Танқиди ҷомеаи пешин ва намоиши афзалиятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Тарбия, умуман, ва тарбияи ватанпарастии насли наврас, махсусан, барои ҷомеаи навини Тоҷикистон худ аз худ ба иҷро намерасад. Тарбияи замони шӯравӣ бо номи тарбияи коммунистӣ маълум буд ва он дар асоси идеологияи коммунистӣ мураттаб гардида, маҳз ба ҷомеае хизмат мекард, ки дар роҳи сохтмони ҷомеаи коммунистӣ қарор гирифта буд. Ин тарбия ҳаргиз ифодакунандаи манфиатҳои ҷомеа ва шахсияти миллӣ набуда, ба ояндаи дур нигаронида шуда буд. Яке аз воситаҳои боэътимод ба насли наврас кушода додани ҳақиқати таърихӣ мебошад.

Вале кадом омили самаранок вуҷуд дорад, ки ҷои тарбияи коммунистиро тарбияи шаҳрвандӣ бигирад, аз он ҷумла дар тарабияи ватанпарастии ҷавонон низ? Воситаи аз ҳама самаранок танқиди режими сиёсии замони шӯравӣ, махсусан сиёсати миллии он ва дар ин асос нишон додани афзалиятҳои давлати соҳибистиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ин кор бояд бо усули таҳлилу муқоисакунӣ, муқобилгузорӣ ва нишон додани афзалиятҳои ҷомеаи мо бар ҷомеаи пешини сотсииалистӣ сурат бигирад. Чанд афзалияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро нисбат ба давлати тоталитарии ИҶШС баён месозем:

