Ҷангҳои Шоҳаншоҳии Порт ва Империяи Рим

Тавре маълум аст, дар муқобили нерӯҳои ҳарбии точанде пурзуршавандаи Рими Қадим на Карфаген ва на давлатҳои эллинистию баъди эллинистии Юнони Қадим истодагарӣ карда натавониста, пасиҳам аз легионҳои Рим шикаст хурда, ба музофотҳои Ҷумҳурӣ ва Империяи Рим табдил дода мешуданд. Дар қатори давлатҳои Юнони Бузург, Юнони Балкан, Осиёи Хурд, Назди баҳри Сиёҳ, Африқои Шимолӣ, Миср, Шарқи баҳри Миёназамин (Сурия, Яҳуд, як қисми Байнаннаҳрайн), Галлия, Испания, Германия ва Британия аз тарафи Рим ишғол ва ба музофотҳои он табдил дода шуданд.

Ҳаркати портиҳо ба самти ғарб дар аҳди Митридати I оғоз меёбад. Ба ӯ муяссар мешавад, ки ба Селевкиён ва Арманистон шикаст дода, Байнанаҳрайнро ба Порт муттаҳид кунанд. Дар худи ҳамин давра Рим ҳудудҳои худро дар Шарқ васеъ мекунад. Митридат I ҳатто ҷидду ҷаҳд кард, то ки бо Сулла иттиҳоди Риму Портро (солҳои 90-ум т.м.) ташкил кунад. Вале баъди солҳои 90-ум т.м. нуфузи Порт дар ғарб дар натиҷаи аз шоҳи арманҳо Таграни II Бузург шикаст хурдан, ки қароргоҳи тобистонаи шоҳҳои Порт Ҳамадонро ба даст оварда буд, якбора заиф мешавад ва дар соли 85 т.м.тамоми Байнанаҳрайнро ишғол менамояд. Шоҳи Порт ба Тиграни II унвони фахрии “Шоҳи шоҳон”-ро гузашт мекунад. Баъди он ки лашкаркаши Рим Лукулл ба минтақаҳои ҷанубии Арманистон зада даромад ва соли 69 т.м. ба Тиграни  II якчанд маротиба шикаст дод,  Иттифоқи Риму Порт аз нав барқарор карда мешавад.

Вақте ки Помпей, Лукуллаи ба шикаст дучоршударо иваз мекунад, дар Шарқ ба ҷанг бар зидди арманҳо сарварӣ менамояд, дар ин ҳолат аз нав бо Фраати III гуфтушунид мекунад. Дар натиҷа онҳо ба ваҳдат омаданд ва қӯшунҳои Риму Порт дар соли 66/65 ба Арманистон зада медароянд. Вале дере нагузашта дар байни Рим ва Порт оид ба сарҳадҳо муноқиша ба амал меояд. Помпей унвони “Шоҳи шоҳҳон”-ро нисбати Фраат эътироф накард ва онро дар шахси Тиграни II шинохт. Вале ин вақт Фраат назорати худро аз болои қисми зиёди Байнанаҳрайн, ғайр аз ноҳияи ғарбии Осроена, ки иттифоқчии римиҳо шуда буд, назорати худро таъмин кард.

Аз соли 53 т.м. сар карда то ба анҷомрасии марҳалаи Ҷумҳурии Рим дар байни Рим ва Порт (ташаббускор аз ду тараф) панҷ ҷанг ба амал меояд ва Порт дар ин ҷангҳо дар мақоми гуногун ва натиҷагирри гуногун қарор дошд. Аввал мушаххасоти мухтасари лашкаркашии Рим бо сардории Красс (узви Триумвирати якум) пешниҳод мешавад. Як махсусияти сарчашмаҳоро дар бораи муносибатҳо дар байни Рим ва Портро бояд қайд кард. Сарфи назар аз мансубият ба ватанпарастӣ ва эҳтироми бепоёни муаллифони онҳо ба тамаддуни оламшумули Рими Қадим муаллифони ғарбӣ муборизаи байни Рим ва Портро воқеъбинона ва холисона тасвир карда, ба иқтидори Порт қоил ҳам шудаанд.

