Мактабҳои илмӣ ва симоҳои қонунгузории рим

 

АҚИДАҲОИ ҲУҚУҚШИНОСОНИ РИМ. Дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсии Рим ҳуқуқшиносон мавқеи намоёнро ишғол карда, дар байни аъёну ашроф ва гражданҳои оддӣ дорои обрӯю эътибори калон буданд. Ба онҳо натанҳо оид ба масъалаҳои хусусӣ, балки ашхоси амалдори баланди давлатии то императорҳо ҳам барои маслиҳат муроҷиат мекарданд. Дар замони Октавиан Август ҳуқуқшиносони маъруф дорои имтиёзҳои махсус буданд.  Масалан, ба ин ҷумла Улпиан ва Папиниан, ки префект буданд,  яъне  баъд аз император дар Рим шахсиятҳои аввалин ба шумор мерафтанд.

Рушди ҳуқуқи Рим сатҳи нисбатан баландтаринро дар замони принсипат муваффақ мешавад, замоне ки давлати Рим дар сатҳи  баландтарини нашъунамо ва иқтидори худ қарор дошт. Вазифаи хизматии ҳуқуқи Рим аз он иборат буд, ки сохти мавҷудаи сиёсиро аз наз. Ҳуқуқшиносони Рим дар нақши ҷарчиёни ҳокимияти сезарҳои Рим қарор дошта, ҳуқуқи давлатии худро ба вуҷуд меоварданд.

Дар байни ҳуқуқшиносони Рим дар ҳалли як қатор масъалаҳои муҳимтарин ва, пеш аз ҳама, дар масъалаи ғуломдорӣ  ягонагӣ вуҷуд надошт. Масалан, ҳуқуқшиноси римии асри II милодӣ Гай асоси тақсимоти одамонро ба озодагон ва ғуломон дахлнопазир мешуморид ва мансуб донистани  ғуломонро ҳамчун ашё ягон хел шакку шубҳа надошт. Чунин ақидаро ҳуқуқшиноси маъруф Улпиан (наздики солҳои 170 – 228) пуштибонӣ мекард. Ҳуқуқшиносони зиёди дигар, аз қабили Флоретин, масъалаи умумӣ дар бораи ғуломонро дигар хел ҳал карданд. Онҳо чунин меҳисобиданд, ки мувофиқи ҳуқуқи табиӣ ҳама одамон озод таваллуд шудаанд. Дар ин ақидаҳо аслан бӯҳрони низоми ғуломдорӣ дар Рим эҳсос карда мешавад. Бояд гуфт, ки ҳуқуқшиносони Рим бо сабаби мавқеи худ ҳанӯз дар бораи барҳам задани сохти ғуломдорӣ хулоса набароварда буданд.

Дар ин масъала ва масъалаҳои дигар қуқшиносони Рим, ки ба ду мактаб – сабинчиён ва прокулчиён тақсим мешаванд, хос ва қонунист.  Сабинчиён ҷонибдори принсипат буданд. Прокулчиён бошанд, аз сохти ҷумҳурӣ пуштибонӣ карда, ба назарияи сабинчиён  назарияи худро муқобил мегузоштанд, ки ин иқдом онҳоро ҳамчун мутафаккирони пешқадам нишон медиҳад. Масалан, дар нисбати  аксарияти прокулчиён, муносибати бадбинӣ нисбати меҳнатро дастгирӣ намекарданд.

Муносибатҳои гуногун ба меҳнат дар баҳси ҳуқуқӣ дар бораи он, ки ашёи аз маводи дигар сохтагӣ аз они кист, ба миён омада буд. Сабинчиён онро асос ҳисоб мекарданд, ки якум мавод аст, на шакл ва ин баҳсро ба фоидаи соҳиби ашёи хом ҳал карданд. Прокулчиён бошанд, чунин меҳисобиданд, ки мавод дар натиҷаи меҳднати инсон шакл пайдо мекунад. Аз ин рӯ, соҳиби ашё бояд он касе бошад, ки барои коркарди мавод (ашё) меҳнат сарф кардааст.

Муқаррар гардидани сохти мутлақият дар Рим (дар баробари мавҷуд будани муассисаҳои ҷумҳуриявӣ) асосноккунии ҳуқуқии ин далелро тақозо кард. Ҳуқуқшиносони римӣ вазъи нави бамиёномадаро ҳақ  бароварданд.

