Асосёбии шаҳр – давлати карфаген

Дар замонҳои қадимтарин дар соҳилҳои шарқии баҳри Миёназамин қабилаҳое скунат доштанд. ки пойтахти онҳо дар соҳили ин баҳр воқеъ гардида буд ва Тир ном дошт. Онҳо баҳрнвардони моҳир буда, ба ҷойҳои дуру  наздик ба сафар баромада, бо халқу давлатҳои зиёд муносибатҳои тиҷоратӣ доштанд, аз он ҷумла бо Миср, Сурия, Фаластин Юнон ва қабилаҳои сокини соҳилҳои Африқои Шимолӣ низ. Замоне фаро мерасад, ки давлати Финикия рӯ ба тараққӣ мениҳад ва шоҳҳои он даст ба васеъ кардани давлати худ мезананд ва чун юнониҳо дар ҳавзаи баҳри Миёназамин шаҳр-давлатҳои мустамликавии худро бунёд мекунанд. Вилояти калонтарини мустамликагардонии финикиҳо Африқои Шимолӣ буд. Дар ин ҷо, дар қаламрави Туниси ҳозира, финикиҳо якчанд шаҳр бунёд мекунанд ва дар байни онҳо Карфаген – аз забони финикиягиҳо “Карт – Хадашт” низ буд, ки он маънии “Шаҳри нав”-ро дорад, шояд дар муқобили мустамликаи нисбатан қадимтари финикиҳо – Утика чунин номгузорӣ шуда бошад.

Мувофиқи шаҳодати қиссаҳо шаҳри Карфагенро шоҳдухтар Элисса (Дидона)-и аз шаҳри Тир фироркарда бунёд кардааст.  Сабаби ба ин ҷо фирор кардани ин шоҳдухтар ин будааст, ки бародари Элисса Пигмалион, ки шоҳи Тир будааст, шавҳари ӯ Сихеяро барои он қатл мекунад, ки сарватҳои ӯро аз они худ кунад. Ин аст сабаби асосии фирор кардани ин шоҳдухтари ҷасур.

Дар тамоми тули таърихи Карфаген сокинони он бо кордонию ақлу заковати худ машҳур буданд. Мувофиқи қиссае дар бораи асосгузории шаҳри Карфаген, дар ин ҷо ба Дидона иҷозат доданд, ки пораи заминеро бигирад, ки онро пӯсти гов базур пӯшонида метавонист, лекин ӯ пӯстро ба тасмаҳои борик бурида, мувофиқи он замини калонеро соҳиб мешавад. Ин аст, ки истеҳкоми дар ин ҷо бунёдкарда номи Бирса,яъне “пӯст”-ро гирифтааст.

Хеле пеш аз бунйди мустамликаҳои пунӣ дар баҳри Миёназамин киштиҳо аз Миср, Юнон ва аз Крит гаштугузор мекарданд. Бебарории сиёсӣ ва ҳарбии ин давлатҳо тахминан аз соли 200 п.а.м. ба финикиҳо имконияти мусоиди озодии амалро дар баҳри Миёназамин ба миён овард, ки финикиҳо малакаю моҳорати баҳрнавардӣ ва тиҷоратиро пайдо намоянд. Аз соли 1100 то соли 800 п.а.м. финикиҳо дар амал дар баҳри Миёназамин  ҳукмрон буданд, танҳо баъзе киштиҳои юнониҳо ба он ҷо ҷуръати баромаданро мекарданд. Финикиҳо заминҳоро дар ғарб то соҳилҳои уқёнуси Атлантикии Африқо ва Аврупоро таҳқиқ намуданд, ки баъдтар донишҳои дар натиҷаи ин кор бадастомада ба Карфаген лозим шуданд.

test

Добавить комментарий