Ташаккули фарҳанг дар замони Эҳёи аҷам

Ташаккули фарҳанг дар замони Эҳёи аҷам

Нақша:

Масоили банду басти илмии падидахои Эхё.
Маданияти моддива маънавии ин давра.
Эхёи Аҷам ва ахамияти оламшумули он.

Масоили банду басти илмии падидахои Эхё

Мо дар мавзўи пешин бо назардошти давраи Сомониён дар бораи оғози эхёи халқи тоҷик  сухан рондем. Эхёи миллии халқхои Эрони Шарқӣ, ки ба пайдоиши халқи тоҷик вобаста аст,  хамзамон оғози давраи эхёи Шарқи Миёна мебошад.  Суханони олими машхури рус академик Н.И.Конрад комилан одилона мебошад. Эхё, ба қавли ў, xараёни на танхо хоси Аврупо, балки «зухури қонунияти умумиест, ки пешрафти таърихии халқхои «тамаддуни бузургро» таҷассум менамояд».

Аз назари муаррихи бостоншинос Андре Боннар тамаддунхои инсонӣ, мисоли мавҷудоти зиндаанд: онхо низ рўзе пайдо мешаванд,  тадриxан инкишоф меёбанд, рўзе ба авxи камолоти моддию маънавимерасанд ва рўзе рў ба таназзул оварда, оқибат нобуд мегарданд. Фарқаш хамин, ки осори маънавии онон тамоман аз байн намеравад ва дар хотири авлоди асрхои сонихамчун ёдгоре боқимемонад. Дар оғози сухан яке аз истилоххои таърихи(Эхё) истифода шуд, ки ба сифати муродифи тоҷикии мафхуми Ренессанс (= Реформация = Чинквегенто= Возрождение) омадааст. Саволе ба миён меояд, ки «Оё интиқоли мафхуми мазкур ягон бунёди илмидорад?» Масъаларо ба тариқи умумигузоштан мумкин аст: дар ташхису табақабандии таърихи машриқзамин истифода бурдани истилоххое, ки зодаи мухити маънавии мағрибзаминанду рўйдодхои хоси таърихию фархангиро ифода мекунанд, худаш то чиандоза салох аст?

Дар матбуоти илмидар ин бобат бахсу мунозира меравад. Мафхуми «Эхёи      Шарқӣ»-ро бори нахуст адабиётшиноси гурxи Ш.П. Нукубидзе (1947) ба қалам оварда, онро дар тадқиқи адабиёти қарнхои Х11-Х111-и Гурxистон  нуқтаи истинод қарор дод. Сипас ақидаи файласуфи кафкозиВ.Чалоян дар боби «Эхёи арманӣ» интишор шуд, ки онро академик Н.И.Конрад тарафдорикарда, дар навбати худ аз «Эхёи Хитой» гап кушод. Аз байни донишмандоне, ки таърихи тамаддуни Fарбро пеша карданду дар ин xабхаи илм ном бароварданд, А.Ф. Лосев назари худро баён кардааст. Дар «Эстетикаи Эхё» ном асараш собит мекунад, ки дар Ховарзамин низ падидахое амсоли падидахои иxтимоию  фархангии аврупоизухур ёфта метавонад. Нихоят В.М.Жирмунский, И.С.Брагинский ва В.Б.Никитина ғояи «Эхёи Шарқ»-ро ба мархилахои муайяни инкишофи таърихии адабиёти Эрону Нерон тадбиқ намудаанд. Ақидаи «Эхёи Шарқ»-ро ба ин ё он андоза як қатор олимони хориxи(Э.Браун, А.Мец, Эхсони Табарӣ, Р.Фрай) низ тарафдорикардаанд.

Бо вуҷуди ин ақидаи «Эхёи Шарқ» дар илми хозира бо ду сабаб ханўз нуфузи кофипайдо накардааст. Сабаби аввал ва асосиин аст, ки худи бунёди назарии консепсияи «Эхёи Шарқ» суст аст. Сабаби дуйум – ба хадди ифрот расонидани ақидаи мазкур аст, ки зимни  сўиистифодаи истилохоти начандон дақиқ аз як тараф ва бидуни тааммули амиқ қаламдод намудани падидахои  ханўз ба хадди кофиомўхта нашуда , аз тарафи дигар сурат мегирад.

