Шароити таърихии пешин ва имрӯз барои тарбияи ватанпарастии ҷавонон

   

Пӯшида нест, ки дар ҶШС Тоҷикистон ва на танҳо дар ин ҷумҳурии шӯравӣ, мафҳуми “муҳаббат ба ватан” дар мазмуни аслиаш ҳанӯз дар замони шӯравӣ коҳиш ёфта буд. Ватанпарастӣ аслан дар маънии “Ватанам СССР, гулшанам СССР” тарғиб карда мешуд ва Тоҷикистон гӯё, ки зери ин мафҳум ба хотири фаромӯшӣ дода шуда буд. Дар соҳаҳои дигари ҳаёти ин ҷумҳурии Шӯравӣ низ ҳамин ҳолат ба назар мерасид. Масалан, маънавиёти миллии мо, ки бо андешаи миллӣ ва ғояҳои ислом печдарпеч буд, бо сабаби ҷорӣ кардани атеизм (бехудоӣ) аз ин қисмати таркибии фарҳанги миллӣ орӣ монда, он бо номи маданияти шаклан миллию мазмунан сотсиалистии Шӯравӣ иваз гардид. Дар натиҷаи ин сиёсати Давлати Шӯравӣ мардум аз маданияти аслии миллии хеш дур шуд. Дар баробари ин, арзишҳои зиёди миллӣ, ки ифодагари тафаккур, ғоя ва тарзи зиндагии мардуми мо буданд, рад карда шуда, ҷои онҳоро унсурҳои мувофиқ ба идеологияи коммунистӣ гирифтанд. Таърихи миллат бошад, ҳамчун омили марказии ифодагари хотираи гузаштаи миллат аз нақшаҳои таълимии мактабҳои таҳсилоти умумӣ бароварда шуда, ба хонандагони ин муассисаҳо таърихе таълим дода мешуд, ки хотираи миллати онҳоро ташкил намекард…

Ошкорбаёнии нимаи дуюми солҳои 80-уми асри сипаришуда дар мамлакат, аз он ҷумла дар Тоҷикистони Шӯравӣ низ ин иллатҳо ва иллатҳои сершумори дигари сиёсати миллии Давлати Шӯравиро ошкор сохт. Мардум баҳри бартараф кардани хатоҳои ҷинояткоронаи дар натиҷаи сиёсати зиддихалқии миллии ин давлат ба миёномада ба ҳаракати умумихалқӣ пайваста, баҳри эҳё намудани махсусиятҳои радкардашудаи миллӣ ва баргаштан ба пояҳои фарҳангу ахлоқи миллии хеш талош варзиданд ва дар ин ҷода ҳамон вақт ба баъзе муваффақиятҳо ноил ҳам шуданд. Вале истиқлолияти давлатӣ ба даст овардани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Ҳукумат ва ҷомеаи кишвари навбунёд вазифа гузошт ки ин истиқлолият бояд дар тамоми самтҳои фаъолияти давлат, ҷомеа ва шаҳрвандон татбиқ карда шавад. Бе ин рушди устувори низоми сиёсӣ, ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар имконнопазир мебошад. Барои ҳамин ҳам, мо бояд зимни тарбияи ватанпарастии ҷавонон бубинем, ки дар ин ҷода камбудиҳо дар чиҳо ифода ёфтаанд, то ки онҳоро ислоҳ карда, ба сиёсати миллии самараноки ҷавонон дар давлати миллию демократӣ ва ҳуқуқбунёд муваффақ шавем: дар назар аст интихоб кардан ва роҳандозӣ намудани сиёсати нави давлатӣ оид ба тарбияи ҷавонон.

