Ҷангҳои пунӣ ва барҳамхурии империяи карфаген. Маданияти карфаген
Ин ҷо хотиррасон менамоем, ки мо дар мавриди нақл оид ба таърихи Ҷумҳурии Рим ва муқовимати ҳарбӣ дар байни Рим ва Карфаген, ки дар Шимоли Африқо ва Ғарб давлатҳои абарқудрати асрҳои III — II буданд, нақл карда будем, ки дар маркази таваҷҷӯҳи он “ҷангҳои пунӣ” истодаанд. Дар маркази таваҷҷӯҳи сиёсати хориҷии индавраинаи Карфаген ҳам мубориза бар зидди Ҷумҳурии Рим меистод ва ин сиёсат бо ҷангҳои пунӣ машҳур аст. Бинобар ин, мо ҷараёни ин ҷангҳоро бо паҳлӯҳои дигари онҳо аз нав мавриди баён қарор медиҳем, вале ин дафъа вобаста ба таърихи Рим нею тарихи Карфаген. Аз ин рӯ, баёни ҷангҳои пунӣ дар ин ҷо ҳам аз рӯи фарогирӣ, ҳам аз рӯи мазмуну мундариҷа, ҳам аз рӯи алоқамандии сиёсати дохилию хориҷии Карфаген ва ҳзам аз рӯи мақсаду вазифаҳои худ то як дараҷа аз баёни ҷангҳои пунӣ дар таърихи Ҷумҳурии Рим тафовут дорад.
1.ҶАНГҲОИ ЯКУМИ ПУНӢ (СОЛҲОИ 264 – 241 П.А.М.)
Дар соли 264 п.а.м. мамертиҳое, ки аз тарафи Гиерон фишор дода мешуданд, барои кӯмак дар як вақт ҳам ба Рим ва ҳам ба Карфаген муроҷиат намуданд. Ҳарду давлат ҳам фоидаи ин дахолатро хеле хуб мефаҳмиданд, барои ҳамин ба ин кӯмак розигӣ медиҳанд. Якумин шуда ба Мессена дастаҳои низомиёни худро карфагениҳо дароварданд, вале римиҳо талаб карданд, ки онҳо аз Мессена баромада раванд ва қумандони карфагениҳо ба ин розӣ ҳам шуд. Артиши Рим ба Ситсилия омад. Ҳукумати Карфаген бошад, қумандони ноӯҳдабароро сахт маҳкум карда. артиши худро ба Ситсилия, ин дафъа бар зидди Рим мефиристонад. Ҳамин тариқ, Ҷанги Якуми Пунӣ (аз номи ба карфагениҳо гузоштаи римиҳо “пуниҳо” – “poenti, puni) оғоз меёбад. Амалиётҳои ҳарбӣ асосан дар қаламрави Ситсилия сурат гирифтанд. Карфагениҳо якчанд маротиба шикаст хурданд, ки калонтарини онҳо торуморшавии флоти Карфаген дар ҷазираҳои Лигар дар соли 260 п.а.м. буд. Римиҳо соли 256 п.а.м. карфагениҳоро аз Ситсилия қариб пурра фишор дода бароварда, хостанд, ки таҷрибаи Агафоклро дар Африқо истифода бурда, ба Карфаген лашкар фиристониданд. Карфагениҳо боз ҳам шикаст хурданд Онҳо ин дафъа тайёр буданд, ки сулҳ банданд ва ҳатто Ситсилияро ба римиҳо супоранд, вале римиҳои бо тезӣ ба ғалаба муваффақшуда ин таклифро рад каранд.
Дар ин вазъият ҳукумати Карфаген қарори ғайримуқаррарӣ қабул мекунад. Сарфармондеҳи қӯшун аз берун – Ксантипи спартанӣ, даъват карда шуд. Сарфармондеҳи хориҷӣ вазъиятро санҷида,тасмим гирифт, ки ба ҷузъу томҳои аспсавор ва филҳои ҷангии нумидиҳо такя мекунад. Маҳз онҳо дар бархурди шадид тақдири ҷангро ҳал карданд: римиҳо торумор карда шуданд ва худи консули Рим ба асирӣ афтид. Баъди ин ҷанг аз нав ба сарзамини Ситсилия баргашт, ва амалиётҳои ҳарбӣ гоҳ ба афзалияти як тараф ва гоҳ ба афзалияти тарафи дигар давом карданд, вале дар ниҳояти он афзалият аз они римиҳо шуд. Дар соли 247 п.а.м. ба Ситсилия лашкаркаши нави нисбатан ҷавон Гамилкар, ки тахаллусаш Барқ буд, меояд. Ӯ бо киштиҳои худ соҳилҳои Италияротоза карда, баъд аз назари стратегӣ мавқеи муҳимро дар қисмати шимолу ғарбии Ситсилия ишғол намуд. Гамилкар ба он такя карда, ба римиҳо зарбаҳои сершумор мезанад. Фаҳмо шуд, ки бе флоти нав римиҳо бар карфагениҳо дастболо шуда наметавонанд.
Рим дар амал бо маблағҳои халк флоти навро сохт, ки он соли 241 п.а.м. эскадраи Карфагенро дар қисмати ғарбтар аз Ситсилия, дар наздикиҳои ҷазираҳои Эгат торумор мекунад. Ин ғалабаи Рим ҳар гуна алоқаи Карфагенро аз Ситсилия меканад. Ҳамин тариқ, минбаъд пешбурди амалиётҳои ҷангии Карфаген дар Ситсилия имконнопазир мегардад. Гамилкар маҷбур мешавад, ки дар бораи бастани сулҳ музокирот кунад, ки он дар худи ҳамон соли 241 п.а.м. бо имзо ба анҷом мерасад. Он қарордоде буд, ки мувофиқи он Карфаген Ситсилия ва ҷазираҳои атрофи онро ба Рим гузашт кард ва ӯҳдадор шуд, ки ба Рим товони ҷанг медиҳад.
