Тоҷикистон дар давраи ҷанги бузурги ватанӣ  (солҳои 1941-1945)

Нақша:

  1. Вазъияти байналхалқӣ дар охири солҳои 30-юм ва ибтидои солҳои 40-ум,
  2. Оѓози ҷанг ва корнамоии тоҷикистониён дар майдони ҷанг.
  3. Меҳнати фидокоронаи шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва ёрии онҳо ба фронт.

 

Дар нимаи дуюми солҳои 30-юми асри XX вазъияти байналхалқӣ дар ҷаҳон хеле мураккаб гашт. Мамлакатҳои сармоядор кӯшиш мекарданд, ки вазъияти ба амаломадаро ба фоидаи худ ҳал намоянд. Мухолифати байниҳамдигарии ин давлатҳо боиси ба ду гурӯҳ тақсимшавии онҳо гардид. Аз як тараф Олмон, Италия, Ҷопон, аз тарафи дигар Англия, Франсия ва ИМА. Шартномаи 23 августи соли 1939 (байни Молотов ва Рибентроп) оид ба ҳуҷум накардан пеши роҳи љангро нагирифта вазъияти ба амаломадаро мӯътадил карда натавонист. Соли 1938 сарбозони ҷопон дар кӯли Ҳасан ба қисмҳои Армияи Сурх ҳуљум карданд. Моҳи майи соли 1939 Ҷопон дар назди дарёи Халхингол ба муқобили Муѓулистон ҷанг сар кард. 1 сентябри соли 1939 Олмон ба Полша ҳуљум кард.

Ҳамин тавр, љанги дуюми ҷаҳон дар байни ду гурӯҳи мамлакатҳои сармоядор оѓоз гардида, шаш сол давом кард. Дар ин ҷанг 61 давлати ҷаҳон иштирок намуданд, ки 80 фоизи аҳолии дунёро дар бар мегирифт. Амалиётҳои ҷангӣ ҳудуди 40 давлатро фаро гирифт.

Давлатҳои иштирокчӣ дар ин ҷанг 110 миллион нафар одамонро сафарбар намуданд. Дар амалиётҳои ҳарбӣ зиёда 3 миллион одамони ғайринизомӣ низ иштирок карданд. Ва зиёда аз 50 миллион аскару афсарон ҳалок, 95 миллион маъюб ва зиёда аз 12 миллион нафар ӯрдугоҳҳои фашистӣ нобуд карда шуданд. Вазниниҳои асосии љанги дуюми ҷаҳон ба дӯши Иттиҳоди Шӯравӣ афтод. Ҷанговарони Тоҷикистон низ ҳамчун як ҷузъи Иттиҳоди Шӯравӣ дар ин набардњо ширкат варзиданд.

Аз 11 феврал то 1-уми марти соли 1940 ҷанги байни Финляндия ва Итиҳоди Шӯравӣ шуда гузашт. Дар ин ҷанг Неъмат Қарабоев барои барқарор кардани хатти алоқаи штаби полк бо қисми амалкунанда 21-уми марти соли 1940 сазовори унвони «Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ» гардид. Шартномаи сулҳ бо қӯшунҳои финҳои сафед танҳо 12-уми марти соли 1940 имзо карда шуд.

Ҳамин тавр, вазъияти байналхалқӣ дар охири солҳои 30-юм ва аввали солҳои 40-ум хеле мураккаб гардида, муносибати байни давлатҳои сармоядор барои ба даст даровардани заминҳои нав ва ашёи хом тезутунд мегардид. Зеро ки ҷаҳони капиталистӣ солҳои 1929-1933 ба бӯҳрони иқтисода гирифтор шуда, роҳи халосиро аз оѓоз кардани ҷанг медид.

