Таъсисёбии давлати карфаген. Маълумоти умумӣ дар бораи карфаген

Маълумоти умумӣ дар бораи карфаген

Ягон баҳре дар Ғарб ба рушди баҳрнавардӣ мисли баҳри Миёназамин мусоидат карда наметавонист.  Дар ин ҷо якчанд намуди шароит бо ҳамдигар ҳамоҳанг буданд – шумораи зиёди ҷазираҳо, иқлими кифоятан гарм ва ниҳоят, ҷуғрофияи соҳилҳои баҳр. Дар баробари ин, дар соҳилҳои ин баҳр заминҳои барои кишту кор қуллай, масолеҳи бинокорӣ, аз ҷумлаи ҷангалзорҳо ва ғайра хеле кам буданд. Аз ин рӯ, худи табиат карфагениҳоро маҷбур мекард, ки ризқу рузии худро аз баҳр пайдо намоянд.

Ҷазираҳои зиёд пайваста ва муттасил ба мардум имконият фароҳам оварданд, ки як аз ҷазира ба ҷазираи дигар бо қаиқҳои оддӣ шино карда, баҳрнавардиро аз худ кунанд. Чунин шинокунӣ дар масофаҳои кӯтоҳ одамонро барои баромад ба баҳри кушод тайёр мекарданд. Дар азбаркунии баҳри Миёназамин, дар байни довталабон нақши аввал, бегуфтугу, дар дасти критиҳо буд.

Дар бораи флоти критиҳо таърихшиносон маълумоте надоранд, вале аниқ аст, ки флоти хеле хуб доштанд. Сокинони Пелопоннес – ахейҳо, ҷойгирони критиҳо мешаванд. Тамадуни онҳо ҳам бо Миср ва ҳам бо Шарқи баҳри Миёназамин робитаҳои васеъ дошт, ки он эҳтимол асосан тиҷорати баҳрӣ буда метавонист. Баъди барҳамхурии қасрҳо дар Крит зиёда аз панҷсад сол дар баҳр финикиягиҳо ҳукмронӣ мекарданд.

Дар ҳазорсолаҳои II – I п.а.м. финикиҳо дар баҳри Миёназамин ҷузъи асосии пайвасткунандаи халқҳои баҳри Миёназамин ва минтақаҳои нисбатан рушдёфтаи Осиёи Пеш буданд. Ин робита асосан, аз як тараф, дар мубодилаи манбаъдҳои табиӣ (маъдан, чӯб) ва, аз тарафи дигар, савдо ва мубодилаи маснуоти косибӣ ифода меёфт. Ба хотири  таъмини эътимодноки ин мубодила, инчунин харидории ғуломон, дар тамоми ҳавзаи баҳри Миёназамин финикиҳо мустамликаю давлатҳои соҳибистиқлол ташкил менамоянд. Яке аз чунин мустамликаҳо, гӯё ки бо амри таърих бошад, Карфаген мешавад.

Шоҳаншоҳии баҳрии Карфаген давлати хеле пурқувват буда, дорои флоти  бузургтарин, қаламрави паҳновар ва дар қисмати ғарби баҳри Миёназамин таъсири беандоза калон дошт. Ҷангҳо бо Карфаген барои римиҳо санҷиши хеле ҷиддӣ ба шумор мерафтанд ва дар онҳо баъзе лаҳзаҳое низ буданд, ки давлати Рим дар ҳолати барҳамхурӣ қарор дошт. Баъди ин ҷангҳо то тохтутози варварҳо, римиҳо мисли Карфаген рақиби пурзур рӯ ба рӯ нашуда буданд. Беҳуда нест, ки таърихнигори Рим Тит Ливий, ки ҷанги Римро бо Карфаген ба қалам додааст, навишт  буд: “Ман дар бораи он ҷанге менависам, ки нисбат ба ҳамаи ҷангҳои ягон вақтҳо ба амал омадагӣ сазовори дар хотирҳо нигоҳ  доштанро дорад, ҷанге, ки карфагениҳо бар зидди халқи Рим карда буданд. Охир, то ҳол ягон вақту замон давлат ва халқҳои пуриқтидор бар зидди ҳамдигар яроқ набардошта ва худашон то ҳол ба чунин қуввау қудрат соҳиб нашуда буданд…”.

Дар мавриди омӯхтан ва ё тадриси таърихи Карфаген муҳаққиқон бо чанд сабаб дар бораи мансуби Шарқ ва ё Ғарб будани ин давлат он қадар баҳс намекунанд, ки ин сабаб дорад: 1) дар вақташ Карфаген мустамликаи ташкилкардаи финикиҳо буд, ки ин мустамликадор (метрополий) дар шарқи баҳри Миёназамин воқеъ гардида буд, аз ин рӯ, бо боварии том метавон онро мамлакати шарқӣ гуфт; 2) Карфаген дар асрҳои аввали мавҷудияташ мустамликаи Финикия буд ва робитаҳои гуногуни ин давлат дар таърихи он ҳузур дорад; 3) Карфаген ҳамчун шаҳр ва ҳам давлат қисме аз қаламраваш дар Африқои Шимолӣ ҷойгир буд, биноан, аз ин дидгоҳ он ҳам мамлакати африқоӣ асту ҳам мамлакати шаркӣ; 4) дар даврае, ки Карфаген ба империяи мустамликавӣ табдил меёбад, бештари қаламрави он дар ҳавззаи баҳри Миёназамин Аврупои ғарбӣ ва Аврупои Шимолӣ воқеъ гардида буд, аз ин рӯ, дар ин вақт он давлати аврупоӣ буд; 5) Чунин ҳузур доштан, аз қабили тарзи давлатдорию мазмуни фарҳанг, аз он ҷумла, эътиқодоти динӣ ва ҷиҳатҳои дигари давлатдорӣ Карфагенро ба давлатҳои пешқадами Аврупои қадим низ наздик карда буд; 6) Дар империяи Карфаген аз фарҳанги халқҳои маҳаллӣ дида нуфузи фарҳанги ғарбӣ, аз он ҷумла забонҳои юнонию лотинӣ нуфузи зиёдтар доштанд. Бо ин сабабҳо ва сабабҳои дигар мо чунин мешуморем, ки империяи Карфаген давлати ғарбӣ буд, вале дар айни замон бо давлатдорӣ, фарҳангу тафаккури шарқӣ ва ғарбӣ.

Тавре маълум аст, маданияти антиқа ва Аврупои асримиёнагӣ на карфагенӣ, балки лотинӣ буд. Ин зуҳурот бо он сабаб рух додааст, ки дар вақташ римиҳо тавонистанд рақиби бузургу хатарноктарини худ КАрфагенро торумор карда, ба мавҷудияти он хотима диҳанд. Сарфи назар аз ин, Карфаген яке аз давлатҳои пуриқтидортарини дунёи қадим буд, аз ин рӯ. он таърихи бой дошта, сазовор аст, ки онро омӯхта, маърифати таърихии худро васеъ намоем.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.