Гап дар сари он меравад, ки тарбияи ҷавонон дар замони Шӯравӣ дар асоси тарбияи коммунистӣ ба роҳ монда шуда, ҷузъҳои асосии таркибии он тарбияи ғоявии коммунистӣ, ватанпарастии Шӯравӣ, интернатсионализми пролетарӣ ва тарбияи атеистӣ буданд. Интихоби роҳи сиёсии демократии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз наметавонад дар тарбияи насли наврас аз тарбияи коммунистӣ истифода барад, чунки он ба ҳадафу вазифаҳои бунёд ва рушди давлати соҳибистиқлоли миллию демократӣ комилан мухолиф мебошад.

Дар ин бора дар оғози талошҳои мардуми озодандеши кишвар дар охирҳои солҳои 80-ум ва оғози истиқлолияти давлатии кишвар барои эҳёи миллӣ ва тарбияи ҷавонон дар асосҳои нави ғоявӣ фикру андешаҳои зиёде гуфта шуда буданд ва ин кор каме оғоз ҳам ёфта буд. Вале ҷанги шаҳрвандӣ то дараҷае ба ин ҷараён халал ваорид сохт.

Ин гуфтаҳо маънии онро надорад, ки алҳол тарбияи ватанпарастии ҷавонон дар сатҳи ношоям қарор гирифта бошад. Дар солҳои истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тарбивия ватанпарстии насли наврас корҳои зиёде ба анҷом расонида шуд ва аз онҳо самараи хуб ҳам ба бор омад: оид ба сиёсати давлатии ҷавонон асноди зиёди меъёрию ҳуқуқӣ қабул карда шуданд, мазмуни таҳситлот дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва касбӣ дар заминаи тарбияи миллию ватанпарастӣ сурат гирифта, самараи хуб дод. Вале феълан шароити таърихӣ, чӣ дар дохили кишвар ва чӣ берун аз он беш аз пеш тағйир ёфта истодааст. Дар шароити ҷаҳонишавӣ (глобализатсия) дар муносибатҳои байналмилалӣ ва беш аз пеш рушду нумӯъ ёфтани  технологияи ахборотӣ ва иртибототӣ, ба миён омадани хатарҳои нави глобалӣ ҳаёт дар назди тарбияи инсон ва шаҳрванд вазифаҳои нав ба нав мегузорад, ки аз вазифаҳои қаблӣ тафовут дошта, иҷрои онҳо бо роҳу восита ва омилҳои қаблӣ иҷронашаванда ва ё камсамар ба назар мерасанд. Сабаби ин ҳолат кадом аст?

 

  1. ОЁ ДАР ТАРБИЯ ИДЕОЛОГИЯИ ДАВЛАТ ЗАРУР АСТ?

 

Дар солҳои ошкорбаёнӣ қисме аз зиёиёни тоҷик чунин ақида баён намуда буданд, ки барои Ҷумҳурии Тоҷикистон  гӯё идеологияи худӣ зарур набошад,  чунки таҷрибаи талхи идеологияи коммунистии замони Шӯравӣ ба онҳо маълум буд. Дар он шароити пурҳассос рад кардани ин ақидаи равшанфикрони миллат хеле мушкил буд. Саркардагони андешаи зарурат надоштани идеологияи нав барои ҷомеаи навини тоҷик ва пайравони онҳо дар назар доштанд, ки идеологияи ҳукмрони замони Шӯравӣ ба махсусиятҳои миллии мардум дар ин давлат чӣ қадар зарари калон расонида, ҳатто ҳисси миллии онҳо поймол карда буд. Аз ин рӯ, барои кишвари тозаистиқлоли Тоҷикистон ягон хел идеология даркор нест.

Бале, идеологияи коммунистӣ, ки ба синфи коргар, деҳқонони сотсиалистӣ ва дурнамои сохтмони коммунизм нигаронида шуда, дар муқобили рушди миллатҳои дар ҳайати ИҶШС қарор гирифта, ғояҳои хаёлии (утопистии) худро ба гардани миллатҳо таҳмил намуд, барои ҷомеаи мо бегона буд. Вале идеологияи миллии мо то ҳол мураттаб ва асоснок карда нашудаст, гарчанде, ки Ҳукумати кишвар оид ба ин масъала борҳо ба таҷрибаи таърихии миллати тоҷик муроҷиат карда буд вале ҳар бор бо кадом сабабе аз он натиҷаи даркорӣ ба даст наовард.