Муҳориба дар назди Ҳарон (Карра)-и Порт яке аз бузургтарин шикастест, ба артише, ки Красс, яке аз лашкаркашони боистеъдод ва борҳо аз санҷишҳои барои Рим тақдирсоз гузашта, фармондеҳ буд. Фармондеҳи лашкари Шоҳаншоҳии Порт Ороди II (солҳои 55-36 т.м.) лашкаркаши соҳибтаҷриба  Сурена буд ва ҷиҳатҳои пурзуру заифии артиши Римро хеле хуб медонист.  Муҳориба аз рӯи тақвими римӣ моҳи июни соли 53 то милод (аз рӯи ҳисоби муосир дар оғози моҳи май) ба амал омада, ба марги машҳуртарин лашкаркаши Ҷумҳурии Рим Красс (Марк Литсиний Красс) ва писари ӯ, лашкаркаши ҷавон Публий (Публий Красс) (худкушӣ мекунад), анҷом ёфтааст.

Қӯшуни римиҳо аз 43 ҳазор легионер, аз он ҷумла 7 легион, 4 ҳазор аскари савора иборат буд.  Портиҳо бошанд, чор баробар камтар – 10.000 савораи  камонзан, аз он ҷумла 1000 нафар  катафрактирҳо (аз забони лотинӣ κατάφρακτος, зиреҳпӯш, яъне артиллерияи вазниняроқ дар замони антиқӣ) аз гурди шахсии  шоҳ иборат буд. Чун қоида, дар он замон  мафҳуми катафрактҳоро нисбати артиши аспсавори портӣ истифода мебурданд, вале катафрактарҳои ба ин аслиҳа монанд мусаллаҳбудаи легионерҳои римӣ ва византиягиро кавалерияи зарбазананда ном мебурданд.  Яъне артиллерияи артиши портиҳо аз артиллерияи ба ин монанди  римиҳо афзалият доштааст, чунки бо он ҷузъу томҳои савора мусаллаҳ буданд, артилллерияи римиҳо бошад, асосан пиёданизом буда, ҳангоми набард ба қӯшуни Рим афзалият оварда метавонистанд. Вале тавре академик Б.Ғафуров менигорад, «Красс ба ҳуҷум қисмати беҳтарини артиши Римро дар зери роҳбарии писари худ ба ҳуҷум мефиристонад. Ин вақт портиҳо ба ақибнишинӣ оғоз карданд. Вақте ки портиҳоро думболагирӣ карда, римиҳо хеле дур рафтанд, онҳоро портиҳо ба муҳосира гирифтанд. Шабонгоҳ аскарони Красс саросемавор рӯ ба гурез ниҳоданд. Вале ин амал онҳоро наҷот дода натавонист. Дар ниҳояти кор, қариб ҳамаи онҳзо несту нобуд ва ё асир гирифта шуданд» [1, с.140]

 

 

Лаҳзаҳои муҳориба дар назди Ҳарон (Карра)-и Шоҳаншоҳии Порт

 

Аз 43 ҳазор аскару афсари римиҳо, ки дар муҳорибаи назди Ҳарон (Карра) иштирок кардаанд, зиёда аз нисфи он талаф ёфт, чоряк ҳиссаи он аз майдони ҳарбу зарб фирор карда, базур то ба Сурия рафта расид, ҳамин қадари дигар асир афтид ва ба Моғиён фиристода шуданд. Мувофиқи яке аз маълумотҳои худи римиҳо, Крассро портиҳо ба таври золимона қатл карданд. Ба гулӯяш тиллои гудохтаро рехта, ба ҳалокат расониданд. Чунин қатл кардани Красс воқеан рамзӣ буд, чунки дар Шарқ бо ҳаннотӣ ва дар сарватҷамъкунӣ, гурусначашмӣ зоҳир кардани ӯ ба ҳама маълум буд.

Ин лашкаркашӣ ва муҳориба барои Красс ва умуман дар шароити ҳамон сол пароканда шудани Триумвирати якум ва то як дараҷа дар Рим ҳукмрон гардидани беҳокмиятӣ аҳамияти бузург дошт, пеш аз ҳама, барои Красс. Ба ӯ имкон медод, ки дар байни сиёсатмадорону лашкаркашони Рим шахси рақами як бошад, башарте ки агар лашкари Портро шикаст дода тавонад.

 

 

Лашкаркаши Порт Меҳрон Сурена.             Шоҳаншоҳи Порт Ороди II

Вале Красс дар муҳорибаи Ҳарон (Карра) натанҳо артиши Рим ва худу писарашро талаф дод, балки шаъну шараф ва муқаддасоти он – Уқобҳои легионҳои торуморшударо низ. Ин Уқобҳо дар дасти портиҳо 34 сол маҳфуз монда, аз иқтидор ва афзалияти иқтисодию сиёсӣ ва ҳарбии Шоҳаншоҳии Порт бар Ҷумҳурии Рим шаҳодат медоданд. Танҳо  соли 19 т.м. ба император Октавиан Август муяссар шуд, ки бо роҳи дипломатӣ Уқобҳои дар муҳориба бо артиши Порт дар Ҳарон (Карра) аздастдодаи легионҳои торуморшудаи Римро баргаррдонад ва ин иқдом ба римиҳо шодию сурур ва ҷашнро тақдим кард.

 

 

Харитаи Шоҳаншоҳии Порт дар асри I то милод

 

Оид ба ғалабаи Порт бар легионҳои римии Красс дар наздикии Ҳарон (Карра) мо бо эҳтимоле нуқта мегузорем. Дар сиккае, ки шумо дар расм мебинед, ба Шоҳаншоҳи Порт Ороди II бахшида шуда, дар рӯи он сурати портретии ӯ ҳаккокӣ карда шуда, дар қисмати пушти сикка шоҳаншоҳ дар камингоҳи наздикии майдони ҷанг дар кӯҳ бо ҳамроҳии шояд лашкаркаш бошад, дар ҳолати ба воситаи дурбин ба рафти муҳориба назораткунанда акс ёфтааст. Аз ин манзара хулоса бармеояд, ки портиҳо беш аз 2000 ҳазор сол муқаддам дурбинро  ихтироъ карда, онро дар ҷангҳо ҳам мавриди истифода қарор медодаанд.

Мувофиқи сарчашмаҳои расмии таърихӣ озмоишҳое, ки дар натиҷаи онҳо соли 1609 дурбин ихтироъ карда шудааст, Галилео Галилей оғоз карда будааст. Дар ин кор ӯ аз ихтирооти оптикҳои голландӣ Яков Метсиус, Ганс Липперстей ва Захарий Янсен дар соли 1608 ба дастоварда истифода бурдааст. [8, с.1]

Маълумоти дигар дар бораи ихтирои дурбин чуни н аст. «Боре устои айнаксози ҳолландӣ Ханс Липперсхей, ки дар шащрчаи хурдакаки Магделбург ба сар мебурдааст, барои айнак ду линза тайёр мекунад. Дар ин кор ягон чизи аыиб намебуд, агар тасодуфе пеш намеомад. Ӯ аз рӯи зарурат ду шишачаи мудавварро дар дохили лула пасиҳам ыойгир кунонид. Амали оддии ин усто ҳангоми ба тарафи дур равон сохта, нигоҳ кардани ба лула мӯъҷизаро ба миён овард. Ӯ дар рӯ ба рӯи худ зангзани дар назди зангулаи дур масофаи дур қарордоштаро дид. ҳамин тариқ, соли 1608 Ханс Липперсхей дурбинро ихтироъ карда, 2 октябри соли 1608 аз давлат ихтироънома (патент) мегирад ва 15 декабри ҳамон сол дурбини аввалинро дар ҷаҳон тайёр кард» [9, с.2].

.

 

 

      Красс                     Юлий Сезар                                Шоҳаншоҳи Порт Пакори I

 

Тахминҳои дигар низ вуҷуд доранд, ки онҳо аз замони қадими Рим дарак медиҳанд. Дар натиҷаи кофтуковҳои археологӣ бостоншинос Г.Шлиман дар Троя  чанд линза пайдо карда, аз дурбин будани онҳоро тахмин мекунад. Мувофиқи тахмини дигар муҳаққиқи дунёи қадим Диокл соли 350 т.м оинаи оташборро ихтироъ карда бошад. Мувофиқи тахмини дигари аз таърихнигорони қадим ба миёномада гӯё ки Юдий Сезар (100-44 т.м.) гӯё ки пеш аз лашкаркашӣ ба Британия аз ин соҳили гулугоҳо истода заминҳои он тарафи соҳилҳоро тавассути асбобе тамошо мекардааст [9, с.2].