Ба бӯҳрон дучоршавии Карфаген
Се аср боз Карфаген барои Ситсилия муборизаи шадид мебурд. На як бору ду бор тайёр буд, ки ғалабаи худро бар юнониҳо ботантана қайд кунад. вале ба он муяссар нашуд, ки юнониҳоро аз ин ҷазира фишор дода барорад. Аз тарафи дигар, на марги Моти ва на экспедитсияи африқоии Агафокл юнониҳоро маҷбур карда натавонист, ки ҷазираро тарк кунанд, вале ин дафъа карфагениҳо маҷбур шуданд, ки бебозгашт Ситсилияро аз даст диҳанд. Чунин анҷом ёфтани ҷанг зиддиятҳои иҷтимоӣ ва сиёсиро дар худи Карфаген тезутунд намуда, бӯҳрони шадиди дохилиро ба миён овард.
Аз ҳама зуҳуроти равшани ин бӯҳрон шӯриши пурзӯре бо номи Шӯриши Либия маълум аст Ташигӣ баён карда, вале баъди гирифтани он тақозо намуданд, ки маоши онҳоро хеле баланд бардоранд. Ба аскарони кироя ғуломон, либиягиҳо, нумиягиҳо ва ҳатто баъзе шаҳрҳои финикӣ, ки аз тобеияти худ ба Карфаген норозӣ буданд, низ пайвастанд, масалан, шаҳри Утика.
Дар ҷараёни шӯриш тақдири Карфаген на як бору ду бор ҳал мегардид. Сарварии артишеро, ки бар зидди шӯришчиён равона карда шуда буд, худи ҳамон Гамилкар ба ӯҳда дошт. Нерӯи ҳарбӣ ва таҷрибаи бои лашкаркашӣ, золимии бемислу монанд ва маккории моҳиронаи худро ба кор бурда, Гамилкар ба шӯришчиён шикаст медиҳад ва соли 239 п.а.м. ҳокимияти Карфагенро бар Либия барқарор менамояд. Ин шӯриш дар Сардиния ва эҳтимол аст, ки дар Испания ҳам паҳн гардида буд. Карфагениҳо дар зери таҳдиди ҷанги нав бо Рим маҷбур шуданд, ки Сардинияро ба ин давлат диҳанд. Ба Испания бошад, барои барқарор кардани ҳокимияти Карфаген худи ҳамон Гамилкари Барқ фиристода мешавад.
Ҷанбаи дигари бӯҳрон яку якбора баланд гардидани нақши шаҳрвандияти Карфаген мебошад. Маҷлиси халқӣ дар Карфаген ҳамеша вуҷуд дошт, вале дар замони муқаррарӣ ваколатҳои он бештар зоҳирӣ буда, тамоми ҳокимият дар дасти ашрофони ҳукмрон буд. Акнун бошад, мақоми халқ якбора баланд мешавад. Агар дар асри IV п.а.м. лашкаркашонро сенат таъйин мекарда бошад, пас Гамилкарро ба ин вазифаи ҳарбӣ худи халқ таъйин кард. Вақте, ки душманонаш хостанд Гамилкар ҳамчун гунаҳгори ҳолати вазнини мамлакат ба маҳкама кашанд, пуштибонии сервари халқӣ Гаедрубал, ки домодаш ҳам буд, ба ӯ имконият фароҳам овард, ки аз маҳкумшавӣ наҷот ёбад. Худи Гаедрубалро Аппиан “одами дар назди халқ аз ҳад зиёд хушомадгӯ” меномад, ки ин дар бораи то кадом дараҷа бузург будани мақоми ин шахс шаҳодат медиҳад. Полибий қайд мекунад, ки дар байни ду ҷанги Пунӣ ҳокимият дар Карфаген беш аз пеш ба дасти халқ мегузашт. Беҳуда нест, ки дар тайёр кардан лашкарва лашкаркашии Гамилкар ба Испания Гасдрубал нақши калонро иҷро карда буд.
Ташаккули ҳокимияти ашрофӣ дар Карфаген
Ҷудоӣ дар байни ашхоси олигархия (ашрофон) низ ба амал омад, ки онҳо ба ду гурӯҳбанд тақсим шуда буданд: ба яке и Гамилкар, ба дигаре рақиби оштинопазири ӯ Ганнон роҳбарӣ мекард. Ганнон тахаллуси Бузургро дошт, вале кирдорҳои ӯ, ки барои додани чунин тахаллус асос шуда бошад, маълум нест. Шояд ин тахаллус хонаводагӣ бошад, ки аз Ганнони Бузург сарчашма гирифтааст, ҳамон тавре, ки чунин тахаллус аз Помпей ҳамчун меросӣ ба кӯдакони ӯ гузашта буд. Он вақт дар Ганнон, рақиби Гапмилкар, ва ҷойгирони ӯ, метавон бояд хонаводаи ушрофии Ганоиҳоро дид. Ҳамаи он чӣ ки мо дар бораи Ганнион медонем, нишон медиҳад, ки ӯ ҳамеша рақиби бебарори Гамилкар буд. Барои исботи ин гуфта кифоя аст, ки танҳо як мисол оварда шавад: ҳангоме, ки дар ҷанги Либия ба артиш интихоб аз байни Ганнон ва Гамилкар буд, Гамилкар интихоб карда шуд. Вазифаҳои сиёсати хориҷии ин ду гурӯҳбанд низ гуногун буданд. Эҳтимол Ганнон ва ҷонибдорони ӯ бо мулкҳои африқоӣ алоқаманд бошанд. Онҳо ҷонибдори сиёсати нисбатан эҳтиёткоронаи хориҷӣ буда, кушиш ба харҷ медоданд, ки аз ҷанги нави зидди Рим канораҷӯӣ карда, мавҷудияти давлати Карфагенро дар ҳамон доирае таъмин намоянд, ки дар охири ҷанги навакак баанҷомрасида қарор гирифта буд. Гамилкар, ки эҳтимол манфиатҳои он қисми ашрофонро ифода мекард, ки ба тиҷорат ва ҳукмронӣ дар баҳр ва мулкҳои он тарафи баҳр муттамарказонида шуда буданд, барои тайёрӣ ба ҷанги нав баромад карда, нияд дошт, ки дар ин ҷанги ниқорталабона натанҳо бар Рим ғалаба кунад, балки ҳаддалимкон ҳудудҳои Карфагенро боз ҳам васеътар кунонад. Худи ҳамин мақсадҳоро дар дил доираҳо васеи шаҳрвандони Карфаген низ мепарвариданд, ки дар сатҳи ниҳоӣ хоҳиш доштанд, ки мулкҳои он тарафи баҳрро аз назари истисмору ишғолгариҳои сиёсӣ ва тиҷоратӣ, васеъкунии ҳудудҳои ҳокимияти Карфаген манфиатдор буданд, зеро ин яке аз шартҳои муҳимтарини некуаҳволии онҳо ба шумор мерафт. .Дар ҳамин асос дар байни оилаҳои Барқиҳо (аз рӯи тахаллуси Гамилкар, ки аллакай ном бурда шуд) ва демократияи Карфаген иттифоқ ба миён омад. Ақди никоҳи байни Гасдрубал ва духтари Гамилкар шаҳодати намоёни ин иттифоқ мебошад.
