Фанни Таърих

Германия баъд аз сулҳи аугсбургӣ. Ҷанги Сисола

Аҳволи иқтисодӣ – иҷтимоӣ ва сиёсии Германия дар охири асри XVI ва аввали асри XVII.

Шикасти ҷанги деҳқонон дар соли 1525 ва ғалабаи князҳо дар Реформатсия қувваи феодалии ҷамъияти Германияро аз нав пурқувват гардонида, барои ба иқтисодиёти мамлакат дохилшавии муносибатҳои нави истеҳсолотӣ — муносибатҳои капиталистӣ, монеаи калон гардиданд. Баъд аз ғалаба аз болои деҳқонон, бюргерҳо ва император, князҳои немис парокандагии сиёсии империяро бо сулҳи динӣ – аугсбургии соли 1555 мустаҳкам намуданд, ки ин парокандагӣ, дар навбати худ, барои ривоҷёбии савдои дохилию хориҷӣ ва ташкилшавии бозори ягонаи дохилӣ халал мерасонид. Дар нимаи дуюми асри XVI кашфиёти бузурги ҷуғрофӣ ба ҳаёти иқтисодии Германия зарари калон расониданд: ин кишфиёт роҳҳои савдои байналхалқиро тамоман дигар намуда, Германияро аз онҳо дур сохтанд. Роҳҳои савдоие, ки дар асрҳои XIII — XV одатан аз Италия бо воситаи Германияи Ҷанубӣ ва Ғарбӣ ба Шимол мегузаштанд, дигар шуд. Голландия бошад савдои шаҳрҳои Ганзаро ба даст гирифта, худи онҳо ба мушкилоти иқтисодӣ дучор гардиданд. Дар аввали асри ХVII на танҳо савдои шаҳрҳои назди Рейн, балки тиҷорати баҳрии Германияи Шимолӣ низ ба Голландия вобаста шуд, ки ин ба ҳаёти иқтисодии умуман Германия зарбаи сахт буд.

Инкишофи шаҳрҳо, маҳрумшавии деҳқонон аз ашёҳои истеҳсолотӣ ва дар шаҳрҳои Аврупои Ғарбӣ ҷамъшавии деҳқонони ба пролетариат мубаддал гашта, талаботро ба ғалла ва дигар маҳсулоти хоҷагии деҳот зиёд гардонид, ки ин ба васеъшавии бозорҳои маҳсулоти хоҷагии деҳот ёрии калон расонид. Тавсеаи бозорҳо ва инкишофи муносибатҳои молию пулӣ дар ноҳияҳои Германияи Шарқӣ, ҳамчун яке аз манбаҳои бойи маҳсулоти хоҷагии деҳот, барои аз нав барқароршавии хоҷагии баршинагӣ ва «нашри дуюм»-и крепостнойӣ замина омода карданд. Баъд аз шикасти ҷанги деҳқонон дар асри ХVI раванди ба хоҷагии баршинагӣ гузариш ва крепостнойкунии деҳқонон боз ҳам пурзӯр мешавад. Ҳамаи савдои Германия Шарқӣ ба дасти помешикони он мегузарад. Барои ҳамин Ф. Энгелс ҷанги деҳқонони солҳои 1524-1525-уми Германияро дар таърихи кишоварзони ин кишвар давраи дигаргунӣ ҳисобида, навишта буд: «Аз ҳамин вақт сар карда, байни деҳқонони Германия вобастагии оммавии крепостноӣ боз барқарор мешавад».

Дар ҷанубу шарқии империя, дар заминҳои австриягии Габсбургҳо, дар натиҷаи паҳншавии васеъи сохти крепостнойӣ, нерӯмандии истисмор ва зиддиятҳои синфӣ дар деҳот тезутунд гашта, боиси сар задани шӯришҳо гашт.

