Асри санг

 

Аввалин олотхои мехнат аз санг сохта шуда буданд, бинобар ин давраи кадимро асри сангин меноманд. Асри санг асосан ба се давра – асри антикаи сангин (палеолит), асри сангини миёна ва асри чадиди сангин (неолит) таксим мешавад.

Иклими замони палеолит аз иклими замони мо фарки калон доштааст. Аз ин сабаб наботот ва хайвоноти он давра то ба замон мо нарасида, нест шудаанд. Одамони замони полеолит чизхои тайёри дар табиат бударо истифода карда, барои зимистон ба шикор машгул мешуданд. Холо онон зарфсози, зироаткори ва ром кардани хайвонотро намедонистанд.

Дар замони неолит, ки хамаги панч – шаш хазор сол давом кардааст, одамон дар катори шикор ва чамъ намудани хурока, шакли дагали зироатчиги ва ром намудани хайвонотро низ каму беш медонистанд. Агар полеолити поёни ва миёна давраи  ташаккулёбии   инсон ва шаклхои аввалини чамъияти ибтидои хисобида шавад, пас полеолити болои ва неолит давраи инкишофи шакли пухтаи чамъияти ибтидои – авлоди модари ба шумор меравад.

 

Асри сангини ќадим (800-100 хазор сол то милод)

Ёдгорихои бостонии Точикистон, аз чумла асри сангини кадим  то ибтидои асри XX умуман омухта нашуда буд. Ба туфайли пирузии Октябр, инкишофи илм ва ташкил шудани чумхурии Точикистон нахустин омузиши ёдгорихои асри сангин дар худуди ин сарзамин ба авали солхои 30- юм рост меояд. Аммо омузиши мунтазами ёдгорихои асри сангин дар Осиёи Миёна дар арафаи саршавии Чанги Бузурги Ватани огоз ёфтааст.

Кашфиёти илми гувохи медихад, ки дар даврахои сеяки баъдинаи асри сангини кадим шароитхои мусоиди Осиёи Миёна барои зиндаги иваз шуда буд. Ёдгорихои асри кадими сангин дар Осиёи Миёна хеле бисёранд. Чунин ёдгорихо соли 1953 дар сохили дарёи Унарчаи шахри Норини Киргизистон, дар чукурии 25 метр ва соли 1954 дар сархади байни Киргизистону  Точикистон дар тарафи чапи дарёи Хочабокиргон, дар наздикии дехаи Кайрогоч ёфт шудаанд

 

Асри миёнаи санги

(100- 40 хазор сол пеш аз милод)

Одамони замони полеолити миёнаро неандерталхо меноманд, ки ба мардуми имруза хеле шабохат доштанд. Он замон шароити номусоид буданд. Дар Европа хукмрон будани пиряххо дар чануб боридани боронхои сел ба набототу хайвонотхои гуногун таъсири манфи мерасониданд. Ин вазъият талаб мекард, ки маданияти инсони катъиян ривоч дода шавад. Шароит мачбур сохт, ки одамони ибтидои оташро ихтироъ намоянд.

Дар хочагии неандерталхо мавкеъи асосиро шикор ишгол мекард. Хайвоне, ки неандерталхои Осиёи Миёна шикор мекарданд, ба хайвонхои хозира монанд буданд. Иклими он даврахо аз хозира начандон фарк дошт. Одамон дар доманаи куххо ва дараю водихо, чангалзорхо зиндаги мекарданд.

Олоти кори неандерталхо асосан аз аз белчахои сангин /скребле/ ва сангхо нугтез иборат буданд, ки онхо аз 5 то10 сантиметр дарози доштанд.

Яке аз мавзеъхои машхури одамони неандертали дар Осиёи Миёна магораи Тешуктош мебошад, ки кофтукови он хануз соли 1938 аз тарафи бостоншиноси машхури Шуро А.П.Окладников сар шуда буд. Ин магора дар доманаи каторкухи Хисор /дар нохияи Бойсуни Узбакистон/, дар баландии 1500 метр аз сатхи бахр чойгир буда, аз панч кабати мадани иборат аст, ки гафсии хамаи онхо 1,5 метр мебошад. Хар як кабати мадании магораро устухонхои хайвонот, сангпорахо, олотхои кори, хокистар, лагча ва монанди инхо ташкил медиханд.

 

Асри сангини нав (40 -10 хазор сол пеш аз милод)

Хусусияти фарккунандаи асри санги нав он аст, ки дар хаёти чамъиятии ин давра авлоди модаршохи пурра ба вучуд омад.Истехсоли олотхои сангин хеле зиёд шуда, намуди он олотхо гуногун мешавад ва шаклхои махсуси онхо: буррандахо, гулмеххо, кордхо, каландчахо /скребочки/ пайдо мегардад. Одамон дар ин давра ба нуги устухонхо нуклеусчахоро чой карда, аз устухон дарафш, сузан ва чизхои ороиши занон таёр карданро ёд гирифтанд.

Олимон тасдик мекунанд, ки одамон дар замони палеолити аввал ба сохтани истикоматгохо, ба монанди нимзаминканхо ва капахо шуруъ карданд. Онхо дар чунин чойхо муддатхои дароз истикомат карда, оташро нигох медоштанд.

Дар давраи полеолити аввал санъат хам пайдо шуда буд. Одамон аз рангхои табии сурати хайвонхоеро, ки шикор мекарданд, хеле мохирона мекашиданд ва дар болои сангу устухонхо кандакорихо мекарданд. Дар ин давра намуди зохирии одамон хам таъгир ёфта, аз шакли неандертали ба намуди одамони ба хозира хеле монанд буда, гузаштанд.

 

Ёдгорихои мезолити  /10-5 хазор то милод /ва неолити /5-3 хазор сол то милод/

Дар замони мезолити куввахои истехсоли боз хам таракки карда, пеш рафтанд. Дар ин давра пайдо шудани тиру камон шикори одамонро сермахсул гардонид. Ф.Энгелс навишта буд, ки «Камон, зехи камон ва тир аслихаи бисёр мураккабе мебошад, ки ихтирохи онхо тачрибахои дуру дарози акли расо ва аз ин ру, бо бисёр ихтирооти дигаре шинос буданро низ талаб мекарданд».

Гайр аз камонгулак, дар ин давра табару тешахои сангин пайдо шуданд, сарнайзахои аз кайроксанг ва чакмоксанг сохташуда шаклан бехтар гардида, ба сари найзахои чубин ва устухони васл карда мешуданд.

Дар замони мезолит дар баробари шикор ва чамъоварии меваи дархтон, шаклхои аввалини зироатчиги ва ром кардани хайвоноти вахши низ пайдо шуданд.

Якумин кабристони мезолит дар Осиёи Миёна дар истгохи рохи охани Кайлюи Туркманистон ёфт шуд. Дар ин чо часади мархумро дукад гуронида, ба руи он ранги сурх пошиданд. Дар атрофии часадхо олотхои сангин ва дастпонахо гузошта шудаанд.

О L-BRO Admin

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.