Бояд зикр кард, ки исёнҳои зархаридон, шӯришҳои ғуломон ва аҳолии тобеъ дар Карфаген барвақттар ҳам рӯй медоданд. Дар баробари ин, нақши шаҳрвандон қаторӣ низ пурзуртар мешуд. Ёдовар шудани баромади ҷавонони Карфаген бар зидди исёни Гомилкар ки дар болотар баён доштем, кифоя аст. Рақобати тезутунд дар дохили ашрофони Карфаген як чизи нав нест. Вале бори аввал ҳамаи се ҳолат бо ҳам омада, бӯҳрони шадиди иҷтимоию иқтисодиро ифода намуданд. Барқиҳо ҷидду ҷаҳд ба он мекарданд, ки аз ин бӯҳрон ба воситаи ишғолгариҳо дар беруни кишвар бароянд, ки ин сиёсат ба шиори дар байни омма машҳури қассосгирӣ аз Рим асос ёфта буд. Беҳуда нест, ки Гамилкар ба Испания рафта истода, писари калониаш Ганнибалро бо худ бурда, ӯро маҷбур мекунад, ки дар бораи нафрати абадӣ доштани худ нисбати Рим савганд ёд кунад.
2.ҶАНГҲОИ ДУЮМИ ПУНӢ (СОЛҲОИ 218 – 201 П.А.М.)
Нисбат ба Ҷанги Якуми Пунӣ, Ҷанги Дуюми Пунӣ дар якчанд ҷабҳа аваҷ гирифта буд: дар Италия ва Испания, Ситсилия ва Юнон. Ганнибал бо қисми зиёди лашкари худ ҳанӯз дар оғози ҷанг ба Пиреней гузашта, баъд ба ҷониби Алп ҳаракат карда, бевосита ба Италия зада медарояд. Ҳамаи кушишҳои лашкаркашони Рим баҳри боздоштани карфагениҳо бенатиҷа анҷом меёфтанд. Дар соли 216 п.а.м. дар наздикии Канна ба Ганнибал муяссар шуд, ки қӯшунҳои Римро пурра торумор карда, Римро дар ҳолати фоҷеа қарор дод. Барои анҷом додани амалиёти ҳарбии мазкур Ганнибал аз ҳукумат хоҳиш кард ки ба қӯшуни ӯ ёрӣ фиристонад. Вале ба ҷои он, ки ба Италия артиши навро фиристонанд, ба он ҷо додари Ганнибал – Гасдрубалро мефиристонанд, ки фармондеҳи қӯшунҳо дар Испания буд. дар ин ҷо низ амалиятҳои ҳарбӣ идома доштанд. Римиҳо аз лаҳзаи қупеши роҳи амалиётҳои қӯшунҳои Карфагенро гирифтанд Дар соли 215 п.а.м. дар задухурди нази дарёи Ибер ба Гасдрубал кушиш ба харҷ дод, ки аз тариқи тағйирбахшии (манёври) ҳаракати лашкар дар усули набардеро такрор кунад, ки дар вақташ ба бародари ӯ дар назди Канна фотеҳӣ ба бор оварда буд, вале ба шикасти пурра дучор мешавад.
Баъди футуҳот дар наздикии Канна ба Ганнибал муяссар шуд, ки ба эътилофи зиддиримӣ Сиракуза ва шоҳи Макдония Филиппи V- ро ҷалб намояд, вале римиҳо ҳам ба воситаи дипломатия ва ҳам аз тариқи қувва амал карда, муваффақ ба он шуданд, ки кафагениҳо ҷабҳаи муштараки Римро ташкил карда натавонанд. Филиппи V ба корҳои Балкан андармон шуда, Сиракуза бошад, баъди муҳосираи дуру дарорз соли 212 аз тарафи римиҳо ишғол карда мешавад. Дар ниҳояти кор Ганнибал гӯё, ки дар Ҷануби Италия дар “доме” қарор дошт ва барои амал кардан фазои зарурӣ надошт. Гасдрубал кушиш ба харҷ дод, то ки ба кӯмаки ӯ биёяд. Барои ин Гасдрубал гузариши Ганнибалро ба воситаи Пиреней ва Алп такрор кард, аммо артиши ӯ торумор карда мешавад ва ӯ пеш аз ҳамроҳшавӣ бо бародараш ба қатлрасонида мешавад..Дар Испания баъди чанд соли мубориза дар соли 206 п.а.м. ба римиҳо муяссар мешавад, ки Гадес, нуқтаи охирини такягоҳие, ки ҳанӯз аз карфагениҳо боқӣ монда буд, ба худ тобеъ кунанд.
Дар соли 204 п.а.м. қӯшунҳои Рим бо сардории Публий Корнелий Стсипион дар соҳилҳои Африқо лангар партофтанд. Ба ӯ муяссар шуд, ки шоҳи Нумидия Масиниссуро ба тарафи худ ҷалб намояд, ки ин ба ба римиҳо дар аскари савора афзалият дод Ҳукумати Карфаген аз Италия Ганнибалро бозхонд. Дар соли 202 п.а.м. дар наздикиҳои Зама муҳориба охирини ин ҷанг ба амал омад. Дар ин муҳориба кори асосиро ҷузъу томҳои аспсавор иҷро намуданд. Карфагениҳо пурра торумор карда шуданд, ки баъди ин идомаи муқовимат аҳамияти худро гум кард.
