Шахсияти Улҷойту Худобанда дар сарчашмаҳои таърихӣ

Султон Муҳаммад Худобанда Улҷойту бародари Ғозонхон буд,ки дар замони ҳаёт вай ҳукумати Хуросонро дошт. Ғозонхон пеш аз вафот валиаҳди худ Улҷойтуро хонда буд. Ӯ аз марги бародар зуд иттилоъ ёфт ва кабл аз он,ки дигар шоҳзодагон ҳаракате аз худ нишон диҳанд худро ба пойтахт расонид ва дар соли 1304-и мелодӣ ҳокимиятро ба даст даровард. Султони нав то замони ҳукумрониаш чанд бор тағйири дин кардааст. Модари вай Урвакхотун массеҳӣ буда таҳти таъсири рӯҳониёни дарбор кудакро ғусли таъмид дода ба ифтихори попи замон,ки Николаи IV буд ӯро Никола ном ниҳода буд. Кудак илова бар нуфузи модараш дар муҳите,ки массеҳиён неру ва эҳтироми бузург доштанд ба камол расид.

Ба ёд дорем, ки Арғун падари Улҷойту калисоҳоеро, ки бо амри Султон Аҳмад Тигудор вайрон карда шуда буд, аз нав бунёд кард. Никола дар кӯдаки бемор шуду ба дунболи ақидаҳои хурофии муғулӣ номашро ба Харбанда тағйир доданд,ки агар ба ҳисоби абҷад дароварем “сояи хоси офаринанда” маъни медиҳад, ки Рашидаддин тайи байте онро тавзеҳ додааст: Тағйири ном ҳангоми ҳодисаҳои ногувор дар назди суннати муғул ҷорӣ буд. Ал-Қошонӣ эътиқодманд аст, ки Харбанда дар кӯдаки монанди аҷдоди худ бутпараст буд. Ва ҳангоме,ки бузург шуд ба дини Ҳанафӣ рӯ овард. Дар ҷавониаш ҳангоме,ки даврони валиаҳдӣ ва фармонравии Хуросонро дошт, ҷамоате аз рӯҳониёни Ҳанафӣ хидматгораш шуданд ва пайваста ӯро ба гаравидан ба ин мазҳаб ташвиқ ва ҳидоят мекарданд. Як валиаҳди мебоист дар дин низ пайрави султони замон бошад.Ӯ замоне,ки барои ба тахт нишастан ба Табрез омад мусулмони ҳанафӣ буд ва номи худро аз Харбанда ба Худобанда тағйир дода буд. Ҳангоми тоҷгузорӣ номашро Муҳаммад Улҷойтухон гузоштанд, ки то охири умр бо ҳамин ном боқӣ монд.

Ибни Фавтӣ ин султонро таърифу тавсиф карда даврони ҳукумрониашро замони амну осоиштагӣ ба қалам додааст. Ҳангоме,ки дар воқеаҳои ин аҳд давр занем мебинем, ки қадамҷои пойи бародар ниҳода ва қадам ба қадам ҳадафҳову мақсадҳои ба охир нарасонида шуда ӯро таъқиб кардааст.

Пас аз се рӯзе, ки бинобар суннати муғулӣ ҷашнҳои тоҷгузорӣ анҷом гардид султон фармон дод, ки то иҷрои аҳкоми исломӣ  ва дигар маросимҳо, ки якҷоя буданд бо шӯхию бозӣ буд, парҳез кунанд ва дар бузургдошти Ислом саҳми худро гузоранд. Ба дунболи ин дастур фармоне содир шуд, ки аз замони Ғозонхон сарчашма гирифта буд ва аз ҳар гуна тағйиротҳо эмин гардонида шуд. Ба қавли Вассофул Ҳазра чун ба аҳли дарбор фармон дода шуд то сиккае зарб кунанд, ки рӯйи он дар се сатри баробар калимаҳои “Ло иллоҳа илаллоҳ Муҳаммадан расулаллоҳ ва ъало валиллоҳ” нақш баста номи дувоздаҳ имом ба тартиб атрофи доира дар панҷ зулҳ сиккаи нуқра зарб шуда бошад.

Вай касонеро, ки султони собиқ бар сари корҳо гузошта буд тараҳҳум кард ва дар шуғлҳо низ тағйире надод. Улҷойту дар солҳои аввали салтанат дар ноҳияе,ки дар Озарбойҷон яъне дар сари роҳҳои Ироқи бостон ва Гелон қарор дошт ва дорои чаманзорҳои сабзу хуррам буд, шаҳри муҳимму бузургеро сохт, ки ба Султония маъруф шуда аз он пас пойтахт аз Табрез ба Султония интиқол ёфт,ки ин нақша низ аз они Ғозон буд ,ки муваффақ ба иҷрои он нашуда буд. Султония на танҳо дар даврони Илхонӣ балки то аҳди Сафавӣ аз бузургтарин марказҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ ва саноатии замон ба ҳисоб мерафт ва равнақу пешравии зиёд дошт.

Ба тақлид аз усули Ғозоне, ки худ тақлиде  аз суннатҳои шаҳрсозии эрони буд. Дар миёни шаҳр арке сохта шуд,ки худ ба андозаи шаҳре буд ва монандӣ ба биноҳои оромгоҳи султон дошт. Дар миёни он арк гунбаде бо ҳашт манор барпо гардид: “Гунбаде бо ҳашт паҳлуи бузурги олӣ, ки даври он шаст газ( як газ барои масофа ба яксаду шашу аз даҳ шасту ҳашт сантиметр ва барои матоъ ба шасту як сантиметр баробар буд) аст. Ва баландиаш ба яксаду бист газ баробар аст.Чунончи дар гирду атрофи мулки олам мисли он иморате ба чунин бузурги ва ҳашамат вуҷуд надошт.

Дар мадрасаи Султония 10-муддарис, 20-тақвиятдиҳанда, 100-талаба, 20-сӯфӣ, 12- мутриб, 8-азонгӯй таъин шуд. Ва барои ҳар дарсгӯянда 1500-динор, барои ҳар тақвиятдиҳанда 750-динор ва ба ҳар як боқи монда 120-динор дар як соли кори муқарар карда шуда буд.Ҳамчунин ҳар рӯз барои меҳмонони мадрасаи Дорузиёфа 300-динор, барои амироне,ки муҳофизи ин маҷмаа буданд беш аз 100 ҳазор динор муқарар шуда буд, ки дар вақфнома сабт шуда буд.

Бинобар ончи, ки мо гуфтем метавон чунин собит кард, ки аввалан Султон Муҳаммад Улҷойту мехост,ки асаре аз худ боқӣ гузорад. Аз осори муҳимтарин султони илхонӣ, яъне Ғозонхон бузургтару бошукӯҳтар бошад ва бо ин тартиб худро ҳампояи вай созад; дуввуман дар нигоришу барраси ин осор намоён аст, ки дар ин замон фарҳанги эрони рушди комили худро боз ёфта буд ва ҳукумати Илхонӣ дар авҷи қудрат ба комёбиҳои назире ноил гашта буд. Агар ривоятеро нақл кунем Ал-Қошонӣ менависад: “Улҷойту ба дидори Тоқи Кисро рафт ва пас аз боздид аз ин бинои бошукӯҳу шигифт се бор Тоқро саҷда кард ва гуфт бисёр назарҳои бузургону мардони худоӣ бар ин Тоқ беназир аст ва дар ҳазорсолаҳои охир чунин бино сота намешавад.

ҶАНГИ ФИРҚАҲО

Дар даврони авалияи салтанати Улҷойту рӯҳониёни ҳанафӣ доим дар дабор ҳозиру нозири кор буданд ва султонро таҳти назорати мустақим доштанд. Онҳо натанҳо ба гуруҳои дигар имкони фаъолият намедоданд, балки дигар фарқро коҳиш ва маломат мекарданд. Ҳамчунин ба султон иброз каданд, ки сиккае зарб занад, ки номи халифаи Рошиддин бар он нақш баста бошад ва ин аввалин бор буд, ки дар замони Илхонӣ чунин сиккае ба бозор бароварда шуд.

Хоҷа Рашидаддин Фазлуллоҳ, ки дар дастгоҳ қудрати бузург дошту шофеъи мазҳаб буд ва ҳамчунон дигар шофеъиён аз неруи ҳанафиҳо норози буд.Чуноне Ҳофизи Абру гуфтааст: “Аз корҳои ҳанафиён норози буданд аммо ба хотири подшоҳ изҳор накарданд ва бо он сабру таҳаммул карданд. То охирҳои соли 707-и ҳиҷрӣ баробар аст ба соли 1307-и мелодӣ, ки писари садри Бухоро ҳанафӣ буд, ба дидори султон меояд ва маҷлисе баргузор мегардад. Дар ин маҷлис яке аз масъалаҳо масъалаи никоҳ дар фиқҳои шофеъиро барраси сохт, ки аз рӯи ин масъала баҳсҳое ба миён омад як лаҳзае сукуте маҷлисро фаро гирифт. Султон хашмгин аз ҷой бархост ва аз маҷлис берун шуд. Қатолғашоҳ фармондеҳи кулли сипоҳ, ки монанди замони Ғозон муҳимтарин шахсияти муғулии дастгоҳ ба ҳисоб мерафт аз ҷой бархест ва ба дигар фармондеҳон гуфт: ин чи коре буд, ки мо кардем ва дини падарон ва аҷдодии чингизиро ба канор гузошта ба дини кӯҳнаи араб гаравидем.

Чун ин сухан ба гӯши амирон, хотунҳо ва бузургони урдуҳо расид, ҳамагӣ аз ҷой бархестанд ва вазъият муташаниҷ шуд. Ин гурӯҳ аз дини Ислом дилсард шуданд. Аз ин воқеа маълум мегардад, ки мусулмонӣ дар назди аксар муғулон на ба майлу эътиқод, балки аз рӯи маҷбуркунии султонон сурат гирифта будааст. Султон дар Эрон дар ҳудуди Гулистон қасре, ки Ғозон сохта буд салтанат мекард. Шабе раъду барқи шадиде ба амал меояд ва чанд тан аз атрофиёни султон, ки дар гушанишинӣ умр ба сар мебурданд, ба ҳалокат расиданд. Улҷойту аз ин воқеа ҳароснок шуда зуд дастури кучиданро дод ва ба Султония бозгашт. Бахшиёнро, ки маъмури ин кор буданд ҳозир карданд. Онҳо, ки аз ин амр дар нияти истифодаи таблиғоти буданд гуфтанд, ки ин раъду барқ аз наҳсиҳои Ислому мусулмонӣ аст. Ва агар султони арки ин дин тавба кунад, ҳама чиз ба ҳоли худ бар хоҳад гашт ва дигар эҳтиёҷи гузаштан аз оташ нест

ШИАГАРИИ СУЛТОН МУҲАММАД УЛҶОЙТУ ХУДОБАНДА

Нуфузи гурӯҳи шиа дар дарбори муғул дар замони салтанати Ғозонхон рушд кард. Шиаён бо ҳар роҳу восита худро ба дарбориён наздик мекарданд. Ғозон он чунон ба ин гурӯҳ наздик шуд, ки гоҳе дар ривоятҳо ӯро шиа хонданд.

Неру гирифтани шиа дар ин давра  бахусус ба се шахсияти бузурги рӯҳонӣ, девонӣ ва сипоҳӣ дахл дорад, ки яке Хоҷа Саъдаддини Соваҷӣ, ки муддате вазири ботадбири Улҷойту буд, дигаре Турумтоз амири бузурги муғулӣ ва саввумин Саид Тоҷиддини Оваҷӣ ё Овӣ рӯҳонии маъруф, ки тавассути вазир ба дарбор роҳ ёфта буд ва султонро пайваста ба ҷониби ин гурӯҳ роҳнамоӣ  мекард. Ин саиди олиқадр, ки аз Ова буд дар Куфа таваллуд шуда дар Наҷаф тарбия ёфта бузург шудааст. Дар ин миён ду кумаки бузурге дар пешбурди кор кардааст: яке фатҳи Гелон тавассути Улҷойту ва дигаре интихоби Султония ба пойтахт…

 

test

Добавить комментарий