Фанни Таърих

Ташаккулёбии империяи карфаген

Вилояти асосии мустамликагардонии Финикия Африқои Шимолӣ буда, дар қаламрави имрӯзаи Тунис финикиҳо якчанд якчанд шаҳр бунёд карданд, ки яке аз онҳо Карфаген буда, шояд дар муқобил бо номи хеле қадимтари мустамликавиии Утика бошад.

Мувофиқи сарчашмаҳои қадимтарин шаҳр-давлати мустамликавии Карфагени финикиҳо дар солҳои 825 – 823 п.а.м. аз тарафи одамони баромадашон аз шаҳриТир бунёд карда шудааст. Бо шарофати мавқеи ҷуғрофии қуллай Карфаген хеле барвақт ба маркази миёнарави тиҷоратӣ табдил ёфта, дере нагузашта бо мамлакатҳои Шарқи баҳри Миёназамин, ҳавзаи баҳри Эгей, Италия ва Тартес алоқаҳои зич пайдо менамояд. Аз ҳама муҳимаш он аст, ки Карфаген аз шаҳр-давлати мустамликавии финикиҳо ба давлати соҳибистиқлоли ҳавзаи баҳри Миёназамин табдил меёбад.

 

 

Парчам ва Нишони Карфаген

 

Дар асри VIII п.а.м. вазъи мустамликаҳои Финикия дар қисмати Ғарби баҳри Миёназамин ба куллӣ тағйир меёбад. Якум, Кипр ва Финикияро забт кардани давлати Ошур онҳоро аз метрополий ва он мустамликаҳое ҷудо кард, ки пештар аз назари сиёсӣ ба метрополий сахт вобаста буданд. Ин ҳолат онҳоро ба мамлакатҳои соҳибистиқлол мубаддал кард. Дуюм, дар ин замони мустамликагардонии бузурги юнонӣ оғоз меёбад ва юнониҳо ба як қатор мустамликаҳои бунёдкардаи худ (Сиракуза, Наксос, Катана, Леонтина ва дигарҳо) такя карда. тоҷирони финикиро аз бозорҳои ғарбӣ фишор дода бароварданд. Дар ин шароит нерӯе лозим буд, ки ба юнониҳо муқобилият нишон дода, манфиатҳои финикиягиҳоро ҳимоя кунад.

Кушиши ташкили чунин қувваро финикиҳо борҳо карда буданд. Масалан, дар Ситсилия мустамликаҳои Финикия – Панорм. Солунт ва Мотия – давлати муштаракро ташкил намуда, бо элимҳо иттифоқ мебанданд. Бино ба хабари Павсания ва Диодор, вақте ки юнониҳо (баромадашон аз Кинда ва Родос) дар соли 580 п.а.м. кушиш ба харҷ доданд, ки дар заминҳои ин давлат сокин шаванд, аммо аз тарафи қӯшунҳои иттифоқи элимию финикӣ торумор карда мешаванд. Чунин иттиҳодияи дигар иттиҳодияи шаҳрҳои финикӣ дар ҷанубии нимҷазираи Пиреней буд, ки дар асрҳои VII – VI п.а.м. вуҷуд доштааст. Дар дасти таърихнигорон дар бораи ин иттиҳод ягон маълумоте мавҷуд нест, танҳо маълум аст, ки Гадес ва баъзе шаҳрҳои дигаре, ки ба ин иттиҳоди давлатҳо дохил буданд, муддати дуру дароз бо Тартесс рақобат доштаанд.

Эҳтимол давлати Карфаген низ аз ҳамин гуна иттиҳод сабзида расида бошад. Дар аввал ин иттиҳод танҳо аз Карфаген ва ва Утика иборат будааст. Карфаген дар марҳалаи барвақтаи худ дар баҳри Миёназамин нақши калонеро иҷро намекард. Вале дар оғози асри VII п.а.м. ин шаҳри дорои маркази муҳими косибӣ ва савдо буд, ки он дере нагузашта бо тамоми баҳри Миёназамин дар робитабуда мубаддал мегардад.. Вазъи қуллаи ҷуғрофӣ, болоравии савдо, ба зиёдшавии аҳолӣ сабаб шуда, дар робита ба ин ноҳияи нави шаҳрӣ бо номи Мегара бунёд ва васеъ шуда, дар баробари ин дар соҳили он бандари сунъии Котон ва дар пайвастагӣ бо ин бандар бандари махсус барои флоти ҳарбӣ сохта мешавад.