Баъди ин худи Ганнибал бар он шуд, ки қарордоди сулҳ баста шавад ки он соли 201 п.а.м. ба имзо расид. Мувофиқи шартҳои он карфагениҳо бояд маблағи бузургро ҳамчун товони ҷанг пардохт мекарданд, тамоми флоти ҳарбии худро медоданд, аз ҳамаи мулкҳои африқоии худ маҳрум мешуданд, дар худи Африқо бошад, истиқлолияти Нумидияро эътироф мекарданд, ба шоҳи Нумидия мулкҳои ниёгона ӯро баргардонад. Дар моддаи охирини қарордоди сулҳ омада буд ки Рим ҳамеша ҳақ дорад ба корҳои африқоӣ дахолат кунад, чунки мувофиқиин шартнома ба Карфаген бе иҷозати Рим ҳақ надошт бар зидди ягон давлат ҷанг кунад. Ҳамин тариқ, Ҷанги Дуюми Пунӣ натанҳо Карфагенро аз ҳолати мамлакати бузург маҳрум кард, балки истиқлолияти онро хеле маҳдуд кард.
Дар мубориза барои ҳукмронӣ дар баҳри Миёназамин Карфаген пурра шикаст мехурад. Вале аз назари иқтисодӣ он дере нагузашта аз нав эҳё мегардад. Дар асри II п.а.м. Карфаген на танҳо маркази муҳимтарини савдо, балки истеҳсолкунандаи калони ғалла ва равған мондан мегирад, чунки қаламрави соҳаи кишоварзии он дар натиҷаи ҷанг бо Рим ягон зараре надида буд. Беҳуда нест, ки Марк Порсий Катон соли 253 п.а.м. шаҳри серодаму бойи Карфагенро дида, сахт метарсад. Аз назари сиёсӣ бошад, Карфаген дар амал дар зери протекторати Рим буд ва, чун қоида, Рим нисбати Карфаген дар мавқеи душманӣ қарор дошта, доимо заминҳои карфагениҳоро ишғол мекард. Дар чунин шароит дар Карфаген наметавонист муборизаи сиёсӣ аз нав авҷ нагирад. Ба табақаҳои қатории шаҳрвандон (плебейҳо) такя карда, Ганнибал соли 195 п.а.м. сарварии давлатро ба даст медарорад ва кушиш ба харҷ медиҳад, ки ислоҳот гузаронад, то ки ҳокимияти ҳамагонии ашрофон (олигархия)-ро барҳам зада, барои гирифтани қассос тайёрӣ бинад.Вале бо бо римиҳо муттаҳид шуда, ашрофони (олигархияи) Карфаген Ганнибалро маҷбур месозанд, ки кори оғозкардаи худро ба анҷом нарасонида, фирор кунад. То миёнаҳои аср ҳаёти сиёсии Карфаген бо муборизаи се “ҳизб” муайян карда мешуд: ҷонибдорони Рим, ҷонибдорони Нумибия ва демократӣ, ки фаъолияти “ҳизби” охирин ба барқароркунии иқтидори Карфвгкн нигаронида шуда буд. Ғалабаи демократҳо римиҳоеро водор мекард, ки аз болоравии нави Карфаген тарсида, бар зидди ин давлат аз нав ҷангро оғоз кунанд. Баҳонаи мушаххас барои ин иқдом ҳамон вақте ба миён омад, ки карфагениҳо қарордоди сулҳро вайрон карда, ба ҳамлаи беҳаёёнаи шоҳи Нумидия зарба заданд. Ин воқеа соли 149 п.а.м. ба вуқӯъ пайваста буд.
3.ҶАНГҲОИ СЕЮМИ ПУНӢ ВА БАРҲАМХУРИИ ИМПЕРИЯИ КАРФАГЕН (СОЛҲОИ 149 – 146 П.А.М.)
Дар натиҷаи Ҷанги Дуюми Пунӣ римиҳо Испанияро забт карданд ва баКарфагениҳо чунин маҳдудиятҳоеба миён монданд, ки он империяи бузург будани худро аз даст медиҳад. Ба Карфаген лозим омад, ки ба маблағи бузупги 10 ҳазор талант товони ҷанг бидиҳад (ростӣ, аз ӯҳдаи пардохти ин маблағ бо осонӣ баромад). Ба Карфаген ҳамагӣ 10 киштии калони ҳарбӣ монда шуд ва он ӯҳдадор шуд, ки бе иҷозати Рим бар зидди давлатҳои дигар ҷанг намекунадШоҳи боҳавсалаи Нумидияи Шарқӣ Масинисса, ки қаблан иттифоқчии Карфаген буд, хоинона ба таври пинҳонӣ бо Рим иттифоқ баста, дере нагузашта ҳудудҳои давлати худро аз ҳисоби заминҳои Карфаген васеъ кардан гирифт.
Бори дигар хотирнишон мекунем, ки Карфаген Испанияро аз даст дода. бо ҳамин мавқеи худро аз даст медиҳад, ки даъвои ҷанг бо Римро карда метавониста бошад Вале римиҳо аз эҳё шудани Карфаген сахт метарсиданд. Нақл мекардаанд, ки Катони Калонӣ ҳар як баромади худро дар сенати Рим бо хитобаи “Delenda est Karthago!” “Карфвгкн бояд ба хок яксон карда шавад!” ба итмом мерасонидааст. Ба Катону исроркорона сенатори дигарСтсипион Назика муқобил истода, мегуфт, ки metus Runicus, яъне тарс дар назди Карфаген, ба ягонагии Рим мусоидат мекунад ва ҳамчун воситаи . ҳавасмандӣ душмани анъанавиро бояд нигоҳ дошт. Сарфи назар аз ин Котону ба андешаи худ истодагарӣ мекард Талабҳои миёншикани Рим давлати Африқои Шимолӣ – Карфагени заифгардида, вале ҳанӯз сарватмандро маҷбур месозад. ки дар соли 149 п.а.м.Ҷанги Сеюми Пуниро оғоз намояд.
