истеҳсоли ғалла ташкил мекард. Барои қонеъгардонии талабот барои матоъ дар хоҷагии деҳот инчунин гӯсфандпарварӣ  нақши калонро мебозид. Дар асрҳои XVI-ХVII зиёда аз сеяки қисми ҳудуди Чехияро мулкҳои ашрофони он ташкил мекард. Оммаи асосии деҳқонони крепостнойро собиқ аъзоёни ҷамоаҳои озод-седлакҳо ташкил мекард. Седлакҳо ҳуқуқ доштанд надел (қитъаи замин)-и худро ба мерос гузоранд. Деҳқонони безаминро, ки ғайр аз кулба чизе надоштанд ва аксар вақт хизматгори феодалон буданд, халупҳо меномиданд. Барои помешикон хусусан меҳнати подругҳо(бобилҳо) арзон буд, ки онҳо на замин ва на кулба доштанд. Баршина дар як сол то 108 рӯз мерасид (тахмин 2 рӯз дар як ҳафта), аммо дар амал дар натиҷаи иҷро кардани дигар корҳои иловагӣ, баршина дар як ҳафта то 3-4 рӯз мерасид. Ғайр аз он ҳамаи аҳолии Чехия, аз он ҷумла феодалон ҳам маҷбур буданд, ки инчунин андозҳои давлатӣ диҳанд.

Муборизаи халқи чех бар зидди асорати Габсбургҳо.

Шӯришҳои халқӣ. Дар солҳои 20-уми асри ХVI Габсбургҳо якчанд чораҷӯиҳо гузарониданд, ки дар натиҷаи он идораи ҳукуматӣ, судӣ ва калисоӣ аз дасти чехҳо торафт ба дасти австриягиҳо мегузарад. Бо ин, ба зулми иҷтимоӣ зулми миллӣ ҳамроҳ шуда, шӯришҳои деҳқононро ба вуҷуд овард. Яке аз онҳо шӯриши соли 1528 буд, ки дар Чехияи Шимолӣ ва Моравия ба амал омад.

Дар соли 1526 баробари ба сари тахт омадани Фердинанди I, ӯ сароғоз ӯҳдадор шуда буд, ки ҳамаи ҳуқуқ ва имтиёзҳои королии Чехияро нигоҳ медорад. Аммо пас аз ҳокимиятро ба даст гирифтан Фердинанди I тамоми ваъдаашро иҷро накарда, аз зиддияти байни дворянҳо ва шаҳриён истифода бурда, кӯшиш намуд, ки ҳокимияти хешро дар Чехия мустаҳкам ва васеъ кунад. Дар соли 1528 Фердинади I ҷамъомади анҷумани вилоятии гетманҳоро манъ намуда, ба таъқиби тарафдорони ақидаҳои гуситӣ, лютерӣ ва дигар сектаҳои анабаптистӣ шурӯъ намуд. 12-уми январи соли 1547 Фердинанди I указе баровард, ки мувофиқи он одамони аз хизмати ҳарбӣ саркаш бояд қатл карда шуда, оилаи онҳо аз мамлакат ронда шавад. Ҷавобан ба ҳамаи ин аксари шаҳрҳо ва музофотҳои Чехия ба шӯриш бархостанд. 12-уми феврали соли 1547 намояндагони ҳамаи табақаҳои кишвар байни ҳам аҳднома баста, назди корол чанд талабҳои хешро гузоштанд, ки иҷрои онҳо ба барқароршавии мустақилияти Чехия мусоидат менамуд, аз ҷумла даъват гардидани сейм бо ризоияти онҳо, маҳдуд карда шудани фаъолияти суди королӣ, эҳёи анҷуманҳои маҳаллӣ ва ғ… Намояндагони табақаҳо қарор доданд, ки барои мудофиаи ватан сипоҳе ташкил намуда, барои ин сарфармондеҳ муайян карданд.