Олмони фашистӣ аҳдномаи 23 августи соли 1939 оид ба ҳамдигар ҳуҷум накарданро вайрон карда, субҳи 22 июли соли 1941 аҳдшиканона ба Иттиҳоди Шӯравӣ ҳуҷум намуд. Олмон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш зиёда аз 190 дивизияро зидди Иттиҳоди Шӯравӣ равон кард. Базаи ҳарбию иқтисодии Олмони фашистӣ низ пурқувват буд. Қариб тамоми саноати тобеи Аврупо ба ин давлат аслиҳа, техникаи ҳарбӣ ва лавозимоти ҷангӣ медоданд. Меҳнати осоиштаи мамлакати Шӯроҳо дар натиҷаи ҳамлаи аҳдшиканонаи Олмони гитлерӣ барканда шуд. Ҷанги Бузурги Ватанӣ оғоз шуд. Баробари оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳаёти осоиштаи мардум қатъ гардид. Тоҷикистон аз хатти ҷабҳа дур бошад ҳам, вобастба ба эҳтиёҷоти ҷанг вазифаҳои махсус дошт. Махсусан масъалаи ҷойгиршавии муҳоҷирон, муолиҷаи сарбозони маҷрӯҳу маъюб дар ҷои аввал меистод.

Мураккаб гардидани вазъияти байналхалқӣ ташкилотҳои варзишии ҷумҳуриро водор намуд, ки аҳолиро ба омӯхтани корҳои ҳарбию спортӣ сафарбару омода кунанд.

Ҳуҷуми аҳдшиканонаи Олмони фашистӣ на танҳо мардҳо, балки занҳоро низ водор намуд, ки ба даст яроқ гиранд. Занону духтарон тамоми қувваи худро ба ҷанг сафарбар намуданд.

Нишондоди дараҷаи якуми ГТО, колхозчизани ноҳияи Ҳисор Зайнаб Алиева аз рӯзҳои аввали ҷанг ба ҷабҳа (фронт) сафарбар шуда, дар муҳорибаҳои шадиди назди Молдова иштирок кардааст. Зайнаб худ борҳо тир хӯрда бошад ҳам, аз майдони ҷанг шумораи зиёди ярадоршудагонро баровардааст. Маҳорату ҷасорат ва тобоварии бузург лозим буд, ки аз иҳотаи фашистон зуд ва нонамуда гузашта равад. Дар соатҳои навбатдориаш дар касалхона ҷароҳатҳои касалҳоро баста, кӯшиш мекард, ки азоби онҳоро сабуктар кунад.

Муаллифи китоби «Тоҷикистон дар асри XX ва ибтидои асри XX» Ф.Зикриёев қайд намудааст, ки дар назди ҷанговарон вазифаи муқаддас истода буд, ки шаҳри Москва ҳимоя карда шавад. Дар чунин вазъияти душвор моҳи ноябри соли 1941 дивизияи 20-уми савораи кӯҳгарди Тоҷикистон низ ба ҳимояи Москва рафт, ки онро полковник А.Ставенков роҳбарӣ мекард. Душман, ки аз самти шимолу ғарб ба сӯи Москва қувваҳои навро сафарбар мекард, дар ноҳияи Солнечногорски Волоколамск ба ҷанговарони тољик рӯ ба рӯ шуд. Қисмҳои зиёди танкӣ ва пиёдагарди фашистӣ дар ин ҷабња талаф гардиданд. То охири муҳорибаи Москва фиристодагони тоҷик қаҳрамониҳои зиёде нишон доданд. Зиёда аз 150 нафарашон ба ордену медалҳо сарфароз гаштанд. Аввалин ордени «Лении»-ро тоҷикписар М.Иброҳимов барои нест кардани 6 танку 16 мошини зиреҳпӯш (БТР)-и душман соҳиб шуд. Номҳои зиёди фиристодагони ҷумҳурӣ – Б.Искандаров, Р.Ҷалилов, М.Маҳкамов, А.Очилов ва бисёр дигарон дар сањифаҳои муҳорибаи Москва сабт гардидаанд.

Дивизияи 61-уми савораи кӯҳгарди Тоҷикистон низ ба ҳимояи Сталинград рафт. Аз 19-уми ноябр ҳуҷуми марговари аскарони Шӯравӣ сар шуд. Фақат бо дасти ҷанговарони тоҷик дар ин муҳориба 3500 нафар аскар, 8 самолёт, зиёда аз 40 танк, 46 тӯп, 40 пулемёт, 300 автомашинаи душман несту нобуд гардидаанд. Барои ҷасорат нишон додан дар муҳорибаи Сталинград 527 нафар аскарони Тоҷикистон бо ордену медалҳо мукофотонида шуданд. Дар катори онҳо М.Холматов, Э.Рӯзиев, Р.Анваров, А.Сулаймонов ва дигарон буданд, ки дар саҳифаи таърихи Ҷанги Бузурги Ватанӣ мақоми махсусеро ишѓол мекунанд, 5-уми июни соли 1943 фашистон ҳуљуми навбатиро сар карданд. Дар ин муҳориба аз ҳар ду тараф 2 миллион нафар ҷанговарон иштирок карданд. Лашкари Шӯравӣ барои муқовимат ба ин ҳуҷуми душман бо матонат тайёрӣ дида, аз лаҳзаҳои аввал онро бо шикаст дучор гардонид.

Ҷанговарони тоҷикистонӣ дар муҳорибаи ин шаҳрҳо низ қаҳрамониҳои зиёд нишон доданд. Дар задухӯрди Курск батареяи Ҳодӣ Кенҷаев чандин ҳуҷуми танкҳои душманро гардонид. Худи Ҳ. Кенҷаев ба маъюбиаш нигоҳ накарда, 4 танки душманро оташ зада, аз кор баровард ва барои ин шуљоаташ бо унвони «Қаҳрамони Иттињоди Шӯравӣ» сарфароз гардид. Тоҷикписари дигар Исмоил Ҳамзаалиев дар муҳориба захмдор шуда бошад ҳам, майдони ҷангро тарк накарда, чандин танки душманро зада, аз кор баровард ва унвони олии «Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ»-ро сазовор гардид.

Дар муҳориба баҳри озодии Латвия бошад, Чӯтак Урозов 19-уми июли соли 1944 бо 11 нафар рафиқонаш барои ҳифзи як баландӣ мардонавор ҷангида, ҳалок гаштанд. Баъди маргашон ба онҳо унвони «Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ» дода шуд. Точикписар Э. Шарипов дар озод намудани шаҳри Умани Украина ба унвони «Қањрамони Иттиҳоди Шӯравӣ» ноил гардид.

Дар озод намудани Полша ва Чехословакия Ф.Аҳмадов ва Э.Шарипов Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ гаштанд. Дар гирифтани Берлин бошад, як қатор фиристодагони Тоҷикистон: Н.Балакин, А.Гордеев, Ф.Чепурин ба унвони «Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ» мушарраф гардиданд.

Занони Тоҷикистон низ дар шикаст додани қӯшуни фашистони немис саҳми худро гузоштанд. Номи хатмкунандаи Донишгоҳи кишоварзии ҷумҳурӣ Ойгул Муҳаммадҷонова дар саҳифаҳои таърих абадӣ сабт гардидааст. У баъди хатми омӯзишгоҳи ҳарбии ҳавоӣ ба полки авиатсионие, ки дар назди Смоленск меҷангид, фиристода шуда буд. Ойгул на танҳо дар Тоҷикистон шӯҳрат пайдо карда буд, балки дар ҷумҳуриҳои бародар номи ӯро бо ифтихор ба ёд меоварданд. Дар рӯзномаи «Тоҷикистони Сурх» таҳти унвони «Корнамоии қаҳрамононаи Ойгул Муҳаммадҷонова» мактуби командири ӯ капитан В.Лапко чоп шуда буд, ки дар ои чунин навишта шудааст: «…Дар назди хатти фронт ба мо «мессерҳо» ҳамла оварданд. Мо мудофиаи давра ташкил кардем. Ойгул дар ҳамин ҷо аз аввалин имтиҳони ҷангӣ гузашт. У бо пулемёти худ самолёти қирқунандаи душманро зада гардонд ва нишони ӯ ба самолёти дуюм низ расид, ки онро тирандози ман зада афтонд.