Баҳори соли 1595 дастаҳои яроқноки деҳқонони Австрияи Боло якчанд деҳа ва шаҳракҳоро ишғол карда, пас аз ин ба шӯриш инчунин камбағалони шаҳр ва ҳунармандони деҳот ҳамроҳ гаштанд. Шӯриш ба Штирия, Австрияи Поён, қисман ба Бавария ва ба ноҳияҳои наздисарҳадии Швейтсария низ паҳн шуд. Тирамоҳи соли 1596 шӯришгарон ба лашкари ихтиёрии дворянҳо ва ашрофони шаҳр зарбаи сахт расонида, тамоми Австрияи Болоро ғайр аз шаҳри Линтс, ишғол карданд. Дастаҳои шӯришгарони Австрияи Поён бошанд ба Вена хатаровар гаштанд. Аз сабабе, ки қувваи ҳарбии ҳукуматӣ дар ҷанг бо туркҳо қарор дошт, ҳукумати Австрия аз пурзӯршавии ҳаракати деҳқонон тарсида, роҳи маккориро пеш гирифта, бо ошӯбгарон гуфтугӯро сар карда, ваъда доданд, ки як қисми талабҳои онҳоро иҷро мекунад. Пас аз ин дар байни шӯришгарон ҷараёни мӯътадили рост ба вуҷуд омада, онҳо бо сардории Георг Таш моҳи январи соли 1597 бо ҳукумат сулҳи муаққатӣ бастанд. Аз ин сулҳ истифода бурда, дворянҳо ва рӯҳониён дастаҳои бузурги ҳарбӣ ҷамъ оварданд, аммо қувваҳои деҳқонон пароканда гардид. Аз ин аҳвол истифода бурда, баҳори соли 1597 дворянҳо ва рӯҳониён муборизаро сар карда, ба шӯришгарони Австрияи Болою Австрияи Поён зарбаи сахт заданд. Георг Ташро дастгиру қатл карданд.

Ҳамин тавр, то охири соли 1597 шӯриши деҳқонони Австрия пурра пахш шуд. Ба қатли оммавӣ нигоҳ накарда, деҳқонон аз помешикон ва рӯҳониён қасос мегирифтанд. Дар Бавария ва дигар ноҳияҳои Германияи Ҷанубӣ ҳаракатҳои парокандаи деҳқонон то саршавии Ҷанги Сисола давом кард. Дар аввали асри ХVII табақаи ҳукмрони Германия зиддиятҳои деҳқононро бераҳмона пахш намуд.

Дар нимаи дуюми асри XVI парокандагии сиёсии Германия боз ҳам авҷ гирифта, князҳо дар мулкҳои хеш ба мутлакияти том соҳиб шуданд. Аммо дар дигар кишварҳои Аврупо, аз ҷумла дар Англия, Франсия, Испания ва давлати Рус раванди таъсисёбии давлатҳои мутамаркази мутлақ ба охир мерасиду Германия дар ҳолати пароканда боқӣ монд. Барои ҳамин К. Маркс Германияро пас аз сулҳи динии соли 1555 «Империяи масхрабозӣ» номида аст.

Вобаста ба гуногунии унвонҳои феодалӣ, аз байни собиқ вассалҳо табақаи нави дворянҳо ба вуҷуд омаданд, ки онҳо дар ҳамаи князгариҳо соҳиби ҳуқуқҳои мухталиф буданд. Ҳуқуқи асосӣ ва имтиёзноки онҳо пеш аз ҳама дар доштани заминҳои хусусӣ ва деҳқонони крепостной ифода меёфт. Барои истисмори деҳқонон ба дворянҳо тамоми шароитҳоро омода буд, аммо бе ёрдами князҳо, дворянҳо зиддияти деҳқонони крепостнойро бартараф карда наметавонистанд. Аз ин сабаб ҳам дворянҳо дар навбати худ сиёсати князҳоро ҳимоя менамуданд. Бузургтарин князҳои ин давраи империя Габсбургҳои австриягӣ буданд, ки қисми зиёди мулкҳои онҳоро вилоятҳои славянӣ ташкил мекарданд. Дар асри XVI ба мулки Габсбургҳо Австрия, Тирол, Каринтия, Крайн, Штирия ва чанд вилояти ҷанубу ғарбии Германия дохил мешуданд. Баъд аз соли 1526 ба қувваи ҳарбии чеху венгерҳо шикаст додани туркҳо, мулки Габсбургҳо аз ҳисоби королии Чехия ва Венгрия боз ҳам васеъ мешавад. Ҳамин тавр, дар асри ХVI барои мутлақияти давлати Австрия асос гузошта шуд.

Дар нимаи дуюми асри XVI нақши курфюрстҳо хеле баланд гашт. Пеш аз интихобот курфюрстҳо ҳар як номзадро маҷбур мекарданд, ки қаблан ваъдаҳои махсуси хаттӣ–сиёсӣ диҳанд. Ин ҳокимияти императорҳоро маҳдуд карда, худи онҳоро ба бозичаи дасти курфюрстҳо мубаддал мекард.