Дар Прага аз панҳо ва ритсарҳо ҳокимони муаққатӣ таъин карда шуданд. Барои мубориза бо Габсбургҳо дар зери байрақи сейм деҳқонон ва камбағалони шаҳрии зиёд ҷамъ омаданд, ки ин пеш аз ҳама намояндагони воломақоми худи Чехияро тарсонид. Ба ҷойи он ки сейм ин қувваро бо тезӣ ба муқобили габсбургҳо истифода барад, баръакс онҳо ба корол мактуб навишта, кӯшиш намуданд, ки бо ӯ созиш банданд. Аз ин вазъ истифода бурда Фердинанди I ҳуҷумро ба Чехия сар кард. Лашкари 30-ҳазораи герсог Алба ба ёрии Фердинанди I омада, онҳо якҷоя Чехияро ғорат намуданд. 2-юми июли соли 1547 Фердинанди I бо лашкари бешуморе ба Прага дохил шуд. Ҳунармандону камбағалони шаҳр ба мубориза бархостанд. Аммо панҳо ва ашрофони шаҳр ба Фердинанди I ёрдам расонида, шӯриши халқиро пахш намуданд. 22-юми августи соли 1547 маҷлиси сейм кушода шуда, ба сулолаи Габсбургҳо ҳуқуқи меросгузории тахти королии чехҳо дода шуд. Иттифоқи табақаҳо нест карда шуда, ба деҳқонон нигоҳ доштани яроқ манъ гашт. Худидоракунии шаҳрҳо ва гузаронидани ҳама гуна маҷлисҳо нест гардида, ба ҳар як шаҳр намояндагони королӣ фиристода шуд. Ҳуқуқи судӣ ҳам ба дасти корол гузашт. Аз сабаби нест гардидани ҳуқуқи намояндагии шаҳр сейм мустақилияти худро гум кард. Ҳамин тавр, шикасти шӯриши соли 1547 ҳокимияти Габсбургҳоро дар Чехия мустаҳкам карда, зулми миллиро зиёд намуд.

Дар сейми 25-уми майи соли 1609 мухолифони протестантии Чехия дар талабномаи худ аз корол Рудолфи II талаб намуданд, ки «Конфессияи чехӣ»-и[1] соли 1575-ро тасдиқ карда, барои озодона ибодати ғайрикатоликӣ иҷозат диҳанд. Рудолфи II  аз иҷро кардани ин талабҳо рӯй гардонид. Аз ин сабаб дар Прага шӯриш сар зад. Феодалони протестанти шӯришгарон бо роҳбарии граф Турн ҳукумати муаққатӣ, шӯрои ҳукуматӣ ва лашкари худро ташкил карданд. Рудолфи II аз ин тарсида, соли 1609 «Грамотаи аълоҳазрат»-ро баровард, ки дар он ба имтиёзҳои пешинаи Чехия иҷозат дода шуд. Бо ин рӯҳониёни ғайрикатолик ҳуқуқ пайдо карданд, ки калисоҳо ва ташкилотҳои алоҳидаи динии худро дошта бошанд. Ба онҳо ҳамчунин донишгоҳи Прага дода шуд. Умуман чоп карда шудани «Грамотаи аълоҳазрат» – ин шаҳодати ғалабаи қувваҳои протестантии Чехия буд. Аммо ин гузаштҳои Габсбургҳо фақат як навъ сохта ва барои зиддияти чехҳо буд. Дар амал габсбургҳою католикҳо ба озодии мазҳаби протестантҳо розӣ набуданд.

Дар солҳои 1618-1620 дар Чехия шӯрише ба вуҷуд омад, ки он яке аз сабабҳои асосии Ҷанги Сисола гардид. 23 майи соли 1618 феодалони протестантӣ аз тирезаи қасри Прага ҳокимони императориро ба замин партофтанд. Баъд аз шунидани ин воқеа аҳолии шаҳр бо зудӣ бо имкон мусаллаҳ шуда, ба калисоҳои католикӣ ва хонаҳои католикон ҳуҷум карданд. Бо тезӣ ин шӯриш қариб ҳамаи Чехияро фаро гирифт. Феодалон аз 30 директор иборат директория[2] ва сипоҳ ташкил карда, барои мубориза бо корол тайёрӣ медиданд. Иезуитҳо ва рӯҳониёни олии католикӣ аз кишвар пеш карда шуданд. Аммо аз фаъолиятнокии оммаи васеи халқ тарсида, роҳбарони дворянӣ онҳоро дар мубориза дуруст қабул накарданд. Ба ҷойи истифода бурдани ин қувваи бузурги дохилӣ намояндагони директория аз дигар кишварҳо ёрӣ талаб кард. 31 июли соли 1619 дар сейм барномае қабул карда шуд, ки он ба «Акти конфедерантсия» дохил шуда буд. Дар он ғайр аз талабҳои сиёсӣ, (масалан, ҳимояи мухторияти Чехия), дигар масъалаҳо (аз ҷумла замин, баршина ва ғ…)-ро пешниҳод накард. Дар он баръакс вобастагии деҳқонон тасдиқ шуда, ба панҳо дастур дода шуда буд, ки яроқҳоро аз аҳолии тобеъ гиранд. Ин барнома деҳқонон ва плебейҳои шаҳриро аз мубориза дур намуд, ки ин дар охир ба шикасти шӯриш бурда расонид. Дар аввал ҳуҷуми шӯришчиён хеле бо комёбӣ мегузашт. Дар соли 1619 лашкари Чехия бо роҳбарии граф Турн ба сипоҳи император якчанд зарбаи ҷиддӣ зада, қариб то ба пойтахти он шаҳри Вена расиданд. Аммо вусъати шӯриш ва характери демократии он дар марҳилаи якум қариб ҳамаи мамлакатҳои реаксонии Аврупоро ба изтироб овард. Ба Фердинанди II папаи Рим, габсбургҳои Испания ва короли Полша Сигизмунд ёрии худро расониданд. Князҳои протестанти немис бошанд дар ҳаққи Чехия хиёнат намуда, ягон хел ваъдаҳои худро иҷро накарданд. Дар охири соли 1620 лашкари императорӣ то наздикии Прага омад. 8-уми ноябри соли 1620 дар назди Кӯҳи Сафеди назди Прага ҷанг шуда, дар он лашкари чехҳо шикаст хӯрд. Аз Прага граф Турн ва корол Фредерик фирор карда, шаҳр ба дасти ишғолгарон афтод. Чехия истиқлолияти худро аз даст дод.

 Авҷгирии суиқасдҳои феодалӣ-католикии

Чехия дар давраи Ҷанги Сисола. Баъди ба даст овардани Прага Фердинанди II барои қасос аз шӯришгарон комиссияи махсус ташкил карда, 21 июни соли 1621 дар майдони Староместский 27 роҳбари шӯриш қатл карда шуд. Қариб ҳазор заминдор-феодалони Чехия ва Моравияро аз замину мулкҳояшон маҳрум намуданд. Чоряки заминҳои ритсарҳо  дар дасташон боқӣ монда, қисмати дигараш гирифта шуд. Дар соли 1620 калвинистҳо ва соли 1621 лютеранҳо аз Чехия пеш карда шуда, аз донишгоҳи Прага ҳамаи донишомӯзон ва ҳайати омӯзгорӣ ронда шуда, он ба ордени иезуитҳо мутааллиқ гашт. Дар соли 1624 дар кишвар ҳамаи мазҳабҳои ғайрикатоликӣ манъ гашт. Ба ҳамаи протестантҳо пешниҳод гашт, ки то мӯҳлати муайян мазҳаби католикиро қабул намоянд. Дар соли 1627 дар Прага сейм ҷамъ омад, ки он дар таърих ҳамчун «Сейми мотамӣ» маълум аст. Ин сейм ҳамаи имтиёзҳои Чехия, «Грамотаи аълоҳазрат» ва ҳуқуқи интихоби королро бекор карда, забони немисиро забони судӣ ва ташкилотҳои давлатӣ эълон намуд. Рӯҳониёни католик ҳамаи имтиёзҳои то ҷангҳои гуситӣ доштаи худро барқарор карданд. Дар Прага инквизитсия ташкил гашта, бо ҳукми он 30 ҳазор оила аз ҷумла, олим ва педагоги машҳури чех Ян Амос Каменский, аз Чехия пеш карда мешаванд. Бо ин ба қувваҳои истеҳсолии мамлакат зарбаи сахт зада мешавад. Маданияти баланди чехҳо ба суқут мераваду забони чехӣ мавриди таъқиботи сахт мегардад.

Дар давоми Ҷанги Сисола Чехия ба майдони ҳаракатҳои ҳарбӣ мубаддал гашта, дар ин ҷо қариб то 40 ҳазор лашкар мавҷуд буд. Бо иҷозати Фердинанди II пан-католик Валенштейн сипоҳе ташкил кард, ки он аз ҳисоби халқ нигоҳ дошта мешуд. Ғоратгариҳои лашкарҳои шведӣ, немис ва франсавӣ, андозҳои вазнини давлатӣ, таъқиботи динӣ,  маҷбуриятҳои помешикон ва рӯҳониёни католик бешак аҳволи деҳқононро вазнин намуд. Бинобар он аз соли 1621 сар карда, дар манотиқи мухталифи кишвар шӯришҳои деҳқонон ба амал омад. Дар соли 1623 деҳқонони музофоти Раковнетс кӯшиш мекунанд, ки аз дасти лашкари императорӣ қалъаи Крживокладро озод намоянд. Ҳукумати габсбургӣ аз шиддатнокии шӯриш тарсида, ба шаҳрҳои зиёди Чехия лашкари худро ворид намуд. Дар соли 1626 чанд ҳазор деҳқон дар назди сарҳади Саксония шаҳри Коуржимро ба даст оварда, ба музофоти Градетс Каралов ҳаракат карданд. Дар ин ҷо ҳам чандин қалъаро ба даст оварданд. Ин шӯриш қариб тамоми Чехияи Шарқиро фаро гирифт.

Ҳамон сол дар мулкҳои Валленштейн – дар ноҳияҳои Либеретса ва Фридланд, дар ноҳияи Қалъаи нав ҳам шӯришҳои деҳқонон шуд, ки ҳамаи онҳо аз тарафи габсбургҳо бераҳмона пахш гардиданд.