Сарфи назар аз ин маълумотҳо касе, аз он ҷумла, бостоншиносон дурбини Рими Қадимро на шаклан ва на дар расму тасвироти дигар надидааст. Дурбин бори аввал  дар сиккаи Шоҳаншоҳи Порт Ороди II воқеан тасвир ёфтааст. Вале агар тахмини мо рост барояд, пас метавон ба таърихи ихтирои дурбин тағйирот ворид кард.

Аммо бармегардем ба ҷангҳои Порту Рим. Дар солҳои боқимондаи нимаи дуюми асри I т.м. дар байни Рим ва Порт боз панҷ ҷанги дигар – солҳои 52, 51, 40, 36 ва 33 маълум аст, ки дар онҳо ташаббус натанҳо аз тарафи Рим, балки  аз тарафи Порт ҳам сурат гирифта буд, яъне Порт натанҳо худро муҳофизат мекард, балки бар зидди Рим лашкар ҳам мекашид.

Ҳамин тариқ,  дар соли ояндаи 52 т.м. портиҳо якчанд маротиба дар Сурия тохтутоз карданд, дар соли 51 т.м. бошад, қӯшунҳои Порт дар зери фармондеҳии шоҳзода Пакор  (соли 38 т.м.: писари хурдии шоҳ, ки ҳамчун ҳамшоҳ бо падараш тоҷгузорӣ шуда буд) ба муҳосира афтида, дар ин ҷо аз боқимондаҳои қӯшунҳои Рим дар зери роҳбарии Кассий ба шикаст дучор мешавад. Дашкаркаши Порт Осак қаҳрамонона ҳалок мегардад [13, с.1-3].

Ҳангоми ҷанги гражданӣ Сезар (дар солҳои 49-45 т.м.) портиҳо ягон иқдомеро бар зидди Рим пеш нагирифтанд, лекин бо Помпей дар робитаи қавӣ қарор доштанд. Он вақт Сезар нақшаи лашкаркашии зидди Портро тарҳрезӣ кард, вале дар сӯиқасд ба қатл расиданри ӯ пеши роҳи ин лашкаркаширо мегирад. Дар рафти ҷанги гражданӣ (солҳои 44-42 т.м.) Порт ба корҳои дохилии Рим дахолат карда, Брут ва Кассийро дастгирӣ намуда, ба ёрии онҳо аскар мефиристонид. Соли 40 т.м. портиҳо бо ҳамроҳии Квинт Лабиен, писари рақиби Сезар Тит Лабиен ва ҷонибдори Брут ба қаламрави Рим зада медароянд ва Сурияро ба даст медароранд, Нахустрӯҳонӣ ва ҳокими Яҳуд Гиркони II сарнагун ва гирифтори шиканҷа гардонида шуда, ҳамчун асир ба Селевкия фиристода мешавад. Ба тахти нахустрӯҳонии Яҳуд Антигони II-и рӯ ба ҷониби Порт менишинад. Дар Анатолия портиҳо дар иттифоқ бо Квинт Лабиен қӯшуни Римро торумор карда ва ба масофаи хеле дур – ба дохили Ҷумҳурӣ дохил гардиданд. Ин вақт Марк Антоний аллакай Вентидий Бассро баҳри муқовимат ба Лабиен мефиристонад. Дере нагузашта қӯшунҳои Рим Лабиенро ба Сурия фишор дода мебаролрад ва гарчанде портиҳо ба ёрии ӯ омаданд, Либиенро торумор карда ва асир гирифта ва баъд ба қатл расонида мешавад. Ҳамин тариқ, Сурия ба Рим баргардонида шуда ва Марк Антоний ба ҷониби Порт лашкар мекашад, ки он бебарор анҷом меёбад. Соли 33 т.м. Марк Антоний ба Арманистон лашкар кашада, шоҳ Артавази II-ро асир мегирад ва мехоҳад, ки ба порт такроран лашкар кашад, вале ин тасмим ба ӯ муяссар намешавад.

Бо сабаби он, ки хатари ҷанг дар байни Империяи Рим ва Шоҳаншоҳии Порт таҳдид мекард, Октавиан Август ва Фраат бо ҳам муросо карданд. Мувофиқи қарордод, Порт ӯҳдадор шуд, ки қӯшунҳои худро аз Арманистон мебарорад ва протекторати Римро аз болои ин давлат эътироф мекунад. Сарфи назар аз ин, рақобати Риму Порт барои назорат ва нуфуз дар Арманистон дар тули якчанд даҳсола заиф намешавад.

