Илми ҳуқуқшиносӣ, додгоҳ ва додхоҳ дар рим

 

САРЧАШМАҲО ОИД БА КАСБИ ҲУҚУҚШИНОСӢ. Сарчашмаҳои қадимтарини касби ҳуқуқшиносӣ ва тамоми ҳуқуқи муосир, дар маҷмӯъ, дар Рими Қадим қарор гирифтааст. Сарфи назар аз ин, дар рушди мактаби ҳуқуқӣ саҳми арзишмандтарин гузоштааст. Дар Рими Қадим мафҳуми ҳуқуқшинос вуҷуд надошт. Бо вуҷуди он, аксарияти таърихнигорон бар он ақидаанд, ки ҳуқуқшиносони нахустини Рим понтификҳоро номидан мумкин аст. Онҳо аъзои Коллегияи махсуси коҳинон буданд ва ба танзими ҳам ҳаёти динӣ ва ҳам соҳаҳои дигари ҷамъиятӣ дар қаламрави тамоми мамлакат машғул буданд. Коҳиноне, ки ба Коллегия ворид мегардиданд, ба дорандагон ва ҳифзкунандагони  донишҳо дар бораи ҳуқуқи сакралӣ (сокралӣ: аз англисӣ: «sacral»; аз лотинӣ:  «sacrum–муқаддас», бахшида ба худоҳо) мешуданд, инчунин метавонистанд тартиби дурусти тавзеҳ ва истифодаи онро тартиб бидиҳанд.

 

 

                                                    Ҳуқуқшиносони Рими Қадим

 

Дар Рими Қадим машғулшавӣ ба ҳуқуқ дар аввал вазифаи понтификҳо ба ҳисоб рафта, мушаххас ба ин кор яке аз коллегаҳои (ҳамкорони) коҳинон, машғул буд. Ҳар сол яке аз понтификҳо ба ашхоси хусусӣ мавқеи коллегияро оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ манзур мегардонид. Тахминан дар асри III то милод ҳуқуқшиносӣ аз понтификҳо озод мешавад. Мувофиқи маълумотҳои таърихӣ оғози ҳуқуқшиносии  дунявӣ ба номи Гней Флавий алоқаманд мебошад. Дар гузашта ҳамчун ғуломи озодшуда ва дабири арбоби намоёни давлатӣ Аппий Клавдий Сека буда, ӯ  маҷмӯаи формулаҳои ҳуқуқии мураттабсохтаи худро, ки  мувофиқи қонун («legis actione») мавриди истифода қарор мегирифтанд, дуздида чоп мекунад. Ин маводи чопшуда «jus civile Flavianum» (ҳуқуқи сивилии Флавиӣ) ном мегирад.

 

                                      Мактаби ҳуқуқшиносӣ дар Рими Қадим

                                                                         

Дар Рими Қадим ба қонунгузорӣ амалдорони гуногуни давлатӣ ва ҷамъиятӣ машғул буданд, аз қабили сенаторҳо, консулҳо, префектҳо, ҳатто шоҳу императорон низ, инчунин институтҳои гуногуни ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи гражданӣ, вале ба таври касбӣ ба ин кор бештар ҳуқуқшиносони варзида машғул буданд, махсусан дар асрҳои охирини Ҷумҳурӣ ва замони Империя. Дар ин бораи номҳо ва мероси қонунгузории ҳуқуқшиносони ин давраҳо шаҳодат медиҳанд.. Ин ҷо бо истифода аз сарчашмаҳо оид ба таснифи ҳуқуқи давлатии Рим номи чанд нафар ҳуқуқшиноси машҳури Рим бо дар назардошти маҳсули эҷодии онҳо мисол меорем.

СИМОҲОИ ҲУҚУҚШИНОСИИ РИМ. Дар сарчашмаҳои таърихи Рими Қадим номҳои ҳдуқуқшиносони зиёди номдор сабт шудаанд, аз он чумла: Авл Кастселий, Аппий Клавдий, Сек, Гай, Гай Атей Капитон, Гай Кас, Лонгин, Горенсиний Модестин, Гней Флавий, Квинт Мутсий, Стсеволла, Квинт Мутсий Стсеволла Авгур, Лутсий Литсиний Красс, Лутсий Яаолен Приск, Прокул Литсиний, Марк Антистий Лабеон, Марк Антоний Оратор, Марк Корнелий Фронтон, Марк Туллий Сисерон, Папиниан, Плинийи Хурдӣ, Прокулнитса, Публий Мутси Стсевола, Публий Салвий Юлиан, Публий Ювентий Селс, Гней Арулен, Селий Сабин, Мазурий Сабин, Сабиниан, Секст Помпионий, Сервий Сулпитсий Руф, Тибе, Улпиан, Гай Лутсий Стсевола.  Чанд нафари онҳоро бо шарҳи мухтасари фаъолияташон дар соҳаи ҳуқуқи Рим манзур меардонем.

ПРОКУЛ ЛИТСИНИЙ (санаҳои таваллуд ва вафоташ маълум нест). Прокул Литсиний ҳуқуқшиноси асри I то милоди Рим, намоёндаи намоёни мактаби ҳуқуқии прокулчиён буда, ин мактаб аз Лабеон оғоз ёфтаааст. Прокул ва пайравони ӯ дар як қатор масъалаҳои назариявӣ ва амалии илми ҳуқуқшиносӣ (юриспруденсия) бар зидди Сабин ва сабинчиён баромад мекарданд. Мулоҳизаҳои Прокул аз сабинчиён бо таҳлил ва фаҳмиши талаботи амалӣ тафовут дошта, асосан аз рӯи рисолаҳои ҳуқуқшиносони дигари Рим  аз асарҳои ӯ танҳо шумораи ками пораҳо маълуманд, ки дар «Дигестҳо» истифода шудаанд.

МАЗУРИЙ САБИН (аз лотинӣ: Masurius Sabinus). Мазурий Сабин ҳуқуқшиноси Рими нимаи аввали асри I милодӣ мебошад. Аз ҳолномаи ӯ танҳо он чиз маълум аст, ки камбағалона зиндагӣ кардааст ва дар синни 50 – солагӣ ба унвони саворагӣ муваффақ шуда, аз Тиберий «respondendi» (ҳуқуқи ҷавоб додан ба саволҳо дар байни омма)-ро мегирад. Баъзе асарҳои ӯ дар аҳди Нерон навишта шудаанд.