Бо вуҷуди андешаи муқобилони идеологияи умумимиллӣ, як қисми зиёиён бар он истодагарӣ карданд, ки дар ҳар ҳолат мо бояд идеологияи миллии худро дошта бошем ва он на аз ҳадафҳои ягон нерӯи алоҳидаи сиёсӣ балки аз ҳадафҳои миллии ҷомеа ба миён омада бошад ва бояд ба миллат хизмат кунад, на ба он тавре ки идеологияи коммунистӣ дар назар дошт – ба ҳадафҳои ҷомеаи коммунистӣ баҳри дар  ояндаи дури номаълум сохтани ҷомеаи боадолати коммунистӣ мувофиқат мекард.

Мутаассифона, баъди эълони истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дере нагузашта дар кишвар ҷанги шаҳрвандӣ сар зад ва баҳс дар бораи идеологияи кишвар худ аз худ ба хотири фаромӯшӣ дода шуд. Аҷибаш ин аст, ки идеологияи коммунистӣ акнун ба зери танқид ҳам гирифта намешуд.  Ба андешаи мо мардуми кишварро нисбати ин масъала як навъ бепарвогии сиёсии маҳз фаро гирифт. Сарфи назар аз ин, дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва то соли 1999 дар байни зиёиёни Тоҷикистон ғояи “андешаи миллӣ” паҳн мегардад, ки он на идеология, балки асосан фарҳангро дар бар гирифт буд. Вале ин ғоя ҳам дар байни оммаи васеи мардум дастгирӣ наёфт. Сарфи назар аз ин, андешаи миллӣ дар мазмуни донишҳои гуманитарӣ, махсусан дар таъриху адабиёти тоҷик ва корҳои тарбиявии насли наврас дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ ҷою макони худро пайдо намуд.

Таъкид мекунем, ки дар ҷомеаи демократӣ бо сабаби он ки озодии сухан вуҷуд дорад, аҳзоби сиёсӣ ҳамчун барандагони ин ва ё он идеолгия баромад мекунанд ва маҳз бо ҳамин унсури худ аз ҳамдигар тафовут доранд. Вале оё дар баробари ин давлат метавонад идеологияи  худро дошта бошад, ки он ба ҳамаи аъзои ҷомеа хизмат кунад ва ба ҳадафҳои аҳзоби сиёсӣ мухолиф набошад ва баракс. Вале то имрӯз оид ба идеологияи давлатии Тоҷикистон сухани қотеъ гуфта нашудаст.

Тавре ки дар адабиёти тавзеҳии муосир гуфта мешавад, “Давлат наметавонад бе ягон маҷмӯи ғояҳое, ки иродаи халқро ба ҳаёти муштарак ифода менамояд, вуҷуд дошта бошад. Ин ғоя онҳоро ба таври муштарак муттаҳид намуда, иттиҳоди шаҳрвандиро ташаккул медиҳад. Идеологияи давлатӣ дар худ тасаввуроти шаҳрвандонро дар бораи роҳҳои рушди ҷомеа ва давлат инъикос менамояд ва сиёсати ҷории давлатиро мақсаднок мегардонад… Худи мафҳуми “идеологияи давлатӣ”, чун қоида,  дар ҷомеаи муосир истифода бурда намешавад. Ба ин анъанаҳои либералӣ, ки идеология бо фаъолияти аҳзоби сиёсӣ ва манфиатҳои гурӯҳҳои алоҳидаи иҷтимоӣ алоқаманд карда мешавад, таъсир расонидааст…Дар шуури инсони Ғарб давлат манфиатҳои ҷомеаро дар маҷмӯъ ифода менамояд.”. Дар мамлакатҳои ИДМ низ мафҳуми “идеологияи давлатӣ” соҳиби обрӯи баланд нест. Дар шуури мардум дар собиқ ҷамоҳири шӯравӣ мафҳуми “корҳои идеологӣ” ва “назорати идеологӣ” боқӣ мондааст. Аз ин рӯ, мардум идеологияи давлатии замони шӯравиро ба хотир оварда, аз ин мафҳум канорагирӣ мекунанд. Масалан, дар Конститутсияи Федератсияи Русия гуфта мешавад, ки Федератсияи Русия идеология надорд, гарчанде ки идеологияи муосири ин давлат барои ҷаҳониён пӯшида нест. Мо ин идеологияро аз сиёсати дохилӣ ва хориҷии ин давлат мушоҳида мекунем.