Мувофиқи қарордоди шоҳаншоҳии Порт ба тахти подшоҳии Арманистон дастнишондоди ӯ менишинад, ки ин воқеа соли 36 сабабгори ҷанги Порт бо Рим мешавад. Вале Артабони III бо лашкаркаши Рим Лутсий Виттелий ба ваҳдат меояд. Ҷанги нави Порту Рим соли 58 дар шароите сар мешавад, ки шоҳи Порт Вологези I ба тахти подшоҳии Арманистон  бародари худ Тиридатро мешинонад. Қӯшунҳои римии Корбулон ин шоҳро сарнагун сохта, ӯро бо ҳокими Каппадокия иваз мекунанд.. Ин ҳолат портро маҷбур м есозад, ки бар зидди рим ҷанги навро иғоз намоянд. Ин ҷанг дар соли 63 ба анҷом мерасад, ҳамон вақте ки римиҳоба Арманистонро идора кардани  Тиридат ва зурётҳои ӯ розӣ мешаванд, ба шарте, ки онҳо протекторати Римро қабул кунанд.

Силсилаи ҷангҳои нав дар байни Шоҳаншоҳии Порт ва Империяи Рим дар асри II ба амал меояд, ки дар ҷараёни он Рим беш аз пеш бар Порт афзалият пайдо мекард. Соли 113 императори Рим Траян ҷидду ҷаҳд ба харҷ дод, то ки масъалаи Шарқро абадӣ ҳал карда, Арманистонро аз Порт ҷудо карда, ба музофоти Рим табдил диҳад. Соли 114 Траян ба Арманистон зада даромад ва дастнишондоди Портро аз ҳокимият маҳрум сохт. Соли 115 римиҳо қисмати шимолии Байнаннаҳрайнро забт мекунанд. Баъди ин лашкаркашӣ ба Порт оғоз меёбад. Римиҳо пойтахти Порт шаҳри Тайсафун (ё худ Мадоин) (Ктесифон) ро ишғол мекунанд. Сарфи назар аз ин, худи ҳамон сол дар Фаластин, Сурия, Байнаннащрайни Шимолӣ ва Яҳуд шӯришҳо ба амал меоянд. Дар як вақт портиҳо ба мавқеъҳои муҳимтарини Рим зарбазаниро оғоз мекунанд. Траян бошад исёнгаронро дар Байнаннаҳрайн торумор мекунад, вале бо вуҷуди ин, бар Порт ғалаба карда натавонист. Бинобар ин, ба ӯ лозим омад, ки тахту тоҷи Арманистонро дастнишондоди Порт баргардонад.

Траян соли 117 вафот мекунад ва ҷойгири ӯ Адриан аз сиёсати пешгузаштаи худ даст кашида, Байнаннаҳрайн ва Ошури забткардаи Траянро ба Порт бармегардонад, инчунин мустақилияти Арманистонро бо нигоҳдории протекторати Рим аз болои он эътироф мекунад. Баъди ин ҷанг дар байни Рим ва Порт зиёда аз ним аср ҷангҳо хотима меёбанд.

Ҷанги нави Риму Порт соли 161 дар Арманистон сар мезанад, вақте ки Вологези III Адессаро талаю тороҷ мекунад. Соли 163 қӯшунҳои Рим дар зери роҳбарии Статсия Приск дар Аманистон бар портиён ғалаба ба даст меоранд ва лашкаркаш тоҷу тахти арманиро ба дастнишондоди Рим бармегардонад. Соли 164  Авидий Кассий ба Байнаннаҳрайн зада медарояд ва соли 165 дар муҳорибаҳои дар наздикии Селевкия ва Тайсафун баамаломада ғалаба мекунад. Ин вақт вабои бемории нағзак (оспа), ки Портро дар бар гирифта буд, ба лигионҳои Рим ҳам мегузарад, бинобар ин,  маҷбур мешаванд, ки ақибнишинӣ кунанд. Соли 195 (дар аҳди Септемий Север) таҷовузи дигари Рим ба Байнаннаҳрайн сурат мегирад ва ӯ Селевкияю Бобулро ба даст медарорад, соли 197 бошад, бори дигар Тайсафунро ишғол менамояд. Ин ҷангҳо ба он оварда мерасонанд, ки назорати Рим ба Байнаннаҳрайни Шимолӣ ва навоҳии гирду атрофи Нисибис ва Сингара аз нав барқарор карда мешавад.

Соли 214 Каракалла тасмим гирифт, ки Порти дар натиҷаи ҷангҳои байниҳамдигарии довталабон – шоҳзодаҳо Артабони V ва Вологези V барои тахту тоҷи он заифшударо тамоман несту нобуд созад Дар ҷараёни лашкаркашӣ қӯшунҳои Рим шаҳрҳо ва қалъаҳои зиёди портиҳо дар Байнаннаҳрайн ишғол карданд, ки ин қаҳру ғазаби беинтиҳои мардумро дар тамоми Порт ба вуҷуд меоварад. Префекти императории претория Макрин, идомаи ин ҷангро нахоста, бар зидди Каракалла сӯиқасд ташкил намуда, мефармояд, ки ӯро дар роҳ аз Адесса ба Карра ба қатл расонанд. Император Карракалла 8 апрели соли 217 ба қатл расонида мешавад. Вале марги ӯ портиҳоро аз мубориза бар зидди Рим нигоҳ дошта натавонист. Дере нагузашта онҳо ба Байнаннаҳрайн зада медароянд ва муҳорибаи ҳалкунанда дар наздикии Насибис соли 217 ба амал омад. Ин муҳориба се шабонарӯз давом кард. Вале ҷанг бо баъзе танаффусҳо то соли 222 давом кард ва Макрин аз Артабони V сулҳ хост. Мувофиқи қарордоди сулҳ Макрин ҳамаи шаҳру қалъаҳое, ки Каракалла дар Байнаннаҳрайн ишғол карда буд, инчунин заминҳое, ки аз Порт қаблан ишғол карда буд, ба Порт бармегардонад. Ба замми ин Рим ӯҳдадор шуд, ки ба Порт маблағи бузург – дар ҳаҷми 200 миллион сестертсий товони ҷанг мепардозад. Сарфи назар аз чунин шартҳои вазнин дар сиккаҳои римӣ чунин навиштаҷот пайдо мешаванд: «Ғалабаи Порт»,   бо лотинӣ: «Victoria Parthica».

Дар натиҷаи ин ҷанг, қӯшуни калони як вақтҳо фотеҳи иборат аз 70-100 ҳазор аскар, дар амал несту нобуд карда мешавад. Тамоми муваффақиятҳои Рим дар ҷангҳо бар зидди Порт аз даст рафтанд. Вале ғалаба ба портиҳо ба осонӣ ба даст наомада буд. Агар ба ҳисоб гирифта шавад, ки Порт то ин вақт ҳам дар натиҷаи ҷангҳои байниҳамдигарӣ хеле заиф гардида буд, аз лиҳози стратежӣ талафоти портиҳо аз талафоти римиҳо бештар ба назар мерасад. Ин аст, ки ҳамагӣ баъди ду сол – соли 224 ҳокими вилояти Форс Ардашери Бобакон бар зидди Артабони V шӯриш мебардорад, ки он ба афтидани сулолаи Аршакиён дар Порт ба анҷом мерасад ва бо ҳамин марҳалаи нави таърихӣ, марҳалаи  Сосониён фаро мерасад, муносибатҳо дар байни Империяи Рим ва Шоҳаншоҳии Сосониён низ дар марҳалаи нави таърихӣ сурат мегиранд.

Бояд як масъаларо таъкид кард. Дар мавриди баёни сабабҳои сар задани бӯҳрони сиёсии Империяи Рим дар асрҳои III–IV дар рақобат ба Шоҳаншоҳии Порт тоб оварда натавонистани Империяи Римро, ки бечуну чаро ба вазъи иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсии ин давлат таъсири манфӣ расонидааст, муҳаққиқони ғарбитабор ба назари эътибор нагирифта, сабаби асосиро дар сар задани ин бӯҳрон асосан тохтутози қабилаҳои варварӣ ва баъзе омилҳои дигарро асос мешуморанд. Аммо давлати навтаъсиси Сосониён дар ҳолати беҳтари байналхалқӣ қарор дошт, зеро дар солҳои наздиктарин аз тарафи Империяи Рим ба он хатари ҷанги фотеҳона таҳдид карда наметавонист. Бинобар ин, имкон дошт аз лиҳози иқтисодӣ пеш равад нашъунамо ёбад ва ҳатто ҳудудҳои худро аз ҳисоби Империяи Рим ҳам васеъ кунад.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.