Дар байни ҳуқуқшиносони дигари Рим Сабин мақоми бузургро соҳиб буд ва ба мактаби ҳуқуқие сарварӣ мекард, ки бо номи ӯ мактаби сабинчиён номгузорӣ шудааст, гарчанде, ки асосгузори он Гай Атей Капитон мебошад. Сабин воқеан ақлу заковати мактабе буд, ки ба он самтнокии муайянро дар омӯзиш ва рушди ҳуқуқи Рим додааст. Дар асари муҳимтарину асосии Сабин «Libri tres iuris civilis» дар заминаи низоми муайяне гузошта ва ҳал карда шудааст. Помпоний, Улпиан ва Павел ба ин асар тавзеҳот навиштаанд.

Шумораи асарҳое, ки бо номи Сабин алоқаманд мебошанд ((«actione»ad Sabinum, ex Sabino» ва ғайраҳо) чунон зиёд аст, ки дар мавриди мураттаб сохтани «Дигестҳо» аз онҳо гурӯҳи махсус (барои Сабин) тартиб дода мешавад. Бояд гуфт, ки пораҳои онҳо ба мо танҳо ба воситаи тавзеҳоте, ки дар «Дигестҳо» қабул шудаанд, маълуманд.

ГАЙ АТЕЙ КАПИТОН (Ateius Capito, соли.22 вафот кардааст). Гай Атей Капитон сиёсатмадор, арбоби давлатии замони Август ва ҳуқуқшиноси машҳури Рим буд. Капитон писари претор Лутсий Атей Капитон буда, нисбати императорҳои замони худ гузашт мекард ва бо шарофати ин аз хайрхоҳии онҳо шарафманд гардида буд.  Маълум аст,  ки Капитон бо ҳуқуқшиноси дигари замони худ Антиссий Лабеон рақобат доштааст. Соли 17 то милод бо дархоси Август Капитон  дар бораи паёмбариҳои Сивиллҳо, ки ба Бозиҳои Секулярӣ дахл доштанд, тавзеҳоти ҳуқуқӣ пешниҳод кардааст. Соли 5 милодӣ ӯ консул – суффект таъйин карда мешавад. Император Октавиан Август ба таъйин карда шудани ӯ мусоидат кардааст. Аз соли 13 Капитон куратори новаҳои оби нӯшокӣ таъйин мешавад. Баъди ду сол Капитон куратори соҳилҳо ва маҷрои Тибр мешавад. Ӯ бо ҳамроҳии ҳамкораш (коллегааш) Аррунсий ба Сенат таклиф манзур мегардонад, ки Тибр ба шохаҳо тақсим карда шавад, вале бо сабаби эътирози мунисипиҳо (ҳокимони маҳаллӣ) ва колонияҳо ин пешниҳод рад карда мешавад.  Капитон соли 22 вафот кардааст.

Атей Капитон дар байни муосирон соҳиби обрӯю эътибори баланд будааст ва  асосгузори мактаби сабинчиён (бо номи Массурий Сабин, вале дар сарчашмаҳо бештар бо номи Музурий Сабин омадааст) буда,  бо мактаби прокулчиён рақобат мекардааст. Гарчанде ки баъди вафоти Атей Капитон номи ӯро бо тезӣ фаромӯш мекунанд ва асарҳои ӯ муддати дуру дароз асосан дар байни  лексографҳо чун Секст Помпей Фест, Вкррий Флакк маълум буданд.

Дар байни асарҳои аздастрафтаи Атей Капитон метавон қисматеро ёдовар шуд, ки ба он «Ёддоштҳои гуногун»-и камаш иборат аз 9 китоб, ки ба он қисматҳои  «Дар бораи иҷрои вазифаҳои сенаторӣ», «Дар бораи мурофиаҳои ҷиноятӣ» ва «Дар бораи ҳуқуқи муқаддас» дар 7 китоб дохил буданд. Иқтибосҳои боқимонда дар бораи ҳуқуқҳои авгурҳо нақл мекунанд. Аз рисолаҳои Капитон то замони мо пораҳои хурди зиёд омада расидаанд.

ВЕНУЛИЙ САТУРНИН (Venuleius  Saturninus). Сатурнин ҳуқуқшиноси асри III буда, таъкид карда мешавад, ки шояд мушовири Александр Север ҳам бошад. То замони мо дар бораи ӯ маълумоти хеле кам омада расидааст, асосан иқтибосҳо аз ду рескрипти ӯ, рисолаҳо ба интердиктҳо, стипулятсҳо, инчунин рисолаҳо дар бораи вазифаҳои проконсул ва истеҳсолоти ҷиноятӣ иборат мебошад:  он «Libri Actionum, Sex Interdictorum, Quatuor de Officio Proconsulis, Tres Publicorum ou De Publicis Judiciis, et Novemdecem Stipulationum, Libri Septem Disp о».

АКВИЛИЙ ГАЛЛ. Ҳуқуқшиноси асри I то милод шогирди Мутсий Стсевола, яке аз ҳуқуқшиносони нисбатан машҳури ҳамин аср буд. Аз эҳтироми бепоёни халқ истифода бурда, ӯ бо ҳамроҳии Сисерон претор (соли 66 то милод) буд, вале аз пешниҳод ба мансаби консулӣ даст мекашад, то ки ба таври пурра ба фаъолияти ҳуқуқшиносию қонунэҷодкунӣ  машғул шавад. Галл нисбат ба он, ки дар назди додхоҳ (agere) баромад кунад, ба муштариён додани маслиҳатҳоро афзалтар медонист.

 

             

            Гай Атей Капитон         Публий Силвий Юлиан         Публий Ювентий Селс

 

Тибқи маълумоти Сисерон, вақте ки ба ӯ ҷиҳати далелнокии кор муроҷиат мекарданд,  чунин посух медод: «N ihil hoc ad nos; ad Ciceronem», яъне ба Галл не, ба Сисерон (муроҷиат кунед). Дар эдикти преторӣ, дар замони аз тарафи Галл иҷро кардани мансаби претор, формулаҳои нави ҳуқуқие ҷорӣ карда шуданд, ки дар мавриди иҷрои амалҳои ҳуқуқӣ (бо номи  «judicium de dolо»), аз қабили адо кардани қарзҳо («stipulatio Aquiliana») номида мешуданд, ки ба ҷавобгарӣ  барои мақсади нопок дахл доштанд. Рисолаҳои ҳуқуқии Галл то ба мо омада нарасидаанд.

ЭЛИЙ ГАЛЛ, тахмин кардан равост, ки ҳуқуқшиноси Рим ва ҳамзамони Г.Аквилий будааст. Ӯ ҳамчун муаллифи  рисолаи «De significatione verborum quae ad jus civile pertinent» маълум аст. Аз ин рисола Верий Флакк истифода мебурдааст. Пораҳое, ки аз мероси Галл боқӣ мондаанд, дар рисолаи Помпей Феста (1879) «Jurisprudentiae аntejustineaneae quae supersunt» (1879)  гирд оварда шудаанд.

МОДЕСТИН ГЕРЕННИЙ, ҳуқуқшинос ва арбоби давлатии асри III Рим мебошад. Аз ҳуқуқшиноси номии римӣ Улпиан сабақ бардошта, муддати тулонӣ дар Далматсия сукунат доштааст. Дар Рим дар мансабҳои баланди давлатӣ фаъолият доштааст. Солҳои 226 – 244 префект буда, ҳамчун респондент оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ баромад мекард ва ба императори Рим Максимиан дарс медодааст. Модестин аз ҷумлаи ҳуқуқшиносони каме буд, ки ҳуқуқи «respondendi» дошта, дар ҳалли масъалаҳои гражданӣ аз номи император баромад кардан имтиёз дошт.

Муаллифи якчанд рисолаи илмӣ доир ба ҳамаи соҳаҳои ҳуқуқ мебошад, ки аз онҳо танҳо пораҳо (343 пораи хурд) боқӣ мондаанд ва онҳо ба «Дигестҳо»- дохил карда шудаанд. Дар рисолаҳои Модестин «Pandectae», «Regulae» ва «Differentiae» ташреҳи умумии ҳуқуқ дода шуда, баъзе масъалаҳи ҳуқуқӣ дар якчанд рисола коркард шудаанд (аз ҳама мукаммали онҳо «De excusationibus» буда, бо забони юнонӣ навишта шудааст). Дар ташаккулёбии баъзе масъалаҳои доктрина ва амалияи  ҳуқуқ  саҳми калон гузоштааст: соли 426 ба асарҳои ӯ аз тариқи қонун дар бораи иқтибос қувваи ҳуқуқи ҳатмӣ дода мешавад. Ба ин имтиёзи ҳуқуқӣ рисолаҳои якчанд ҳуқуқшиноси дигар – Гай, Павел, Папиниан ва Улпиан низ соҳиб буданд.

ПОМПОНИЙ СЕКСТ (солҳои таваллуд ва вафоти ӯ номаълум аст), ҳуқуқшинсои асри II Рим, муаллифи як қатор рисолаҳо оид ба ҳуқуқи граждании Рим, муаллифи тафсири хеле васеъ ба эдикту рисолаҳо оид ба масъалаҳои алоҳидаи ҳуқуқи хусусӣ мебошад. Дар байни рисолаҳои сершумори Помпоний (ҳамагӣ беш аз 150 китоб), ки аз рӯи иқтибосҳо ва пораҳои хурд дар рисолаҳои муаллифони баъдина маълуманд, дастури мухтасар доир ба ҳуқуқи Рим ва илми ҳуқуқ (юриспруденсия)-ро таълиф намудааст, ки онҳо ба «Дигестҳо» дохил шуда, дорои аҳамияти махсус мебошанд.

МАРК ФАБИЙ КВИНТИЛИАН (бо лотинӣ: Marcus Fabius Quintilianus, соли 35 дар Каллагунрис, имрӯза Калаорраи Испания таваллуд шуда, соли 96 вафот кардааст), муаллифи «Панду ҳикматҳои суханвар» «Institutio oratoria«»), китоби дарсии пурраи санъати суханварие, ки аз давраи антиқӣ то замони мо боқӣ мондааст. Ин китобро, дар баробари рисолаҳои Сисерон, дар кулли мактабҳои риторӣ меомӯхтанд. Дар Рим таҳсил карда, худро ба мартабаи суханвари додгоҳӣ тайёр кардааст. Дар аҳди императорҳо Веспасиан, Тит ва Доминитсиан ҳамчун адвокат (сафедкунанда) дар додгоҳ (суд) на як бору ду бор баромад кардааст, вале, сарфи назар аз ин, на бо кори амалӣ, балки дар фаъолияти назарияӣ ва тадрис шӯҳратманд гардидааст. Квинтилиан омӯзгори якуми касбӣ шуморида шуда, мактаби давлатӣ мекушояд: дар солҳои 70-уми асри I Веспасиан ба Квинтилиан нафақа таъйин мекунад ва барои ин аз хазина маблағ ҳам ҷудо мекунад.

ПУБЛИЙ МУТСИЙ СТСЕВОЛА низ ҳамчун мушовири ҳуқуқ (бо забони лотинӣ: Publius Mucius Scaevola, соли 115 то милод вафот кардааст) маълум аст. Стсевола сиёсатмадор, таърихнигор, ҳуқуқшинос ва адвокат, соли 133 то милод консул, дар солҳои 130–115 то милод понтифики бузург буд. Намояндаи авлоди Мутсий Стсеволзо буда, ба Рими Қадим ҳуқуқшиносони зиёди номиро додаааст. Соли 141 то милод  трибуни халқӣ, дар соли 133 то милод бо ҳамроҳии Лутсий Калпуроний Пизон Фрути консул интихоб мешавад. Ҳангоми консулӣ дар мавриди воқеаҳои ба лоиҳаҳои қонунҳои алоқаманди Тиберий Гракх беҷуръатӣ зоҳир мекунад. Аҷаб нест, ки Стсевола ба лоиҳаҳои қонунҳои Гракх робита дошт: ҳангоми мураттаб сохтани лоиҳаҳои қонунҳо, дар бораи маслиҳатҳои Стсевола ба Гракх маълуманд.

 

 

Дар додгоҳи Рими Қадим

 

Соли 130 то милод Стсавола баъди вафоти бародараш Публий Литсиний Красс дар вазифаи понтифик бузург мешавад. Ҳамчун понтифики бузург, Стсевола дар асоси солномаи (анналҳои) аз тарафи Коллегияи понтификҳо бо номи «Солномаи Бузург» («Великие анналы»)-ро дар 80 китоб мураттаб месозад, ё ки солномаҳои аллакай мураттабсохтаро дар як маҷмӯа муттаҳид сохта, нашр менамояд. Инчунин Стсевола муаллифи китобҳо оид ба илми ҳуқуқшиносӣ (юриспруденсия) буд, ки дар вақташ онҳоро ба таври фаъолона истифода мебурданд. ғайр аз ин, худаш ҳамчун адвокат (сафедкунанда) низ фаъолият мекард.