Имрӯз муҳим он аст, ки дар зери мафҳуми “идеология” чӣ ифода карда мешавад. Идеологияи давлатӣ ё идеологияи давлатдорӣ аз рӯи мазмуни муайянкунандаи хеш бояд ғояҳои сиёсӣ ва арзишҳоеро муттаҳид созад, ки онҳоро аксарияти кулли шаҳрвандон дастгирӣ менамоянд. Идеология дар ҷомеаи демократӣ ваҳдати либералию демократиро таъмин намуда, ба муттаҳидшавии шаҳрвандон дар атрофи идеалҳоимиллию демократӣ мусоидат менамояд. Арзишҳои барои ҳама умумиро амният, моликият, адолат, озодӣ ва баробарӣ ташкил менамоянд. Идеологияи давлатӣ дар шакли маҷмӯъ дар Конститутсияи давлат инъикос ёфта метавонад. Ин санади асосии давлат дар амал рамзи қарордоди ҷамъиятиеро мемонад, ки дар он мардум мехоҳанд тартиботи ҷамъиятиро бубинанд, яъне дар давлату ҷомеа адолати иҷтимоӣ ва сиёсӣ ҳукмрон бошад. Дар Конститутсия принсипҳои бунёдии идораи демократӣ – тартиби интихоби мақомоти ҳокимият, қоидаҳое, ки фаъолияти амалдорони давлатӣ ва усулҳои ҳалли масъалаҳои сиёсиро танзим менамояд.

Ғояҳо ва арзишҳое, ки асоси конститутсияро ташкил менамоянд, дастгирии умумӣ оид ба масъалаҳои бунёдии ҳаёти ҷомеаро таъмин менамоянд. Идеологияи давлатӣ дар ҷомеа ба воситаи низоми маърифати шаҳрвандӣ, ки давлат онро бо  иштироки фаъолонаи муассисаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ (хазинаҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва сиёсӣ, созмону муассисаҳои дигар низ) ташкил мекунад, ба амал бароварда мешавад, аз он ҷумла дар ҷодаи тарбияи ватанпарастии ҷавонон низ.. Маърифати шаҳрвандӣ муттасил ба фаъолияти ҷомеа ҷалбшавӣ ва ба ҳамин васила ба субъекти мустақили муносибатҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ табдил ёфтани шаҳрвандонро таъмин менамояд. Он ба инсон кӯмак мерасонад, ки дар асоси ҳуқуқ дар низоми сиёсии марбута ҳамгиро шавад. Барои он ки кас шаҳрванд шавад,бояд донад, ки давлати демократӣ чӣ тавр сохта шудааст ва он чӣ тавр фаъолият мекунад, ба ҳамин васила малакаи иштироки сиёсиро ба даст оварад, ба таври мутамаддин баррасӣ ва ҳал кардани масъалаҳои ҷамъиятиро ёд бигирад. Ба шаҳрвандон аз бар кардани меъёрҳои ва қоидаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ мусоидат намуда, маърифати шаҳрвандӣ, қабули идоманоки низоми арзишҳои ҳукмронро таъмин намуда, муносибати боварона ва ваҳдати шаҳрвандонро ба муҳити иҷтимоӣ, эҳтиром ба институтҳои мавҷудаи сиёсӣ ва тартиботи ҷамъиятиро ташаккул медиҳад. Ин ҳама он омилҳои идеологие мебошанд, ки аз он ҷумла насли наврасро ба ватанпарастӣ ҳидоят менамоянд, яъне манфиатҳои давлат, ҷомеа ва шаҳрванди ҷавон дар ҳолати ҳамоҳангӣ қарор мегиранд.