Дар аввали асри ХVII князҳо дар соҳаҳои ҳуқуқ, суд, сиёсатҳои иқтисодӣ ва калисоӣ тамоман мустақил гашта, аз ҳокимияти императорӣ озод гардиданд. Ин раванди пурзӯршавии ҳокимияти князҳоро ба назар гирифта, К. Маркс навишта буд, ки аз асри XVI сар карда, «таърихи Германия фақат аз таърихи бо роҳи ғораткунии империя мустаҳкамшавии ҳокимияти князӣ иборат мебошад» [1].

Муносибатҳои байналхалқӣ дар асри XVI. Аз охири асри XV Аврупо ба давраи нави муносибатҳои байналхалқӣ дохил шуд. То ин давра дар як қатор кишварҳо муттаҳидии пурраи сиёсӣ ба анҷом расида, барои таъсиси давлатҳои мутлақияти феодалӣ шароитҳо пайдо шуд. Кашфиёти бузурги ҷуғрофӣ, дастрасӣ ба мулкҳои нав барои кишварҳои аврупоӣ заминаҳои наверо вогузор намуд. Харитаи сиёсии Аврупо ба тағиротҳои зиёди иҷтимоию сиёсӣ дучор шуда, раванди пайдоиши капитализм беш аз пеш зуҳур карда, дар ҷамъият мавқеъи худро васеътар менамуд.

То оғози асри XVI Англия, Франсия, Испания, Португалия, Дания ва Шветсия ба комёбиҳои зиёде ноил гашта, дар онҳо ягонагии давлатӣ дида мешуд. Дар нимаи дуюми асри XVI дар рафти Инқилоби буржуазии Нидерландия ҶММ (Ҷумҳурии Музофотҳои Мутаҳида ё Республикаи Голландия) таъсис ёфт. Бо бунёди давлатҳои ягона характери сиёсатҳо низ тағир ёфта, мавқеъи асосиро дар ин айём «манфиатҳои давлатӣ» гирифт. Бо тавлиди монархияи мутлақ дар нақши аввал зиддияти байни давлатҳои бузург меистод, ки давлатҳои хурду миёна ба онҳо майл доштанд.

Зиддиятҳои байни давлатҳо ба бархӯрдҳои умумиаврупоӣ бурда мерасониданд, ки дар онҳо ба баландшавии тарафе роҳ дода намешуд. Пурқувватшавии як давлат, зидди ин давлат пайдо шудани давлати дигаре ё иттиҳодеро ба миён меовард. Низоми «таносуби сиёсӣ» таъсис дода мешуд ва он принсипи асосии муносибатҳои сиёсӣ гашт. Ҳамзамон асри XVI даврае буд, ки хизматҳои дипломатӣ ба қайд гирифта мешуданд ва ҳамзамон ташкилотҳои маҳаллию марказӣ, ки ба сиёсати хориҷӣ хизмат мекард дар шакли нав зери назорат гузашт.

Институтҳое таъсис ёфтанд, ки намояндагони дипломатиро омода сохта, дар баробари он иерархияи дипломатӣ таъсис ёфт. Королҳои Франсия, Англия, Испания барои ҳайати сафирони худ эҳтирому иззати хоссеро талаб менамуданд ва ҳуқуқи таъини сафарҳоро на ҳар давлат дошт.

Дар давраи ҳукронии папа Лева Х (1513-1521) ба намояндагони доимии папа Нунсиатура дар кишварҳои мухталиф асос гузошта шуд. Аз соли 1513 сар карда, папа намояндагони доимии худро дар Германия, Англия, Франсия таъин кард. Баробари ба қайдгирии ҳизмати дипломатӣ зиёфатҳои нави дипломатӣ ташкил ёфта, ташрифоту русумоти дипломатӣ шакл гирифт.

Ҳуқуқҳои байналхалқӣ низ таъсис меёфт. Дар соли 1582 Балтазар Айала дар асари худ «Оид ба ҳуқуқҳои ҷанг ва ташкилотҳои ҳарбӣ» таълимотеро дар бораи сафирон тартиб дод.