ГАЙ, яке аз ҳуқуқшиносони маъруфи Рим ба шумор меравад. Дар аҳди Адриан умр ба сар бурдааст. Император Валентиниани III дар баробари мулоҳизарониҳои Папиниан, Улпиан, Модестин ва Павел, андешаҳои ҳуқуқии Гайро ҳамчун сарчашмаи ҳуқуқи Рим эътироф мекард, ки онҳоро дар мавриди қабули қарорҳои худ бояд додхоҳҳо мавриди истифода қарор бидиҳанд. Гай ба «Қонунҳои ХII ҷадвал» оид ба ҳуқуқи преторӣ ва Институтсия (бо забони лотинӣ:«Institutiones»)–барои онҳое, ки ҳуқуқро меомӯзанд, китоби дарсӣ менависад.

ПУБЛИЙ ЮВЕНТИЙ СЕЛС, ҳуқуқшиноси Рими Қадим ва арбоби ҳуқуқшиносии асрҳои I – II милодӣ мебошад. Ӯро бештар Селси Хурдӣ ва ё Селси писар (Celsus filius) меноманд, чунки писари ҳуқуқшиноси шинохта Ювенитсий Селс (бо худи ҳамин ном: Publius Iuventius Celsus) мебошад. Чун падар ӯ низ ба прокулчиён – мактаби римии ҳуқуқшиносон мансуб буд. Баъди падараш писар сарвари ин мактаб мешавад ва намояндаи бузурги охирини он ҳисобида мешуд. Селси Хурдӣ дар аҳди Нерва претор (солҳои 106 ё 107) ва то соли 114 ҳокими Фракия буд, ду маротиба  (дар аҳди Траян ва Адриан) дар вазифаи консул, инчунин проконсули (ҳамконсули) музофоти Осиё фаъолият кардааст. Узви  Шӯрои шахсии назди император Адриан буд.

Селс яке аз намояндагони маъруфи илми ҳуқуқи (юриспруденсияи) Рим, мутафаккири бо ақлу заковат ва зеҳни баланди ҳуқуқӣ, дорои мърифаҳаматарафаи  назариявӣ, услуби бою самараноки эҷодӣ ва соҳибистиқлол шуморида мешуд. Ӯ аз ҳалли масъалаҳои ҳуқуқӣ лаззат мебурд ва аз худ маҷмӯаи ҳалли онҳоро бо номи «Digestorum libri…»-ро боқӣ гузоштаааст. Тахмин карда мешавад, ки ба он маҷмӯаҳои нисбатан хурди қаблан ба нашр расида («Commentarii, Epistolae, Quaestiones») дохил гардидаанд.

Селс ба сифати консул ташаббускори қарори Сенат дар бораи корҳо оид ба мерос буд, ки номи ӯро («Senatus Consultum Iuventianum», соли 129) гирифтааст. Асари асосии Селс – «Дигестҳо» мебошад ки он аз рӯи низоми «Edictum perpetuum» мураттаб карда шудааст. Аз асарҳои Селс ҳар гуна панду ҳикматҳое боқӣ мондаанд, ки онҳоро муаллифони баъдина ҳамчун иқтибос истифода бурдаанд.

Услуби Селс кӯтоҳгӯӣ ва кӯтоҳандешӣ аст. Ба ӯ гуфторҳои кӯтоҳи ба охиррасида тааллуқ доранд, масалан,  формулаи маълуми ҳуқуқ «Ius est ars boni et aequi» («Ҳуқуқ санъати кирдорҳои некукорӣ ва адолатпешагӣ мебошад») ба ӯ тааллуқ дорад,

ГНЕЙ АРУЛЕН СЕЛИЙ САБИН (бо лотинӣ: Arulenus Caelius Sabinus тав.с.69)  ҳуқуқшиноси Рим буда, дар мансабҳои баланди консулӣ ва суффектӣ фаъолият кардааст. Пайрави наздиктарини Миссурий Сабин буд. Дар аҳди Веспасиан мавқею мақоми муассири баланд доштааст. Аз асарҳои ӯ коркарди эдикти «Эдил» сазовори мақоми баланд мебошад.Онро Улпиан бо диққати калон омӯхтааст.

МАРК ТУЛЛИЙ СИСЕРОН (СОЛҲОИ 164-43 ТО МИЛОД) нисбат ба мутафаккирони юнонӣ, файласуф набуда, ба табақаи ашрофони тиҷоратию молиявӣ тааллуқ дошта, дар марҳалаи охирини Ҷумҳурии Рим зиндагӣ кардааст, замоне ки Ҷумҳурӣ рӯ ба фаношавӣ оварда буд. Дар Юнон фалсафаи юнониро омӯхтааст. Маърифати баланд ва  суханвари беҳтарини зумон ҳисобида мешуд, ба Сисерон кӯмак расониданд, ки ба зинаҳои баланди сиёсӣ муваффақ гардад: квестор, претор проконсул ва дар Осиёи Хурд консул будааст. Интиҳои ҳаёти Сисерон фоҷеабор буд: триумвират ӯро ба рӯйхати просккриптионӣ мебарорад, яъне ӯ аз ҳимояти қонун берун мемонад. Лекин ба ӯ муяссар шуд, ки фирор кунад, вале  ӯро дастгир карда, ба қатл расониданд.

Асарҳои асосӣ: Мероси эҷодии Сисеронро 58 нутқи додгоҳӣ ва сиёсӣ, 19 рисола оид ба риторика (суханварӣ), сиёсат, фалсафа, зиёда аз 800 мактуб ташкил медиҳад. Масаъалаҳои сиёсию ҳуқуқӣ нисбатан ба таври пурра дар рисолаҳои «Давлат», «Қонунҳо», «Дар бораи ӯҳдадориҳо» инъикос ёфтандт. Ақидаҳои сиёсии Сисерон бараъло дар зери таъсири файласуфони Юнони Қадим қарор доштанд ва, пеш аз ҳама, дар зери таъсири Афлотун ва Арасту. Вале ба таври эҷодкорона истифода бурдани ғояҳои гузаштагон дар Сисерон бо аз тарафи ӯ рушд дода шудани нишондодҳои нав дар соҳаҳои давлат ва ҳуқуқ дар ҳолати ҳамоҳангӣ қарор доранд. Зимни ин гуфтаҳо чанд нишондоди Сисерон ёдовар мешаванд.

Пайдоиши давлат. Сисерон баъд аз Арасту пайдоиши худ аз худи илоҳию табиии давлатро ҳимоят кардааст. Шакли нахустини иттиҳоди ҷамъиятии одамон оиларо эътироф менамояд, ки минбаъд давлат дар асоси он ташаккул меёбад. Сабаби пайдоиши давлатро Сисерон дар кушиши одамон баҳри татбиқи манфиатщои умум ва зарурати дифои моликият мебинад.

Моҳият ва вазифаҳои давлат. Давлат  аз они халқ аст, вале халқ ҳамчун «пайвастаи одамони зиёд буда, дар байни худ дар корҳои ҳуқуқ ва умумияти манфиатҳо алоқаманд мебошанд», фаҳмида мешавад. Дар байни вазифаҳои давлат нигоҳ дошдани дахлнопазирии муносибатҳои ташаккулёфтаи моликиятӣ, ки аз нигоҳдории тартиботи зарурӣ, идораи минтацащои муттаҳидкарда ва таъмини мавҷудияти  меъёрҳо ва арзишҳои ахлоқию динӣ иборат мебошад.

Шаклҳои давлат. Чун файласуфони Юнони қадио Сисерон ба таҳлили шаклҳои гуногуни давлат, сабабҳои ивазшавии онҳо, ҷустуҷӯи шакли беҳтарини давлат ва ғайра аҳамияти калон медод. Меъёри таснифи шаклҳои давлат ба «дуруст» ва «нодуруст»-ро Сисерон ба «табиат ва ирода»-и, онҳое вобаста мекунад, ки давлатро кӣ идора мекунад. Вобаста ба шумораи ҳокимон се шакли оддии «дуруст»-ро фарқ мекунонад: ҳокимияти шоҳӣ, ҳокимияти оптимҳо (аристократҳо) ва ҳокимияти халқ (демократия).

 

 

Сисарон дар байни суханварони Рим             Ҳуқуқшиносони маъруфи Рим

 

Ҳар яке аз ин шаклҳои давлат на танҳо афзалиятҳо, балки камбудиҳо низ дорад. Масалан, ҳокимияти шоҳ ҳокимияти як кас буда, аз он тиран сабзида мерасад; ҳокимияти оптимҳо дар шакли бадахлоқона ба олигархия оварда мерасонад; ҳокимияти пурраи халқ ба «беақлӣ ва золимии издиҳом ва ахлократия» оварда мерасонад. Ин ҳамаро Сисерон ба масъалаҳои ҳуқуқ дар якҷоягӣ баррасӣ менамояд.

Ҳуқуқ дар фаҳмиши Сисерон. Сисерон ҳуқуқи табиӣ ва позитивиро ба таври дақиқ фарқ мекард. Ҳуқуқи табиӣ ҳамчун қонуни абадӣ баромад карда, барои ҳама ҳатмист. Ин қонун навишта нашудааст, вай азалӣ мебошад. Бинобар ин, ҳуқуқи табиӣ аз ҳуқуқи позитивӣ барвақттар ба вуҷуд омада, ҳанӯз то пайдоиши давлат вуҷуд доштааст.

Сисерон асосҳои фаъолияти ҳуқуқшиносонро  муайян кардааст, ки онҳо дар се шакл ифода ёфтаанд:

а) коркарди шаклҳои намунавӣ барои ҳаргуна муомила (додугирифт)-и ҳуқуқӣ;

б) маслиҳатҳои моҳияти мурофиавидошта;

в) маслиҳатҳо доир ба масъалаҳои мураккаб.

Сисерон бар он ақида буд, ки ҳуқуқи позитивӣ (аз тарафи исоният навишташуда) бояд бо қонунҳои табиӣ (азалӣ) мувофиқат карда тавонанд. Мувофиқ будан ва ё мувофиқ набудани қонунҳои қабулкардаи давлат ба ҳуқуқҳои табиӣ меъёри муайянкунанди адолатнок ва беадолат будани онҳо мебошад. Ғайр аз ин, қонунҳое, ки дар ин ва ё он давлат қабул карда мешаванд, бояд ба сохти давлатии дар он муқарраргардида ва анъанаҳои ниёгон мувофиқ бошанд. Сисерон (дар зери таъсири Афлотун) ба дебочаи қонун, ки аҳамияти калони тарбиявӣ дорад, диққати калон медод.

ГАЙ КАССИЙ ЛОНГИН (аз лотинӣ Cassius Longinus) ё Кассий яке аз ҳуқуқшиносони намоёни Рими Қадим, шогирди бевоситаи Сабин ва идомадиҳандаи мактаби ӯ буда, баъзан ин мактабро бо номи ӯ мактаби кассийчиён ҳам меномиданд.

Дар аҳди Калигула, соли 30 дар музофоти Осиё муовини консул, дар аҳди Клавдий дар Сурия легат буд ва бо шарофати маърифати баланду ҳаматарафаи худ дар соҳаи ҳуқуқ ва махсусан бо қудрати хулқи худ дар давлату  ҷомеаи Рим мавқеи ниҳоят баландро ишғол мекард.

Дар аҳди Нерон ба Сардиния бадарға карда шуда, дар он ҷо нобино мешавал. Сабаби бевоситаи таъқибот ва бадарға он шуд, ки дар мавриди тасвири ниёгон ӯ акси Кассий Лонгинро, ки яке аз иштирокчиёни сӯиқасди зидди Сезар буд, нигоҳ доштааст.

Гай Кассий Лонгинро ба Рим Веспасиан бармегардонад ва ӯ дар ҳамин ҷо вафот мекунад. Кассий дар байни ҳамзамонон ва ҳуқуқшиносони баъдина ҳамчун «prudentissimus vir», «juris auctor», «Cassianäe scholae princeps ac parens». дорои обрӯю эътибори ниҳоят бузург буд.  Кассий як қатор рисолаҳои ҳуқуқӣ таълиф намудааст, ки дар байни онҳо рисолаҳои «Libri» (ё «Commentarii») ва «juris civilis» асосӣ мебошанд. Онҳо аз ёдоваршавии ҳуқуқшиносони хеле баъдина дар «Дигестҳо» танҳо аз рӯи  «Javoleni libri XV ex Cassio» маълуманд. Аз пораҳои боқимонда маълум аст, ки Кассий ба Сабин пайравӣ карда, дар низоми ақидаҳо оид ба масъалаҳои ҳуқуқ мутафаккири пешқадам ва мустақил  низ будааст.

МОДЕСТИН ГЕРЕННИЙ (аз лотинӣ: Modestinus), ҳуқуқшинос ва арбоби давлатии асри III, ҳамчун шогирд аз ҳуқуқшиноси номдори Рим Улпиан сабақ гирифтааст. Муддати тулонӣ дар Далматсия зиндагӣ карда, баъд ба Рим омадааст. Дар Рим дар мансабҳои баланди давлатӣ фаъолият дошт: солҳои 226 – 244 префект буд, ҳамчун респондент оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ баромад мекард ва ба императори Рим  Максимин аз ҳуқуқ дарс медод. Яке аз ҳуқуқшиносони нодион буд, ки оид ба ҳуқуқи «jus respondendi»  имтиёз гирифта ва тасмимҳои худро оид ба масъалаҳои гражданӣ аз номи император манзур мегардонид.

