Фанни Таърих

Пайдоиши Дини Ислом

Пайдоиши ислом ва мохияти мардумии маданияти мусулмонӣ.

Арабхо дар асри vi мелоди бўхрони муносибатхои авлоди патриархалиро аз сар мегузарониданд. Дар арабистон қабилахои бисёре зиндагимекарданд, ки хамеша байни хамдигар душманидошта, ҷанг мекарданд ва хар яки онхо худои худро (бут) парастиш мекарданд ва ягонагибайни онхо дида намешуд. Хуллас, онхо дар холати xохилия зиндагимекарданд.

Дар хамин шароит соли 570 Муҳаммад ба дунё меояд ва соли 610 аввалин маротиба дар бораи мавҷудоти худои ягона (оллох) дар байни қабилаи худаш (қурайш) дар ш.макка баромад мекунад. Дар аввал мардумони араб ақидаи ўро қабул накарданд ва нисбати Муҳаммад душманизохир намуданд. Вале, дар натиҷаи фахмондадихива дертар зўроваритамоми қабилахои араб ғояи вуҷуд доштани худои ягонаро қабул намуданд ва бо тавассути идеологияи дини ислом тамоми қабилахо муттахид гашта, давлати бузурги хилофати араб пайдо гардид, ки дар тўли асрхои сонибисёр мамлакатхои дунёро ба зери итоати худ даровард.

Хамин тавр, дини ислом пайдо шуда, дар натиҷаи забткорихои араб, қариб нисфи ҷахонро фаро гирифта, ба дини ҷахонитабдил гашт. Аз таърих ба мо маълум аст, ки халқхои осиёи миёна аз он xумла, тоҷикон зидди арабхо муқобилияти сахт нишон доданд. Лекин ба хамаи ин нигох накарда, онхо дар зери асорати идеологияи арабхо боқимонданд, ки имрўз зухуроти онро мушохида менамоем. Дар натиҷаи пайдоиш ва пахншавии ислом мафхумхои гуногун ба вуҷуд меоянд, ки хар яки онхо мазмуни ботинива зохиридоранд.

«ислом» аз калимаи арабӣ, маънои луғавии итоаткор ва мутеъро дорад, ки маънои васеи он ифодакунандаи марому мақсади ин дин аст ва он дар таълимоташ эхсос мешавад. Табиист, ки хангоми пайдоиши ислом тамоми xараёни абстраксиониё таxрид (яъне ба хам даромехтани мафхумхо, мураккаб гардидани онхо) ба як худои пуриқтидор интиқол ёфтани хамаи маxмўи атрибутхо – сифатхо ва мушаххасоти табиива ҷамъиятии худохои зиёд, ки он дар навбати худ инъикоси инсони абстракт аст, дар як фосила – замони махдуд ба вуқўъ напайвастааст. Тавхид дар воқеъ, дар xараёни рушди маънавии инсон ихтирое буд, ки қарнхо пеш аз пайдоиши ислом ба вуҷуд омада буд, танхо ислом либоси тозае ба он пўшонд ва унсурхову тобишхои наве илова кард.

Мафхуми нави «мусулмон» пайдо мешавад, ки дар забони арабимаънои садоқатманд, вафодорро дорад. Хар шахсе, ки пайрави дини ислом аст, худро мусулмон меномад.xамоаи мусулмониаз давраи пайдоишаш барои дар як чорчўбаи муайяни ахлоқинигох доштани пайравони ислом мавқеи бузург дорад.

Мафхуми «маданияти мусулмонӣ» дорои мазмуни хеле васеъ аст ва аниқ маънидод кардани он хеле мушкил аст. Масалан, сунна, шариат, тафсир, шарх, қиёс ва ғайра. Хар яке аз ин мафхумхо тадқиқу тахлили ҷудогонаро талаб менамояд. Яке аз хусусиятхои маданияти мусулмонион аст, ки хангоми дарки ин ё он ходисаи маданӣ, таърихӣ, сиёсива алалхусус диниақлу фаросатро талаб менамояд.

Дар маданияти мусулмониахлоқи ормонии инсон ба xои аввал гузошта мешавад ва хар як шахс бояд кўшиш намояд, ки ба инсон ва ҷамъият кўмак расонад, пеш аз он ки ба худи ў кўмак расад. Эҷодиёти бадеӣ, адабиёт, архитектура,санъати тасвирива хунармандиаз нуқтаи назари ислом характери доимидошта, инсон қодир аст, ки бо қудрати худо онхоро такомул дихад. Ислом, ба хотири пурра аз бутпарастидур шудан ва ғояи тавхидро амалигардонидан тасвири акси инсон ва хайвонотро манъ намуд. Аз нуқтаи назари таълимоти ислом худо зебо аст ва аз ин рў зебогиро дўст медорад. Пас, он неъматхои моддию маънавие, ки вай офаридааст зебост. Ин гуфтахо мавқеи эстетикии исломро инъикос менамояд.

Хамин тавр, дар натиҷаи пайдоиши ислом меъмории махсуси мусулмони(масҷид), мафхуми минтақаи мадании мусулмони(географияи ислом), анъанаи тафсири қуръон ва шархи адабиёти бадеӣ, «адаба»- адабиётхои бузурги арабизабон ва нихоят тасаввуф ба вуҷуд меоянд.

0 Загрузки

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Похожие статьи

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *