Андешаи миллӣ ҳамчун ғояи ватанпарастӣ

Қариб дар ҳамаи давру замонҳо мамлакатҳои пешқадами ҷаҳон андешаи  миллии худро доштанд, ки онҳо аз ормонҳои миллӣ ба миён омада, бо мақсадҳои вақт ва дурнамои давлату ҷомеа ҳамоҳанг буда, ҳам бунёди моддӣ ва ҳам ғоянокии миллии рушди ҷомеаро ифода менамуданд ва дар ниҳояти кор ба ваҳдати ғоявии ҷомеа ва рушди пуравҷи ҳамагонии мамлакт мусоидат менамуданд.

Маънии андешаи миллӣ дар сарчашмаҳои гуногун ҳар хел дода шудааст, ки ин ба гуногунии давлату ҷомеаҳо ва фаҳмиши ин мафҳум дар онҳо вобаста мебошад. Дар баробари ин, тавзеҳи фалсафии андешаи миллӣ низ  вуҷуд дорад.

Ғояи  миллӣ дар фалсафа умумигардонии бонизоми шуури миллии шахс мебошад. Андешаи миллӣ маънии мавҷудияти  ин ва ё он халқ, қавм (этнос) ё миллатро муайян карда, метавонад ба воситаи асарҳои бадеӣ ё матнҳои гуногуни фалсафӣ ифода ёбад. Таъиноти андешаи миллӣ бояд ба саволҳое ҷавоб гардонад, ки ормонҳои халқро ифода намояд, аз он ҷумла, ба саволҳои марбут ба хотираи таърихии миллат, рисолати (миссияи) таърихии инсон, миллат ва ақвом, дар бораи маънии мавҷудият инсон ва ҷомеа ҷавоб диҳад.

Бисёр вақт андешаи миллӣ ҷанбаи динӣ ҳам дорад, зеро дин яке аз омилҳои пурзурест, ки муттаҳидии халқро таъмин карда метавонад. Таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, ки ин унсури муҳими фарҳанги миллӣ на ҳама вақт андешаи миллиро иҷро карда метавонад. Аз ин рӯ, дар ҳар давлат барои давлату ҷомеа предмети он барои марҳалаи мушаххаси таърихӣ гуногун мебошад.

Оид ба андешаи миллӣ дар мамлакатҳои муосири ҷаҳон мо сарчашмаҳои муосири хаттӣ ва интернетиро, аз он ҷумлаоид ба Русия, Қазоқистон, Узбекистон, Туркманистон, Қирғизистон, Ҷумҳурии Халқии Чин, Ҷопон, Ҳиндустон, Индонезия, Филиппин, Сингапур, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Ҷумҳурии Исломмии Эрон, Индонезия, Англия, Фаронса, Италия, ҶФО, Испания, ИМА., Канада, Мексика, Бразилия, Аргентина, Мексика, Арабистони Саудӣ, Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ, Австралия, Ҷумҳурии Мисри Араб, Ҷумҳурии Сурияи Араб, Алҷазоир ва давлатҳои зиёди муосирро мавриди омӯзиш қарор додем ва андешаи миллиро дар мисоли якчанд давлат, ки собиқ ҷамоҳири шӯравӣ буданд, баён месозем.

Дар Федератсияи Русия солҳои 2011 – 2012 бо номи “арт концепция” озмуни “Андешаи миллии Русия” доир гардид, то ки андешаи миллии ин давлат дуруст интихоб карда шавад. Он вақт ин иқдом натиҷаи дилхоҳ надода буд. Вале ғайри чашмдошт 3 феврали соли 2016, президенти Федератсияи Русия Владимир Путин дар вохӯрӣ бо фаъолони “Клуби пешоҳангон” баромад карда, таъкид намуд, ки  ватанпарастӣ (патриотизм) ғояи миллии Русия мебошад, зеро он идеализатсия нашудааст ва ба фаъолияти  ягон ҳизб ё ягон қавм дар ҷомеа алоқаманд нест, балки ба оғози муттаҳидкунии умумимиллӣ алоқаманд мебошад. Вале мо аз сиёсати дохилӣ ва хориҷии ин мамлакат дарк мекунем, ки шояд ғояи миллии давлати Русия имрӯз ҳам мисли пештара “державность” – “давлати абарқудрат” бошад, ки он бе ватанпарастӣ вуҷуд дошта наметавонад.