           

 

Модестин Горенний              Гай, ҳуқуқшинос                 Гай Мутсий Стсевола

 

Муаллифи якчанд рисолаи ҳуқуқӣ оид ба ҳамаи тавзеҳоти умумии ҳуқуқ буда, аз онҳо то замони мо танҳо пораҳои алоҳида боқӣ монда, ба «Дигестҳо» (ҳамагӣ 345 порча) дохил шудаанд.

Дар рисолаҳои Модестин «Pandectae»«Regulae» ва «Differentiae» тавзеҳоти умумии ҳуқуқ ва дар якчанд рисолаи дигари ӯ масъалаҳои алоҳидаи ҳуқуқ (аз ҳама васеътарини онҳо «De excusationibus» буда, бо забони юнонӣ таълиф шудааст) бахшида шудааст. Ӯ дар унвонгузории баъзе масъалаҳои доктринаи ҳуқуқӣ ва амалӣ саҳми арзанда гузоштааст. Соли 426 ба асарҳои Модестин қувваи ҳатмии ҳуқуқӣ  (чун ба якчанд нафари дигар – Гай, Павел, Папинианин ва Улпиан) дода мешавад.

УЛПИАН зодаи шаҳри Фракии Тир, аз сулолаи Северҳо ва аз рӯи пайдоиш аз Финикия буд. Дар префекти претория, ки ин вақт сарвараш Папаниани машҳур буд, дар вазифаи ассесор фаъолият мекард. Баъдтар дар вазифаи префекти аннона (мудири қисмати озуқаи Рим), magister scrinium (сардори дафтари имперӣ) ва, ниҳоят, дар аҳди Александр Север дар мансаби баланд – префекти преторий фаъолият дошт. Ҳамчун ҷонибдори матини Север ва модари ӯ Мамея, ба императори ҷавон таъсири калон мерасонид. Ҳангоми исёни сарбозони преториявӣ, ки дар натиҷаи низоъҳои дарборӣ соли 228 ба амал омада буд, ба қатл мерасад.

Обрӯю эътибори Улпиан ҳамчун ҳуқуқшинос хеле бузург буд. Дар «Кодекси Юстиниан» гуфтаҳои пурмаънои зерин ба номи ӯ алоқманд карда шудаанд:  «summi ingenii vir, vir prudentissimus». Тибқи қонуни соли 426 ӯ ба ҳайати он панҷ ҳуқуқшинос responsa – Гай, Папиниан, Улпиан. Павел ва Модестин, ки дар боло ном бурда шуданд,  дохил карданд, ки истифодаи асарҳои онҳо барои ҳамаи додхоҳҳо ҳатмӣ буданд.

То ба мо танҳо 29 унвони китобҳои ӯ, ҳамчун «Институтсияҳо»-и Гай омада расидаанд. Дар «Дигестҳо» – порчаҳои хурд аз Улпиан  оид ба масъалаҳои гуногуни ҳуқуқ бисёранд. Онҳо дар маҷмӯъ (2462 порача) қариб сеяки мазмуни Пандектро (Дигестҳо – Маҷмӯаҳо) ташкил медиҳад; аз рӯи шумораи иқтибос аз ин рисолаҳо Улпиан дар ҷои аввал меистад.

Тафаккури ҳуқуқӣ. Фаъолияти адабии Улпиан чун ҳуқуқшиносони дигари Рим, асосан моҳияти этикию эстетикӣ (ахлоқию зебопарастӣ) дошта, ба иҷрои мақсадҳои «supplendi, corrigendi, adjuvandi juris civilis» равона карда шуда буд, чунки дар замони Империя нақши претори замони Ҷумҳурӣ ба ҳуқуқшиносон мегузарад. Дар асри III манфиатҳои ақлонии ҷомеаи Рим асосан дар ҳавзаи таълимотҳои фалсафие давр мезаданд, ки ба Рим аз Юнон омада буданд. Оғози фалсафӣ ва ахлоқӣ дар ақидаҳои Улпиан низ ба ҳуқуқ ба назар мерасанд. Калимаи «jus (ҳуқуқ)»-ро ӯ аз назари этимологӣ аз мафҳуми «justitia» (адолат; «est autem a justitia appellatum») ба миён меорад.

Худи адолат (justitia) est constans et perpetua voluntas jus suum cuique tribuendi (Адолат ҷадду ҷаҳди доимӣ ва абадӣ аст барои ҳар кас), ҳуқуқ (jus) бошад, est ars boni et aequi. Муайянкунии ҳуқуқ, дар баргардонии муқаррарии он – «ҳуқуқ ин санъати некуорӣ ва адолатпешагӣ» ишораи мустақим аст ба он, ки ҳуқуқ бояд бо фарогирии васеи ахлоқии худ ба принсипҳои замони мувофиқ бошад ва аз он ақиб намонад.

Улпиан ҳуқуқро, мувофиқ ба табиати меъёрҳое, ки онро ташкил медиҳад, ба се шакл тақсим мекунад:  «jus naturale» («ҳуқуқи табиӣ») ҳамаи мавҷудоти зиндаро дар бар мегирад;  «jus gentium» («ҳуқуқи халқҳо») танҳо ба одамон дахл дорад; «jus civile» («ҳуқуқи гражданӣ») танҳо ба маҷмӯаи маълуми сиёсӣ дахл дорад.

Ғояи ҳамафарогир ва ҳамагонии қонуни табиат, ки меъёрҳои он берун аз инсон, берун аз ирода ва хоҳиши ӯ вуҷуд дорад, асосеро ташкил мекунанд, ки аз он мафҳуми ҳуқуқшиносони Рим дар бораи  «jus naturale. Praecepta juris gentium»–ро ба оғуш гирифта, он танҳо ба одамон дар муносибатҳои байниҳамдигарии онҳо («hoc solis hominibus inter se commune sit») хос мебошад. Ибораи «praecepta jus naturalis ва juris gentium» аз андешаи назариявии Улпиан нисбати  институти ғуломдорӣ ба миён омадааст. Ҳамчун ҷонибдори фалсафаи стоикӣ, ҳатто ба хотири космополитизм, ки ҳар касро гражданини ҳамаи «orbis terrarum», мепшуморад,

Улпиан ҳатто ба давлат садоқат нишон дода, наметавонист ҷонибдори эътиқодманди сохти ғуломдорӣ бошад. -Jure naturali – мегӯяд ӯ -omnes liberi nascerentur  (аз рӯи қонуни табиӣ ҳама озод таваллуд шудаанд). Дар асри тиллоӣ, ки он пеш аз ҳаёти иҷтимоӣ гузаштааст, ғуломдорӣ вуҷуд надошт. Вале ғуломдориро дар Рим ва дар ҳамаи мамлакатҳои ба Улпиан муосир эътироф карда буданд; ин омил вуҷуд жлшт ва  аз он ҷои гурез набуд.