Соли 149 п.а.м. Ҷанги Сеюми Пунӣ оғоз меёбад. Он дар амал бо муҳосираи сесолаи Карфаген аз тарафи қӯшунҳои Рим маълум аст. Карфагениҳо қаҳрамонона меҷангиданд, вале қувваҳо баробар набуданд ва дар соли 146 п.а.м. римиҳо ба шаҳри Карфаген зада даромаданд. Ҳарбу зарби шадид ва ҷонбозиҳо дар кӯчаҳои шаҳр, дар пулҳои аз болои кӯчаҳо сохташуда, дар назди биноҳо ва болои боми хонаҳо сурат мегирифт. Римиҳо охирин паноҳгоҳи ҳимоятгарони шаҳр — маъбади Эшмунро ишғол карда натавонистанд, онро худи ба муҳосира гирифторшудагон оташ зада, маргро аз ғуломӣ афзалтар донистаанд. Қисми зиёди карфагениҳо ба ҳалокат мерасанд. Қариб 500 ҳазор ҷон ба саломатбурдагон ба ғуломон табдил дода шуданд Худи Карфаген бошад, ба хок яксон карда мешавад ва ҷои он шудгор карда шуда, ҳамчун нишонаи нафрат дар он ҷо намак “кишт” карда мешавад. Қаламрави Ҷумҳурии Карфаген ба музофоти Африқои Рим бо марказаш шаҳри Утика табдил дода мешавад. Бо ҳамин таърихи давлати абарқудрати Карфагени финикӣ ба охир мерасад.
Бояд гуфт, ки баъди панҷ аср ҳам аз забони пунӣ дар баъзе навоҳии деҳотии Африқои Шимолӣ истифода мебурданд, шояд аз он сабаб бошад, ки эҳтимол дар рагҳои мардуми дар он ҷо сукунатдошта хуни пунӣ ҷорӣ будааст. Шаҳри Карфаген дар соли 44 п.а.м. аз нав бунёд карда мешавад ва ба яке аз шаҳрҳои калонтарини империяи Рим мубаддал мегардад вале давлати Карфаген аз нав эҳё нагардид.
4.БУНЁДИ КАРФАГЕНИ НАВ
Императори Рим Юлий Сезар фоидаи амалии Африцои Шимолиро дар империяи Рим ба ҳисоб гирифта, баҳри бунёди Карфагени нав бо тамоми ҷиддият чораҳои таъҷилӣ меандешад, ки ин сабаб дошт. Ччунин ҳисоб мекард, ки истифода набурдани ин минтақаи аз бисёр ҷиҳат қуллаю манфиатнокро ба ҳоли худ гузоштан ифодаи хирадмандӣ нест. Бинобар ин ӯ тасмим гирифт, ки дар ҷои Карфагени ба хок яесонкарда Карфагени нав бунёд карда шавад. Вале ин нақша баъд аз сари Юлий Сезар амалӣ карда мешавад.
Бо шарафи асосгузори шаҳр Карфаген Colonia Julia Carthago ё худ “Мустамликаи Карфагени Юлий” номгузорӣ мешавад. муҳандисони Рим теппаи Бирсаро канда, наздики 100. 000 метри мукааб хокро берун бароварданд, то ки болои заминро ҳамвор кунанд ва ҳамин тариқ нишонаҳои гузаштаи шаҳри Карфагенро нест кунанд. Дар ин ҷо кушку ибодатгоҳҳо ва биноҳои зебои ҷамъиятӣ сохта шуданд. Баъди чанде Карфаген ба яке аз шаҳрҳои пурҳашамати империяи Рим, аз ҷиҳати бузургӣ шаҳри дуюми ғарб баъд аз Рим табдил меёбад. Барои қонеъ кардани талаботи 300 000 сокини шаҳр дар он ҷо сирк барои 60 000 тамошобин, театр, амфитеатр, термҳо (гармобаҳо) ва хати қубури оби нӯшокии акведук сохта мешавад.
Соли 4 п.а.м. . яъне баъди 102 соли барҳам хурдани Карфаген, ин шаҳр ба ҳаёти нави худ сар кард. Он дар аввал ҳамчун ҳамчун маркази маъмурӣ ва бандар вилояти аз истеҳсолоти соҳаи кишоварзӣ бой нашъунамо меёбад.. Ин марҳалаи таърихи Рим 750 сол тулмекашад..
Карфаген (баъди Рим ва Искандария) шаҳри асосии музофотҳои.империяи Рим дар Африқои Шимолӣ мешавад. Он қароргоҳи ноиби консул дар музофоти Африқо буда, дар тасаввури римиҳо каму беш қаламрави қадими Карфаген мувофиқат мекард. Дар ин ҷо мулкҳои заминдории маъмурии император ҷойгир буданд, ки онҳо қисмати хеле зиёди музофотро ташкил менамуданд.
Харобаҳои Карфагени нав
Римиҳои бонуфузи сершумор бо Карфаген ва гирду атрофи он алоқаманд буданд. Нависанда ва файласуф Анулий дар ҷавонӣ дар Карфаген таҳсил карда буд ва баъдтар бошад дар он ҷо бо шарофати нутқҳои худ бо забонҳои лотинӣ ва юнонӣ шӯҳратманд мегардад ва то дараҷае, ки ба шарафи ӯ ҳайкалҳо сохта мешуданд. Марк Корнелий Фронтон, ки устоди Марк Аврелий буд, инчунин императори Рим Септимий Север низ зодагони Африқои Шимолӣ буданд.
Дини қадимаи пунӣ дар шакли романишуда боқӣ монда буд, ва ба олиҳа Танит, чун ба Юнони Кайҳон, сари таъзим фуруд меоварданд, образи Ваала бошад. бо образи Крон (Сатурн) як мешавад. Сафи назар аз ин, маҳз Африқои Шимолӣ пушту паноҳи дини масеҳӣ мешавад. Карфаген бошад, дар таърихи масеҳияти барвақта машҳурмешавад ва ин шаҳр ҷои баргузории якчанд анҷуманҳои (соборҳои) калисомегардад. Дар асри III п.а.м. епископи КарфагенКиприан буда, Тертуллиан қисми зиёди умри худро дар ҳамин ҷо гузаронидааст. Шаҳри Карфаген яке аз марказҳои калонтарини илмии лотинӣ дар империя ба ҳисоб мерафт. Августини Муқаддас дар тавбакуни (исповед)-и худ якчанд лаҳза аз ҳаёти хонандагонеро, ки дар мактаби риторики (суханварӣ)-и Карфаген охирҳои асри IV таҳсил мекарданд, ба тасвир медиҳад.