Дар ин ҷанг тирандози самолёти Ойгул ҳалок гардид. Худи Ойгул аз китфаш ярадор шуд, Ба рули самолёт тири тӯпҳои зенитии душман расида буд, ба самолёт ва пилот марг таҳдид мекард. Вале Ойгул бо як мӯъҷизае худро аз оташи душман бароварда онро ба мавқеи қисмҳои ҳарбии мо нишонд. Тоҷикдухтар Ойгул ҳамин тавр парвози якуми худро анҷом дод. Њоло ӯ аллакай 93 карат парвози ҷангӣ кар- дааст. Шӯрои Ҳарбии Фронти Ғарбӣ духтари тоҷикро бо ордени «Ленин» мукофотонид» (Р.Набиева).

Аммо бо имзои таслимшавии фашизми гитлерӣ хатари ҷанг ба охир нарасид, зеро Япония ба Иттиҳоди Шӯравӣ дар вазъияти ҷанг буд. Бинобар ин, 8-уми августи соли 1945 Иттиҳоди Шӯравӣ бо ин давлати ҷангталаб ҳам ҷанг эълон карда, то 2-юми сентябр онро низ торумор намуд. Дар ин ҷанг низ фарзандони тоҷикистонӣ К.Саидов, Ҷ.Қодиров, П.Атоев. Д.Собиров, О.Хусравов, А.Азизбеков ва дигарон мардонагиҳо нишон дода, бо ордену медалҳо мушарраф гаштанд.

Ҳамин тавр, дар муддати ҷанги тӯлонӣ зидди фашизм қариб 280 ҳазор нафар тоҷикистониҳо иштирок карданд ва зиёда аз 50 ҳазор нафари онҳо бо ордену медалҳои Иттиҳоди Шӯравӣ мушарраф шуданд, қариб 60 нафари онҳо соҳиби унвони «Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ» ва 15 нафар сазовори ҳар се дараҷаи ордени «Шараф» гардиданд.

Аз ибтидои ҷанг шумораи зиёди корхонаҳои саноатӣ ба истеҳсоли маҳсулоти ҳарбӣ – либос, чарм, матои пахта, хӯрок, пӯшок ва ѓайра сар карданд. Дар корхонаҳои саноатии ҷумҳуриамон мусобиқа авҷ гирифта, дар он ҳаракатҳои дусадӣ, сесадиҳо пайдо мешаванд ва нафари дар истеҳсолот буда, ҳам аз номи худ ва ҳам аз номи рафиқи дар ҷанг будааш меҳнат мекард.

Дар солҳои ҷанг дар Тоҷикистон 1427 бригадаҳои истеҳсолии ҷавонон ташкил ёфта буданд, ки бо суръату сифати баланд маҳсулот мебароварданд. Бригадаи ҷавонон аз фабрикаи шоҳибофии Хуҷанд бо роҳбарии А.Саидова, аз фабрикаи пойафзолии Душанбе Пономарёва, фабрикаи дӯзандагии Душанбе Севастянова ва дигарон нақшаҳои истеҳсолиро то 180 фоиз иҷро мекарданд. Корхонаҳои

 

ис Солнечногорски Волоколамск ба ҷанговарони точик рӯ ба рӯ шуд. Қисмҳои зиёди танкй ва пиёдагарди фашистӣ дар ин ҷабха талаф гардиданд. То охири муҳорибаи Москва фиристодагони тоҷик қаҳрамониҳои зиёде нишон доданд. Зиёда аз 150 нафарашон ба орде- ну медалҳо сарфароз гаштанд. Аввалин ордени «Лении»-ро тоҷикпи- сар М.Иброҳимов барои нест кардани 6 танку 16 мошини зиреҳпӯш (БТР)-и душман соҳиб шуд. Номҳои зиёди фиристодагони ҷумҳурй – Б.Искандаров, Р.Ҷалилов, М.Маҳкамов, А.Очилов ва бисёр дигарон дар сахифаҳои муҳорибаи Москва сабт гардидаанд.

Дивизияи 61-уми савораи кӯҳгарди Тоҷикистон низ ба ҳимояи Сталинград рафт. Аз 19-уми ноябр ҳуҷуми марговари аскарони Шӯравй сар шуд. Фақат бо дасти ҷанговарони тоҷик дар ин муҳори- ба 3500 нафар аскар, 8 самолёт, зиёда аз 40 танк, 46 тӯп, 40 пулемёт, 300 автомашинаи душман несту нобуд гардидаанд. Барои ҷасорат нишон додан дар муҳорибаи Сталинград 527 нафар аскарони Тоҷикйстон бо ордену медалҳо мукофотонида шуданд. Дар катори онҳо М.Холматов, Э.Рӯзиев, Р.Анваров, А.Сулаймонов ва дигарон буданд, ки дар саҳифаи таърихи Ҷанги Бузурги Ватанй мақоми мах- сусеро ишгол мекунанд, 5-уми июни соли 1943 фашистон ҳучуми навбатиро сар карданд. Дар ин муҳориба аз ҳар ду тараф 2 миллион нафар ҷанговарон иштирок карданд. Лашкари Шӯравй барои муқовимат ба ин ҳуҷуми душман бо матонат тайёрй дида, аз лаҳзаҳои аввал онро бо шикаст дучор гардонид.

Ҷанговарони тоҷикистонй дар муҳорибаи ин шаҳрҳо низ қаҳра- мониҳои зиёд нишон доданд. Дар задухӯрди Курск батареяи Ҳодй Кенҷаев чандин ҳуҷуми танкҳои душманро гардонид. Худи Ҳ.Кенҷаев ба маъюбиаш нигоҳ накарда, 4 танки душманро оташ за- да, аз кор баровард ва барои ин шучоаташ бо унвони «Қаҳрамони Иттиходи Шӯравй» сарфароз гардид. Тоҷикписари дигар Исмоил Ҳамзаалиев дар муҳориба захмдор шуда бошад ҳам, майдони ҷангро тарк накарда, чандин танки душманро зада, аз кор баровард ва унвони олии «Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ»-ро сазовор гардид.

Дар муҳориба баҳри озодии Латвия бошад, Чӯтак Урозов 19-уми июли соли 1944 бо 11 нафар рафиқонаш барои ҳифзи як баландй мардонавор ҷангида, ҳалок гаштанд. Баъди маргашон ба онҳо унво- ни «Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ» дода шуд. Точикписар Э.Шарипов дар озод намудани шаҳри Умани Украина ба унвони «Қахрамони Иттиҳоди Шӯравӣ» ноил гардид.

Дар озод намудани Полша ва Чехословакия Ф.Аҳмадов ва Э.Шарипов Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ гаштанд. Дар гирифтани Берлин бошад, як қатор фиристодагони Тоҷикистон: Н.Балакин, А.Гордеев, Ф.Чепурин ба унвони «Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравй» мушарраф гардиданд.

Занони Тоҷикистон низ дар шикаст додани қӯшуни фашистони немис саҳми худро гузоштанд. Номи хатмкунандаи Донишгоҳи кишоварзии ҷумҳурӣ Ойгул Муҳаммадҷонова дар саҳифаҳои таърих абадӣ сабт гардидааст. У баъди хатми омӯзишгоҳи ҳарбии ҳавоӣ ба полки авиатсионие, ки дар назди Смоленск меҷангид, фиристода шуда буд. Ойгул на танҳо дар Тоҷикистон шӯҳрат пайдо карда буд, балки дар ҷумҳуриҳои бародар номи ӯро бо ифтихор ба ёд меоварданд. Дар рӯзномаи «Тоҷикистони Сурх» таҳти унвони «Корнамоии қаҳрамононаи Ойгул Муҳаммадҷонова» мактуби командири ӯ капитан В.Лапко чоп шуда буд, ки дар ои чунин навишта шудааст: «…Дар назди хатти фронт ба мо «мессерҳо» ҳамла оварданд. Мо мудофиаи давра ташкил кардем. Ойгул дар ҳамин ҷо аз аввалин имтиҳони ҷангӣ гузашт. У бо пулемёти худ самолёти қирқунандаи душманро зада гардонд ва нишони ӯ ба самолёти дуюм низ расид, ки онро тирандози ман зада афтонд.

Дар ин ҷанг тирандози самолёти Ойгул ҳалок гардид. Худи Ойгул аз китфаш ярадор шуд, Ба рули самолёт тири тӯпҳои зенитии душман расида буд, ба самолёт ва пилот марг таҳдид мекард. Вале Ойгул бо як мӯъҷизае худро аз оташи душман бароварда онро ба мавқеи қисмҳои ҳарбии мо нишонд. Тоҷикдухтар Ойгул ҳамин тавр парвози якуми худро анҷом дод. Х,оло ӯ аллакай 93 карат парвози ҷангӣ кар- дааст. Шӯрои Ҳарбии Фронти Ғарбӣ духтари тоҷикро бо ордени «Ленин» мукофотонид» (Р.Набиева).

Аммо бо имзои таслимшавии фашизми гитлерӣ хатари ҷанг ба охир нарасид, зеро Япония ба Иттиҳоди Шӯравӣ дар вазъияти ҷанг буд. Бинобар ин, 8-уми августи соли 1945 Иттиҳоди Шӯравӣ бо ин давлати ҷангталаб ҳам ҷанг эълон карда, то 2-юми сентябр онро низ торумор намуд. Дар ин ҷанг низ фарзандони тоҷикистонӣ К.Саидов, Ҷ.Қодиров, П.Атоев. Д.Собиров, О.Хусравов, А.Азизбеков ва дига- рон мардонагиҳо нишон дода, бо ордену медалҳо мушарраф гаштанд.

Ҳамин тавр, дар муддати ҷанги тӯлонӣ зидди фашизм қариб 280 ҳазор нафар тоҷикистониҳо иштирок карданд ва зиёда аз 50 ҳазор нафари онҳо бо ордену медалҳои Иттиҳоди Шӯравӣ мушарраф шуданд, қариб 60 нафари онҳо соҳиби унвони «Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ» ва 15 нафар сазовори ҳар се дараҷаи ордени «Шараф» гардиданд.

Аз ибтидои ҷанг шумораи зиёди корхонаҳои саноатӣ ба истеҳсоли маҳсулоти ҳарбӣ – либос, чарм, матои пахта, хӯрок, пӯшок ва гайра сар карданд. Дар корхонаҳои саноатии ҷумҳуриамон мусобиқа авҷ гирифта, дар он ҳаракатҳои дусадӣ, сесадиҳо пайдо мешаванд ва нафари дар истеҳсолот буда, ҳам аз номи худ ва ҳам аз номи рафиқи дар ҷанг будааш меҳнат мекард.

Дар солҳои ҷанг дар Тоҷикистон 1427 бригадаҳои истеҳсолии ҷа- вонон ташкил ёфта буданд, ки бо суръату сифати баланд маҳсулот мебароварданд. Бригадаи ҷавонон аз фабрикаи шоҳибофии Хуҷанд бо роҳбарии А.Саидова, аз фабрикаи пойафзолии Душанбе Пономарёва, фабрикаи дӯзандагии Душанбе Севастянова ва дигарон нақшаҳои истеҳсолиро то 180 фоиз иҷро мекарданд. Корхонаҳои исчабҳаҳои ҷанг ва ҳам дар акибгоҳ ба қаламу сухани буррандаю ғур- рандаашон асарҳои ватандӯстии зиддифашистй меофариданд. Шоирони ширинкалом Ҳабиб Юсуфй, Б.Раҳимзода, нависандагони маъруф С.Улуғзода, Ф.Ниёзӣ ва дигарон ба ин гурӯҳ дохил мешу- данд. Устодон С.Айнӣ, А.Лоҳутӣ, М.Турсунзода ва дигарон дар ин мавзӯъ силсилаи асарҳои гаронмоя офариданд. Дар солҳои ҷанг асарҳои таърихии устод С.Айнй «Қаҳрамони халки тоҷик Темурмалик», «Шӯриши Муқаннаъ» аз чоп баромаданд.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.