Карфагени дар ихтиёраш манбаю захираҳои зиёди моддӣ ва инсонӣ дошта, кушиш ба харҷ медодагӣ шуд, ки аз ҳудудҳои Африқо берун барояд.. Ин мақсади Карфаген, пеш аз ҳама, дар мустамликагардонии ҷазираҳои Питиус ва ташкили мустамликаи Эбесс дар соли 664 п.а.м. ифода ёфт. Ин навоҳӣ чун анъана дар зери таъсири Тартесс буда, дар ин ҷо пайдошавии карфагениҳо маънии оғози муборизаи Карфаген бар зидди Тертессро дошт. Дар мубориза баҳри ишғоли мавқеи ҳукмрон дар савдои қалъагаӣ, нуқра ва тилло, дар нимаи дуюми асри VII п.а.м. Карфаген Гадес ва баъд бо гузашти вақт мустамликаҳои дигари финикии дар ҷанубии нимҷазираи Пиреней воқеъбударо низ ишғол менамояд.

Дар асрҳои VIII – VII п.а.м. Карфаген дар соҳилҳои баҳри Миёназамини Африқои Шимолӣ ва инчунин дар ҷазираи Эбес (Эбузус) якчанд мустамликаи худро бунёд мекунад. Бунёди мустамликаҳо ҳокимияти Карфагенро дар роҳҳои тиҷоратии ҷанубтар аз нимҷазираи Пиреней мустаҳкам мекунад, инчунин ин муваффақият ба Карфаген имконият фароҳам овард, ки аз шаҳр ҳамон намояндагони поёнии иҷтимоиеро барорад, ки метавонистанд бар зидди ҳукмронӣ ва истисморгарии ашрофон баромад кунанд ва ё бетартибӣ ташкил намоянд.

Дар ҷараёни мубориза бар зидди юнониҳо ва тартессиҳо, ки дар асри VII п.а.м. барои мустамликаҳои финикии дар Ғарби баҳри Миёназамин воқеъбуда хатарнок буданд, иттиҳодияи шаҳрҳои Финикӣ ба вуҷуд меояд, ки дар байни онҳо Карфаген мавқеи афзалиятнокро дошт. Ҳамин тариқ, Карфаген худаш мустамликаи Тир бошад ҳам, барои чандин мустамликаи нисбатан хурди финикӣ дар Ғарбии баҳри Миёназамин ба метрополий мубаддал мегардад. Дар соҳилҳои халиҷи Туниси дорои заминҳои серҳосил ва мавқеи қуллайи ҷуғрофӣ ва аз шамоли сахти бандар эмин воқеъгардида, Карфаген ба маркази фаъолияти мустамликагардонӣ мубаддал мегардад. Сарфи назар аз он, ки он вақт Карфаген дар вобастагӣ бо Тир қарор дошт, он дар амал аз мустақилияти пурра истифода мебурд. Карфаген метавонист дар Африқои Шимолӣ якчанд шаҳр-мустамликаҳои финикиро ба худ тобеъ кунад. Ин аст, ки Карфаген қабилаҳои сершумори либиягиро ба худ тобеъ карда, давлати дорои қаламрави хеле калону паҳноварро ташкил мекунад.

Марҳалаи дуюми ташаккули давлати баҳрии Карфаген дар марҳалае сурат мегирад. ки Карфаген бар зидди сардарории Фокей ба минтақаи ғарбии баҳри Миёназамин мубориза мебурд. Ба ин сардарорӣ дар соли 600 п.а.м. дар резишгоҳи дарёи Родана бунёд карда шудани мустамликаи Массалия ҳусни оғоз бахшида мешавад. Дар асри VI п.а.м. фокейиҳо бо Тартесс иттифоқ мебанданд. Карфагениҳо кушиш карданд, ба ин иқдом муқобилият кунанд, дар лекин авввал ба шикаст дучор мешаванд (дар боби 13 китоби 1 худ Фукидад дар бораи ғалабаи фокейҳо маълумот додааст). Баъд аз ба сари ҳокимият омадани Магона “банизомдарории урдаҳои ҳарбӣ” – иваз намудани фидоиёни халқӣ бо ҷузъу томҳои кироя сурат мегирад. Ин вақт бо этрускҳо низ иттифоқ баста мешавад. Ҳамаи ин тадбирҳо имконият доданд, ки вазъи барои Карфаген ноқуллай барҳам дода шавад. Ҳамин тариқ, дар муҳорибаи назди Алалия, соли 537 п.а.м. карфагениҳо ва этрускҳо фокейҳоро торумор карда. онҳоро маҷбур месозанд, ки Корсикаро тарк намоянд. Шояд ин иттифоқ баъди торумори фокейҳо даст ба Тартесс мезананд. Дере нагузашта дар музҳорибаи назди Алалия ба шикаст дучор шуда, хароб карда мешавад.