Дар Ӯзбекистон андешаи миллӣ дар асоси пешниҳодот аз асарҳои президент И.Каримов тарҳрезӣ шуда, аз 14 зерунсур иборат буда, дар маҷмӯъ, моҳият ва мазмуни андешаи миллӣ, мақсад ва вазифаҳои давлат, асоснокии таълимот дар асарҳои ӯ инъикосгардидаро дар бар гирифта, дар амал бо маърифат дар ҳамгироӣ пешниҳод карда шудааст. Аз ин рӯ, андешаи  миллӣ дар ин мамлакат то дараҷае норавшан ба назар мерасад.

Дар Қазоқистон бино ба хабари Tengrinews kz  бо истинод ба сомонаи Акорда бо Фармони президенти мамлакат Нурсултон Назарбоев “Консепсияи айнияти комили қазоқӣ (казахская единтичность) ва муттаҳидии қазоқистониҳо” тасдиқ карда шудааст. Ин консепсия.ба ғояи умумимиллии ватанпарастии “Мәңгілік Ел” асос ёфта, аз ҷузъҳои зерин иборат мебошад: баробарии шаҳрвандӣ, меҳнатдӯстӣ, ростқавлӣ, парастиши илм ва маориф, мамлакати дунявӣ. Ғайр аз ин, арзишҳои умумимиллӣ, ки асоси консепсия шуда хизмат мекунад, ба арзишҳои миллӣ, ки ба бисёргунагии маданӣ, этникӣ, забонӣ ва динӣ асос ёфтааст, пояи бунёдии консапсияи андешаи миллии Қазоқистонро ташкил менамояд.

Вале ба масъалаи мазкур нуқта гузошта нашуда, кор дар ин самт идома ёфт ва президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев 26 апрели соли 2016 дар Анҷумани  24-уми халқҳои Қазоқистон бо гузориш баромад карда, мафҳуми “Ватани абадӣ”-ро ҳамчун андешаи миллии Қазоқистон пешниҳод намуд. Оид ба ин санади умумимиллӣ “Санади меҳанпарастона” (“Патриотический акт”) таҳия гардида, ба корхонаю муассисаҳои мамлакат фиристода мешавад.

Андешаи миллӣ дар Туркманистон низ коркард шудааст. Бояд гуфт, ки дар солҳои ҳокимияти Шӯравӣ атеизм мардуми Туркманистонро низ аз дини ислом хеле дур карда буд. Баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ роҳбарияти ин кишвари соҳибистиқлоли сорбиқ Шӯравӣ муносибати худро нисбати дин тағйир дод. Мардум метавонист ба дини мубини ислом эътиқод дошта бошад. Дар баромадҳои Сапармурод .Ниёзов (Туркманбошӣ) нисбати ислом ва арзишҳои он барои халқи туркман беш аз пеш бо эҳтирому самимият садо медодагӣ мешавад.

Вале тавре баъдтар маълум гардид, ин гузашти Туркманбошӣ ба хотири андешаи худи ӯ будааст, ки ба мардуми кишвар таҳмил карданӣ буд. Вале доктринаи андешаи миллӣ ё идеологияи расмӣ  ба сифати ягон хел санади давлатӣ ба расмият дароварда нашудаст. Аммо ҷузъҳои он дар ҳамаи баромадҳои муҳими С.Ниёзов инъикос мегардиданд.  Андешаи миллӣ дар шакли нисбатан пурра дар баромади С.Ниёзов моҳи маи соли 2001 дар Анҷумани Созмони умумиҷаҳонии гуманитарии туркманҳо (дар ҳаҷми зиёда аз 20 саҳифа) ба хотири муттаҳидкунии таркманҳо, бахшида ба 10-солагии истиқлолияти давлатӣ садо дода буд. Моҳияти он таъсиси давлати пурқуввати сулҳдӯстеро дар назар дорад, ки дар ҷаҳон бояд ҷои сазоворро ишғол намояд. Мувофиқи гуфтаи С.Ниёзов протоэтноси туркманӣ зиёда аз 6 ҳазор сол қабл аз ин ба миён омадааст.

Бояд таъкид кард, ки дар арафаи ҷашнгирии 10-солагии истиқлолияти давлатии Туркманистон китоби С.Ниёзов “Рухнома” аз чоп мебарояд. Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳои туркманӣ то имрӯз ин асари С.Ниёзов ба беш аз 30 забони ҷаҳон тарҷума шуда. дар зиёда аз 50 давлати ҷаҳон паҳн карда шудааст. “Рухнома” анъанаҳои туркмании достонҳои қаҳрамонӣ ва романтикии асрҳои ХV – ХVI-ро идома медиҳад. Баъди нашр “Рухнома” китоби ҳатмӣ барои омӯзиш дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва касбӣ, инчунин хизматчиёни давлатӣ мегардад. Мувофиқи тарғиботи давлатӣ “Рухнома” баъд аз “Қурон” китоби дуюмини туркманҳо аст.

Вале тавре маълум гардид, шахсияти С.Ниёзов ва сиёсати давлатии ӯ  ба андешаи миллии туркманҳо табдил меёбад ва дар ин кор таҳмилкунӣ аз боло ҷой дошт. Бояд гуфт, ки дар баробари шахсияти Туркманбошӣ мавқеъ ва мақоми ислом дар Туркманистон точанде баланд мешуд, аз ин рӯ, на ҳама вақт дастурҳои Туркманбошӣ дар масоҷид аз тарафи рӯҳониён ва имоми Туркманистон дастгирӣ меёбад. Ҳамин тариқ, дар ҷомеаи туркман ду андеша ва ду идеология – Туркманбошӣ ва ислом арзи вуҷуд карда, дар байни онҳо ихтилоф пурзур мешавад. Дар натиҷа Туркманбошӣ ба таъқиботи сиёсии рақибони худ даст мезанад. Авфҳои ҷузъие, ки ҳам С.Ниёзов ва ҳам баъди 21 декабри соли 2006 вафот кардани Туркманбошӣ ӯро иваз намудани президенти нав Г. Бердимухамедов эълон карда мешуданд, ба қабули андешаи миллии ягона, ки аксарияти аҳолиро фаро гирифта бошад, оварда нарасонид.

Андешаи миллие, ки бо номи “Турони Бузург” барои туркманҳо аз берун  пешниҳод мегардад, аз тарафи аксарияти туркманҳо дастгирӣ наёфт. Андешаи миллии динӣ низ ин вазифаро иҷро карда натавонист. Ин аст, ки Туркманистон то имрӯз ҳам андешаи миллӣ надорад. Дар ин кор дар баробари сабабҳои баёнёфта сабабҳои хеле зиёди дигар низ вуҷууд доранд, пеш аз ҳама сабабҳои сиёсӣ ва махсусиятҳои тафаккури миллии туркманҳо низ.

Чун дар ҷамоҳири дигари собиқи шӯравӣ дар Қирғизистон низ оғози солҳои 90-ум  ҷои идеология коммунистӣ холӣ боқӣ мемонад ва ин холигиро ғояҳои гуногун пур мекунанд. Сарфи назар аз ин, дар ин мамлакат масъалаи андешаи миллӣ то имрӯз мавриди баррасӣ ва баҳсу мунозира қарор дорад. Вале то имрӯз ягон ғоя ҳамчун андешаи миллӣ  мавриди қабул ва амалӣ қарор нагирифтааст. Бояд хотиррасон кард, ки ҳанӯз дар замони президентии А.Акаев ба ин сифат чанд андеша пешниҳод гардида буд, аз қабили “Манаси Бузургандеш”, “Қирғизистон хонаи умумии мост”, “Қирғизистон – ҷазирачаи демократия”, “Қирғизистон – Швейсарияи осиёгӣ”.  Аммо дар ҷомеаи қирғиз ягонтои онҳо дастгирӣ наёфт.

Андешаи миллӣ воқеан яке аз ҷузъҳои муҳими идеология – ормонҳои миллатро ифода менамояд. Дар шароити истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон онро ба назар гирифтан дорои аҳамияти калон мебошад. Дар вақташ қабули Қонуни забони давлатии Тоҷикистон аз он андеша ба миён омада буд, ки бояд забони тоҷикӣ ҷой ва мақоми худро аз нав барқарор кунад ва ин андеша дар тӯли беш аз 25 сол амалӣ шуда истодааст. Зарурати истиқлолияти миллии Тоҷикистон низ яке а ҷузъҳои муҳими андешаи миллӣ буд ва он бо талоши аҳли ҷомеа ҷомаи амал пӯшид. Воқеан, ин андеша дар солҳои бӯҳрони шадиди ҷомеаи Шӯравӣ дар охирҳои солҳои 70-ум ва нимаи аввали солҳои 80-уми асри сипаришуда ба миён омада, дар нимаи дуюми ин даҳсола аввал барои як қисми зиёиёни кишвар (сарфи назар аз мансубияти миллии он) ба андешаи миллӣ табдил меёбад ва баъди ҳодисаҳои хунини моҳи феврали соли 1990 ба андешаи миллии аксарияти аҳолии ҷумҳурӣ мубаддал мешавад. Дар зери парчами ин андеша ба сафҳои ҳаракати истиқлолиятхоҳи даҳҳо зазор ватандорони Тоҷикистон ҳамроҳ шуда, дар ниҳояти ин ҳаракати умумихалқӣ – 9 сентябри соли 1991 Эъломия дар бораи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешавад.

Вале андешаи миллии ватандорони кишвар дар ҳамин сана ҷомаи амал пӯшида, минбаъд таҳкими он сурат мегирад. Бояд қайд кард, ки дар ин марҳалаи таърихӣ андешаи миллии мардуми кишвар натанҳо истиқлолияти давлатӣ балки истиқлолияти шахсро низ дар бар гирифта буд, чунки ин истиқлолият на танҳо аз ҷанбаи сиёсат иборат буд, балки истиқлолияти шаҳрвандро низ дар кулли соҳаҳои фаъолияти ӯ дар ҷомеа дар бар мегирифт. Вале ин андеша метавонист танҳо марҳалаи воридшавӣ ва таҳкимёбии истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро дар заминаҳои миллию демократӣ дар бар гирад, гарчанде ки ин зуҳурот минбаъд ҳам чун субстансияи доимии сиёсати давлатӣ мондан мегирад. Сарфи назар аз ин, акнун бояд андешаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мувофиқи марҳалаи таърихии имрӯза интихоб кард, ки он махсусиятҳои марҳала ва ормонҳои феълии мардуми кишварро ифода намояд.

Ин масъала аз мавриди предмети мақолаи мазкур берун мебарояд. Бинобар ин, он дар мақолаи дигари мо васеътар инъикос хоҳад ёфт. Дар ин ҷо таъкид карданием, ки тарбияи ватанпарастии насли наврас ва ташаккули тафаккури миллӣ ба андешаи миллӣ сахт алоқаманд мебошад.

test

Добавить комментарий