Дар асри XVI дар муносибатҳои байналхалқӣ тағиротҳо хеле зиёд шуданд…

Дар шароити таъсисёбии давлатҳои миллӣ ва монархияҳои мутлақ тезутундии муносибатҳо бештар мегашт. Сабабҳои, ки ба ҷанҷолҳои байналхалқӣ асос мегузошт ин масъалаҳои сарҳадҳо, муборизаҳои сулолавӣ, мубориза барои монополияҳои савдо, мубориза барои азхудкунии роҳҳои баҳрӣ, бозори ашёи хому бозорҳои воридоти молӣ, азхудкунии замин, мустамликаҳои нав ва ғ… буданд.

Дар асри ХVI дар Аврупо се гиреҳ (ё масъалаҳои ҳалнашуда)-и муқобилияти байналхалқӣ пайдо шуд:

1) бархӯрди манфиатҳои савдоӣ-мустамликавии Испания аз як тараф, Англия ва Франсия аз тарафи дигар, ки ба ҷанги байни Франсия ва Италия (1494-1559) ва Англияю Испания(1587-1588) оварда расонид.

2) муносибатҳои мутақобила байни давлатҳои аврупоӣ ва империяи Усмонӣ.

3) муборизаи байни кишварҳои Аврупои Шимолӣ барои ҳокимият дар баҳри Балтика.

Асоси зиддиятҳои франку-габсбургӣ ва англо-испаниро аз як тараф даъвои император Карли V барои ҳукмронии тамоми Аврупо ва баъдан дахолати Филиппи II ба корҳои дохилии дигар кишварҳо ташкил медод, аз тарафи дигар манфиатҳои миллии давлатҳои Франсияю Англия буд.

Сиёсати хориҷии Франсия дар асри XVI як дараҷае мавқеъи ин давлатро дар иҳотаи мулкҳои Карли V муайян менамуд. Франсия мехост ин иҳотаро рахна созад ва ба ҷои аз ҳама заифи рақиб ҳамла намуд. Оқибати мусбати ин ҷанг барои Франсия он гашт, ки аз иҳотаи ҳудудҳои Габсбургҳо баромада тавонист…

Зиддияти Англияю Испания асосан барои ҳукмронӣ дар уқёнуси Атлантика ба ҳисоб мерафт. Дар ин ҷанг (соли1588) Англия ғалаба намуда, аз охири асри XVI барои ин давлат имкониятҳои зиёде фароҳам омад. Ғалабаи Англия ин оғози тантанаи капитализме буд, ки акнун соҳиби қудрат мешуд…

Яке аз марказҳои хатари асосӣ дар Аврупо сиёсати агресивии империяи Усмонӣ ва фаъолиятҳои дипломатии он ба ҳисоб мерафт. Ин давлат бо пурзӯршавии худ беш аз пеш ба давлатҳои Аврупо таҳдиди рӯирост дошт. Лек ин хатар ба иттифоқи зидди усмонии кишварҳои аврупоӣ наоварда, балки баъзе аз ин давлатҳо дар сиёсатҳои хориҷии худ аз империяи Туркия истифода мекарданд. Аз ҷумла ҳангоми ҷангҳои италиявӣ(солҳои1494-1559) Франсискои I бо султон Сулаймон гуфтушунидҳои махфӣ оғоз карда, дар соли 1536 аввалин шартнома баста шуд.

Гиреҳи сеюми муносибатҳои байналхалқӣ дар баҳри Балтика инъикос меёфт. Барои ҳукмронӣ дар он байни чанд давлат амалиётҳои ҳарбӣ оғоз шуд: Дания ва Шветсия(1563-157), Полшаю Литва ва давлати Рус.

Ҳамин тавр масъалаҳои ҷойдошта сабаби муноқишаи умуми-аврупоии Ҷанги Сисола гашт.

Ташкилшавии иттифоқҳои ҳарбӣ-сиёсӣ. Мусодираи молу мулки калисоӣ яке аз сабабҳои нерӯмандии ҳокимияти князҳои протестантӣ буд. Аммо ба ин нигоҳ накарда, дар якчанд князиҳо ва хусусан дар Бавария калисои католикӣ мавқеи уствор дошт. Барои мулкҳои сарватманди калисоӣ байни протестанҳо ва католикҳо зиддияти доимӣ мавҷуд буд. Дар солҳои 1582-1584 барои мансаби архиепископии Кёлн байни протестанҳо ва католикҳо ҷанг сар зада, дар он католикҳо ғалаба карданд. Баъд аз ин дворянҳои протестантӣ маҷбур шуданд, ки мулкҳои калисоӣ ва ҳокимиятро ба дворянҳои католик диҳанд. Дар соли 1608 князҳои протестанти Германияи ҷанубӣ ва ғарбӣ иттифоқи ҳарбӣ-сиёсӣ – «Унияи Евангелӣ»-ро ташкил карданд, ки роҳбарии онро курфюрст Пфалский ба ӯҳда дошт. Дар солҳои 1609-1610 ба ин Иттифоқ инчунин ландграф Гессенакт, курфюрсти Бранденбург ва чанд шаҳр ҳамроҳ мешаванд.

Бар зидди ин иттифоқ дар соли 1609 бо ташаббуси герсоги Бавария Максимилиан иттиҳоди дигари ҳарбӣ–«Лигаи католикӣ» ташкил меёбад. Ба «Унияи Евангелӣ» короли Франсия Генихи IV ва ба «Лигаи католикӣ» короли Испания тарафдорӣ мекарданд, ки ҳар ду тараф ҳам баробар ба ҷанг тайёрӣ медиданд.

Шӯриши соли 1618 дар Чехия ва саршавии Ҷанги Сисола.

Дар натиҷаи авҷи реаксияи католикӣ дворянҳои Чехия бо ёрии шаҳриҳо бар зидди Габсбургҳо муборизаро сар карданд. Император Рудолфи II аз ин ҳаракат тарсида, маҷбур гардид, ки ба феодалони протестанти Чехия чанд гузашт намояд, аз ҷумла ӯ барои дар амал татбиқ кардани сабукии дар соли 1609 дар «Грамотаи аълоҳазрат» додаи худ розӣ гардид. Мувофиқи он рӯҳониёни ғайрикатолик ҳам метавонистанд калисоҳои худро бунёд намоянду соҳиби ташкилотҳо бошанд. Ба протестантҳо иҷозат дода шуд, ки дар донишгоҳи Прага кору таҳсил намоянд. Аммо рӯҳониёни католики немис барои татбиқи имтиёзҳои «Грамотаи аълоҳазрат» ҳар гуна монеаҳо эҷод мекарданд. Дар натиҷаи ин ва боз ҳам пурқувватшавии асорати миллӣ ҳамаи табақаҳои ҷамъиятии Чехия бо ҳам муттаҳид шуда, бар зидди Габсбургҳо бархостанд. Роҳбари ин ҳаракати миллӣ–озодихоҳӣ дворянҳо буданд. 23 майи соли 1618 шӯришгарон аз тирезаи қасри Прага намояндагони императориро ба замин партофта, ҳукумати миллии худро дар ҳайати аз 30 директор ташкил карданд. Ин шӯриш дар Чехия сабабаи оғози Ҷанги Сисола гардид, ки бо он қариб ҳамаи мамлакатҳои Аврупо иштирок дошта, ба ду лагер тақсим шуданд.

Аъзоёни лагери якум императори Германия, князҳои католики империя ва короли Испания буда, кӯшиш мекарданд, ки дар ҳама манотиқ ҳукмронии равияи католикиро барқарор намоянд.

Иштирокчиёни лагери дуюм Чехия, Дания, Шветсия, Франсия ва иттифоқчиёни онҳо Англия, Голландия ва чанд давлати дигар буданд, ки онҳо паси ҳам ба ҷанг ворид шуданд. Аз ин сабаб Ҷанги Сисола(1618-1648) ба чор давра тақсим мешавад: 1)давраи чехӣ (1618-1624), 2)давраи даниягӣ (1625-1629), 3) давраи шведӣ (1630-1635) ва 4) давраи франко-шведӣ (1635-1648).

Давраи чехии Ҷанги Сисола.

Тавре зикр шуд, дар санаи 23 майи соли 1618 дар Чехия бар зидди Габсбургҳо шӯриш сар зад ва ин оғози Ҷанги Сисола гашт. Шӯришгарони чех муборизаи худро давом дода, дар соли 1619 қариб то шаҳри Вена расиданд. Аммо ҳукумати навташкилии Чехия аз қонеъ кардани талабҳои деҳқонон саркашӣ карданд, ки ин яке аз сабабҳои асосии шикасти ҳаракати миллӣ-озодихоҳонаи Чехия гардид. 8-уми ноябри соли 1620 дар муҳорибаи назди Кӯҳи Сафед лашкари «Лигаи католикӣ» ба қувваи ҳарбии Чехия зарбаи сахт расонида, реаксияи католикӣ дар ин кишвар азнав пурра барқарор гашт. Дар Чехия суиқасдҳои хунин гузаронида шуда, мулкҳои дворянҳои протестантӣ мусодира карда шуд. Дар ин давра империяи Габсбургҳо рақиби худро шикаст дода тавонист.