Дар Ситсилия Карфаген баҳри ҳимояи манфиатҳои мустамликаҳои финикӣ дар солҳои 60 – 50 асри VI п.а.м. дар зери роҳбарии Малха бар зидди мустабидҳо бо номҳои Акрагант ва Гимера Фаларида ҷанг мекард. Экспедитсияи Малха ба Ситсилия ба таҳким бахшидани (агар на ба ташкил кардани) ҳукмронии Карфаген дар қисмати шимолу ғарбии Ситсилия оварда расонид. Вале лашкаркашии Малха ба Сардиния бебарор буд: аз сардҳо шикаст мехурад. Ин бебарорӣ ба воридшавии минбаъдаи Карфаген ба Сардинияро мушкил гардонид. Дар он ҷо Карфаген ду мастамлика – Каларис ва Сулхро ташкил намуд. Дар охирҳои асри VI – оғози асри V п.а.м. карфагениҳо бо сардҳо ҷангҳои шадид карданд. Дар бораи ҷангҳои шадиди онҳо бошишгоҳҳои дар охирҳои асри VI – оғози асри V п.а.м. харобгардидаи сердҳо, аз он ҷумла шаҳрҳои калон аз қибили Ангела Рей, шаҳодат медиҳанд. Вале, бо вуҷуди ин, ба Карфаген муяссар нашуд ки сардҳоро пурра тобеи худ гардонад.

Сарчашмаҳои таърихӣ муттаҳидшавии мустамликаҳои финикиро инъикос накардаанд, вале дар ин ҷо мубориза бар зидди юнониҳою либиягиҳо сурат мегирифт. Ҷангҳои дуру дароз бар зидди юнониҳо дар байни Кирена ва Карфаген ба амал омада, бо муқаррар карда шудани сарҳад дар маҳаллаи Муктари воқеъ дар соҳилҳои Сиртаи Калон ба анҷом расиданд. Бо либиягиҳо бошад, карфагениҳо дар тули якчанд аср ҷанг карда. гоҳ дастболо шуда ва гоҳ шикаст мехурданд. Танҳо дар асри V п.а.м ба Карфаген муяссар шуд ки дар Либия музофоти ба худ тобеъро ташкил диҳад.

Ҳамин тариқ, ташаккули давлати баҳрии Карфагенро метавон ба ду марҳала тақсим кард:

1.Давраи ташкили иттиҳодияҳои шаҳрҳои Финикия.

2.Давраи вусъатноки ҳуҷуми Карфаген ба Испания, Ситсилия ва Сардиния.

Дар бораи ташкил ва сохтори давлати баҳрии Карфаген маълумоте нест. Дар асоси қарордоди байни Ганнибал ва Филиппи V дар ҳайати давлати Карфаген чунин ҷузъҳоро номбар кардан мумкин аст:

1) шаҳрҳое ки қонунҳояшон бо қонунҳои шаҳру музофотҳои зери протекторати Карфаген қарордошта як хел мебошанд;

2) он қаламраве, ки “заминҳои таслимшуда“ ном гирифтаанд;

3) Утика – иттифоқчии қадимтарини Карфаген

Карфаген вазифаи муттаҳидкунандаи шаҳрҳои сершумори соҳилҳои шимолии Африқо иҷро мекард, Ташкили ин иттиҳодия дар баробари дигар мақсадҳо вазифаи мубориза бар зидди юнониҳоро низ иҷро менамуд, ки дар асри VIII п.а.м.ва баъди ин аср ҳам ба таври хеле фаъолона ба қисмати ғарбии баҳри Миёназамин воридшавӣ оғоз карда буданд. Барои ин дар ихтиёри худ вуҷуд доштани федератсия пурзӯр кифоя набуд, дар баробари ин бояд Карфаген дар навоҳии ғарбии баҳри Миёназамин низ нуқтаҳои такягоҳӣ медошт.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Похожие статьи

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *