Дин дар Британияи кабир

Дар Британияи кабир озодии эътиқод аст.

Калиссои расмӣ дар Англия калиссои англиканӣ (англиканӣ – мансуби мазҳаби протестантизми Англия) мебошад, ки иборат аз 26 млн. эътиқодманд дорад. Каллисои расмии Шотландӣ аз рӯи принсипи пресветеранӣ (пресвитер-кашиш-пайравони мазҳаби протестантии асри 16 дар Англия ва Шотландия) ташкил гардида, 1млн. эътиқодмандонро мутаҳид мекунад.  Инчунин қариб 5 млн. пайрави калиссои католики Рим, 830 ҳазор  мусульмон ва 400 ҳазор яҳудӣ вуҷуд доранд. Диндороне, ки ҳамаи расму оини диниро иҷро мекунанд ва пайвста дар калиссо иштирок мекунанд он қадар зиёд нестанд. Бештарашон дар вақти душвориҳо ва воқеаҳои муҳими ҳаёт(тавааллуд, никоҳ, марги ақрабо) ба калиссо мераванд.

 

Калиссо ва давлат

Дар Британияи кабир фақат 2 калиссои ба таври расмӣ эътирофгардида вуҷуд доранд: англиканӣ дар Англия ва пресвитеранӣ дар Шотландия. Дар қаламравӣ Уэльс ва Ирландияи шимолӣ динӣ давлатӣ вуҷуд надорад.  Ходимони  калиссоҳои ба таври расмӣ эътирофшуда, агар дар маҳбасҳо ва бемористонҳо кор кунанд, аз давлат маош гирифтан метавонанд.

 

Маълумоти динӣ

Дар Англия, Уэлс, ва Шотландия ҳамаи мактабҳо ба таври ҳатмӣ фане тадрис мешавад, ки толибилмон бо динҳои асосии ҷаҳонӣ ошно мегарданд. Дар айни ҳол таваҷҷӯҳи бештар ба динӣ масеҳи дода шуда, таҳамулпазирӣ ба адёни дигар нишон дода мешавад.  Волидайн бо хоҳиши худ метавонанд фарзандони худро аз омӯзиши фаанҳои динӣ озод намоянд.

Ба таври фаъолона таълими якҷояи фарзандони католикҳо ва протестантҳо ҳавасманд карда мешаванд, аммо дар амалия протестантҳо ба мактабҳои протестантӣ ва католикҳо ба мактабҳои католикӣ мераванд.

 

Маблағгузории калиссоҳо

Калиссоҳо аз тарафӣ давлат таъмин намешаванд, аммо давлат барои таъмир ва барқароркунии ёдгориҳои таърихӣ маблағ ҷудо мекунад. Оиди эътиқоди динӣ дар анкета танҳо дар ирландияи шимолӣ пурсида мешавад. Аммо бо хоҳиши худ Англия ва Уэлс ҳам метавонанд  қонунро оиди иловаи пункти мансубияти динӣ дар анкета дохил намоянд.

 

Калиссои англиканӣ дар асри 16 дар замони Реформатсия динӣ давлатӣ шуд. Монах (роҳиб) сардори калиссои англиканӣ архипеископҳо  (усқуфи аъзам – яке аз мансабҳои олии рӯҳониёни насронӣ) ва епископҳо (усқуф – (мансаби олии рӯхониёни насронӣ)-ро таъин мекунад. Ҳамаи ходимони дин ба садоқати тоҷ қасам ёд мекунанд. Ходимони дини калиссои англиканӣ, монандӣ ходимони динӣ колиссои шотландӣ, католикӣ ва ирландӣ ба палатаи поёнии парламент интихоб намешаванд.

То имрӯз миқдори ходимони калисои англиканӣ бештар аз 13 ҳазор мебошад. Дар соли 1998 Синоди муқаддас барои ихтисори шумораи ходимон қарор қабул намуд. Аввалин зан- ходими калиссои англиканӣ соли 1995 пайдо шуд, баъди 1998 шумораашон ба 1900 расид. Аммо заннон наметавонанд, ки епископ ё архиепископ интихоб шаванд.

 

Калиссои шотландӣ. Калиссои шотландӣ дар давраи реформатсияи шотландӣ дар асри 16 давлатӣ гардид. Мақоми расмиро калиссои шотландӣ соли 1707 гирифт, аммо дар соли 1921 аз давлат ҷудо гардид. Мӯътақидони калиссои шотландӣ тақрибан ба 9 млн. мерасад. Миқдори ходимони он то соли 1999 ҳудуди 1167 одам ташкил мекард. Ходими калиссо ҳам мард ва ҳам зан шуда метавонад.

 

Калиссои католикии Рим. Дар соли 1850 дар қаламравӣ Британияи кабир, бори аввал баъди Реформатсия, ки дар дар он давра фаъолияти он қатъ гардида буд, калиссои католики Рим аз нав барқарор гардид. Британияи кабир ба 7 музофот тақсим гардидааст, ки ҳар кадоми онҳоро архиескопи католикӣ ва 30 епархий (вилояти тобеи епископ)- 22 дар Англия ва 8 –то дар Шотландия, ки сарварии ҳар яки онҳоро епископ ба уҳда дорад. Ирландия чун қаламрави ягона аз тарафи папаи Рим назорат мешавад, аммо Ирландияи шимолӣ ба 7 епархия тақсим гардидааст.

 

Динҳои дигар дар Британияи Кабир

Буддизм. Эътиқодмандони буддизм баъзе англисҳо, инчунин аҳли Осиё ва Осиёи ҷанубӣ мебошанд. Ҳамагӣ дар Британияи кабир 800 гурӯҳ ва марказҳои буддистӣ ва 750 дайр (манастир) ва маъбад (храм) вуҷуд доранд.

 

Индуизм. Мӯътақиди индуизм муҳоҷирини ҳиндӣ, инчунин муҳоҷирони аввалине, ки аз Кения, Танзания, Уганда омадаанд. Дар каламрави кишвар қариб 120 маъбади ҳиндӣ вуҷуд дорад.

 

Яҳудия. Яҳудҳои аввалин аз Испания ва Португалия омадаанд. Аммо дар замони мо асосан аз аз кишварҳои Аврупои шарқӣ, ки аз истиллои гитлерӣ дар ҷазираҳои Британия паноҳ шуданд, омадаанд. Ҳамагӣ дар кишвар 3000 ҳазор яҳудӣ мавҷуданд.

 

Ислом. Қисмати зиёди мусулмонони Британия дар оғози асри 19 вақте  ки баҳррнавардон ва тоҷирони мусулмон аз мустамликаҳои Британия ба онҷо меомаданд, маскун шуданд. Муқимшавии дуюми мусулмонон дар Британия баъди ҷанги 1 ҷаҳонӣ вақте ки сокинони мустамликаҳо баъди демоблизатсия ба Британия монданд, муқимшавии сеюм баъди ҷанги 2 ҷаҳонӣ, ки ҷойҳои кории холиро дар фабрикаҳо  ва конҳо пур намуданд, сурат гирифт. Дар солҳои 70-уми асри гузашта асосан мусулмонон аз Кения, Уганда, аммо дар охири аср бештар аз Эрон, Ироқ, Сомалӣ инчунин аз Босния ва Косова муҳоҷир шуданд. Ҳамагӣ дар Британия 1,5-2 млн мусулмон зиндагӣ мекунанд.