Давраи даниягии Ҷанги Сисола. Баъд аз ғалаба аз болои Чехия гурӯҳи мамлакатҳои католикӣ боз ҳам пурзӯр шуданд. Ба он папаи Рим ва Полша кӯмак карданд, аммо чунин ҳолат барои на танҳо Франсия, Голландия балки барои Англия, Дания, Шветсия ва давлати Рус хатар ва зарари ҷиддӣ дошт. Аз ин рӯ бо кӯшиши сарвазири Франсия кардинал Ришеле дар соли 1625 ба муқобили Габсбургҳои Австрия ва Испания байни Англия, Голландия ва Дания аҳднома баста шуд, ки аз ин давра Ҷанги Сисола характери ҷанги умумиаврупоиро гирифт. Ба ҷанг Дания дохил гардид. Короли он Кристиани IV бо ёрии Англия ва Голландия лашкаре ҷамъ намуд, ки шумораи он нисбат ба теъдоди қувваҳои ҳарбии «Лигаи католикӣ» зиёдтар буд. Сарлашкари «Лигаи католикӣ» граф фон Тилли аз Фердинанд хоҳиш намуд, ки барои зиёд намудани лашкар ёрии молиявӣ расонад. Аммо Фердинанд ин хоҳишро қонеъ накарда, нақшаи заминдори калони Чехия Албрехт Валленштейнро қабул кард. Тибқи ин нақша лашкар мебоист танҳо аз ҳисоби оммаи халқ, аз ҳисоби ғорат кардану ғаниматҳои ҷангӣ нигоҳ дошта мешуд. Дар аввал барои ғорат кардани ин лашкар чанд музофоти Чехия ҷудо карда шуд. Пас аз тарафи ин сипоҳ ё ба қавли К. Маркс аз ҷониби ин «малахҳои Валленштейн» ғорат гаштани Чехия, император ба ғорат кардан музофотҳои навбатии Швабия ва Франконияро ҷудо кард. Пас аз ташкили лашкари зархаридону роҳзанони Валленштейн, ӯ ба тарафи шимол ҳаракат карда, ҳамаи Германияи шимолиро ишғол кард. Аз хатари ҳуҷуму ишғоли Ютландия аз тарафи лашкари Валленштейн короли Дания Кристиани IV тарсида, дар шаҳри Любек бо ӯ сулҳ баст. Мувофиқи он ҳар ду тараф аз нав ба барпо кардани шароитҳои давраи тоҷангӣ розӣ шуданд. Ғайр аз он, Кристиани IV ӯҳдадор шуд, ки ба корҳои империяи Габсбургҳо дахолат накунад.

Ба ивази хизматҳои худ А.Валленштейн герсогии Мекленбург ва унвони «адмирали баҳри Балтика ва Уқёнус»-ро гирифт. Аммо дар соли 1630 бо талаби князу баъзе афсарони олимартаба Фердинанд маҷбур мешавад, ки А. Валленштейнро аз вазифаю унвонҳояш озод кунад.

Давраи шведии Ҷанги Сисола. Шикасти Дания рақибони империяи Габсбургҳоро қонеъ карда наметавонист, аз ин рӯ ба ҷанг давлати Шведсия ворид карда шуд. 17 сентябри соли 1631 шведҳо бо роҳбарии короли худ Густави II Адолф дар назди Лейпсиг аз болои лашкари Тилли ғалаба карда, шаҳрҳои Мюнхен, Улм ва Аугсбургро ишғол намуд. Барои ин гуна муваффақиятҳои Густав Адолф ҳаракатҳои зидди-габсбургии шаҳриён ва деҳқонони Чехия, муборизаҳои деҳқонони Германия ёрӣ расонид. Аммо ғоратгариҳои лашкари короли Шветсия боиси дар соли 1632 дар Швабияи Боло сар задании шӯриши калони деҳқонон гашт. Дар натиҷаи ин шӯриш Г. Адолф маҷбур мешавад, ки баҳори соли 1632 ҳуҷуми худро дар ҷанубии Германия қатъ намояд. Пас аз ғалаба аз болои лашкари фон Тилли, Г. Адолф сардори протестантҳои немис шинохта шуда, лоиҳаи федератсияи князҳо ва шаҳрҳои протестантӣ ба вуҷуд омад. Дар ҳамин шароит император ба А. Валленштейн аз нав ҳокимияти бемаҳдуд дода, аз ӯ талаб мекунад, ки ҳамчун сарфармондеҳ сипоҳи нав ҷамъ оварад. 16-уми ноябри соли соли 1632 дар назди Лютсенаи Саксония ҷанги сахт байни рақибон шуда, А. Валленштейн шикаст хӯрда, ба Чехия ақиб менишинад. Гарчанд дар ин муҳориба корол Г. Адолф кушта шуд, лекин лашкари ӯ ҳамчун ғолибон дар Германия ҳукмрон буд. Канслери шведҳо Аксел Оксеншер кори королро давом дода, соли 1633 иттифоқи князҳои протестантиро ташкил намуд. А. Валленштейн гарчанд лашкари садҳазора дошт, аммо ҳеҷ коре намекард. Бинобар ин император ӯро аз вазифаи сарлашкарӣ гирфта, соли 1634 А. Валленштейн дар натиҷаи суиқасди афсарон кушта шуд.

Моҳи сентябри соли 1634 лашкари якҷояи императорию испанӣ дар назди Нёрдлинген ба шведҳо зарбаи сахт расониданд. Пас аз ин ғалаба иттифоқчиён – католикҳо вилоятҳои протестантии Пфалтс, Гессен ва Вюртенбернгро ғорат карданд. Баъди шикасти шведҳо бошад, князҳои протестанти немис ба онҳо хиёнат карда, ба император майл намуданд. Кардинал Ришеле аз ин аҳвол бохабар гашта, барои пешгирӣ кардани раванди муттаҳидии князҳои немис Франсияро ба ҷанг дохил мекунад. Давраи чоруми ҷанг сар мешавад.

Давраи франко-шведии Ҷанги Сисола.

Пеш аз оғози ҷанг кардинал Ришеле соли 1635 иттифоқи байни Франсияю Шветсияро барқарор кард. Ҳамон сол лашкари франсавиҳо дар Германия, Италия ва Испания ба ҳуҷум гузашт. Ғайр аз Шветсия, Голландия ва Венетсия низ иттифоқчии Франсия буданд. Гарчанд ба тарафи император якчанд князҳои протестантӣ гузашта буданд, аммо қувваи ҳарбии ӯ нисбат ба рақибонаш суст буда, кишвар низ дар ҳолати хароби иқтисодӣ қарор дошт.

Дар давоми солҳои дарози ҷанг задухӯрдҳои калон хеле кам шуданд. Тобистони соли 1642 дар муҳорибаи назди Брейтенфелд (наздикии Лептсиг) шведҳо ба артиши императорӣ зарбаи сахт зада, ҳамаи артиллерияро бо захираҳояш ба даст оварданд, ки ин ғалабаи бузург буд. Пас аз он шведҳо шаҳри Лейптсигро ишғол карданд. Баҳори соли 1643 бошад лашкари франсавиҳо дар назди Рокруа испаниҳоро мағлуб карданд. Баҳори соли 1645 шведҳо боз лашкари Габсбургҳоро шикаст дода, дар ин муҳориба немисҳо 7 ҳазор касро аз даст дода, 70 байрақи ҷангӣ ба дасти шведҳо афтод, ки ин вазъияти Габсбургҳоро душвор гардонид.

Дар солҳои охири ҷанг лашкари франсавиҳо бо роҳбарии Тюренн аз Нидерландия ҳуҷумро сар карда, бо воситаи Рейн, Майнс, Швабияи Боло ва Франкония то сарҳади Бавария омаданд. Дар ин ҷо ҳам франсавиҳо ба сипоҳи императорӣ чандин зарбаи даҳшатнок зада, лагери католикҳо ба мағлубияти пурра наздик шуд.

Сулҳи Вестфал ва оқибатҳои Ҷанги Сисола.

