Исёни Муканнаъ

Тадричан афзудани бедодгарињои арабњо мардумро ба ќашшоќи ва хонавайрони дучор гардонд, ки дар натиља њисси бадбинии ањолии зањматкаш ва њама табаќањои иљтимоии Хуросону Мовароуннањр нисбат ба хилафати Аббосиён боло гирифт ва он боиси сар задании љунбиши халќи гардид. Ин љунбиши халќи солњои 70-80-уми асри VIII дар Мовароуннањр руй дод ва он дар таърих бо номи исёни Муќаннаъ машњур аст. Сарварии исёнро Муќаннаъ ба  ўњда дошт. Муќаннаъ дар дењаи Коз наздикии шањри Марв  зиндаги мекард. Номи аслии ў Њошим ибни Њаким  (776- 780) ва Муќаннаъ бошад лаќаби  ў аст. Худи калимаи « муќаннаъ»  арабї буда,  маънояш чодарпўш ва ниќобдор аст. Ин лаќаб аз сабаби он, ки  њама ваќт ба рўяш чодари сабз пўшида мегашт, ба ў дода шудааст. Исёни Муканнаъро таърихнависон  бештар шўриши сафедљомагон мегўянд.

Баъзе  сарчашмњхои таърихї хабар медињанд, ки ў яке аз сарлашкарони Абумуслим буд ва дар нењзати зидди хилофати  Умиявињо иштирок дошт.  Ў шахси соњибмаърифат, сиёсатмадор ва ходими машњури харакати дини буд.

Муќаннаъ дар солњои  50- уми асри У111  ба тарѓиботи аќидањои  маздакиён дар хусуси баробарии  иљтимои ва њаёти озодонаи  шањрвандон шурўъ  карда, барои барќарор  кардани  ѓояњо одамонро ба муборизаи фаъол даъват намуд. Барои ин кораш ў ба даст афтода, пас аз чанд соли зиндони аз Баѓдод гурехта ба Марв омад. Ў дар ин љо тарѓиботи зидди арабњоро давом дода, соли 776 тарафдорони худро ба шўриши калони зидди мустамликадорон бархезонда  равона кард. Дар як муддати кутоњ пайравони ў дар Суѓд, Кеш,  Нахшаб хеле зиёд шуданд. Маркази тарѓибот дењаи Субоњи Кеш гардид.

Муќаннаъ  њамроњи 36 нафар њамсафони наздики худ аз дарёи Ому гузашта, ба Суѓд омад. То омадани ў води Ќашќадарё ва гирду атрофи  Бухоро ба дасти пайравони вай  гузашта буданд. Ќувваи асосии шўриш – дењќонон якчанд љойњои муњимро дар водињои Зарафшону Ќашќадарё  ба даст оварда ба Бухоро њуљум карданд. Туркњо хам ба шўришгарон њамроњ шуданд.

Халифа ал-Мањди  (775 – 785)  лашкари зиёдеро љамъ карда, дар зери фармондењии Љабраил ибни Яњё бар зидди шўришгарон фиристод. Соли 776 дар Наршах наздикии Бухоро дар байни шўришгарон ва мусулмонон љанги хунин ба амал омад, ки дар он муборизон  шикаст хўрданд. Вале ин ѓалабаи мусулмонон њалкунанда набуд, чунки шўришгарон њамоно боз атрофии Бухороро муњосира карда буданд.

Ќуввањои муттањидаи  Љабраил ва њокими Бухоро  Њусайн ибни  Муоз пас аз чор моњи задухурд дехаи Наршахро ишгол карданд. Пас аз Наршах   Самарќанд  маркази шўриш гардид, ки он тамоми Суѓдро фаро гирифт.  Љабраил ибни Яњё дар задухўрди назди Самарќанд  тамоман шикаст хўрд. Соли 777 Халифа ал- Мањди ба њокими нави Хуросон фармуд, ки шўришро пахш кунад, вале Муоз ибни Муслим  ба ин муваффаќ нашуда пас аз ду сол шармандавор ба Марв  баргашт.

Баъди нобарории кори Муоз иљрои ин вазифи ба њокими нави Хуросон  Мусайб ибни Зуњайр супорида шуд. Ў бо ќувваи зиёде ба Самарќанд њамла карда пас аз муборизаи шадид  шањрро ба даст даровард. Пас аз маѓлуб гардонидани Самарќанд  шўришгарон  ба Кеш рафта дар њисори кўњи Санам, ки дар он љо пешвояшон Муќаннаъ  меистод истеъњком гирифтанд.

Барои мубориза бар зидди шўришгарон халифа ин дафъа  ба водии Ќашкадарё  Сайид ибн  ал- Харроширо  фиристод. Ў бо ќуваи бисёре њарчанд зур зад,  њисори  Санамро фатњ карда натавонист. Он гоњ вай рў ба рўи дарвозаи Санам лагери худро ба ќалъа табдил дода, ба муњосираи

шўришгарон сар кард. Пас аз муњосираи дуру дароз Сайид  муќобилияти шўришгаронро бартараф карда, њисори Санамро ба даст даровард.

Бародари Муканнаъ – Ќабзам  ба се хазор нафар, фармондењи мудофеони ќалъаи кўњи Санам – Сарњома бо се хазору сесад нафар исёнгарон ба сарлашкари араб Сайид ал- Харроши  таслим мешаванд. Муќаннаъ барои  ба дасти душман асир  наафтидан худкуши кард. Њаммаи њимоятчиёни ќалъа, ки зинда ба даст афтода буданд ќатл карда шуданд.

Шўриши Муќаннаъ дар њаќиќат њам халки буда, ќувваи њаракатдињандаи он дењќонони зањматкаш буданд. Ашрофони мањаллї агар  дар давраи якуми  шўриш ба он хайрхоњи карда бошанд, минбаъд ба тарафи душман гузашта ба халќ хиёнат карданд. Хилофати Араб яке аз  давлатњои бузургтарини љањони асримиёнаги мањсуб шуда, ба иќтидори баланди њарбию сиёсї соњиб шуда буд. Ба муќобили чунин давлат мубориза бурдани Муќаннаъ ва пайравонаш шањодати диловарї  ва кањрамонии  роњбари  исён ва рамзи истиќлол ва озодидўстии халќњои Мовароуннањру Хуросон мебошад.

Бо вуљуди пахш гардидани  исёни Муќаннаъ арабњо дар кори идора кардани Хуросону Мовароуннањр ба мушкилоти сахте рў ба рў шуданд. Боз шўришњои пай дар пай ба муќобили арабњо давом кард.

Рўйхати адабиётњо:

  1. Ѓафуров Б. Ѓ. Тољикон Китоби – 1., Душанбе, 1983 сањ 13-247.
  2. Рањмонов Э. Ш. «Тољикон дар оинаи таърих», «Китоби – 1», «Аз Ориён то Сомониён» Душанбе 1999. Сањ 3-137.
  3. Шукуров М. Р. Рањматуллоев А. З. Таърихи халќи тољик. Ќисми 1. Душанбе, соли 1975 сањ 3-29.
  4. Њазратќулов М. Эътиќоду ананањои бостонии Аљам. Душанбе- “Ирфон”, соли 1986 сањ. 6-52, 53-111.
  5. Бобохонов М. Таърихи тољикони љањон. Душанбе.; Ирфон 2002.
  6. Мухторов А., Рањматуллоев А. Таърихи халќи тољик. Душанбе 2001.

7.Зикриёев Ф., Набиева Р. Таърихи халќи тољик. Душанбе 2006.

test

Добавить комментарий