  1. Дар замони Шӯравӣ Тоҷикистон давлати соҳибистиқлол набуд, чунки он субъекти ҳуқуқи байналмилалӣ ҳисобида намешуд. Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон субъекти ҳуқуқи байналмилалӣ мебошад. Қаблан аҳолии он шаҳрвандони Тоҷикистон нею шаҳрвандони ИҶШС буданд. Имрӯз бошад, онҳо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, мувофиқ ба ин мақом аз ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандӣ бархурдоранд ва дар назди давлату ҷомеа вазифаҳои конститутсионии худро низ иҷро менамоянд.
  2. Давлати Шӯравӣ дар асосҳои сиёсии низоми давлатдории тоталитарӣ сохта шуда, идораи он ҳам дар ҳамин асос ва низом қарор гирифта буд. Ин шакли идораи сиёсӣ шӯроҳо ва тарзи иҷрои он диктатураи пролетариат буд. Халқ сарчашмаи ҳокимияти давлатӣ набуд. Ин вазифаро ҳизби пешоҳанги ягонаи ин давлат – ҲКИШ иҷро мекард ва фикру андешаҳои мардум дар ин ҷомеа мақоме надоштанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати демократӣ буда, мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар асоси иродаи халқ сохта мешавад ва халқ сарчашмаи ягонаи ҳокимият мебошад.
  3. Давлати Шӯравӣ баробарҳуқуқии ҳамаи миллату халқиятҳоро таъмин карда натавонист. Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, баробарҳуқуқии ҳамаи шаҳрвандонро, сарфи назар аз мансубиятҳои иҷтимоӣ, дар назди қонун таъмин менамояд ва ин нишондод дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат дода шудааст..
  4. Маданияти халқи тоҷик ва ақалиятҳои миллии он дар замони шӯравӣ коҳиш ёфта буд, дар замони истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, аз нав эҳё шуда истодааст.
  5. Рамзҳои давлатии ҶШС Тоҷикистон дар дохили ИҶШС буда, берун аз ин мамлакат мавриди истифода қарор намегирифт. Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти ҳуқуқи байналмилалӣ Конститутсия ва рамзҳои давлатӣ – Парчами давлатӣ, Нишони Давлатӣ ва Суруди Миллии худро дошта, ифодакунандаи асосии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Дар баробари ин Ҷумҳурии Тоҷикистон забони давлатӣ, асъори миллӣ, сарҳади давлатӣ, артиши миллӣ, сиёсати пулию қарзӣ, низоми иқтисодӣ, иҷтимоӣ, қонунгузории миллӣ ва сиёсати хориҷии худро дорад.
  6. Иқтисодиёти Шӯравӣ планӣ буда, ба ҷамъиятӣ будани воситаҳои истеҳсолот асос ёфта буд. Дар ин асос ду шакли моликият ба воситаҳои истеҳсчолот вуҷуд дошт – давлатӣ ва кооперативӣ (колхозӣ, матлубот, манзил). Мардум аз моликияти хусусӣ маҳрум буда, меҳнати кирояро ташкил мекарданд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистони имрӯза шаклҳои гуногуни моликият ва шуғли меҳнат вуҷуд дорад, аз он ҷумла моликияти хусусӣ ҳам, ки ҳуқуқҳои онҳо баробаранд. Дахлнопазирии моликият, аз он ҷумла моликияти хусусӣ кафолат дода мешавад.
  7. Дар замони Шӯравӣ интихобот ба мақомоти намояндагӣ ва шахсони мансабдор ғайридемократӣ сурат мегирифт. Номзад барои ҳар як ваколатнома танҳо як нафар пешниҳод мегардид ва ин ҳам дар асоси тавсияи мақомоти ҳизӣби ягонаи ҳукмрон. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон интихобот ва райъпурсии умумихалқӣ ба таври демократӣ сурат мегирад; интихобот ба мақомоти намояндагӣ ва шахсони мансабдор дар асоси якчанд номзад сурат мегирад, аз ин рӯ, интихобкунандагон имконияти интихоб кардан аз байни якчанд номзадро доранд.
  8. Дар замони Шӯравӣ ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, аз қабили озодии сухан ва матбуот дар асоси идеологияи дар давлату ҷомеа ҳукмрони муайян карда мешуд, ки он аз озодии сухан ва матбуоти озод орӣ буд. Ин соҳаро сензураи давлатӣ назорат мекард. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, озодии сухан ва матбуот аз ҷумлаи он озодиҳое мебошад, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат додааст ва мувофиқи қонунҳои дигар амалӣ карда мешаванд. Сензура ба ифодаи сухан, матбуот ва эҷодиёт бекор карда шудааст.

Метавон ин афзалиятҳо ва афзалиятҳои хеле зиёди дигари Ҷумҳурии Тоҷикистонро бар давлати тоталитарии дар асоси идеологияи коммунистӣ ташкил ва фаъолиятдошта нишон дода, ба тарбияи самараноки ватанпарастии насли наврас ноил шуд. Ин кор ба воситаи танқиди унсурҳои фаъолияти ғайригуманистию ғайридемократии ИҶШС, ки мухолифи манфиатҳои миллӣ буданд, сурат мегирад. Ҳадафи асосии ин танқид  ташаккули меҳру муҳаббат дар қалби шогирдон ва ифтихор доштан аз ин Ватан мебошад.

Ин андеша аз он ғояе ба миён меояд, ки кас наметавонад ду се ватан дошта бошад, ҳам ватани сотсиалистии ИҶШС-ро парастиш намояд, ҳам Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ҳам он давлатеро, ки гӯё моро “мехуронаду мепӯшонад”. Мо тоҷикистониҳо танҳо як Ватани Кабир дорем, ки он Ҷумҳурии Тоҷикистон ном дошта, моро аз хурдӣ ба оғуш гирифта, тамоми умр аз ҳама хатарҳои олами муосир ҳифз менамояд, барои мо шароити сазовори фаъолият ва зиндагонӣ муҳаё месозад, ҳуқуқу озодиҳои моро кафолат медиҳад. Ба ин ғамхориҳои ватан мо чун фарзанди содиқи ҷавоб мегардонем ва барои рушду нумӯи он саҳми сазовор мегузорем. Бо кӯмаки мо, насли калонсол, ин гуфтаҳо бояд шиори ватанпарастии ҷавонон бошад.

.

  1. ТАРБИЯИ ВАТАНПАРАСТИИ НАСЛИ НАВРАС ТАВАССУТИ

ТАРБИЯИ ШАҲРВАНДӢ

 

Тавре дар болотар ҳам гуфта шуд, тарбияи коммунистии насли наврас дар баробари пош хурдани Давлати Шӯравӣ бебунёд монд. Ҳамаи ҷамоҳири шӯравии ин давлат аз давом додани сохтани ҷомеаи коммунистӣ даст кашида, рӯ ба арзишҳои демократӣ оварданд, аз он ҷумла соҳиби асосии ин давлату идеология РСФСР ҳам. Бинобар ин, тарбияи коммунистӣ соҳибони худро аз даст дод. Ҷомеаи демократӣ бошад, сарфи назар аз миллату ақвоми он эҳтиёҷ ба тарбияи шаҳрвандӣ ниёз дорад, ки он гуманистиасос мебошад, чунки меҳвари онро таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ташкил менамояд.

Даҳ сол қабл аз ин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарор худ аз 03.марти соли 2006 зери № 94 тасдиқ кард, ки он дар амал Консепсияи миллии тарбияи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, чунки ин санади давлатӣ расман тарбияи коммунистиро ба тарбияи шаҳрвандӣ иваз намудааст. Тарбияи шаҳрвандӣ дар ин асос аз тариқи 18 ҷузъи тарбияи шаҳрвандӣ ба амал бароварда мешавад ва дар байни онҳо чанд ҷузъи тарбия бевосита ба тарбияи ватанпарастӣ дахл дорад. Инҳо тарпбияи ғоявӣ, тарбияи миллӣ, турбияи хештаншиносӣ ва худогоҳии миллӣ, тарбияи ватанпарастӣ мебошанд. Ҷузъи охирин тарбияи шаҳрвандӣ хусусияти ҳамгиро кардани ҳамаи ин ҷузъҳои тарбияро дорад.

Вале тарбияи шаҳрвандӣ танҳо тавассути қабули қарори Ҳукумат худ аз худ иҷро намешавад, аз он ҷумла намудҳое, ки ба тарбияи ватанпарастии насли наврас дахл доранд. Ин кор тавассути маърифати шаҳрвандӣ амалӣ мегардад. Мафҳуми маърифат хеле васеъ буда, он тамоми ҷанбаю унсурҳои фарҳангро дар бар мегирад. Вале маърифати шаҳрвандӣ танҳо он намуду унсурҳои маърифатро дар бар мегирад, ки мақсаду вазифаҳои тарбияи шаҳрвандро иҷро менамоянд, маърифатеро, ки ба шаҳрванд дар рафти зиндагиаш дар ҷомеаи шаҳрвандӣ зарур буда, бе он инсон ва шаҳрванд наметавонад дар давлати демократӣ ва ҷомеаи шаҳрванда зиндагӣ кунад ва фаъолияти меҳнатӣ дошта бошад. Яке аз ҷузъҳои муҳимтарини маърифати шаҳрвандӣ ташаккули шаҳрванди ватанпараст мебошад.

Таъкид бояд кард, ки тарбияи шаҳрвандӣ ва маърифати шаҳрвандӣ ду қутби худи як кор мебошад: тарбияи шаҳрванди ватанпараст. Вале барои самаранок сурат гирифтани ин кор шароити мусоиди ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, мактабу маориф ва кадрҳои босалоҳияти педагогӣ зарур мебошанд. Ин масъалаҳо дар мақолаҳои дигар предмети омӯзиши мо  қарор хоҳанд гирифт.

test

Добавить комментарий