Дар охирҳои солҳои Ҷанги Сисола (соли 1640) дар Англия Инқилоби буржуазӣ ба амал омада, ба авзои Аврупо таъсиррасон гашт. Ҳукумати Франсия аз комёбиҳои он ва аз таъсири ин инқилоб ба кишвараш тарсида, ҳамаҷониба кӯшиш мекард, ки гуфтугӯи ҷанги тӯлониро бо тезӣ тамом кунад. Дар натиҷаи маҷбуркунии князҳои Германия, ки онҳо ба сустшавии ҳокимияти марказии императорӣ ҳавасманд буданд, император Фердинанди III барои қабул кардани шартҳои вазнини сулҳ розӣ мешавад. 24-уми октябри соли 1648 дар як вақт дар шаҳрҳои Мюнстер ва Оснабрюк гуфтугӯҳо анҷом ёфт, ки бо номи сулҳи Вестфал маълум аст.

Сулҳи Вестфал сарҳадҳои мамлакатҳои Аврупои Ғарбӣ ва Шимолиро тағир дод. Мувофиқи он ба Шветсия: Померанияи Ғарбӣ, як қисми Померанияи Шарқӣ, шаҳрҳои Штеттину Висмар, ҷазираи Рюген, архиепископии Фердену Бремен гузашта, инчунин ин давлат контрибутсия (товонои ҷанг) дар ҳаҷми 5 млн. талерро рӯёнид. Бо ин шведҳо баҳри Балтикаро ба кӯли Шветсия табдил дода, қариб ҳамаи резишгоҳҳои дарёҳои киштигарди Германияи Шимолиро ба зери назорати худ мегиранд. Шветсия ба қатори давлатҳои бузурги Аврупо дохил гардид.

Мувофиқи сулҳи Вестфал ба кишвари дигари ғолиб-Франсия: ҷанубии Элзас, епископҳои лотарингии Метс, Тул, Верден, шаҳрҳои Зундгау ва Хенегау гузашт.

Курфюрсти Бранденбург қисман Померанияи Шарқиро соҳиб шуда, ҳокимони Мекленбург, Гессен-Кассел низ ҳудуҳои худро васеъ намуданд.

Сулҳи Вестфал парокандагии Германияро боз ҳам мустаҳкам кард. Он ҳуқуқи князҳои немисро барои бо ҳамдигар ва бо кишварҳои хориҷӣ бастани иттифоқҳо ва пешбурди сиёсати мустақилонаи хориҷӣ ба инобат гирифт.

Ҷанги Сисола ва сулҳи Вестфал ба Габсбургҳои Испания ва Австрия зарбаи калон расонид. Нақшаҳои реаксионии онҳо барои дар Аврупои Ғарбӣ нест кардани натиҷаҳои ҳаракатҳои реформатсионӣ ва Инқилоби буржуазии Нидерландро тамоман барбод дод. Ҷанги Сисола бо ғалабаи протестантҳои Шветсия ва католикҳои Франсия ба охир расид. Дар натиҷаи сулҳи Вестфал Голландия ва Иттифоқи Швейтсария ҳамчуни давлатҳои мустақил сазовори эътирофи умум гардиданд. Испания тамоман аз умеди дар Голландия барқарор кардани ҳокимияти худ маҳрум гардид. Ҷанги Сисола ва давоми мубориза байни Франсияю Испания ба феодалон имконият надод, ки онҳо ба муқобили Инқилоби буржуазии Англия (солҳои 1640-1660) интервенсия ташкил кунанд.

Ф. Энгелс ба натиҷаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии сулҳи Вестфал барои Германия чунин баҳо додааст: «… гузашт кардан ба манфиати Франсия; ҷойгиршавии Шветсия ва Дания дар Германия; ҳуқуқ барои дахолаткунии абарқудратҳои кафил; тамоман афтидани ҳокимияти марказӣ, ҳуқуқ барои исён ба муқобили император, ҷанги байниҳамдигарӣ ва хиёнат ба ватан… Князҳои немис барои дар хориҷа ба таври фоидаовар фурӯхтани худ байни ҳамдигар мусобиқа намуда, аз сулҳи Вестфал манфиатдор мешаванд»[2].

Сулҳи Вествал парокандагии сиёсии Германияро ба муддати 200-сол нигоҳ дошт. Ҷанги Сисола деҳқонони Германияро хонавайрон карда, онҳоро бештар ба феодалон вобаста карда, аҳолӣ дар баъзе ҷойҳо 10-баробар кам шуда, хоҷагии деҳот ва саноат дар ҳолати ногувор қарор гирифт. Умуман Германия боз якчанд даҳсолаи оянда низ ҳамчун давлати пароканда ва ақибмондаи Аврупо боқӣ монд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Похожие статьи

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *