Сохти сиёсӣ ва идораи давлати карфаген
Ин замон Карфаген давлати ашрофӣ (олигархӣ) буд, ки дар он ҳокимият дар дасти гурӯҳбандиҳои алоҳидаи ашрофони тиҷоратию кишоварзие қарор дошт, ки барои ҷои авввал дар таъсир ва ҳокимияти давлатӣ пайваста дар байни худ мубориза мебурданд.Аҷаб нест, ки дар миёнаҳои асри IХ п.а.м. дар Карфаген ҳокимияти шоҳӣ низ мавҷуд буд: дар сарчашмаҳои таърихӣ асосгузори афсонавии Карфаген Элисса ном бурда шудааст, ки дар бораи ӯ дар поёнтар сухан хоҳад рафт. Вале баъди вафоти ӯ дар натиҷаи ҳолати ба мо номаълум ҳокимият ба Шӯрои даҳнафара мегузарад. Дар баробари ин мақоми давлатӣ, шӯрои кӯҳансолон низ вуҷуд доштааст. Дар нимаи дуюми асри VI п.а.м. лашкаркаш Малх дар Карфаген диктатураи ҳарбии худро муқаррар мекунад, ки ӯ ба ихтиёриён такя мекардааст. Вале ин ҳокимият дуру дароз вуҷуд надошта, бо диктатураи ашрофии Магониҳо иваз карда мешавад, ки он ба қӯшунҳои кироя такя мекардааст.
Дар миёнаҳои асри V п.а.м. дар баробари аз ҳокмият маҳрум шудани Магониҳо ашрофони Карфаген низоми идораи “ҷумҳурияви)-ро ташкил менамоянд. Шӯрои даҳнафара ба Шӯрои синафара табдил дода мешавад, Ҳайати Шӯрои кӯҳансолон низ васеъ (то сесад нафар) расонида мешавад. Ин давлат як навъ ҷумҳурии ашрофии (олигархии) ғуломдориро мемонд.
Дар худи Карфаген ҳам дар сари ҳокимият ашрофон (аристократия) нишаста буданд. Кулли низоми маъмурӣ ва низоми дастгоҳи давлатӣ, ки дар асри V п.а.м. ташаккул ёфта буд, ҳукмронии ҳамин ҳокимиятро таъмин менамуд. Мақоми олии ҳокимияти давлатӣ шӯро буд, ки он аз ҳисоби одамони ашроф ва бой пурра карда мешуд, дар дохили шӯро як навъ “раёсат” (“президиум”) (“пешсафанд”, “пиртаранд”) вуҷуд дошт, ки дар аввал аз даҳ нафар иборат буда, баъдтар, шояд дар асри V п.а.м. бошад, аз 30 нафар иборат мешавад. Дар Шӯро масъалаҳои ҳаёти шаҳрӣ – аввал дар маҷлиси “раёсат” ва баъд дар сатҳи ниҳоӣ дар худи шӯро муҳокима карда мешуданд.
Маҷлиси халқӣ зоҳиран яке аз унсурҳои таркибии сохти давлатии Карфаген ба ҳисоб мерафт. Вале дар амал бошад, ба он ҳамчун ба довар (арбитр) ҳамон вақте муроҷиат мекарданд, ки шӯро аз ӯҳдаи қабули қарори ҳамоҳангшуда баромада наметавонист. Дар миёнаҳои асри V п.а.м махсус барои он, ки пеши роҳи ба вуҷуд омадани диктатураи ҳарбӣ гирифта шавад, шӯро дар ҳайати 104 нафар ташкил карда мешавад, ки шахсони амалдор ба он ҳисоботдиҳанда буданд. Аъзои ин шӯроро комиссияи иборат аз панҷ нафар (пентархия) таъйин мекард ки онҳо аз тариқи ҷойивазкунӣ (кооптация) мувофиқи нишонаи мансубият ба авлоди аристократӣ (ашрофӣ) пурра карда мешуданд.
Дар Карфаген мақомоти дигари дастаҷамъонаи ҳокимият вуҷуд доштанд, масалан, комиссияи иборат аз даҳ нафар, ки корҳои ибодатхонаҳоро пеш мебурд.
То ҳол низоми мигистратҳои Карфаген ба мо номаълум аст; онҳо дар шаҳр вазифаҳои ҳокимияти иҷроияро ба ҷо меоварданд. Ба он ду нафар суффетҳо (тарҷума аз финикӣ “додхоҳҳо”, юнониҳо онҳоро “шоҳҳо” меномиданд) роҳбарӣ мекарданд ки онҳоро ба мӯҳлати як сол интихоб мекарданд. Ғайр аз суффетҳо барои пешбурди амалиётҳои ҳарбӣ, бисёр вақт лашкаркашони махсусе таъйин карда мешуданд, ки дар як вақт магистратҳои шаҳрӣ набошанд. Эҳтимол доираҳои ҳукмрони финикӣ кушиш мекарданд, ки ба дар як даст муттаҳид гардидани ҳокимияти ҳарбӣ ва шаҳрвандӣ роҳ надиҳанд, гарчанде баъзан дар дасти як шахс муттаҳид шудани ҳокимияти суффет ва лашкаркаш рух медод.
Сарчашмаҳо хазинадорони шаҳриро низ ёдовар шудаанд. Метавон тахмин кард, ки рӯйхати ашхоси мансабдор дар ҳокимияти давлатии Карфаген бо ин ба охир намерасад. Як қисми вазифаҳо дар асосҳои ҷамъиятӣ иҷро карда мешуданд. Ҳамин тариқ, масалан, иҷрои вазифаи магистратҳо бе маош буда, агар он бо музди меҳнат мешуд, пас маблағи калонро тақозо мекард. Мансабҳои давлатӣ танҳо ба намояндагони табақаҳои болоии ҷомеа, ки маблағҳои калони пулӣ доштанд, дастрас буданд. Чун дар мавриди пурракунии мақомоти дастаҷамъонаи ҳокимият, дар мавриди интихоби шахсони мансабдор қоидаи танҳо интихоб намудани шахсони сарватманд ва ашрофон, бечунучаро иҷро карда мешуд.
Ҳамин тариқ, доираҳои демократии аҳолӣ – кормандони сершумори кироя, косибон, савдогарони хурду миёна, пурра аз пешбурди корҳои давлатӣ маҳрум карда шуда буданд. Гузашта аз ин, одамони баромадашон аз ин табақаҳо умед дошта наметавонистанд, ки ягон вақту замоне “ба боло” баромада метавонанд: дар баробари маблағ, сатҳи (сензи) ашрофӣ, яъне мансубият ба табақаи ҳукмрон зарур буд.
2.НИЗОМИ ҲАРБИИ КАРФАГЕН
Дар ҳаёти сиёсии Карфаген таҳияи қӯшун нақши махсусро иҷро мекард. Дар ин ҷо баъди шикасти Малх аз фидоиёни халқӣ даст кашиданд ва асоси артиши пуниро ҷузъу томҳои аскарони кироя ташкил намуданд ва чӣ тавре, ки дар боло ҳам гуфта шуд, ба кӯшун либиягиҳоро низ маҷбуран сафарбар менамуданд. Камбудии чунин низоми таҳияи қӯшун худ аз худ маълум аст: қӯшуни кироя на барои ватан ва на барои ғоя, балки барои маош, барои имконияти ғорат кардани шикастхурдагон ҷанг мекарданд. Ба онҳо танҳо дар ҳамон вақте такя кардан мумкин аст, ки лашкаркашӣ ғалабаовар пеш рафта истода бошад; мушкилоти ҷангӣ, шикастхурӣ, норасоии хурду хурок, сару либос, мавқуф мондани маош, фаъолияти ҷангии қӯшуни кирояро хеле беэътиод мегардониданд. Истифодаи қӯшуни кроя ҷанбаи муҳими сиёсати дохилӣ дошт: оммаи халқи аз хизмати ҳарбӣ барканоркарда, қодир набуд, ки рушди воқеаҳоро ба манфиати худ истифода барад.
Флот дар Карфаген нақши муҳимро иҷро мекард. Он аз ҷиҳати шумора 200 – 300 киштиро таҳкил мекард. Аксарияти онҳо қаиқҳо буданд. Яке аз қалъаҳои мустаҳкамтарин худи шаҳри Карфаген ба ҳисоб мерафт. Шаҳри Карфаген аз наздикиҳои Мегара (яънемегаполис) ва шаҳри кӯҳна иборат буда, ба воситаи девори рӯ ба рӯ ҷудо шуда, истеҳкоми Кирсу ва бандарро низ дар бар мегирифт. Охирин, дар навбати худ, ба ду бандари ҳарбӣ – Кофон ва бандари тиҷоратиро дар бар мегирифт. Бандари ҳарбӣ имконият дошт 220 киштии калонро ғунҷонад; барои онҳо болопӯши махсус сохта шуда буд. Дар мобайни Кофон ҷазирае воқеъ гардида буд, ки дар он бандарҳо,силоҳхона ва мағозаҳо ҷой гирифта буданд. Дарозии давродаври шаҳр то 29 километрро ташкил мекард Аз хушкӣ шаҳр бо девори сеқабата ҳимоя карда шуда буд: Девори дарунӣ девори якум буда, 13, 5 метр баландӣ дошта, баъди ҳар 140 – 175 метр манораҳои чорқабатаи баландиашон 18-метра сохта шуда буданд, ки онҳоро ҳамчун мағоза истифода мебурданд Ба ин девор биноҳои дуошёна пайваст карда шуда буданд, ки дар онҳо гарнизони то 24.000 — нафараро ғунҷонида мешуд, саисхона барои 4000 асп ва саисхона барои 3000 фил, инчунин мағозаҳои хӯрокворию лавозимоти дигари ҳарбӣ мавҷуд буданд. Девори дуюм низ сангин буд, вале он манораҳои андозаашон хурдтар дошт.
Девори қадқади он бораи боғоти гулзор ва дар пеши он ҳандақи чуқури пуроб мавҷуд буд. Дар ҳамаи ин чор девори давродаври Карфаген ҳамагӣ чор дарвоза насб карда шуда буд. Аз тарафи баҳр девор якқабата ва дар наздикии он соҳилҳои васеи барои фуровардани молҳо қуллай мавҷуд буданд.
3.МУСТАМЛИКАЗАБТКУНИИ КАРФАГЕН
Оғози мустамликазабткунӣ аз тарафи Финикия сурат гирифта буд, вале Карфаген дар ин ҷо фаъолияти пурзӯри мустамликагардониро вусъат медоданд. Мустамликаҳои Финикие, ки дар соҳилҳои шимолии Африқо (Утака, Гипп, Лептис-Минор, Лептис-Магиа) влқеъ гардида, ба ҳайати шоҳаншоҳии Карфаген дохил мешуданд, сохтори иҷтимоию сиёсии ба Карфаген наздик доштанд ва, мумкин аст аз мухторияти дохилӣ истифода бурда ва аз савдои худ ба ҳукумати Карфаген андози боҷ мепардохтанд.
Дар миёнаҳои асри VII п.а.м. карфагениҳо дар ҷазираҳои Балеар низ ҷогир мешаванд ва дере нагузашта баъди ин ба ҷазираи Сардиния роҳ меёбанд. Дар охирҳои асри VII – оғози асри VI п.а.м. аллакай муборизаи Карфаген бо юнониҳо барои Ситсилия мубориза шадид оғоз меёбад, ки дар маҷмӯъ он зиёда аз се садсола давом мекунад Дар нимаи аввали асри VI п.а.м., карфагениҳо қисми зиёди Ситсилияро забт карданд. Ва то охирҳои ин аср воридшавии фаъолонаи онҳо ба Испания оғоз меёбад. Дар натиҷаи ин мустамликаҳои кӯҳнаи Тир ба тобеияти Карфаген мегузаранд ва мустамликагардонӣ дар дарунтари нимҷазираи Пиреней низ паҳн мегардад.
Табиист, ки ҷараёни таъсисёбии империяи мустамликавии Карфаген бе истифода аз қувва сурат намегирифт. Карфагениҳо дар як қатор мамлакатҳо ба муқовимати шадиди қабилаҳои маҳаллӣ вохурданд. Масалан, дар Испания қабилаҳои иберӣ баҳри ҳимояи истиқлолияти давлати худ ҳанӯз бар зидди Гадес муборизаи дуру дарози хунин бурда буданд, ки он яке аз мустамликаҳои кӯҳнатарини Финикия ба ҳисоб мерафт. Шаҳр аз тарафи онҳо ишғол карда шуда буд, ва ба карфагениҳо лозим омад, ки Гадессро ба муҳосира гирифта, онро таслим кунонанд, ки дар ин набард аз ҳарду тараф ҳам талафоти калон ба бор омад. Дар мавриди мустамликагардонии Сардиния низ карфагениҳо ба муқовимати сахти қабилаҳои маҳаллӣ дучор шуданд.
Сарфи назар аз ин, чуноне ки маълум аст, дар ин марҳалаи таърихӣ рақибони асосии карфагениҳо юнониҳои ҷангҷӯй буданд. Ҳамин тавр, дар асри VI п.а.м. карфагениҳо бо юнониҳо аз Фокей рӯ ба рӯ мешаванд, ки дар Массалия (имрӯз Марсел дар ҷанубии Фаронса) сукунат доштанд. Зада даромадани Карфаген ба Испания низ ба мубориза бар зидди юнониҳо алоқаманд буд ва, ниҳоят, ҳамаи марҳалаҳои аввали мубориза барои Ситсилия бо бархурдҳои калон бо юнониҳо алоқаманд буданд. Дар ин муборизаи мураккаб иқтидори ҳарбии баҳрии Карфаген мустаҳкам мегардад. дастгоҳи давлатии он низ таҳким ёфта, на танҳо барои истисмори ғуломон ва аҳолии тобеъ, инчунин барои пешбурди ҷангҳои истилогаронаи ҳокимони болонишини ҷомеаи Карфаген мувофиқ кунонида шуда буд.
Бояд таъкид кард.ки то ин вақт империяи мустамликавие, ки Карфаген ташкил карда буд, Африқои Шимолӣ, Ситсилияи Ғарбӣ, Испанияи Ҷанубӣ ва Сардинияро дар бар мегирифт.
4.РУШДИ ИҚТИСОДИИ КАРФАГЕН
4.1.Кишоварзӣ
Карфагениҳо кишоварзони моҳир буданд. Аз зироатҳои ғалладлнагӣ гандум ва ҷав муҳимтарин ҳисобида мешуданд. Мумкин як қадар ғаллаз Ситсилия ва Сардиния низ ворид карда мешуд. Барои фурӯш шароби сифаташ сатҳи миёна истеҳсол карда мешуд. Боқимондаҳои зарфҳои сафолие, ки дар натиҷаи ковишҳои бостонӣ дар Карфаген ёфта шудаанд, дар бораи он шаҳодат медиҳанд, ки карфагениҳо шароби дорои сифати баландро аз Юнон ва ё аз ҷазираи Родос меовардаанд. Карфагениҳо дар завқи баланд доштанашон ба шаробнӯшӣ хеле машҳур буданд, то дараҷае, ки ҳатто ба муқобили майпарастӣ тадбирҳои махсус андешида буданд. Мувофики ин тадбирҳо.масалан, ба ҳарбиён нӯшидани шароб манъ карда шуда буд.
Дар Африқои Шимолӣ дар ҳаҷми зиёд равғани зайтун истеҳсол карда мешуд, гарчанде, ки сифаташ на онқадар баланд буд. Дар ин ҷо анҷир, анор, бодом, хурмо мерӯид. Дар навиштаҳои муаллифони қадим бошад, дар бораи чунин сабзавот ба монанди карам, нахуд, анганор мерӯиданд. Дар Карфаген асп, хачир, гов, гӯсфанд ва буз парвариш карда мешуданд. Нумиягиҳо, ки дар ғарбтар, дар қаламрави имрӯзаи Алҷазоир сукунат доштанд, аспҳои зотиро меписандиданд ва ҳамчун асптози моҳир машҳур ҳам буданд. Эҳтимол, карфагениҳо, ки бо нумидиягиҳо робитаи мустаҳками савдоӣ доштанд, маҳз аз онҳо асп харидорӣ мекарданд. Баъдтар зиккаҳои императории Рим ба паррандаҳои хонагиии аз Африқо овардашуда баҳои баланд додаанд. Вале маҳз кадоме аз паррандагони хонагиро меписандиданд, ба мо маълум нест.
Дар таносуб бо Рими ҷумҳуриявӣ, дар Карфаген кишоварзони хурд ҷавҳари ҷомеаро ташкил менамуданд. Қисмати зиёди мулкҳои Карфаген дар Африқо дар байни карфагениҳои осудаҳол тақсим карда шуда буданд. Аз он ҷумла ин мулкҳои калони онҳо низ дар асоси дастовардҳои илми ҳамонвақта фаъолият доштанд.
Карфаген дорои масоҳати бузурги заминҳои барои киштукор қуллай буд. Дар нисбати дигар шаҳр–давлатҳои финикӣ, дар Карфаген хоҷагиҳои заминдории плантатсионии хеле калон рӯ ба рушд мавҷуд буда, дар ин заминҳо бо меҳнати ғуломони сершумор зироаткорию боғпарварӣ ва чороворӣ тараққӣ карда буд. Хоҷагии плантатсионии Карфаген дар таърихи иқтисодии дунёи қадим нақши калонро иҷро кардааст, чунки он имконият фароҳам овард, ки ҳамин намуди хоҷагидории кишоварзӣ аввал ба рушди хоҷагидории ғуломдорӣ дар Ситсилия ва баъд дар Италия ҳам таъсири мусбат расонидааст.
Хоҷагиҳои плантатсионии Карфаген дар таърихи иқтисодии дунёи қадим нақши калон бозидаанд, чунки он ба рушди ин намуди хоҷагидории ғуломдорӣ аввал дар Ситсилия ва баъд дар Италия нақши калон гузоштааст.
Дар асри VI ё дар асри V п.а.м. дар Карфаген як нависандаи назариётчии хоҷагии ғуломдории плантатсионӣ бо номи Магон сукунат дошта, асари калоне навишта будааст, ки он сазовори шӯҳрати баланд гардида будааст, то он дараҷае, ки ҳангоми аз тарафи қӯшунҳои Рим муҳосира кардани Карфаген дар асри II п.а.м. аз тарафи консул амр карда шуда будааст, ки ин асар аз нестшавӣ наҷот дода шавад ва ин амр ба иҷро мерасад. Мувофиқи қарори сенати Рим асари Магон аз забони финикӣ ба забони лотинӣ гардонида ва баъд аз тарафи назариётчиёни соҳаи кишоварзии Рим мавриди истифода ва баҳрабардорӣ қарор гирифта будааст.
Барои кишоварзии плантатсионӣ, устохонаҳои косибӣ ва барои галерҳо (киштиҳо)-и Карфаген шумораи хеле зиёди ғуломон зарур буд, ки онҳоро аз байни асирони ҳарбӣ ва одамони харидоришуда, инчунин аз байни аҳолии маҳаллии аз тарафи карфагениҳо ба асоратгирифта интихоб карда мегирифтанд.
Карфаген хеле барвақт ба маркази бузурги тиҷорати миёнарав мубаддал мегардад. Ҳаҷми ин савдо мунтазам меафзуд. Ғуломон, устухони оҷро аз ноҳияҳои дохилии Африқо, газворҳо ва гилему қорлинҳои қимматбаҳоро аз Осиёи Пеш, тилло ва нуқрро аз Испания, қалъагиро аз Британия, мумро аз Корсика, шаробро аз ҷазираҳои Балеар, равғану шаробро аз Ситсилия меоварданд ва баъдтар маснуоти косибии бадеии юнонӣ низ номгӯи хеле нопурраи молҳои тиҷорат дар Карфаген ташкил мекунанд. Косибони Карфаген бо малакаю маҳорати истеҳсоли ранги арғувон худ шӯҳратманд буданд.
Аз аввали бунёдшавиаш Карфаген маркази истеҳсолоти пешрафтаи косибӣ буд. Карфаген дар меъморӣ ба дараҷаи баланди рушд соҳиб шуда буд. Кӯчаю майдонҳои шаҳр сангфарш карда шуда буданд. Болорҳои сангин дар болои сутунҳои бо нақшунигор бо бо истифода аз усули то замони римӣ сурб насб карда мешуданд. Деворҳои Карфагенро мӯъҷизаи техникаи дунёи қадим номидан мумкин аст. Санъати кошинкорӣ (мозаика) ба авҷи тараққиёти худ расида буд. Мавзӯҳои асосии ин намуди санъат манзараҳои (пейзажҳои) баҳрӣ, одамон, баҳрнавардони дар қаиқ ва киштиҳои начандон калон шинокунанда, бошандагони баҳр – моҳиҳо, харчангҳо, ҳаштпойҳо ва ғайра буданд. Аз ин ҳама метавон дар бораи ҷаҳонбинии карфагениҳо, ки қисми таркибии он баҳр ва ҳамаи он чӣ ки ба баҳр алоқаманд буд, баҳои ҳаққонӣ дод. тавре гуфта шуд. пуниҳо, пеш аз ҳама, халқи баҳрӣ буданд, аз ин рӯ. ин ҳолат ба онҳо имконият фароҳам овард, ки на танҳо заминҳои зиёдро забт карда, ба мулкҳои худ табдил доданд, инчунин малакаи баланди истеҳсолӣ дошта бошанд, аз он ҷумла дар соҳаи кишоварзӣ низ.
4.2.Косибӣ
Косибони Карфаген дар истеҳсоли маснуоти арзон ва бештар он намудҳое, ки дар Миср, Финикия ва Юнон истеҳсол карда мешуданд, тахассус дошта, барои фурӯш дар бозорҳои баҳри Миёназамин дар назар дошта шуда буданд, дар ҷое,ки карфагениҳо ҳамаи бозорҳоро ба даст оварда буданд. Истеҳсоли молҳои пуршукӯҳу қиматбаҳо, масалан, ранги баланди арғувон, ки бо номи “арғувони тирӣ” машҳур буд, ҳатто дар замонҳои баъдтар, вақте, ки римиҳо Африқои Шимолиро ба даст оварда буданд ва ҳатто то аз байн рафтани Карфаген ҳам вуҷуд дошт.
Туқумшулуки арғувони (багрянка)-и баҳриро, ки дорои моддаи рангкунанда мебошад, аз ҳама беҳтараш дар тирамоҳ ва зимистон — мавсимҳое, ки барои баҳрнавардӣ қуллай аст, ҷамъоварӣ кардан мумкин буд. Дар Марокаш ва дар ҷазираи Ҷерба, дар ҷойҳои беҳтарини барои ҷамъоварии мормоҳӣ, бошишгоҳҳои доимӣ сохта шуда буданд.
Мувофиқи анъанаҳои шарқӣ давлат ғуломдор буда, меҳнати ғуломон дар силоҳхона, дар коргоҳҳои киштисозӣ ё дар сохтани иншоотҳои дигар истифода бурда мешуд.. Лекин бостоншиносон ягон хел маълумотеро ҷамъ оварда натавонистанд, ки дар бораи корхонаҳои калони косибӣ шаҳодат медода бошанд. Он корхонаҳое, ки маҳсулоти истеҳсолкардаи онҳо дар бозорҳои ғарби барои бегонагон пӯшида фурӯхта мешуда бошанд, дар ҳоле ки устохонаҳои хурд хеле зиёд буданд. Аз тарафи дигар, бисёр вақт бозёфтҳои маҳсулоти карфагениро аз маҳсулот ва ашёҳое ки аз Финикия ё Юнон ворид карда шудаанд аз ҳамидигар фарқ кардан амри муҳол буд. Ҳамин хел ба назар мерасад, косибони карфагенӣ ғайр аз нусхабардории бомуваффақонаи маснуоти бегона майл барои истеҳсоли ягон маҳсулоти худиро надошта бошанд.
Баъзе устоҳои пунӣ хеле соҳибҳунар буданд, махсусан дар кори дуредгарӣ ва кор бо филиз (челонгарӣ). Дуредгари карфагенӣ метавонист чӯби ҷалғӯза (кедр)-ро истифода барад, ки хосиятҳои онро устоҳои Финикияи қадим аз худ карда буданд, зеро онҳо кайҳо боз бо ҷалғӯзаи либиягӣ сару кор доштанд. Дар натиҷи талаботи истифодаи доимӣ дар киштисозӣ ҳам дуредгарон ва ҳам кормандони соҳаҳои дигари косибӣ оид ба филизот бо сатҳи баланди касбии худ фарқ мекарданд. Дар бораи малакаю маҳорати баланди коркарди оҳан ва биринҷӣ далелҳои зиёд мавҷуданд. Дар натиҷаи ковишҳои бостонӣ шумораи бозёфтҳои маснуоти зебу зинатӣ на онқадар зиёд аст. Сарфи назар аз ин маълум аст, ки ин халқ барои хурсанд шудани рӯҳи фавтидагон майли дар тобут ҷой додани ашёҳои қиматбаҳоро надошт.
Метавон бо боварии том тахмин кард, ки истеҳсолоти аз ҳама калонтарини карфагениҳо тайёр кардани маснуоти кулолӣ буд. Пайдо намудани боқимондаҳои устохона ва хумҳои кулолӣ, ки бо чунин маснуоти барои пурмонӣ муқаррар гардида буданд, ёфт шудаанд. Дар Африқо ҳар кадом бошишгоҳи пунӣ коргоҳҳои истеҳсоли маснуоти кулолӣ (сафолӣ) дошт. Чунин бошишгоҳҳо дар ҳамаи ҷойҳое тобеъ ба Карфаген – дар Малт, Ситсилия, Сардиния ва дар Испания ёфт шудаанд. Маснуоти сафолии кулолгарони Карфагенро баъзан дар соҳилҳои Фаронса ва Италияи Шимолӣ низ пайдо мекунанд, дар ҳамон ҷойҳое, ки дар тиҷорат мавқеи ҳукмронро юнониҳо аз Массалия (Марсели имрӯза) ишғол менамуданд, дар ҳамон ҷойҳое, ки шояд ба фурӯши молҳои Карфаген роҳ дода намешуд.
Бозёфтҳои бостонии сатҳи истеҳсолоти кулолгарии таҳкимёфтаро на танҳо дар худи Карфаген, балки дар шаҳрҳои зиёди савдоии пунӣ низ равшан месозанд. Инҳо косаю табақ, гулдону лаълӣ, қадаҳу хумҳои таъиноташон гуногун, ки онҳоро амфора меномиданд, кӯзаҳо барои оби нӯшокӣ ва шамъҳо мебошанд. Пажӯҳиш нишон медиҳад, ки истеҳсоли ин маснуоти кулолӣ аз замонҳои қадимтарин то фано гардидани Карфаген (дар соли 146 п.а.м.) вуфуд доштааст.
Таъкид бояд кард. ки маснуоти барвақта бештар намунаҳои финикиро такрор кардаанд, ки онҳо дар навбати худ аз бисёр ҷиҳат нусхаҳои мисриро такрор мекарданд. Аз афти кор. дар асрҳои IV — III п.а.м. ба карфагениҳо маснуоти юнониҳо ниҳоят маъқул буданд, ки ин дар болоравии арзиши маснуоти кулололию ҳайкалтарошӣ ва ҳаҷми зиёди молҳои юнонии индавраинаи дар маводи аз ковишҳои бостонӣ дар Карфаген бадастомада исбот гардидааст.
4.3.Савдо
Карфагениҳо махсусан дар тиҷорат ба дастовардҳои калон муваффақ шуда буданд, аз ин рӯ, метавон онро давлати тиҷоратӣ номид, чунки дар сиёсати хориҷии худ бештар ба манфиатҳои тиҷоратӣ диққат медодааст. Мустамликаҳои зиёд ва бошишҳои тиҷоратии он, бегуфтугу, ба васеъкунии савдо асос ёфта буданд. Дар бораи баъзе экспедитсияҳои ҳарбии ташкилкардаи Карфаген маълум мегардад, ки сабаби асосии онҳо низ кушиш васеъ кардани робитаҳои тиҷоратӣ будааст. Дар шартномае, ки соли 508 п.а.м. бо Ҷумҳурии Рим, ки навакак баъди аз Рим зада пеш кардани шоҳҳои этрускҳо таъсис ёфта буд, баста шудааст, дар назар дошта шуда буд, ки киштиҳои Рим ҳақ надоранд ба самти ғарбии баҳр шино кунанд, вале метавонистанд аз бандари Карфаген истифода баранд. Дар сурати маҷбуршавӣ ба фуромадан дар ягон ҷои қаламрави пунӣ, онҳо бояд аз ҳукумат расман ҳимоя мехостанд ва баъди таъмири киштӣ ва пурра кардани захираи озуқа ҳамон лаҳза аз он ҷо шино карда, дур мерафтанд. Карфаген розӣ буд сарҳадҳои Римро эътироф, халқ ва инчунин иттифоқчиёни онро низ эҳтиром намояд.
Карфагениҳо қарордодҳо ба имзо мерасониданд ва дар баъзе мавридҳо гузашт ҳам мекарданд. Онҳо аз қувва низ истифода мебурданд, то ки рақибонро нагузоранд ба обҳои ғарбии баҳри Миёназамин, ки мулки хусусии худ меҳисобиданд, дароянд, истисно ба ҳисоб мерафтанд танҳо соҳилҳои Галлия ва соҳилҳои Испанияю Италияи ба соҳилҳои Галлия пайваста. Ғайр аз ин онҳо бар зидди роҳзанҳои баҳрӣ (пиратҳо) низ мубориза мебурданд. Ҳукуматдорон иншоотҳои мураккаби тиҷоратии бандари Карфаген ва бандари воқеъ дар шарқии онро, ки эҳтимол барои киштиҳои хориҷӣ кушода буд, вале ба он ҷо шумораи хеле ками баҳрнавардон медаромаданд, дар ҳолати хеле хуб нигоҳ медоштанд.
Аҷоибаш он аст, ки чунин давлати тиҷоратӣ, ба мисли Карфаген ба сикказании танга диққати даркорӣ намедод. Аз ин рӯ, дар ин ҷо то асри IV пулҳои сикказадаи худро надоштанд ва дар ин аср сиккаҳои нуқрагии карфагениҳо пайдо мешаванд. Эҳтимол карфагениҳо нисбат ба сиккаҳои худӣ истифодаи тангаҳои нуқрагии эътимодноки Афина ва давлатҳои дигарро афзалтар медонистанд; карфагениҳо бошанд, он вақт аксарияти додугирифтро аз тариқи мубодилаи мол ба ҷо меоварданд, ки ин пули зиёдро тақозо намекард. Вавле минбаъд вазъият тағйир меёбад ва сиккабарорӣ дар Карфаген низ ба ҳукми анъана медарояд.
Маълумоти мушаххас дар бораи намудҳои савдои Карфаген хеле кам ба мо расидаанд, гарчанде ки далелҳо дар бораи манфиатҳои тиҷоратии он кифоятан хеле зиёд мебошанд. Дар қатори ин далелҳои хос нақли Геродот дар бораи он, ки савдо дар соҳилҳои ғарбии Африқо чӣ тавр сурат мегирифт, шаҳодат медиҳад. Карфагениҳо ба соҳил фуромада, молҳои худро дар ҷои муайян ба фурӯш гузошта, баъд аз ин дар киштиҳояшон савор шуда, аз он ҷо дур мешуданд. Ин вақт сокинони маҳаллӣ пайдо шуда, дар наздикии мол шумораи муайяни тиллоро мегузоштанд. Агар он кифоя блшад. Пас карфагениҳо онро гирифта, шитно карда мерафтанд. Дар акси ҳол онҳо ин тиллоро нагирифта, ба киштӣ бармегаштанд мардуми маҳаллӣ бошанд, боз тилло меоварданд. Вале ин ашёҳо чӣ хел мол буданд, номбар нашудаанд.
Аҷаб нест, ки карфагениҳо барои фурӯш ва ё мубодила маснуоти кулолиро ба он минтақаҳои ғарбие содир мекарданд, ки онҳо дар ин ҷойҳо мақоми инҳисорӣ доштанд ва ё тумору бозубанд, ашёҳои зебу зинат, маснуоти ороишии филизӣ ва шишагии оддӣ мефурӯхтанд. Як қисми онҳо дар Карфаген ва қисми дигар – дар мустамликаҳои пунӣ истеҳсол карда мешуданд. Бино ба шаҳодати як қатор далелҳо, тоҷирони пунӣ ба мардуми маҳаллии ҷазираҳои Балеар шароб, равғани зайтун ва сару либосро ба ивази ғуломон пешниҳод мекарданд.. Метавон тахмин кард, ки онҳо дар марказҳои дигари косибӣ – Миср, Юнон, Италияи Ҷанубӣ ба харидории молҳои номгӯи зиёд машғул буда, онҳоро ба он вилоятҳо мекашониданд, ки дар он ҷо мавқеи инҳисорӣ доштанд. Тоҷирони пунӣ дар бандарҳои ин маказҳои косибӣ шуҳратманд буданд. Бозёфтҳои маснуоти ғайри карфагении ҳангоми ковишҳои бостонӣ дар бошишгоҳҳои ғарбӣ ёфтшуда фикри ба ин ҷо овардани молҳои пуниро тасдиқ менамояд.
Баъзе ёдоштҳо дар адабияти Рим шаҳодат медиҳанд, ки карфагениҳо ба Италия молҳои гуногун меоварданд, дар ҷое, ки устухони оҷ аз Африқо арзиши баланд дошт. Дар замони империя барои ташкили бозиҳо дар Рим аз Африкои Шимолӣ шумораи хеле зиёди ҳайвоноти ваҳшӣ оварда мешуд.
Чунин шуморида мешавад, ки киштиҳои калони карфагениҳо дар уқёнуси Атлантика барои қалъагӣ то ба Корнуолла рафтуо мекардаанд. Худи карфагениҳо ба истеҳсоли биринҷӣ шуғл меварзиданд, шояд як қисми қалъагиро аз ҷойҳои дигар ҳам меоварданд, аз он ҷойҳое, ки ин маъдан барои чунин истеҳсолот зарур буд. Ба воситаҳои мустамликаҳои худ дар Испания пуниҳо кушиш ба харҷ медоданд, ки нуқра ва сурб ба даст оваранд; онро метавонистанд бо молҳои истеҳсолкардаи худ мубодила намоянд. Арғамчинро барои киштиҳои ҳарбии пунӣ аз алафи эспарто тайёр мекарданд, ки он дар Испания ва Африқои Шимолӣ мерӯид. Аз назари нархи баланд моддаи муҳими савдоро, тавре дар болотар ҳам гуфта шуд) рангуборкунандаи арғувонӣ аз туқумшулук ташкил мекард. Тоҷирон аз бисёр ҷойҳо пӯсти ҳавоноти дарранда ва чармро харидорӣ карда, дар бозорҳо мефурӯхтанд.
Чун дар замонҳои дери баъдина, дар бандарҳои Лептис ва Эи, инчунин чанде дар ғарбтари Гигтис воқеъбуда, аҷаб нест, ки киштиҳо аз ҷануб меомаданд. Онҳо пару тухмҳои шутурмурғро меоварданд, ки дар замони қадим хеле машҳур буда, дар ин ҷойҳо. харидори бисёр дошта, ҳамчун ашёи зебу зинат истифода бурда мешуданд. Инчунин ба воситаи корвонҳо устухони ъоҷ ва ғулом меоварданд Вале бори аз ҳама муҳимтарин хокаи тилло буд. ки Соҳили Тиллоӣ ва Гвинея ворид мекарданд.
Карфагениҳо баъзе молҳоро барои истеъмоли шахсии худ ворид месохтанд. Яқ қисми маснуоти сафолие, ки аз Карфаген ёфт шудааст, аз Юнон ё аз Кампанияи воқеъ дар ҷануби Италия пайд карда шудаанд, ки онро қаблан юнониҳои ба ин ҷо омада истеҳсол кардаанд. Ҳангоми ковишҳо дар Карфаген дастаҳои хос ба амфораҳои Родос ёфтшуда нишон медиҳанд, ки ба ин ҷо шаробро аз Родос овардаанд. Аҷибаш он аст, ки аз ин ҷо маснуоти кулолии Аттика пайдо карда нашудаанд.
5.СИЁСАТИ ХОРИҶИИ КАРФАГЕН
Дар Испания то ин вақт дар зери ҳокимияти Карфаген танҳо мустамликаҳои кӯҳнаи финикиҳо монда буданду халос. Ба Гадес такя карда, Гамилкар ба нимҷазираи Пиреней гузашта, испаниҳое, ки дар он ҷо сукунат доштанд, торумор карда, дар он ҷо ҳокимияти Карфагенро аз нав барқарор мекунад. Вале баъди ин ҳам ӯ ба ин муваффақият худ қонеъ намешавад. Дар сиёсати истилогаронаи Карфаген тағйиротҳои куллӣ ба амал наомаданд. Чун пештара карфагениҳо кушиш ба харҷ медоданд, ки ҳудудҳои давлати худро васеъ кунонанд, ҳарчӣ бештари заминҳоро ба давлати худ тобеъ намоянд. Дар баробари ин агар ҳуқуқи инҳисории худро муқаррар накунанд ҳам, дар тиҷорат афзалият дошта бошанд. Лашкаркаши Карфаген Гамилкар боз як мақсади дигар ҳам дошт. Ӯ мехост, ки Испанияро ба як такягоҳи мустаҳками ҷанги нав бар зидди Рим табдил диҳад. Шояд худи лашкаркашии машҳури Ганнибал ба Италия ба воситаи Пиреней ва Алпро Гамилкар дар вақташ дар назар дошта будааст.
Барои пиёда кардани ин андеша, пеш аз ҳама, зарур буд, ки дар соҳилҳои испании баҳри Миёназамин мавқеи мустаҳкам дошта бошад. Бо ин ният Гамилкар дар он ҷо ба сифати нуқтаи асосии такягоҳӣ шаҳри Акра Левкаро бунёд месозад. Ин шаҳр то маддати муайяне ба маркази мулкҳои Карфаген дар Испания мубаддал мешавад. Ба ин ҷо ба назди Гамилкар аз Рим сафирон омаданд, ки аз муваффақиятҳоит ӯ изҳори нигаронӣ доштанд. Ба саволи сафирон дар бораи сабабҳои амалиётҳои ҳарбии Гамилкар дар Испания, лашкаркаш посух медиҳад, ки ӯ ин амалро танҳо барои пайдо намудани маблағ барои пардохти товони ҷанг ба Рим карда истодааст. Ба ин посул сафирони Рим қаноатмандӣ изҳор намуданд.
Бунёдгузории шаҳри нав нишон дод, ки Гамилкар мехост дар амалҳои худ дар Испания озод бошад. Агар маркази мулкҳои Карфаген дар Гадес ва ё дар ким-куҷои шаҳри кӯҳнаи дигари Карфаген воқеъ мебуд, пас маҷбур мешуд, ки он шаҳр ва ҳукумати Карфагенро дар сатҳи ниҳоят баланд эътироф намояд, вале дере нагузашта аз бунёди шаҳри Акра Левка Гамилкар дар ҷанг бо иберҳо ҳалок мегардад. Ҳукумати Карфаген ба даст овардани фоидаро аз ин мамлакат аз даст додан нахоста, бо сардории Гаедрубал ба Испания лашкари нав равон мекунад.
Гасдрубал, пеш аз ҳама, экспедитсияи қиркуниро бар зидди ҳамонҳое равона месозад, ки дар мубориза бар зидди он ибериҳое равона месозад, ки аз дасташон Гамилкар ҳалок гардида буд. Вале ӯ бештар ҳаракат мекард, ки аз воситаҳои дипломатӣ истифода барад, гарчанде, ки баъзан аз зӯроварӣ низ истифода мебурд. Қадами муҳим дар кори муттаҳидсозБаъди ин дере нагузашта Гасдрубал ду шаҳрро бунёд кард, ки яке аз онҳо Карфаген (барои фарқ кардан муаллифони антиқӣ онро Карфагени Нав номидаанд ва он бо ҳамин ном ба таърих ворид мешавад) номида шуд.
Соли 226 ё 225 п.а.м. Гасдрубал бо Рим қарордод имзо кард, ки мувофиқи он ҳудуди сарҳадии мулкҳои Карфаген дар Испания дарёи Ибер ҳисобида шуд. Лашкаркаши Карфаген ӯҳдадор шуд, ки бо мақсади ҳарбӣ аз ин дарё намегузарад. Гасдрубал ба ин маҳдудият дар ишғолгариҳои худ бо он сабаб рафт, ки. якум, ҳанӯз на ҳамаи заминҳои ҷанубтар аз ин дарё фатҳ карда шуда буданд, ва, дуюм, ки он асосӣ мебошад, дар мавриди амалӣ шудани нақшаи табаддулоти монархӣ (мутлақият) дар Карфаген, дахолати Рим ба ақибгоҳи ӯ таъмин карда шавад. Вале ба Карфаген баргашта, Гасдрубал дид. ки вазъият дар он ҷо барои ӯ на онқадар қуллай бадааст, на он тавре ки барои ӯ аз Испания ба назар мерасид ва муқовимати сахти аъзои ҳукуматро эҳсос карда, афзалтар донист, ки аз наав ба нимҷазираи Пиреней баргардад.
Ба Испания баргашта, Гасдрубал онро пурра ба зери ҳокимияти худ медарорад. Вазъияти Испания низ ҳамон тавре набуд, ки онро ӯ мехост. Гасдрубал, Ганнибал, писари калонии Гамилкарро, ба назди худ хонда, фармуд, ки дар сурати зарурӣ ба қӯшун лашкаркаш мешавӣ. Ва ҳамаи се соле ки Ганнибал дар зери фармондеҳии Гасдрубал буд, ҷангҳои фаъолонаро пеш бурд. Маълум буд, ки ӯ танҳо ба воситаҳои дипломатӣ маҳдуд намешавад, зеро норозигӣ нисбати Гасдрубал дар байни ашрофони ба ӯ наздик зуҳур ёфтан мегирад. Бинобар ин, Диодор ишора ба як сӯиқасд мекунад. Ӯ баён медорад, ки дар бораи ошкор карда шудани ин сӯиқасд чизе маълум набошад ҳам, бо фармони лашкаркаш як ашрофи испанӣ ба қатл расонида шуд. Ҷавобан ба ин ғуломе, ки хоҷааш ба қатл расонида шуда буд, соли 221 п.а.м. ҳамчун қассос Гасдрубалро дар сӯиқасд ба қатл мерасонад.
Лшркашии Ганниба ба Италия
Қӯшун Ганнибалро фармондеҳи худ эълон менамояд, ва ҳукумати Карфаген ин интихоби қӯшунро тасдиқ мекунад. Ганнибал як қатор шӯришҳоро пахш карда, баъзе халқҳоро ба худ тобеъ намуд, сипас ба шаҳри Сагунти бо Рим иттифоқчӣ ҳамла карда, бо ҳамин рӯирост ба ҷанги нав иғво меандозад. Баъди ҷангҳои пуршиддат ва муҳосираи ҳаштмоҳа Сагунт ишғол карда мешавад.Ҷавобан ба ин римиҳо аз ҳукумати Карфаген тақозо карданд, ки Ганнибалро ба онҳо супоранд, вале вақте, ки ҳукумати Карфаген ин талабро иҷро накард, Рим ба Карфаген ҷанг эълон кард.