Полша дар асрҳои XVI-ХVII

Сохти иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва сиёсии Полша.

Дар асри ХVI ба давлати Полша: Мазовия, Полшаи Бузург, Полшаи Хурд, Литва, Галитсия, ҷанубу ғарбии Рус, Пруссияи Ғарбӣ ва Шарқӣ, як қисми Ливония (Лифтландия) дохил мешуданд. Дар аввали ҳамин аср ин давлат қариб 5 миллион аҳолӣ дошт. Полша асосан давлати аграрӣ(кишоварзӣ) буда, саноат ва савдо хеле суст инкишоф меёфт. Дар натиҷаи кашфиёти бузурги ҷуғрофӣ ва забткориҳои туркҳо дар ҷанубӣ-шарқии Аврупо, Полша аз роҳҳои асосии савдои байналхалқӣ дур шуда, беш аз пеш ба мамлакати ақибмондаи аграрӣ мубаддал мегардид. Бинобар он ҳам аз Полша ба хориҷа бештар гандум, ҷав, зағир, пӯсту чарм, равған, чӯб, чорво бурда шуда, аз хориҷа газворҳои гуногун, маснуотҳои фулузӣ ва  ҳар гуна ашёҳои ороишӣ оварда мешуд. Ин пешрафти савдои маҳсулоти хоҷагии деҳот дар асри ХVI дар Полша ҳуқуқи крепостнойиро пурзӯр намуда, аҳволи деҳқононро бештар вазнин мекард. Сейм бо қонунҳои пайдарпайи худ деҳқононро ба крепостнойҳои қонунӣ табдил медод. Ҳокимият пурра ба дасти панҳо мегузашт. Агар қонуни соли 1543 ба помешик баргардонидани деҳқонони гурезаро ҷорӣ карда бошад, пас қонун аз соли 1573 рӯзҳои баршинаро бемаҳдуд гардонида, онро ба ихтиёри панҳо вогузор кард. Ҳуқуқи суд кардан низ пурра дар ихтиёри панҳо буд. Он пан – феодале, ки ягон деҳқони крепостнойро қатл менамуд, ғайр аз пардохти ҷарима, дигар ба ҷазое гирифтор намешуд. Помешик метавонист ҳамаи заминҳоро аз деҳқонони худ гирифта, онҳоро бе замин (чунин ҳуқуқ дошт) фурӯшад.

Дар нимаи дуюми асри ХV ва нимаи аввали асри XVI  дар Полша инкишофи шаҳрҳо ҳанӯз давом мекард. Дар ин даврон якчанд шаҳри нав, аз ҷумла Варшава пайдо шуда, шаҳрҳои кӯҳна монанди шаҳрҳои Краков, Люблин, Гданск боз ҳам тараққӣ мекунанд. Дар шаҳрҳо саноатҳои матобарорӣ, металлургӣ, коркарди пӯсту чарм, коғазбарорӣ, шишабарорӣ ва ғ… инкишоф меёфтанд. Ҳунармандон ва савдогарони немис оҳиста-оҳиста бо аҳолии маҳаллӣ омехта гашта, дар шаҳрҳо нақши худи полякҳо торафт баланд мешуд. Роҳи тиҷоратии Полша акнун тавассути дарёи Висла ва баҳри Балтика мегузашту роҳҳои савдоии назди Дунай ва соҳилҳои баҳри Сиёҳ дастнорас гашт, зеро ин бо ғасбкориҳои туркҳо алоқаманд буд. Молҳои савдоиро асосан маҳсулоти хоҷагии деҳот ташкил мекарданд, ки ин ба манфиати панҳо ва шляхтаҳо буда, ба шаҳриён ҳеҷ фоидае надошт. Ҳамчунин ҳукумати Полша аз хориҷа овардани молҳои саноатиро озод эълон карда, қисми сехҳои кишварро бастанд, ки ин барои шаҳриҳо шикасти калон маҳсуб меёфт. Бо ин кирдорҳои худ ҳукумат ва помешикон на фақат васешавии бозорҳои дохилӣ ва пайдоиши шаҳрҳои калони саноатиро боз медошт, балки хоҷагии шаҳрҳоро ба харобӣ расониданд. Дар натиҷаи ин мануфактураҳои навтаъсис ба нестшавӣ рафта, ташкилёби табақаи сеюми Полша тамоман вайрон карда шуд. Аз сабаби авҷгирии ҳуқуқи крепостноӣ ва аз ҷиҳати иқтисодӣ-сиёсӣ суст будани шаҳрҳо ҳокимият асосан ба дасти дворянҳо гузашта, садди роҳи бунёди ҳукумати мутамаркази мутлақ дар Полша гашт. Ҳокимияти королӣ хеле суст буда, ӯ лашкари доимӣ надошт. Дар вақти лозимӣ корол фақат ба сипоҳи ихтиёрии шляхтаҳо такя менамуд.

       Реформатсия ва контреформатсия дар Полша.

Дар солҳои 20-уми асри ХVI дар Полша низ таълимотҳои реформатсионӣ паҳн мешавад.  Ҷиҳати хислатноки ислоҳоти Полша аз он иборат буд, ки дар ин кишвар ақидаҳои гуногун, аз ҷумла таълимоти лютерӣ, калвинистӣ, гуситӣ ва ғ… роҳ ёфта, мавқеъ гирифтанд. Аммо реформатсия дар байни деҳқонон муваффақият надошт, онҳо бештар дар зери таъсири калисои католикӣ буданд. Иштирокчиёни ислоҳот дар Полша аслан дворянҳо ва қисман шаҳриён буданд. Аз ин сабаб ҳам реформатсия ғалаб накарда, ба муборизаи байни ҳамдигарии феодалон омехта шуд. Аз парокандагӣ ва суст будани ислоҳот истифода бурда, соли 1564 корол Сигизмунди II Август барои ба Полша воридшавии иезуитҳоро иҷозат дод.  Аз ин сабаб дар солҳои 80 ва 90-уми асри ХVI дар мамлакат суиқасди католикӣ пурра ғалаба кард ва аксари протестантҳо – дворянҳои Полша аз нав дар мазҳаби католикӣ қарор гирифтанд.

       Забткориҳои панҳои Полша.

Дар давраи ҳукмронии Сигизмунди II Август (1548-1572)  сарҳади Полша чанд маротиба васеъ шуд. Дар соли 1561 дар замони ҷанги Ливонӣ бо Иван Грозний Лифтландия ба Полша ҳамроҳ  карда мешавад. Барои давом додани ин ҷанг дар соли 1569 Полша бо Литва уния мебандад. Сейми якҷояи феодалони Полшаю Литва дар Люблин ҷамъ омада, Полшаю Литваро давлати ягона эълон карданд. Ба Полша ҳамроҳ шудани заминҳои Литва барои забткориҳои панҳои Полша дар Шарқ заминаҳои хубе муҳайё намуд. Дворянҳои Полша акнун имконият пайдо карданд, ки аз секуляризатсияи заминҳои калисоӣ даст кашида, диққати худро ба Шарқ- ба заминҳои Рус равон кунанд.

Дар соли 1572 ҳокимияти сулолаи Ягеллонҳо ба охир мерасад. Аз сабабе, ки охирин намояндаи ин хонадон Сигизмунд фарзанд надошт, панҳо дар интихобот тоҷи королиро ба шоҳзодаи Франсия Генрих Валуа доданд. Баъд аз якчанд моҳ Генрих бо номи Генрихи III  короли Франсия шуда ( пас аз вафоти бародараш Карли IХ), дар соли 1574 ҳукумат дар Полша ба дасти Стефан Баторий (1574-1586) мегузарад. Дар замони ҳукмронии намояндагони сулолаи нав – хонадони Ваза-Сигизмунди III (1587-1632) ва писари ӯ Владислави IV (1632-1648) ҳукумати Полша бо шведҳо ва русҳо якчанд ҷангҳои бемуваффақият гузаронида, дар натиҷа хеле  суст мешавад.

         Шӯришҳои халқӣ. Сохти сиёсии Полша дар асри ХVII.

Дар натиҷаи ҷанги байни Полшаю давлати Рус халқи Украина ба асорати панҳои Полша дучор шуда буданд, ки ин шӯришҳои казакҳоро ба вуҷуд овард. Аввалин шӯришҳои бузурги деҳқонони казак ҳанӯз дар солҳоли 90-уми асри XVI бо роҳбарии Косинский ва Наливайко шуда гузашт. Дар соли 1630 казакҳо бо роҳбарии Тарас Фёдорич ба лашкари бузурги полякҳо зарбаи сахт заданд. Дар соли 1635 казакҳои Запароже бо сарварии Сулима шаҳри Кодакро дар наздикии Запорожская Сеч ишғол карданд. Яке аз бузургтарин шӯришҳои халқи Украина ин шӯриши соли 1648 буд, ки роҳбарии онро ташкилотчӣ ва сиёсатмадори бузург Богдан Хмелнитский ба ӯҳда дошт. Дар мубориза бо панҳои Полша Б. Хмелнитский аз халқи рус ёрдам талаб намуд. Бо ташаббуси ӯ дар соли 1654 дар Переяслав аҳднома баста шуд, ки мувофиқи он Украина ба давлати Москва ҳамроҳ карда шуд.  Муборизаи якҷоя ва дурударози халқи Украина ва рус бо панҳои Полша ҳукумати Полшаро маҷбур кард, ки ба муборизон чанд гузашт карда, дар соли 1667 ба бастани сулҳ розӣ шаванд. Тибқи ин сулҳ шаҳрҳои Смоленск, Чернигов ва Киев ба Россия гузаштанд.

Пурзӯр будани истисмори крепостноӣ ва беҳуқуқии деҳқонон дар худи Полша ҳам чандин шӯру ошӯбро ба вуҷуд овард.  Дар аввали асри ХVII (дар солҳои 1615 ва 1630) дар воеводи Краков якчанд шӯриши деҳқонон ба амал омад. Дар байни ин шӯришҳо хусусан шӯриши соли 1617  хело ҳаҷми калон дошт, ки он якчанд ноҳияҳоро фаро гирифта буд. Яке аз марказҳои ин шӯриш воеводҳои Камишек (Полшаи Бузург) буд. Ҳамон сол дар Подчале – дар ҷанубии Полшаи Хурд шӯрише сар зад, ки роҳбарии онро Александр Костка Напрский ба ӯҳда дошт. Дар ин шӯриш ба ғайр аз деҳқонони Полша инчунин деҳқонони Украина ҳам иштирок доштанд. А. Костка бо Б. Хмелнитский алоқа дошта, муроҷиатномаҳои ӯро дар байни деҳқонон паҳн менамуд ва мехост, ки ҳуқуқи крепостноӣ бекор карда шуда, ҳамаи заминҳо ба деҳқонон дода шавад. Дар аввали моҳи июни соли 1651 шӯришгарон дар сарҳади Венгрия қалъаи Чорштинро ба даст дароварда, дигар бе ҳаракат интизори ёрдами венгерҳо шуданд. Аз ин карахтии шӯришгарон истифода карда, епископи Краков бо лашкари зиёде ба Чорштин ҳуҷум карда, пас аз се рӯзи муҳосира онро ба даст оварданд. А. Напрский ва дигар роҳбарони шӯриш дастгир ва дар шаҳри Краков қатл карда шуданд.

Дар давоми нимаи якуми асри ХVII дар Полша анархияи феодалӣ хеле пурқувват мешавад. Аз соли 1652 сар карда, дар сейми Полша чунин қоидае ҳукмрон мешавад, ки онро «Либерумвето» («Ветои озод») меномиданд. Мувофиқи ин қонун мебоист қарордоди сейм бо як овоз қабул карда мешуд. Норозигии фақат як депутат қабули қарордодро ғайриимкон мегардонид. Барои ҳамин ҳам дар сейм ҳал кардани ягон масъала хеле мушкил буда, он кори қонунбарории худро қариб қатъ намуд.

       Маданияти Полша дар асрҳои ХVI-ХVII.

Болоравии ҳаёти иқтисодии охири асри ХV ва аввали асри ХVI, инкишофи шаҳрҳо ва ба савдои байналхалқӣ ворид шудани Полша ба тараққиёти маданияти он таъсири калон бахшиданд. Дар асри ХV  ва хусусан дар нимаи якуми асри XVI донишгоҳи Краков ба яке аз марказҳои бузурги илм ва маорифи гуманистӣ мубаддал мегардад. Яке аз намояндагони машҳури ин донишгоҳ Николай Коперник (1473-1543) мебошад, ки ӯ низоми нави илмии гелиосентризмро ба вуҷуд оварда аст. Дар соли 1543 «Дар бораи ҷисмҳои осмонӣ» ном асари ӯ аз нашр баромад, ки он ҷамъбасти кори илмии 40 солаи ӯ буд.

Дар нимаи якуми асри ХVI адабиёт ҳам хеле инкишоф меёбад. Намояндагони бузургтарини нависандагони ин давра Николай Рей (1505-1569), Ян Кожановский (1530-1584), Андрей Фрич Моджевский (1503-1572) буданд. Агар Н. Рей дар «Тасвири ҳақиқии одами бовиҷдон» ном асараш ҳаёти вазнини шаҳриён ва деҳқононро нишон дода бошад, пас Я. Кожановский дар асари ҳаҷвиаш «Леший» шляхтаҳоро хеле сахт танқид кардааст. А. Моджевский дар китоби худ «Дар бораи ислоҳ карда шудани Реч Посполита» талаб мекард, ки мусодираи заминҳои калисоӣ гузаронида шуда, имтиёзҳои табақаи шляхтаҳо маҳдуд карда шуда, ба сейм намояндагони шаҳриён ҳам дохил карда шавад.

Машҳуртарин ҳайкалтароши ин давраи Полша Вит Ствош (1445-1533) буд.

Дар асри XVII баробари пастравии иқтисодӣ ва пурзӯршавии реаксияи феодалӣ – католикӣ маданият ҳам ба таназзул меравад. Мактабҳои мамлакат ба дасти иезуитҳо мегузарад. Дар донишгоҳҳо қисман схоластика барқарор мешавад.  Адабиёт бошад нақши пештараи худ – фош намудани камбудиҳои ҷомеаро аз даст дода, қариб дар ҳолати нестӣ қарор мегирад

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.