Масалан, Гай он далелро ҳақ мебарорад, ки императорҳо аз маҷлиси халқӣ дар шакли интишори конститутсияҳо қонунэҷодкуниро ғасб кардаанд.  Ӯ эълон медорад, ки оид ба ҳуқуқи императорҳо қабули конститутсия, ки ба он ҳуқуқи қонун дода мешуд, ягон шубҳае надорад, чунки худи император салоҳиятҳои худро бо қувваи қонун ба даст овардааст.

Улпиан шарҳи боз ҳам нозуконаи ин ғосибии салоҳиятҳои ҳуқуқи қонунгузории императорро пешниҳод менамояд. Ӯ иброз медорад, ки ба принсепс зарур аст, ки қувваи қонунро дошта бошад, чунки халқ ҳокимияти худро ба император гузашт кардааст. Дар ҷойи дигар Улпиан таъкид мекунад, ки принсепс умуман бо қонун маҳдуд карда нашудааст.

Ҳуқуқшиносони Рим инчунин ба ҳалли як қатор масъалаҳои умумии назарияи ҳуқуқ ҳам машғул буданд. Масалан, дар муайян кардани моҳияти ҳуқуқ онҳо дар мавқеи фалсафаи стоикӣ қарор доштанд, дар қонунгузорӣ амалдорони гуногун низ. Аз ин рӯ, онҳо ҳуқуқро на танҳо бо ахлоқ, балки бо қонунҳои табиат ҳам омезиш медоданд.

Ҳуқуқшиносони Рим дар муайян кардани моҳияти ҳуқуқ мафҳуми адолатро ба назар мегирифтанд. Ин аст, ки мафҳуми адолат дар консепсияи онҳо маънии иҷтимоӣ дошт. Ин нишондод махсусан ба таври аъло дар муайянкунии моҳияти ҳуқуқ, ки Улпиан додааст, ба назар мерасад. Ӯ чунин мешуморад, ки нишондодҳои асосии ҳуқуқ чунинанд: бовиҷдонона зиндагӣ кардан, ба ягон кас зарар нарасонидан ва ҳар касро эътироф кардан. Нишондоди охирини ҳуқуқ ба манфиатҳои аъёну ашроф ва ҳукуматдорон пурра мувофиқат мекард, чунки он истисмори одамони оддӣ, нобаробарии иҷтимоӣ ва ҳуқуқиро дар давлати Рим ҳақ мебаровард. Аз ин рӯ, Улпиан ҳимоя кардани ҳуқуқи мулкдорро ба ғояи адолат пурра мувофиқ меҳисобид.

Ҳуқуқшиносони Рим нисбат ба Сисерон тақсими ҳуқуқро ба се соҳа мушаххастар баён сохтаанд: ҳуқуқи табиӣ, ҳуқуқи халқҳо ва ҳуқуқи сивилӣ (шаҳрӣ-гражданӣ). Мувофиқи тасаввуроти онҳо, ҳуқуқи табиӣ – ин маҷмӯи қоидаҳое мебошад, ки аз табиати худи мавҷудот ба миён меояд ва на танҳо рафтори одамон, балки рафтори ҳайвонотро низ муайян мекунад.

«Ҳуқуқи халқҳо»  ҳамчун маҷмӯи қоидаҳое ҳисобида мешуд, ки хиради табиӣ дар ҳамаи халқҳо муқаррар кардааст ва онҳо барои ҳамаи одамон умумӣ мебошанд. «Ҳуқуқи халқҳо» аҳамияти ҳамагонӣ (универсалӣ) пайдо мекунад, қариб ҳуқуқи умумиинсоние, ки нисбати ҳамаи иштирокчиёни гардиши тиҷоратӣ, сарфи назар аз миллат, истифода бурда мешавад. Чунин фаҳмидани jusgentium  ба он васеъшавии хоҷагии молию пулие мувофиқат мекард, ки дар марҳалаи баррасишавандаи таърихи давлати Рим ба амал меомад.

 

Мурофиаи додгоҳӣ оид ба парвандаи ҷиноятӣ дар Рим

 

Ҳуқуқи сивилӣ (шаҳрӣ-гражданӣ) гуфта, онҳо ҳуқуқи мусбати ҳар халқеро меноманд, ки ҳар халқ дар хонаи (давлати) худаш муқаррар мекунад. Ин ҳуқуқ  номи он давлатеро дорад, ки дар он амал мекунад.

Ин тақсимоти ҳуқуқ ба се соҳа, аз ҷиҳати назарӣ, албатта баҳсталаб буд, чунки он аз тасаввурот дар бораи абадият ва тағйирнопазирии ҳуқуқи табиӣ дарак медод. Ин назария дар назарияҳои ҳуқуқии марҳалаи феодалӣ дар Аврупои Ғарбӣ қабул гардида буд, ҳатто ҷонибдорони буржуазия низ дар ҳамин мавқеъ қарор доштанд.

Улпиан якумин шуда ғояи тақсимоти ҳуқуқро ба оммавӣ ва хусусӣ ба таври равшану саҳеҳ инъикос кардааст. Ҳуқуқи оммавӣ гуфта. ӯ ҳамаи он чизеро ҳисобид, ки ба манфиати фард алоқаманд аст. Ин тақсимотро, бо дар назардошти баъзе тағйиротҳо, ҳуқуқшиносии буржуазӣ низ ҳамчун асос қабул кардааст, чунки он зодаи мавҷудият ва рушди моликияти хусусӣ мебошад.

Як махсусияти дигарро дар таълимоти ҳуқуқшиносони Рим оид ба ҳуқуқро низ бояд қайд кард. Онҳо ҷидду чаҳд ба он мекарданд фаҳмонанд, ки дар рушди ҳуқуқи Рим идомаи ҷиддии он вуҷуд дорад, гарчанде ки ҳуқуқи кӯҳнаи квиритӣ (jus Quiritium), яъне низоми ҳуқуқи қадимтарини Рим, ки сарчашмаи асосии он «Қонунҳои ХII ҷадвал»   мебошанд, дар амалияи фаъолияти додгоҳӣ ба чунин тағйироти куллӣ гирифтор карда мешуданд, ки он дар дасти соҳибони ин ҳуқуқ ба як навъ ҳуқуқи бе предмет мубаддал мегардид

Асосгузори мактаби прокулчиён ҳуқуқшинос Лабеон (соли 45 то милод – соли 21 милодӣ) буда, нисбат ба ҳуқуқшиносони дигари замони Октавиан Август машҳуру барҷастатар ба шумор мерафт. Лабеон ҷумҳурияхоҳи матин буда, дар мулоҳизарониҳояш дар масъалаҳои зиёди ҳуқуқӣ аз назар навгонӣ ва мустақилона муносибат мекард. Ӯ аз мансаби консулӣ, ки ба ӯ Октавиан Август таклиф карда буд ва ба ӯ шаъну шарафи зиёд оварда метавонист, даст кашида, ҳаёти худро пурра ба илми ҳуқуқ бахшид. Лабеон ним сол дар Рим дарс медод ва ним сол дар мулки худ рисола менавишт. Лабеон ҳамагӣ қариб 400 рисола таълиф намудааст. Баъдтар онҳо ба таври фаъолона мавриди иқтибоскунӣ ва шарҳу эзоҳ қарор мегиранд. Дар атирофи ин шахсият гурӯҳи пайравон ташаккул меёбад, ки яке аз онҳо Прокул буд. Баъдтар номи ин шогирди Лабеон ба тамоми ин мактаб дода мешавад,

Прокулчиён (аз лотинӣ: proculiani), мактаби ҳуқуқшиносони Рим  мебошад, ки онро Помпоний секта (махфил) меномад, Гай бошад – мактаб. Асосгузори он Лабеон ҳисобида мешавад.

НАМОЯНДАГОНИ НАМОЁНИ ПРОКУЛЧИЁН. Мувофиқи рӯйхати Помпоний ба прокулчиён Нерва-падар, Прокул, Нерва-писар, Лонгин, Пегаз, Селсҳо (падару писар), Нератсий тааллуқ доштанд. Маълумоти зиёдро оид ба прокулчиён Гай додааст.

Намояндаи намоёнтарини мактаби прокулчиён ҳуқуқшиноси асри I Рим Прокул мебошад.

ДАР ТАНОСУБ БА САБИНЧИЁН. Тафовутҳои асосии то ба мо расидаро дар байни прокулчиён ва рақибони онҳо – сабинчиён муайян кардан корест ниҳоят мушкил, чунки ҳамаи далелҳо на масъалаҳои умумӣ, балки масъалаҳои алоҳидаи ҳуқуқро дар бар мегиранд.

Сарфи назар аз ин, маълум аст, ки чунин тақсимкунии ҳуқуқшиносон ба мактабҳои илмии сабинчиён ва прокулчиён  то замони салтанати Адриан вуҷуд доштааст.  Фарқияти ин ду самтро мумкин аст аз шарҳи ҳоли ба онҳо додаи Помпоний муайян кард. Дар бораи ду нафар асосгузори ин мактабҳои ҳуқуқӣ сухан ронда, ӯ иброз медорад, ки Лабеон дар сиёсат ҷумҳурияхоҳ – муҳофизакор (консерватор) буда, дар соҳаи ҳуқуқ бошад, намоянядаи навгонӣ (аз лотинӣ: «plurima innovare instituit») — «чизи бисёрро муқаррар кард») буд, Капитон бошад, ҷонибдори режими нави давлатӣ баромад мекард, дар соҳаи илми ҳуқуқшиносӣ (юриспруденсия) бошад, намоняда ва ҳимоятгари кӯҳна (аз лотинӣ: «in his, quae ei tradita fuerant, perseverabat») — «ба он истодагарӣ мекард, ки ба ӯ анъанаҳои ҳуқуқӣ додааст») буд. Аз ин бармеояд, ки шояд хулоса бароварда шавад, ки гӯё мактаби прокулчиён пешқадаму рӯ ба навгониҳо ва мактаби сабинчиён муҳофизакор (консервативӣ) мебошад.

Ақидаю андешаҳои дигар низ вуҷуд доранд. Баъзе олимон ба ин маънидодкунӣ нобоварона назар мекунан. Мувофиқи ақидаи онҳо, баррасии зиддиятноку мухолифе, ки дар байни пайравони мактабҳои гуногун вуҷуд доштанд, фикрро дар бораи пушқадм будан ва ё набудани  ин ва ё он мактабро тасдиқ кардан на он қадар қодир аст.

Дар ивази ин хулоса баъзе тахминҳои дигар низ баён карда шудаанд. Мувофиқи андешаи Кунтсе, дар муқобили ҳамдигар қарор доштани ин мактабҳо асосан муқобилият дар байни идеализм ва натурализм дар ҳуқуқ маҳдуд шуда буд. Бино ба ақидаи Карлов, прокулчиён дар оғози ҳуқуқ намояндагони миллӣ буда, сабинчиён бошанд, дар оғози умумихалқӣ, перегринҳо (ашхосе, ки шахсан озод буданд, вале гражданияти Римро надоштанд; ба перегринҳо сокинони вилоятҳои аз тарафи Рим ишғолкарда дохил буданд) қарор доштанд.

Мафҳуми перегринҳо шарҳу эзоҳро тақозо дорад. Перегринҳо (аз лотинӣ: «peregrinus» — хориҷӣ, аҷнабӣ) яке аз категорияҳои аҳолии Рими Қадим мебошанд. Баъд аз Ҷанги Лотинии солҳои 340 – 338 то милод аз ҷумлаи перегринҳо ашхосе хориҷ карда шуданд, ки гражданияти лотиниро соҳиб буданд. Дар аввал перегринҳо сокинони бо Рим иттифоқчӣ буданд, баъдтар – сокинони ба римиҳо тобеи шаҳрҳои ҳавзаи баҳри Миёназамин ҳам, яъне шахсоне, ки то ҷанги иттифоқии солҳои 90 – 86 то милод музофотӣ буданд. Баъд аз эдикти Каракалла дар соли 212  шумораи перегринҳо хеле кам шуд. Дар аҳди Юстиниан бошад. дар ҳолати перегринҳо танҳо сокинони навоҳии дурдасти наздисарҳадии Империяи Рим боқӣ мемонанд.

Перегринҳо аз ҳуқуқи истифодаи «ius civile» (ҳуқуқи граждании Рим) маҳрум буданд, вале  ҳақ доштанд бо гражданҳои Рим муносибатҳоли ҳуқуқӣ дошта бошанд, яъне метавонистанд аз «ius gentium» истифода баранд. Пенегринҳо мутаносибан эътирофи ҳуқуқие мегирифтанд, ки ба он хориҷиён (бе раият) соҳиб набуданд. Ғайр аз ин, дар муносибатҳои хусусии дохилӣ онҳо аз тартиботи ҳуқуқии миллии худ истифода бурданро идома медоданд. Додхоҳҳое, ки баҳси байни гражданҳои Рим ва перегринҳоро баррасӣ мекарданд, дар фаъолияти худ аз мулоҳизаҳои бе ҳуқуқ, адолат ва ақли солим (аз лотинӣ: «Ex aequo et bono») истифода мебурданд.