Зимни ин гуфтаҳо идеологияи давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба таври мухтасар дар Конститутсияи он ифода ёфтаааст. Дар моддаи 1 он  гуфта мешавад: “Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити ззиндагии арзанда  ва инкишофи озодонаро  фароҳам меорад”. Ин нишондоди асосҳои конститутсионӣ дар тамоми 9 боби минбаъдаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кушода дода шуда, амалишавии онҳо дар қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои дигар инъикос гардидаанд. Асоси бунёдии ин идеология гуманизм ва демократия мебошад. гарчанде нерӯҳои гуногуни сиёсӣ  идеологияи худро доранд, вале онҳо дар доираи ҳамин идеология қарор доранд ва фаъолият мекунанд.

Тарбияи ватанпарастии насли наврас бояд дар асоси ҳамин идеологияи давлату ҷомеа ба амал бароварда шавад. Бояд зикр кард, ки ин тарбия ба нафъи худи  ҷавонон ва ҷомеа сурат гирифта, он набояд  ба рушди шахсияти ҷавонон монеаеро ба миён оварад.

Тавре ба мушоҳида расид, худи ҳадафҳои ҷомеаи демократӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аллакай идеологияи давлатии моро ба миён овардааст ва барои роҳандозӣ кардани ин идеология тавассути сиёсати давлатии ҷавонон низ тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд. Ин сиёсат қисман дар санадҳои меъёрию ҳуқуқии кишвар инъикос гардидаанд. Ҳамин тариқ, мо идеологияи давлатии худро дорем ва тарбияи ватанпрастии насли наврав бояд дар ҳамин доира ва замина сурат бигигард. Муҳимӣ ва махсусияти ин идеологияро дар он мебинем, ки он дар заминаи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва рушди шахсияти миллию демократӣ, таъмини зиндагии сазовори  ӯ қарор дорад. Сарфи назар аз ин,алҳол ин идеология дар шакли консепсияи миллӣ мураттаб нагардидааст

Хатарҳои ҷаҳони имрӯза ва таъсири онҳо ба ҷавонони камтаҷрибаи мо аз он дарак медиҳад, ки ба сиёсати тарбияи ватанпарастии насли наврас тағйиротҳои зарурӣ ворид карда шаванд. Ин тағйирот бояд дар ду самти бо ҳам алоқаманд ба роҳ монда мешавад – ба воситаи таълим – мазмуни таҳсилот ва маърифати шаҳрвандӣ ва тарбия – тарбияи шаҳрвандии ҷавонон.

Ҳамин тариқ, такроран баён медорем, ки барои давлати мо идеология лозим аст, вале он бояд ифодакунандаи ормонҳои миллӣ ва демократӣ бошад, арзишҳои дар он инъикосёфта аз тарафи аҳолии кишвар дастгирӣ ёбад. Идеологияи умумимиллӣ мавҷудияи идеологияҳои ҳизбу созмонҳоро истисно намекунад. Гапдар сари он меравад, ки идеологияҳои ифротӣ дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рад карда шудаанд. Мо бояд ҷавононро аз чунин идеологияҳо ҳимоя кунем. Воситаи асосии ин кор тарбия ва боваркунонии насли наврас ба идеалҳои миллӣ ва талқини арзишҳои миллию демократӣ мебошанд, ки ба нафъи ҷомеа ва шаҳрванд хизмат карда, татбиқи онҳо адолати иҷтимоиро дар ҷомеа таъмин мекунанд.

test

Добавить комментарий