Карфагени музофоти Рим
Вале Карфаген танҳо шаҳри калони марказии музофот мондан гирифта, он дигар мақому аҳамияти сиёсӣ надошт. Оё мо нақлҳо дар бораи қатли ошкорои масеҳиёнро гӯш мекунем, ё дар бораи ҳамлаҳои Тертуллиан ба бонувону хонумҳои карфагенӣ, ки ба калисо дар тан либосҳои идонаи дунявӣ омадаанд, мехонем ва ё дар бораи шахсиятҳои маъруф, ки дар лаҳзаҳои муҳимми таърихӣ дар ин шаҳр шудаанд, Карфаген дигар ҳаргиз аз сатҳи шаҳри калони музофотӣ болотар нарафтааст. Якчанд вақт (солҳои429 — 533) дар ин ҷо пойтахти вандалҳо ҷойгир буд, ки дар вақташ чун роҳзанони баҳрӣ (пиратҳо), аз бандар ба сафари баҳрӣ мебаромаданд ва бар гулӯгоҳҳои баҳри Миёназамин ҳукмронӣ мекарданд. Баъд ин вилоятро византиягиҳо забт карда, то он вақте дар дасташон нигоҳ доштанд, ки соли 697 Карфаген аз тарафи арабҳо ишғол карда мешаванд
5.МАДАНИЯТИ КАРФАГЕН
Маданияти шаҳрҳои Финикӣ, аз он ҷумла иетрополияи Карфаген – Тир махсусияти худро дошт. Давлатҳои начандон калони финикӣ доимо объекти ишғолгариҳои сиёсӣ буда ва зери таъсири мадании давлатҳои ҳамсоя, ба монанди Миср,Хеттҳо, Бобул, Ошур қарор дошт Бо ҳамин сабаб маданияти онҳо дар зери таъсири зиёди маданияти ҳамсояҳо монда, моҳияти аз ҳам ҷудонашаванда (синкретӣ) пайдо карда буд. Ҳамин вазъият дар Карфаген вуҷуддошт.. Дар бораи бештар будани санкретизми Карфаген сухан рондан мумкин аст, чунки аз асри V п.а.м. сар карда таъсири ҷиддии маданияти Юнонро аз сар мегузаронид Карфагениҳо доимо ҳам аз аҳолии маҳаллӣ мва ҳам аз рақибони худ оид ба мустамликагардонии баҳри Миёназамин — юнониҳо метарсиданд. Гузашта аз ин юнониҳо ба роҳи ишғолгарӣ хеле барвақт даромада, ҷангҳои зиёд мекарданд, ки инҳо хароҷоти калонро тақозо мекарданд. Ин роҳ ба ташаккули ба рушди баланди маданият мусоидат мекард.Аз он ҷумла эҷодиёти адабӣ, санъати тасвирӣ ва фалсафа сустпеш рафта буданд. Карфагениҳо истифодаи асарҳои Шарқитқадим ва юнониро афзалтар медонистанд. ДарКарфаген асарҳои Гомер, фовеанависони юнонӣ, шоирон, суханварон ва файласуфони номдорро медонистанд.Илмҳои амалӣ нисбат ба илмҳои дигар – агрономия, ҷуғрофия, риёзӣ, истеҳкомсозӣ, баҳрнавардӣ бештар рушд карданд. Сафарҳои дуру дароз ба Британия ё сафри машҳури Ганнонсоҳилшои экваториалии уқёнуси Ором, иншоотҳои мустаҳками истеҳкомӣ даратрофи деворҳои аҷоибу мӯҳташами Карфаген ва ғайраҳо донишҳоро оид ба илмҳои зиёди амалӣ талаб мекарданд.Эҳтимол карфагениҳо харитаҳои барои он замон диқиқи ҷуғрофии Африқо, ва Баҳри Миёназамин, соҳилҳои африқоӣ ва аврупоии уқёнуси Атлантика, аз он ҷумла, галаҷазираҳои Канар ва Азорро доштанд. Эҳтимол баъзе баҳрнавардони Карфаген то ба қитъаи Америка ҳам рафта расида бошанд.
Маданияти Карфаген давомдиҳандаи маданияти Финикия буд, вале он дар зери таъсири маданияти мисриён, юнониҳо ва қисман маданияти либиягиҳо ба таври куллӣ тағйир ёфта буд. Дар нимаи дуюми ХIХ баъди оғози ковишҳо дар қаламрави Тунис боқимондаҳои шаҳрҳо, кушк (чорбоғ)-ҳои қадим, иншоотҳои меъмории монументалӣ ошкор карда шуданд. Ин ҳама дар бораи сатҳи баланди маданияти моддӣ карфагениҳо шаҳодат медиҳанд.
Сарфи назар аз ин, мо дар бораи маданияти Карфаген хеле кам маълумот дорем. Ягона матни васее, ки бо забони онҳо то ба мо омада расидааст, дар пъесаи Плавтаи Пунӣ мебошад, ки дар он яке аз персонажҳо, бо номи Ганнон гуфтугу (монолог) бо худро эҳтимол бо лаҳҷаи тоза пунӣ ба забоноварда, баъд дар худи ҳамин лаҳза қисми бештари онро ба забони лотинӣ баргардон мекунад. Мутаассифона, бо сабаби матнро надонистани навиштагиранда, он вайрон карда шудааст.Дар баробари ин, забони карфагенӣ аз рӯи номҳои ҷуғрофӣ маълум буда, мафҳуми терминологии номи онро бошад, ҳамчункалимаи бо ном хос ифодакунандаро муаллифони юнонию лотинӣ овардаанд. Дар мавриди шарҳуқ эзоҳи ин пораҳо мзабонҳои забони пунӣ бо забони яҳудии қадим хеле хуб кӯмак мерасонад.
Карфагениҳо худашон анъанаҳои бадеии худро надоштанд Тахмин кардан мумкин аст, ки ҳар он чизеро ки ба соҳаи санъат марбут донистан лозим бошад, ин халқ ба нусхабардории ғояю тарзу усулҳои халқҳои дигар маҳдуд мешуд.Он чӣ ки ба кулолгарӣ дахл дорад, онҳо намунаҳои беҳтаринро нусхабардорӣ накардаанд. Дар кулолгарӣ, ороишдиҳӣ ва ҳайкалтарошӣ онҳо ба тақлидкорӣ қаноат мекарданд ва намунаҳои еҳтаринро нусхабардорӣ накардаанд. Он чӣ ки ба адабиёт дахл дорад, ғайр аз рисола оид ба кишовапрзии Магона ва як ё ду пораҳои хурди асари талфифи (компилятивӣ)-и бо забони юнонӣ ягон чизи дигар боқӣ намондааст. Ба мо маълум нест, ки дар Карфаген ягон бошад. ки онро “забоншиносии бонафосат“ номидан раво бошад.
Эҳтимол дар қаламрави Африқои Шимолӣ аҳолӣ хеле зич сокин шуда буд. Страбон менависад, ки дар Либия қриб 300 шаҳр вуҷуд дошт, дар худи Карфаген бошад, наздики 700 ҳазор. Академик В.И.Авдиев чунин мешуморад, ки “оҳолии шаҳри бузург ва ноҳияи ба он наздик воқеан бо он шуморае баробар аст, ки онро Стррабн гуфтааст”.
Адабиёт Пунӣ хеле кам боқӣ модааст, бисёрии онҳо аз тарафи римиҳо нест карда шудааст ва он чӣ ки боқӣ монда буд, вақт ба нестӣ бурдааст. Баъзе асарҳои таърихии муаллифони антиқӣ дар навиштаҳои Диодор, Юстин, Саллюстия омада расидаанд. Инчунин асарҳои сарварони (адмиралҳои) флот – Ганнон ва Гамилкон дар бораи баҳрнавардии онҳо дар уқёнуси Атлантика ва асарҳои Магон, ки ба пешбурди самараноки соҳаи кишоварзӣ бахшида шудаанд, то ба мо омада расидаанд.
Нақши илмиКарфаген низ хеле калон аст, махсусан дар таҳқиқотҳои ситорашиносӣ ва ҷуғрофӣ. Карфагениҳо дар фалсафаи антиқӣ саҳми бузург гузоштаанд. Карфагенӣ Гасдрубал, ки дар Юнон номи Клитомах (писари Диогнет)-ро гирифтааст, дар яоряки охирини асри II сарвари дар Афина роҳбари Академия мешавад.
Дар ин замина ду нафар олиме, ки ҳаёт ва фаъолияташон ба Карфаген робитаи бевосита дорад. бо нақли мухтасарро баён месозем.
Тертуллиан. Номи пурраи ин мутафаккир Квинт Септим Флорент Тертуллиан (назд.солҳои 155 – 245 п.а.м.) ва илоҳишинос буда дар Карфаген дар оилаи сентурион таваллуд шудааст. Дар Рим дар касби ҳуқуқшиносии амалӣ фаъолият намуда, маълум нест, ки Тертуллиан рӯ ба масеҳият овардааст, лекин наздики соли 195. Баъди баргардонӣ, ӯ ба Карфаген бармегардад ва дар он ҷо наздики соли 200 ба мартабаи просвитер соҳиб мегардад ва, тавре Иероними Муқаддас мефармояд, “то пиронсолӣ умр мебинад”.
Тертуллиан Каломи Худо (Священное Писание) ва муаллифони юнониро хеле хуб медонист. То мо 31 рисолаи Тертуллиан боқӣ монда, ҳамаи асарҳои ӯ ба мавзӯҳое бахшида шудаанд, ки аҳамияти амалӣ доштанд.: масеҳиҳо ба бутпарастӣ, ба масъалаҳоиахлоқи масеҳӣ ва рад кардани мулҳидӣ дарон бахшида шудаанд. 14 рисола, ки аз рӯи номашон маълуманд, боқӣ намондаанд Дар давраи “католикии” ҳаёти худ Тертуллиан масеҳиятро дар апологияҳои “Ба бутпарастон” (Ad nations) ва “Апологетик” (Apologeticus) аз гунаҳборкунии бутпарастон ҳимояn мекунад, дар рисолаҳо кодекси ахлоқи масеҳиро “Дар бораи намоишҳо” (“De spectaculis”), “Дар бораи бутпарастӣ” (“De idolokairia”), “Дар бораи тозатаъии зан” (“De cultu feminanarum”), “Ба ҳамсар” (“Ad uхorem ”)-ро коркард намудааст. Дар рисолаҳои “Дар бораи ғусли таъмид” (“De baptismo”), “Дар бораи ибодат” (“De oration”). “Дар бораи тавба” (“De poenitentia ”) катехумҳоро панду ҳикмат мекунад ва мефаҳмонад, ки бо кадом сабаб сухани мулҳидонро шунидан норавост ва асарҳои дигари Тертуллиан, ки ба масъалаҳои дигари масеҳият бахшида шудаанд.
Апулей Лутсий. Lucius Apuleius тахминан дар солҳои 125 – баъди соли 170 п.а.м. умр ба сар бурда, файласуфи Рим ва устоди суханварӣ буда, ҷои таваллудаш Мадавр (Нумидия) мебошад.Дар Карфаген ва Афина таҳсил карда, Апулей дар Рим ҳуқуқшинос шуда кор мекард Баъди баргаштан ба Африқо олиҳаи бевамонда Эмилия Пудентилларо ба ақди никоҳи зуд медарорад. Аз интизориҳои худ фиреб хурда, хешовандони ҳамсараш ӯро бо он муттаҳам карданд, ки гӯё олиҳаро ба воситаи ҷоду ба худ молил кунонидааст. Нутқи худсафедкунии Апулей дар шакли китобе бо номи “”Дар бораи ҷодугарӣ ё Апология” (“Apokogia Pro se de magia”) боқӣ мондааст. Ин асар чун асарҳои дигари Апудей таваҷҷӯҳи ӯро ба ҷоду, инчунин таъсири фалсафаи платоновии нав ва миститсизми шарқӣ, аз он ҷумла, парастиши олиҳаи мисрии Исидаро ошкор месозад. Ғайр аз “Апология” дар зери номи Апулей то ба мо асарҳои зерин омада расидаанд: “Дар бораи таълимоти Афлотун” («De Platone et eius dogmate»). “Дар бораи худои Суқрот” (“De deo Cokratus ”); “Флорида” (“Florida”) (иқтибосҳо аз нутқҳо); “Дар бораи сулҳ” (“De mundo”) (тарҷума аз рисолаи Псувдо Арасту) асари беҳамто . романи “Метаморфоза” ё “Дар бораи маркаби тиллоӣ” (“Metamorphoseon siv de asino aureo libri”). Обрӯю эътиборе, ки Апулей дар назди ҳамватанонаш дошт, хеле баланд буда, ба ду ҳайкали ба хотири ӯ гузошта (яке дар Мадавр ва дигаре дар Карфаген) мушарраф гардонида ва Апулей коҳин эълон карда мешавад.
Романи “Метаморфоза” аз ёздаҳ китоб иборат буда, дар бораи саргузашти нафаре бо номи Лутсия аз Коринф нақл мекунад: дар китоби сеюм Памфила, ки духтаре аз Фессалия будааст ва зизматгори ӯ Фотида, аз ҷоду истифода бурда, ӯро ба маркаб мекунонанд. Дар чунинсимо ба Лутсия лозим меояд, ки ба нокомиҳои зиёд тоқат кунад, баъзан ба зур ба ӯ муяссар мешудааст, ки наҷот ёбад. Хилофи хоҳишаш ӯ суханронииодамони ҳиёдрогӯш карда, аз сиру махфиятҳои зиёд огаҳӣ пайдо мекунад Қисмати миёнаи “Метаморфоза” аз лаҳзаҳои сершумори бо ҳамдигар дар ҳолати алоқамандӣ қарор надошта иборат буд., чунки он аз қисссаҳои пасиҳамомадаи ҳамдигарро озодона буридагузаранда иборат буда, асосан ба саргузаштҳои ошиқӣ бахшида шудаанд. Тавре муҳаққиқон ба хулоса омадаанд, хонандагони муосир чунин мешуморанд, ки ин таърихҳо моҳияти маҷозию рамзӣ (аллегорӣ) доранд ва дар бораи ба наҷоти ниҳоӣ баромадани ҷон нақл мекунанд. Муҳаққиқон бар он ақидаанд, ки калидро барои ҳамаи аллегорияро қодир аст повест дар бораи Амур ва Психей (дар китобҳои IV- VI) диҳад… Бо шарофати Исида, Лутсий аз нав симои одамиро пайдо карда, баъд коҳини олиҳа мешавад.
Ба маданияти Карфагени ҳамонвақта дин ва асотирҳо (мифология) таъсири калон мерасониданд. Вале ин соҳаҳо аз сабаби камёфт будани сарчашмаҳо, инчунин бо сабаби он ки номҳои худоҳои одатан қадаған (табу) карда шуда, номҳои аслии онҳоро ба забон гирифтан мумкин набуд, бо мушкилии зиёд омӯхта мешаванд. Ин аст, ки донишҳои мо дар бораи маъбад (пантеон)-и пуниҳо мумкин аниқ набошад.
Маълум аст,ки худои олии финикиҳо Эл номида мешуд, ки дар тарҷума маънии худоро дорад, ҳамсари ӯ — Элат (олиҳа) ва ё Ашерат (рӯҳи баҳр). Худоҳои боқимонда – шоҳҳо (малк) ё хуҷаинҳо (баал) , аз он ҷумла шоҳи шимол – Баал-Тсафон, хуҷаини осмон – Баал – Шамом, худои офтоб (хуҷаини гармӣ) — Баал – Хамон, инчунин шоҳи ҷойҳои алоҳида, дарёҳо ва ғайраҳо ном доштанд. Дар Карфаген махсусан худои пушту паноҳи Тир – Мелкарт (“шоҳ”) махсусан парастида мешуд, чунки Карфаген аз тарафи мардуми баромадашон аз Тир сохта шуда буд, инчунин олиҳаи муҳаббат ва ҳосил Аштарта (Астарта) буд, ки ӯ яке аз худоҳои муҳимтарини карфагениҳо ба шумор мерафт.
Стелла аз Тофет
Аксарияти обида (стел) дар Карфаген ба Баал – Хамон ва ба олиҳа Таннит бахшида шуда будандИн худоҳоро муфассал дида мебароем. Номи пурраи Таннит – “Таннит – пеш аз – Баалом буд. Дар аксарияти матнҳо пеш аз номи Таннит Баал – Хамон омадааст. Ҳамин тариқ эҳтироми беандозаи карфагениҳо нисбат ба ӯ қайд карда шудааст..Ӯ олиҳаи бокира ҳисобида шуда, ӯро юнониҳо бо Артемида шабеҳ меҳисобиданд. Эҳтимол калимаи “Таннит”-ро мумкин аст ҳамчун “гирякунандадухтари эътиқодӣ”, яъне коҳин тарҷума кард. Ҳамин тариқ, Таннит – аз пеши – Баалом ҳамчун “коҳинхонум-и пеш аз Бааломбуда” тарҷума мешавад. Коҳинхонум эҳтимол шабеҳи олиҳа ҳисобида мешуд ва ифодаи ӯ ҳамчун яке аз рамзҳои (ипотаси) худо қабул карда мешуд.
Баал – Хамон яке аз худоҳои асосии метрополияи африқоӣ буд. Ӯро чун анъана бо Сатурни римиҳо ва Кроноси юнониҳо яксон мешумориданд Ин худо дар байни карфагениҳо худои ҳосил ва боришот буд.
Баъзе навиштаҷот, ки дар бораи асотирҳо нақл мекунанд, маълум мебошанд, аз он ҷумла дар бораи марг ва азнавзиндашавии Баал, ки бо худои марг – Мот мубориза мебарад ва бо кӯмаки хоҳари худ – ҷанговардухтар Анат бар ӯ ғолиб мебарояд.
Дар ибодатгоҳҳо, ки майдончаи кушодро мемонданд, дар маркази онҳо қурбонгоҳ сохта шуда ва дар он ҷо ҳамкорҳои сершумори коҳинҳо машғули хизмат буданд. Дар баробари қурбоникуниҳои муқаррарӣ (чорво ва маҳсулоти кишоварзӣ) дар ҳолатҳои фавқулодда, масалан, дар мавриди воқеаҳои сиёсӣ, гузоштани таҳкурсии деворҳои шаҳр ва ғайра эътиқодмандон кӯдакони хурдсоли худро ҳам ба қурбонӣ медоданд. Ҳамин тариқ, масалан, Диодор нақл мекунад, ки сокинони Карфаген диданд, ки ба шаҳри онҳо хатар таҳдид мекунад, садҳо кӯдакони худро қурбонӣ карданд, то ки бадбахтии ба сарашон омадаро пешгирӣ намоянд.