Худи мафхуми «Эхё» одатан ба маънихои «аз нав зинда гардонидан», «обод кардан», «равнақу ривоx додан» меояд. Гап фақат дар сари муайян намудани мохияти таърихию фалсафии Эхё мебошад, ки се ҷихат дорад: иқтисодӣ, иxтимоию сиёсӣ, фархангӣ. Дар боби он ки кадоме аз ин ҷихатхо асосист ҷамъиятшиносони Шарқу Fарб ба як фикру рой наомадаанд. Аз ин xост, ки ду қазияи зерин пайдо шудааст:

Эҳё як нуқтаи гардишест, ки дар шохрохи тараққиёти инсоният, вале онро мархилаи томи таърихидонистан нашояд, ки хамрох ба xараёни ташаккул ё таназзули ин ё он формацияи ҷамъиятисурат гирифта бошад;

Эхё як падидаи иxтимоию фархангист, иборат аз нахзати гуманистӣ, ки дар навбати худ дар зимни  растохези анъанаи мадании ахди пешин ба вуқўъ пайвастааст.

Аз ин нуқтаи назар лозим меояд, ки ба тахлили илмию мантиқии мафхуми Эхё бозгашта се маънии истифодашавандаи онро нишон дихем:

А) Эхё ба маънои тахтуллафзии   истилох  xунбиши фархангиест, дар рохи аз нав барқарор намудани анъанахои пешини маданияти моддива маънавӣ.

Б) Эхё маънан мусовибо гуманизм аст: харчанд, ки ғояхои гуманистидар асрхои гузашта ва дар нохияхои гуногуни таърихию фархангипайдо шудаанд, фақат дар давраи Эхёи Аврупо ба низом даромада, ба сифати як ақидаи томи ҷамъиятиташаккул ёфтаанд.

В) Эхё шомили инқилоби хам   маданива хам ҷамъиятибуда, аввали(нахзати фарханг), зода ё инъикоси охири(инкишофи иқтисодию иxтимоӣ) аст.

Маданияти моддӣ ва маънавии даврон

Маърифати илмива фаъолияти эҷодию моддии Аҷамиён дар китоби таърихи маданияти ҷахонисабт шудаанд. Бино ба ахборе, ки дар «Осор-ул-боқия»-и Абурайхони Берунизикр шудааст,ниёгони мо – бохтарихо, портхо, суғдиён, хоразмиён – дар баробари бобулиён, хиндуён, юнониён ва дигар қавмхои бостонимаълумоти гаронмояи илмию маънавива ёдгорихои моддиандўхтаанд.

хафриёти археологидар Суғд, Хоразм ва Марв аз инкишофи маданияти моддидар ахди пеш аз ахди ислом далолат мекунад. Дараҷаи инкишофи маданияти моддибошад, дар навбати худ ба савияи тараққиёти иқтисодиёти кишвар вобаста аст. Маълумоте, ки илми бостоншиносито кунун андўхтааст, собит мекунад, ки дар Осиёи Миёнаи қадим бунёду бунёни хоҷагиро кишоварзии обёришаванда ташкил медод. Чунин тариқи зироаткорӣ, албатта, бе шабакаи муназзами каналхо намешавад. Пас аxдоди моро лозим меомад, ки масъалахои мураккаби техникиро хал намоянд.

Илми хайат низ аз эхтиёҷот ва махсусияти кишоварзии обёришаванда сар задааст. Назар ба хуxxатхои  кўхи Муғ суғдиён тақвими хосеро ихтироъ карда буданд, ки нуфузи он то хинду Чин расидааст. Бостоншиносон боқимондахои чанд мушохидагох ва олоти расадро кофта ёфтанд, ки хосса аз савияи баланди тараққиёти астрономия дар қаламрави қавмхои эронинасли Осиёи Миёна  дарак медиханд.

Ба нуфуз ва ахамияти ҷахонии илми асримиёнагии Шарқи Наздик ва Миёна, аз xумла, Аҷам дахл карда, бояд се ҷихати хизмати таърихии онро алохида қайд кард: аввалан тарҷума (ба арабива дарӣ-форсӣ-тоҷикӣ) ва тавассути ин хифзи осори илмии юнониёни ахди қадим; сониян, тафсир ва тахрири он; нихоят, кашф ва истифодаи хақоиқи нав, ки дар заминаи таркиби эҷодии анъанахои илмии махаллива хориxисурат гирифтааст.

Фалсафа яке аз рукнхои маданияти маънавии замони Эхё мебошад. Намояндагони машхури он Абўнасри Форобӣ, Абўалиибни Сино, Fаззолива бисёр дигарон буданд. Таълимоти онхо дорои мазмуни васеи хаётибуданд ва имрўз хам ахамияти худро гум накардаанд. Лекин, баъзе файласуфони Fарбу Шарқ мисли Г.фон Грюнебаум мақоми таърихива иxтимоию фархангии дину диёнатро аз будаш зиёд карда нишон дода, исломро шомили хамаи xабхахо ва унсурхои тамаддун мехисобиданд. Махсусан, муаррихони шарқзод аз хад гузаронида, даъво мекунанд, ки фалсафаи классикии арабу форсизабон зодаи ин ё он мазхаби мусулмонист.