 

 

Хусусияти ташаккули фарҳанги ИМА дар давраи мустамликадорӣ ва мубориза барои истиқлолият

 

 

Фалсафа ва ҷаҳонбинӣ. Дар Амрикои мустамлика дар соҳаи идеология насронияи протестантӣ ҳукмронӣ мекард, к ибо ҳамагуна андешаҳои истиқлолиятхоҳи назари нек надошт. Философия дар ибтидо дар Америка ҳамчун хидматгори дин бавуҷуд омада, вазифаи ягонаи он дар мустаҳкам намудани догмаҳои динии протестантизм  ифода меёфт. Файласуфони динии нисбатан маълуми ин давра – Б. Ҷонсон (1696-1772) ва Ҷ. Эдвардс (1703-1738). Ҷанги мардуми Амрико барои озодии миллӣ (1775-1783) бедории ақидавӣ-сиёсиро ба бор овард. Идеалогияи ҳаракати миллӣ – озодихоҳӣ бо муборизаи тунд бо догматҳои калиссо,  ҳимояи ақидаҳои инқилоби буржуазии-демократӣ, , принципҳои ҷаҳонбинии озодихоҳӣ дар мутобиқа ба тавони ақли инсонӣ ва кӯшиш ба сӯи тараққиёт ва адолати иҷтимоиро талаб мекарданд.

         Нимаи дуввуми асри 18 зери қонуни амеркоии идеяи маорифпарварӣ идома ёфт. Т. Ҷеферсон (1743-1826), Т. Пейн (1737-1809), И. Аллен (1737-1789) бунёди андешаи пешқадами Амрикоро ниҳоданд.

«Ақл – каромати ягонаи инсон»-и Аллен (1784) ва «Асри ақл»-и Пейн (1794)аз ҳама дурахшонтарин хотираҳои ин давра мебошанд.  Ба Пейн чунин афоризм нисбат дода мешавад. «Ҳукумат ҳатто дар шакли беҳтарини худ низ як фалокати ногузир аст, дар шакли бадтарини худ бошад, тоқатнопазир мебошад».

Баъди анҷоми бомувафаққияти ҷанг барои истиқлолият ва барқарор намудани ҳукмронии буржуазияи миллӣ ба ақидаҳои ҷиддии маорифпарварӣ ва озодихоҳӣ фишор оварда мешуд, идеологияи динӣ бошад ҳукумати ноустувори худро дар андешаи омма барқарор менамояд.

 

Адабиёт.  Адабиёт  ба забони англисӣ дар Америка дар асри 17 пайдо мешавад, ки вобаста ба мустамликадории  англия мебошад. Дар тулии қариб 1,5 аср адабиёт дар шакли динӣ намудор гардид. Мазмуни асосии аввалин рисолаҳои нависандагони америкоӣ Ҷ. Коттон (1584-1652), муллифи «Таърихи Амрикои навин», Ҷ. Уинтроп (1588-1649) ва ғ. чун мубалиғи пуритан буданд.

Оғози ташаккули адабиёти миллии амрикоӣ вобаста ба мубориза барои истиқлолият бар зидди ҳукмронии монархияи англия буд, вақте ки  ба саҳнаи адабӣ ва ҷамъиятӣ-сиёсӣ маорифпарварон-демократҳои америкоӣ омаданд. Онҳо зарурати барҳамзании монарх ва барқарор намудани республикаро асоснок намуда, бар зидди маҳдудии пуританӣ баромада, ғуломдориро танқид мекарданд.

Идеологҳои маорифпарварии америкоӣ публицисти машҳур Бенджамин Франклин (1706-1790), ходими давлатӣ, олим яке аз муаллифони Эъломияи Истиқлолияти ИМА (1776) ва Конститутсия (1787) буд. Шӯҳрати нисбатан зиёдро «Автобиография»-и ӯ ва инчунин эҷодиёти Т. Ҷеферсон ва Т. Пейн касб карданд.

Мақоми нисбатан намоёнро дар адабиёти маорифпарварии америкоӣ назм ишғол мекунад. Аввалин шоири миллӣ ИМА ва аввалин журналисти касбӣ Флип Френо (1752-1832) буд.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.