Мувофиқи ақидаи Карлов прокулчиён дар ҳуқуқ  намояндагӣ аз миллат мекарданд, сабинчиён бошанд, оғози худро аз умумихалқӣ ва перегринҳо.мегирифтанд. Гурӯҳи дигар, масалан. Бремер, Пернис ва ғайра бар он буданд, ки мактабҳои гуногун хеле оддӣ, аз рӯи тафовути ду омӯзишгоҳи ҳуқуқӣ, ки аз онҳо яке ба таври меросӣ аз Прокул мерос омадааст, дигараш – аз Сабин. Ҳуқуқшиносоне, ки маълумотро дар худи ҳамон як мактаб («statio») гирифтаанд, табиист, ки оид ба масъалаҳои алоҳидаи баҳсталаб  ақидаҳои якхелаи онҳо низ ташаккул ёфта, то ба мо  боқӣ мондаанд.

Аз эҳтимол дур нест, ки ба якдигар муқобилистии мактабҳои ҳуқуқӣ аз рӯи омили омӯзиш дар ҷойи маълум ҳамчун муҳити муқимии зиндагии омӯзгорони мазкури ҳуқуқ низ ба миён омадааст. Сарфи назар аз ин, он андешаҳои анъанавие боқӣ мондаанд, ки мувофиқи онҳо прокулчиён ба сифати пайравони Лабеон унсури пешқадами илми ҳуқуқшиноси (юриспруденсия)-ро намонядагӣ карда, бисёртар ҷидду ҷаҳд ба он доштанд, ки шаклҳои танги ҳуқуи кӯҳнаро дар муқобил ба сабинчиён ба манфиатҳои ҳаёти нав васеъ намоянд.

Ғайр аз контрверз (ихтилоф тафовут дар ақида, музокира,  муколама ва баҳс оид ба масъалаҳои баҳсталаб) дар бораи спетсификатсия мумкин аст дар амал якчанд роҳи ҳалро нишон диҳад, ки аз дидгоҳи анъанавӣ ба прокулчиён хос мебошад. Масалан, онҳо ҷидду ҷаҳд ба он мекарданд, ки мафҳуми ашёҳо «nec mancipi»-ро бо мақсади маҳдуд кардани соҳаи амали мантсипатсияи шаклӣ ҳуқуқи перегринҳоро васеъ ва онҳоро ба гражданҳои Рим  наздик карда, кушиш ба харҷ доданд, ки вазъи зарурии меросхурро, ки вазифадор аст бар хилофи иродааш дорои мерос бошад. Ҳамин тариқ, баъзе маҳдудиятҳои зоҳирии маҳдудият ба озодии васият ва ғайра заиф  гардонида мешавад.

МАКТАБИ САБИНЧИЁН. Асосгузори мактаби сабинчиён ҳуқуқшинос Кассий, шогирди Мазурий Сабин, шахси баромадаш оддӣ буда, танҳо дар синни 50-солагӣ, ниҳоят, барои гузаштан ба табақаи саворагон маблағи кифоя пайдо менамояд. Сабин дар байни табақаи саворагон якумин шуда муваффақ ба он мгардад, ки дар байни омма ба саволҳо ошкоро ҷавоб гардонад. Дар эҷодиёти худ Сабин анъанаи Квинт Мутсий Севоларо давом медиҳад ва ҳатто  асари асосии худро «Ҳуқуқи сивилӣ» номгузорӣ мекунад. Асосгузори мактаб Кассий Лонгин аз авлоди ашроф буда, дар аҳди Тиберий, Калигула ва Клавдий дар вазифаҳои баланди давлатӣ фаъолият мекард, дар музофоти Осиё ҳамконсул ва дар Сурия легат буд.

Тавре дар болотар щам гуфта шуд, мактаби сабинчиён бо муҳофизакории (консервативии) худ фарқ карда, низоми ҳуқуқиро фаъолона коркард мекард.

test

Добавить комментарий