Дар асли хол бошад фалсафа аз аввал  паи тадқиқи мустақилона кўшида, xояш ояд аз хамлаи ошкоро ё нихон ба дину диёнат худдоринакардааст. Инро амри тасодуфидонистан нашояд. Фалсафа, алалхусус, фалсафаи машшоъ, чи аз ҷихати мавзўъ ва услуби тахқиқ ва чиаз лихози таърихиба дину  мазхаби  мусулмониробитаи мустақим надошт. Дар воқеъ решахои назарии он дар хоки маънавии ислом не, балки анъанаи фархангии хинду эронива илму хикмати юнонирўидаанд Эътиқоди динии худи файласуфон гапи дигар аст. Вале агар аз мавқеи устувори илмигирем, мебинем, ки эътиқоди ин ё он мутафаккирро xудо, аз як сў, аз ниходи фаъолияти  эҷодива аз сўи дигар аз сурату сирати иxтимоию сиёсии замони ў нақд кардан мумкин нест. Хусусан, ки аксар файласуфони давраи Эхёи Аҷам олимони табиатшинос низ буданд.

Гуманизм (принсипи одамият) – аломати асосии фарханги Растохези Аҷам ба шумор мерафт. Дар ин давра муборизаи ғоявидар атрофи сифатхо ва қобилияти инсон мушохида  мешуд. Антропосентризм ва теосентризм ду тамоиле, ки таъсири мутақобилаи онро дар маданияти маънавимушохида карда мешавад. Назарияхои исмоилия ва тасаввуф дар бораи ягонагии коинот ва инсон оид ба сифатхои умдаи «инсони комил» (фазилат, нафосат, адолат) ҷолиби қайд аст.

Ин ва дигар принсипхои одамият, инсондўстидар адабиёти Аҷамиён хеле хуб инъикоси худро ёфтааст, ки аз эҷодиёти шоирону нависандагони машхур Абулқосим Фирдавсӣ, Носири Хисрав, Абдурахмони Xомӣ, Саъдии Шерозӣ, Абўабдуллои Рўдакива дигарон ба хама аён гардидааст. Бино ба хабари муаррихони араб Масъудива Ибни Надим (асри Х) «хазору як шаб» аслан моли эрониёни бостонибуда, дар ахди ислом (асри 1Х) ба арабигардонида шудааст. (Нусхаи асли форсии он «хазор афсона» ном дошт) Вале гап дар сари он аст, ки варианти арабии афсонахои мазкура тарҷимаи як бар яки матни форсӣ-тоҷикинабуд. Ташаккули «хазору як шаб» то худи қарни ХV1 тўл кашида, дар ин байн бо унсурхои хамxинси  арабӣ, хиндива мисриомехта шудааст. Инак, маданияти моддию маънавии давраи «Эхёи Аҷам» дар хамбастагиинкишоф меёбад.

     Эҳёи Аҷам ва ахамияти оламшумули он

Дар таърихи маданияти халқи тоҷик замони Эхёи Аҷам пурмахсултарин давраи инкишоф буда, xунбиши бузурги таърихию фархангиба вуқўъ пайвастааст. Дар баъзе адабиётхо давраи Эхёро ба асрхои 1Х-Х1 нисбат медиханд, дар адабиёти дигар асрхои 1Х-ХV нишон дода мешавад. Лекин гап дар сари муайян намудани худуди давраи Эхёи Аҷам намеравад, зеро онро xудо карда нишон додан хеле мушкил аст. Сухан дар бобати он меравад, ки то чиандоза дар зери ин харакатхои эхёвии шарқидар дигар маданиятхо xунбишхо ба вуҷуд омад.

Дар таърихи халқи тоҷик хамин гуна ахди хумоюнфар қарнхои 1Х-Х1 буданд, ки аз ҷихати савияи тараққиёти афкори илмию фалсафива бадеисар то сари Ховару Бохтар хамтои худро надоштанд. Дар ин давраи хуxаста як xунбиши бузурги таърихию фархангиоғоз шуд, ки дар навиштахои  зер хамчун эхёи тоҷик ёд мешавад. Таxаддуди таърихию  фархангии мардуми эронинажод аввал дар мухити Самарқанду Бухоро, Хуҷанду Фарғона ва Балху хирот, ки ба иттифоқи ахли таърих механи аслию Аҷамии қавми тоҷик буданд, ба амал омада, сипас ба нохияхои xанубу ғарбии Эрон, Озарбойxон, Осиёи Сағир ва бархе аз қисматхои хинду Чин ва Покистони имрўза нуфуз кардааст.

Дар бораи кушокушива яғмогарихои калонмиқёсу касофатовари лашкари Қутайбаву Чингиз, Темуру Шайбонихоҷати гап хам не. Зеро хама медонанд, ки онхо бо гуфтаи яке аз файласуфони бузурги тоҷик  А.Турсунов «омаданду, канаанду, сўхтанду, куштанду, бурданд». Лекин бузургии замони Эхёи Аҷам он аст, ки бо вуҷуди ин хама бадбахтию бенасибӣ, бо вуҷуди он хама зулму ситам  тавонист,ки дар халқи тоҷик он хиссиёти қадимаро нигох дорад. Яъне, нисбат ба ягон тоифаи одамикинаву адоват напарваридааст. Таърих гувох аст, ки ягон арбоби барxастаи илму фарханги тоҷик, дар боби забону маданияти дигар халқхо бадгўинакардааст, урфу одати ягон қавмро нах назадааст ва ё аз рўи хусумати миллию мазхабива иззати нафси мардуми ба марзу буми бегона нарасидааст. Аз ин бармеояд, ки тоҷикон дорои услуби хоси муомилоту муошират буданд, ки имрўз мо бояд ба он рў оварем.

Махз анъанахои дерини фархангии қавмхои эронибуданд, ки дар ахди ислом ба инкишофи минбаъдаи илму фан дар хилофати араб замина шудаанд. Дар воқеъ, математикон ва хайатшиносони хавзаи илмие, ки дар охири асри V111 ва аввали асри 1Х дар Бағдод ташкил ёфта, бо номи «Байтулхикмат» маъруф шудааст, хамагизодагони  Хуросон, Мовароуннахр, Бохтария ва Фарғона буданд.

Рушди фарханги Аҷамиён – омили мухими бақо ва фанонопазирии маданияти Шарқ буд. Арзишхои бузурги Аҷамиён дар сохаи илмхои табиатшиносӣ, физика, кимиё, механика, геология, геодезия, xуғрофия дар илми умумиҷахони васеъ истифода мешавад. Мухаммад ал-Хоразмива оғози илми алгебра (ал-xабр) дар ҷахони мутамаддин ходисаи бағоят бузурги илмибуд. Бузургтарин намояндагони илми кайхоншиносӣ: Абумахмуди Хуҷандӣ, Берунӣ, Ал-Фарғонӣ, Умари Хайём, Насриддини Тўсӣ, Қозизодаи Румӣ, Улуғбек ва даххо дигарон асархое офаридаанд, ки имрўз олимони ҷахон истифода мебаранд. Бузургтарин рисолаи тиббии Абўалиибни Сино «Ал-қонун фи-т-тиб» (Қонуни тиб)  китоби рўимизии табибони дунё гардидааст.

Аҷамиён дар пешрафти илмхои ҷамъиятшиносива гуманитарӣ: фалсафа, мантиқ, ахлоқ, зебопарастӣ, таърих, мардумшиносисахифаи навинро оғоз намуда, мактабхои гуногуни фалсафимисли «ишроқиён», «машшоъ» асос гузоштанд. Таърихнигорони шўхратманди асримиёнагиба мисли Ал-Бухорӣ, Наршахӣ, Ат-Табарӣ, Xурxонӣ, Мирхонд асархое офариданд, ки дар асоси онхо таърихи умумиҷахониинтишор шудааст.

Гулгулшукуфии адабиёти тавонои классикии форсу тоҷик дар асрхои 1Х-ХV диққати адибону мардумони  дунёро ба худ xалб намуд. Нотакрории тарзи баён, шевоиву равони, сабку услуби хос, баландии шеърият, хамагонро ба хайрат оварда, ба дилу xони мардумони дунё рох ёфтанд. Баландпарвозии афкор, xанбаи баланди фалсафии ашъор – сифатхои назарраси осори форсу тоҷик гардид. Xалолиддини Балхӣ, Аттор, Носири Хисрав, хофиз, Саъдӣ, Xомибарин шоирон – файласуфон буданд, ки жанрхои назму насрро ба дараҷаи олибардошта, намунахои барxастаи адабиёти ҷахониро офариданд.

Меъмори ва дигар намудхои санъати шарқибо таври васеъ ба мамлакатхои Fарб таъсири худро мерасонад. Мактаби минётурии Самарқанд, хирот, Шероз марказхои калонтарини санъати тасвиримегарданд, ки мисли Камолиддини Бехзод барин устодони ин сохаро ба арсаи таърих меоранд.

test

Добавить комментарий