Агар ғуломдорӣ институти умумихалқӣ бошад, гарчанде contra naturam rerum («бар зидди табиати ашёҳо») вуҷуд дорад, пас онро ҳақ баровардани ҳуқуқи Рим, ки ба он роҳ додааст, бечуну чарост:  бо чӣ omnes genies utuntur, бо он Рим ҳам Jus civile или jus proprium – ин ҳуқуқи мусбати халқи Рим аст, ки он аз aut ex scripto, aut sine scripto ба миён меояд («ё навишта, ё нонавишта»).

Пораҳои зиёди гуфтаҳои Улпиан аз ахлоқи баланди ҳамида ва гуманизм саршоранд. Бисйр вақт тоза ҷанбаи ахлоқӣ ба ӯ роҳнамои ҳалли масъалаҳои ҳуқуқӣ мебошад. Табиати инсон, ки барои ҳамаи одамон хос аст, новобаста аз мақоми иҷтимоӣ, ба Улпиан фикр дар бораи он робитаи табиие водор менамояд, ки бояд дар байни ҳама вуҷуд дошта бошад («inter nos cognationem quandam natura constituit»).

Принсипҳои иҷтимоии Улпиан аз ҳама равшану гуворотар дар формулаи машҳури ӯ инъикос ёфтааст: «juris praecepta sunt haec — honeste vivere, alterum non laedere, suum cuique tribuere» («нишондодҳои ҳуқуқ чунинанд: ҳалол зиндагӣ кун, ба дагарон зарар нарасон, нисбати ҳар кас эҳтиром дошта бош»). Дар ин суханҳо ба таври мухтасар ва бо тамоми қудрат ҳамаи низоми ахлоқии стоитсизм инъикос гардидааст. Ҳатто дар асарҳои Улпиан амри маъруфи стоикии худкушӣ ҷои худро ёфтааст. Ӯ воқеан васиятро дар формулаи машҳури қотил («ut quidam philosophi in ea causa sunt ut testamenta eorum valent») эътироф мекунад.

Илми ҳуқуқшиносӣ (юриспруденсия) аз назари Улпиан «divinarum atque humanarum rerum notitia, justi atque injusti scientia» («бар зидди табиати ашёҳо ва инсонӣ, илм дар бораи адолат ва беадолатӣ») мебошад. Дар қисмати аввали ин муқараркунӣ ҷаҳонфаҳмии пайрави низоми стоикӣ будани Улпиан ошкор мегардад: қонуни ҳамагонии табиат ба соҳаи ҳуқуқ ҳам роҳ меёбад.

Улпиан ба Рим яке аз ҳуқуқшиносони машҳур, шогирди худ Модестинро додааст. Ӯ охирин шахсе буд, ки ба гурӯҳи бунёдкунандагони ҳуқуқи Рим дохил шудааст.

МАРК АНТИСИЙ ЛАБЕОН (аз лотинӣ: Labeo; наздики соли 50 то милод18 милодӣ) ҳуқуқшиноси асри I Рим, назариётчии ҳуқуқ, асосгузори илми ҳуқуқшиносӣ (юриспруденсия) дар Рими Қадим, сарварии  мактаби прокулчиёнро ба зима дошт.  Легати соли 42 то милод,  дӯсти Брут ва яке аз сӯиқасдчиён бар зидди Сезар буда, баъди шикасти Брут дар майдони набарди наздикии Филипп (соли 42 то милод) худкушӣ мекунад.

Фаъолияти Лабеон дар Сенат. Лабеон дар озодидӯстӣ машҳур шуда, ҷонибдори анъанаҳои кӯҳнаи Ҷумҳурӣ буд. Нисбати Август ва Тиберий дар вазъияти оппозитсия қарор дошт. Дар мавриди аз нав баррасӣ карда шудани рӯйхати сенаторҳо соли 18 то милод талаб кард, ки собиқ триумвир Лепидро бар хилофи хоҳиши Август ба Сенат дохил намоянд ва  ба ин пешниҳоди худ истодагарӣ ҳам кард.

Рақиби Лабеон, ҳуқуқшиноси дигари маъруф Гай Атей Капитон, дар нисбати Лабеон ба тартиботи муқарраркардаи Август муросогар буд. Соли 5 Август Капитонро консул – суффект таъйин мекунад. Баъдтар ба Лабеон мансаби консул – суффект пешниҳод карда мешавад, вале ӯ аз ин вазифа даст мекашад.

Лабеон рӯирост урфу одатҳои кӯҳнаро дастгирӣ мекард ва ҳар чӣ, ки ба онҳо мухолиф буд, ғайриқонунӣ меҳисобид.

Фаъолияти ҳуқуқӣ. Шогирди ҳуқуқшинос Требатсия, ки соҳаҳои дигари илми онвақта, хусусан грамматика, мантиқ ва фалсафаро хуб медонист, чӣ ба ҳуқуқи хусусӣ ва чӣ ба ҳуқуқи оммавӣ аҳамияти калон медод. Лабеон пурра ба амалияи ҳуқуқӣ, таълими ҳуқуқ ва фаъолияти эҷодӣ дода шуда, ба илми ҳуқуқуқшиносӣ (юриспруденсия) унсурҳои нав ворид намуда, дониши ҳуқуқиро ба сатҳи коркарди методӣ ва низомнокии фанҳои дигар (ба монанди, риторика, ҳандаса, гармония ва ғайра) мебарорад.

Лабеон ҳамчун назариётчии ҳуқуқшиносии дорои тафаккури мантиқии рушдёфта буд. Муайянкунии дақиқу босуръати муносибатҳои ҳуқуқӣ, ҳудудсозии онҳо аз дигарон ва банизомдарории ҳуқуқӣ хусусиятҳои фарқкунандаи ӯ мебошанд. Дар назарияҳои хос ҳуқуқӣ  ӯ навовар, яке аз офарандагони асосии низоми ҳуқуқие буд, ки аз виҷдони поку некукорӣ ва услубҳои нозуконаи эҷодиёт сарчашма мегирифт.