Дар натиҷаи Ҷанги Сисола аҳолии Чехия аз 3 миллион то ба 800 ҳазор кам шуд. Савдо тамоман ба шикаст рафта, хоҷагии деҳот хароб гардид. Деҳқонон пурра вобаста карда шуданд.

        Маданияти Чехия. Маҳз бо пурзӯршавии реаксияи феодалӣ – католикӣ ва таъқиби забон, адабиёту мусиқии чехӣ, халқи Чехия маданияти миллии худро нигоҳ доштанд. Дар асрҳои XV-ХVI «Ҷамоаи бародарони чехӣ», ки онро дар нимаи дуюми асри XV нависанда ва файласуфи машҳури чех Пётр Хелчинский (1390-1460) асос гузошта буд, қувваи бузурги ҳаёти мадании мамлакат ҳисоб мешуд. Ин ҷамъият мактабҳои ҷамоавӣ ташкил карда, барои онҳо китобҳои махсуси дарсӣ тартиб медиҳанд. Таълим дар ин дабистонҳо бо забони модарӣ мегузашт. Дар омӯзиш ҳамаи донишӯён ҳуқуқи якхела дошта, онҳо ғайр аз таълим инчунин ба тарбияи ҷисмонӣ ҳам машғул буданд.

Аввалин нависандаи «Ҷамъияти бародарони чехӣ» гуманисти машҳури чехӣ, шоир, олим ва бастакор Ян Благослав (1523-1571) буд. Ӯ «Дар бораи пайдошиши ҷамоаи бародарӣ» ном рисолае навишта, дар он оид ба пайдоиш ва кори ин ташкилот маълумоти саҳеҳ додааст. Ян Благослав инчунин «Грамматикаи чехӣ»-ро навишта аст, ки дар он ӯ назарияи забони чехиро пурра кор карда аст. Я. Благослав инчунин мусиқишинос буда, дар соли 1558 «Мусиқӣ» ном рисола навишта, дар он дар бораи бастакорон, ҳофизон ва шоирон маълумот медиҳад. Я. Благослав ба тарҷума ҳам машғул буда, дар пешрафти маданияти Чехия ҳиссаи арзандаи худро гузоштааст.

Дар асри XVI ба Чехия таълимоти гуманистӣ низ паҳн мешавад. Дар мактабҳои шаҳр ба омӯхтани забони юнонӣ ва адабиёти қадима сар мекунанд. Дар асри ХVI «Гуманизми миллӣ» ном гурӯҳи гуманистон ба масъалаҳои таърих, ҳуқуқ ва забони чехӣ машғул мешаванд. Сардори ин гурӯҳ нависанда, ҳуқуқшинос ва олими машҳури чех Викторин Корнелий (1460-1520) буд. Асари ӯ «Даҳ китоб дар бораи ҳуқуқҳои судӣ ва ҷадвалҳои земствогӣ дар Чехия» (с. 1498) ба муносибатҳои иҷтимоии охири асри ХV бахшида шуда аст. Ин китоб ҳоло ҳам яке аз сарчашмаҳои муҳим дар бораи омӯхтани таърихи илми ҳуқуқи Чехия мебошад.

Беҳтарин шоир ва драматурги асри ХVI Микулаш Дачитский (1550-1626) мебошад, ки ӯ дар ашъор ва ҳаҷвияҳои хеш рӯҳониёни католикӣ ва панҳоро хеле схт мазаммат кардааст.

Дар асри XVI дар Чехия театр ҳам хеле инкишоф ёфт. Дар қасрҳои корол ва панҳо мазҳакаҳои класиккии Терентсий ва Плавт гузошта мешуданд. Дар ин вақт санъати мусиқӣ ва тасвирӣ ҳам хеле дар сатҳи баланд қарор гирифт.

Дар ин давра Чехия яке аз марказҳои муҳими  илмӣ дар Аврупои Марказӣ ба ҳисоб мерафт, дар ин ҷо фаъолияти якчанд олими маъруфи соҳаҳаои математика, ботаника, астрономия гузаштааст. Дар асрҳои XVI-ХVII дар Чехия классики машҳури педагогикаи дунё, асосгузори дидактикаи муосир Ян Амос Каменсикй (1592-1670) зиндагонӣ кардааст. Ӯ аъзои «Ҷамоаи бародарони чехӣ» ва охирин епископи он буд.

Дар асрҳои XVI-ХVII фанни таърих ривоҷ ёфт, намояндагони машҳури он Павед Скала (1580-1640) ва Павел Странский буданд.

Ҳамин тавр, маҳз дар давраи реаксияи феодалӣ-католикӣ маданияти халқи Чехия инкишоф ёфта, он мубориза барои истиқлолият бар зидди истилогаронро дар хеш хуб инъикос мекунад. Асорати сесадсолаи австриягиҳо маданияти чехро нест накард, зеро муҳофиз ва инкишофдиҳандаи он халқ буд.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.