Дар асоси таълимоти Арасту дар бораи ӯҳдадориҳои байниҳамдигарии аз ноилоҷӣ ва ихтиёрӣ таълимот дар бораи қарордодҳо ва ӯҳдадориҳои на ғайрибунёдӣ ва  сарватғундориро коркард намудааст. Муаллифи таснифи нави додугирифт ё худ муомилот мебошад.

 

 

Улпиан               Квинт Фабий Лабеон       Публий Салвий Юлиан

 

Лабеон ҳамчун сарвари мактаби пешқадами прокулчиён ва ҳуқуқшиноси забардаст, ба тамоми рушди минбаъдаи илми ҳуқуқшиносии (юриспруденсияи) Рим таъсири калон расонидааст. Лабеон ба таълими шогирдони сершумори худ ба таври мунтазам шаш моҳ дар як сол мебахшид. Ин ҳуқуқшинос дар натиҷаи фаъолияти пурсамари худ душманони сершумор пайдо кард, ки тасдиқи онҳоро то имрӯз маводи то ба имрӯз расида дар бораи беадолатона гунаҳгоркунии ӯ ҳамчун «доктринагароӣ», «ояндабини сиёсӣ набудан» ва «оппозитсияи ночиз» шаҳодат медиҳад.

Лабеон яке аз нависандагон ва ҳуқуқшиносони сермасултарин буд. Мероси илмию эҷодии ӯ 400 ҷилд (навор)-ро ташкил кардааст: «De jure pontificio», « мебошанд, ки онҳоро Помпоний, Улпиан, Павел ва дигарон дар асарҳояшон дар шакли пораҳо бисёр мисол меоранд. То замони мо аз асарҳои Лабеон асосан иқтибосҳо дар асарҳои муаллифони хеле баъдина омада расидаанд.

ПУБЛИЙ САЛВИЙ ЮЛИАН (аз лотинӣ: Publius Salvius Iulianus, с.115 ваф.), ҳуқуқшинос ва сиёсатмадори Рим, зодаи Гадрамет, бобои модари император Дидий Юлиан мебошад. Дар аҳди император Адриан Публий Салвий Юлиан ба қатори аъзои Шӯрои император дохил буда, дар вазифаҳои претор, консул ва префекти шаҳрӣ фаъолият кардааст.

Юлиан ҳамчун пайрави мактаби сабинчиён ҳамеша ба дарбор наздикӣ дошт. Юлиан дар аҳди император Адриан ба сифати муҳаррири эдикти преторӣ нақши бузургӣ сиёсӣ бозӣ карда, тавассути ин таҳрири худ ба рушди озодонаи ҳуқуқи Рим зарбаи охирин зад. Ҳамчун олими ҳуқуқшинос, Юлиан асосан бо «Дигестҳои» худ, ки аз 95 китоб иборат буда, дар охирҳои салтанати Адриан ва дар аҳди Антонин навишта шудааст. Ин асар асосан тафсири эдикти Адрианро ташкил карда, аз казусҳо ва тавсияҳои адабӣ бой мебошад.

Бояд қайд кард, ки Юлиан бо казусҳои худ, ки дар асарҳояш инъикос гардидаанд, машҳур мебошад. Шумораи зиёди иқтибосҳо аз ин асар ва асарҳои дигари  Юлиан («libri ad Ursenium ва ad Minicium, liber singularis de ambignitatibus») ба «Дигестҳои» Юстиниан дохил шуда, аз рӯи иқтибосҳои ҳуқуқшиносони баъдина, ки Юлиан дар байни онҳо таъсири бузург дошт, маълум аст.

Аксарияти муҳаққиқон бар он ақидааанд, ки Юлиан дар бораи ҳаёти амалӣ маълумоти бузург дошта, казуистикаи бойи худро аз он ҷо мебардошт. Дар ҳалли масъалаҳои ҳуқуқӣ маҳорати баланд дошт. Юлиан зарофатгӯй буд ва дар ҳозирҷавобию зиракӣ ва малакаи баланди гузаштан аз воқеаи ягона ба оғози умумӣ, забони ғайриоддии фаҳмо ва нерӯи тасвири фикрҳо, ба худ ҳамто надошт.

 

 

Намунаи тасвирӣ аз казусҳои Публий Салвий Юлиан

 

Азбаски дар истифода аз казуистика Юлиан маҳорати баланд дошт ва ӯро дар илми ҳуқуқшиносӣ ҳамчун устоди казуистика эътироф мекарданд,  ин ҷо бояд моҳияти ин мафҳумро баён сохт.

Казуистика (аз лотинӣ: casus — «воқеа», «рӯйдод») дар аҳамияти  муқаррарии ҳамарӯзаи зиндагӣ дар зери ин мафҳум ёфтани далели баромадан аз вазъият дар мавриди исботи ғояҳои шубҳаовар ва бардурӯғ фаҳмида мешавад. Дар схоластҳои асримиёнагӣ (илоҳишинос ва ҳуқуқшиносҳо) казуистика услуби махсуси диалектика буда, бо ёрии он ягон масъалаи динӣ, ахлоқӣ ва ҳуқуқӣ ба унсур ва воқеаҳои бешумори хурд тақсим карда мешуд ва ба ҷои ҳалли воқеии масъала кушиш ба харҷ дода мешуд, ки ба таҳлили унсурҳои хурдтарин ва ниҳоии ҳамаи воқеаҳои имконпазир ва тасаввуроти фикрӣ ворид гардида, бо воқеаҳои казуистӣ фикру андешаҳои худро асоснок мекарданд.

Дар илми ҳуқуқшиносӣ (юриспруденсия) дар зери мафҳуми казуистика таҳлили парванда, воқеа (казус)-ро дар назар дошта, ба воситаи он бо роҳи шарҳи мантиқӣ ва ҳуқуқӣ баъзе принсипҳои умумиеро ба миён меоранд, то ки меъёрҳои дар қонунгузорӣ намерасидагироо пурра кунанд. Дар амалияи кори додгоҳии аксарияти мамлакатҳои муосир бисёр вақт аз эҷодиёти казуистӣ истифода мебаранд, чунки масъалаҳои наве, ки зиндагиро мураккаб гардонидаанд, ба миён омадаанд, вале онҳо ҳанӯз дар қонунҳо дарҷ наёфтаанд.  Олими ҳуқуқшиноси (юриспруденсияи) Рими Қадим Публий Салвий Юлиан касе буд, ки дар назария ва амалияи фаъолияти худ аз казуистика васеъ истифода мебурд ва дар ин соҳа асарҳо низ эҷод кардааст.

test

Добавить комментарий